Президенти ҷумҳурӣ ба Агентии зиддифасод дастур дод, ки дар соли 2009 фаъолияти ягон субъекти соҳибкории хусусиро мавриди санҷиш қарор нади

0


Душанбе. 16-уми январ – Дар ҷаласи ҷамъбастии ҳукумат, ки имрӯз ба кори худ идома дод, зимни ҳисоботи

 

Директори Агентии назорати давлатии молияв


ӣ


ва мубориза бо коррупсия Шерхон Салимов зикр гардид, ки «набудани низоми зарур


ӣ


дар фаъолияти

 

молиявии вазорату идораҳо ва дигар субъектҳои

 

хо


ҷ


агидор


ӣ


ва таъин шудани

 

кадрҳои

 

бесалоҳият ба вазифаи сармуҳосиб» боиси тасарруфи

 

маблағҳои бу


ҷ


ет


ӣ


ва дигар


ҷ


иноятҳои коррупсион


ӣ


гаштааст.




Сарвари давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон дастур дод, ки

 

нати


ҷ


аҳои сан


ҷ


ишҳо тавассути

 

воситаҳои ахбори умум ба мардум пешниҳод карда шавад, то онҳо дар ин бора маълумот дошта бошанд.



Ба Агентии назорати давлатии молияв


ӣ


ва мубориза

 

бо коррупсия ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар соли 2008 фаъолияти ягон субъекти соҳибкории хусусиро мавриди сан


ҷ


иш қарор надиҳанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Хоҷагиҳои пахтакори кишвар ба «Амонатбонк» беш аз 4 млн. $ қарз аз маблағҳои ҳукуматиро баргардониданд

0



           

Душанбе. 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Хоҷагиҳои пахтакори кишвар ба «Амонатбонк» ҳудуди 15 млн. сомонӣ (беш аз 4 млн. $) қарз аз маблағҳои ҳукуматиро баргардониданд.





           

Тавре муовини аввали раиси «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли гузашта ба хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон тавассути бонк дар маҷмӯъ 40 млн. сомонӣ маблағи ҳукумати ҷумҳурӣ ҷудо гардид. «Мувофиқи нақшаи пешбинишуда, ба бонк то санаи 1-уми декабри соли гузашта 12,5 млн. сомонӣ аз қарзи ҳукуматӣ ва 1,117 млн. сомонӣ фоизи қарзҳо баргардонида шуд», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи муовини аввали раиси бонк, қисми боқимондаи қарз мувофиқи шартнома бояд то 1-уми апрели соли ҷорӣ пардохт карда шавад. «Феълан пардохти қарз аз ҷониби хоҷагиҳо идома дорад ва ҳаҷми он ба санаи 14-уми январ 14. млн. 800 сомониро ташкил медиҳад», – изҳор дошт Г.Ҳасанова.




           

Дар мавриди ибрози ақида оид ба пешниҳоди вазорати кишоварзӣ перомуни боздошти пардохти фоизи қарзҳо, Г.Ҳасанова зикр кард, ки аз ҷиҳати роҳандозии фаъолияти тиҷоратӣ чунин пешниҳод на он қадр оқилона аст, зеро дар сурати қабули чунин қарор бонкҳо ба мушкилот дучор хоҳанд шуд. « Албатта, мо дарк менамоем, ки ба иллати бӯҳрони молӣ арзиши нахи пахта хеле коҳиш ёфт, вале чунин тарзи ҳалли масъала қобили қабул нест, чунки бонкҳо маҷбур хоҳанд шуд, ки хароҷоти хизматрасонии қарзҳоро аз ҳисоби хул пардохт кунанд», – афзуд ӯ.


Реклама на asia+

Арзиши сабади истеъмолӣ дар кишвар ба охири соли гузашта ба як узви оила дар як моҳ 88 сомониро ташкил дод

0



           

Душанбе. 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Арзиши сабади истеъмолӣ дар кишвар ба охири соли гузашта ба як узви оила дар як моҳ 88,1 сомонӣ ва дар сурати меъёри ратсионалии истеъмол 174,46 сомониро ташкил дод.





           

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори ҷумҳурӣ, дар соли 2008 индекси нарҳои истеъмолӣ 111,8 дарсад, аз он ҷумла, ба молҳои озуқа – 113,0, молҳои ғайриозуқа – 105,5 ва ба хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 120,6 дарсадро ташкил кард.




           

Суръати миёнаи моҳонаи беқурбшавӣ дар сектори истеъмолӣ 0,98 дарсадро ташкил дод. Соли гузашта нархҳо ба молҳои ғайриозуқа – 5 ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 20,6 дарсад боло рафтааст. Пардохти истифодаи нерӯи барқ – 2 баробар, гази шабакавӣ – 38,9, чиптаҳои ҳавопаймо – 3,6, чиптаи нақлиёти роҳи оҳан – 17,9, хизматрасонии автомобили мусофирбарӣ – 14,4, хизмати алоқа – 2,5 ва хизматрасонии муассисаҳои кӯдаконаи томактабӣ – 10,4 боло рафтааст.


Реклама на asia+

Соли равон буҷаи шаҳри Кӯлоб дар муқоиса бо соли пешин 75 дарсад афзуд

0



           

Кӯлоб. 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли ҷорӣ қисми даромади буҷаи шаҳри Кӯлоб дар ҳаҷми умумии 14 млн. 975 ҳазору 412 сомонӣ тасдиқ гардида, қисми хароҷоти он бо назардошти воридоти маблағҳо аз буҷаи ҷумҳуриявӣ 27 млн. 441 ҳазору 32 сомониро ташкил хоҳад дод, ки он дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли 2008 мутаносибан ба андозаи 65 ва 47 дарсад зиёдтар буда, гувоҳи афзалиятнокии самти иҷтимоии буҷа аст.





           

Тавре сардори раёсати молияи ҳукумати шаҳр Бахтиёр Назаров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, соли ҷорӣ ба соҳаи маориф 15 млн. 348 ҳазору 244 сомонӣ ё худ 56 дарсад зиёдтар маблағ нисбат ба соли гузашта ҷудо карда мешавад. «Ба соҳаи тандурустӣ 5 млн. 650 ҳазору 130 сомонӣ (20 дарсад бештар нисбат ба соли 2008) ихтисос дода шуда, бори нахуст маблағгузорӣ барои рушди фарҳанг ба нишондиҳандаи миллион сомонӣ наздик мешавад», – гуфт ӯ.




           

Б.Назаров ҳамчунин афзуд, ки ба соҳаи сохтмон ба таври иловагӣ 1 млн. 250 ҳазор сомонӣ ва рушди нақлиёти заминӣ ва коммуникатсия 450 ҳазор сомонӣ маблағ равона мегардад.


Реклама на asia+

Дар зарфи 11 моҳи соли гузашта даромади пулии аҳолии ҷумҳурӣ 37 дарсад зиёд шуд

0



           

Душанбе. 16-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Даромади пулии аҳолии ҷумҳурӣ

 

дар моҳҳои январ-ноябри соли 2008 аз рӯи маълумоти пешакӣ, 8 млрд. 523,2 млн. сомониро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 бо нархҳои амалӣ 37 дарсад зиёд шудааст.





           

Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори кишвар,хароҷоти пулӣ ва амонатҳои аҳолӣ дар ин давра 8 млрд. 602,8 млн. сомониро ташкил кард. Барои хариди молҳо ва пардохти хизматрасонӣ аҳолӣ 61,3 дарсад ва барои пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳаққи узвияти ихтиёрӣ, мутобиқан 25,2 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти пулӣ ва амонатҳоро сарф кардааст.




           

Даромади ҳақиқии дар ихтиёр доштаи аҳолӣ (даромадҳо аз хориҷ кардани пардохтҳои ҳатмии тасҳеҳшудаи индекси нархҳои истеъмолӣ) дар моҳҳои январ-ноябри соли 2008 нисбати ҳамин давраи соли 2007 ба андозаи 1,8 дарсад зиёд шудааст.


Реклама на asia+

Дар роҳҳои мошингарди Суғд хизматгузории таксиҳои олмонии навъи «Опел» ба роҳ монда мешавад

0



           

Хуҷанд. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Аввали моҳи феврали соли равон дар роҳҳои мошингарди вилояти Суғд хизматгузории таксиҳои олмонии навъи «Опел» ба роҳ монда мешавад. Як миқдор аз ин навъи мошинҳоро ҶСК «Сорбон»-и шаҳри Хуҷанд дастрас кардааст.





           

Тавре директори ширкати «Сорбон» Абдуаҳад Шарипов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, 10 адад чунин навъи мошин бо дастгирии Бонки таҷдиду рушди Аврупо ва қарзи кӯтоҳмӯҳлати бонки «Эсхата» аз Эстония харидорӣ шуда, пас аз гузаштан аз назорати гумрукӣ ба ширкат оварда шуданд.




           

Айни замон мошинҳо ба қайди давлатӣ гузошта шуда, ҷиҳати реклом ва додани ранги мувофиқ ба онҳо бо ширкатҳои рекломдеҳ гуфтушунид идома дорад. «Агар нақшаҳо муваффақона амалӣ гарданд, мо ояндаи наздик ният дорем, 70 автобуси мусофирбари навъи «Мерседес-Спринтер»-и истеҳсоли Олмонро низ харидорӣ намоем», – афзуд А.Шарипов.


Реклама на asia+

Лоиҳаи Бурси Фонди Каталикӣ анҷоми сохтмони нӯҳ мактабро ба нақша гирифт

0


Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли 2009 Лоиҳаи Бурси Фонди Каталикӣ дар доираи марҳилаи дуввуми татбиқи лоиҳа анҷоми сохтмони нӯҳ мактаби таҳсилоти умумиро ба нақша гирифт. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази идораи лоиҳаҳо дар соҳаи маориф хабар доданд.




Ба иттилои манбаъ, дар чаҳорҷӯбаи амалисозии марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа дар 16 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 9,2 млн. $ беш аз 30 иншоот дар соҳаи маориф бунёду барқарор гардид. Ҳамчунин то оғози соли нави хониш нашри китобҳои дарсии нав ба миқдори умумии 360 ҳазор нусха пешбинӣ шудааст. Зикр гардид, ки минбаъд омодасозии макотиб ба гузаштан таҳти низоми маблағгузории инфиродӣ сурат хоҳад гирифт.



Ёдрас мекунем, ки Лоиҳаи Бурси Фонди Каталикӣ ба рушди стратегия дар бахши маориф нигаронида шуда, аз ҳисоби гурӯҳи мададрасонон тавассути Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад. Амалисозии лоиҳа 31-уми декабри соли ҷорӣ ба анҷом мерасад.


Реклама на asia+

Имрӯз ноҳияи Тавилдара ҳам аз барқ маҳрум шуд

0


Тавилдара 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Шурӯъ аз субҳи имрӯз интиқоли нерӯи барқ ба ноҳияи Тавилдара қатъ гардид.




Тавре роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳия Аҳлиддин Каримов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ба иллати набудани алоқа алҳол бо намояндагони масъули ширкати «Барқи тоҷик» тамос гирифтан имконнопазир аст, то ҷиҳати ҳалли мушкилот чораҷӯӣ карда шавад.



А.Каримов қайд кард, ки дар ноҳия 5 нерӯгоҳи барқии хурд бо иқтидори 15-16 кВт/соат амал мекунанд, ки барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти ноҳия басанда нест. «Дар деҳаҳои Чашмаи Кабуд ва Қаранаку Шоҳкаҳак бо дастгирии Корпуси шафқат ва Барномаи рушди СММ нерӯгоҳҳои хурд бунёд ёфтаанд», – гуфт ӯ.



Раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳия ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар деҳаҳои Муридон ва Таги Ағба аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои худ нерӯгоҳҳои хурд бунёд намудааст, ки дар мавсими зимистон дар деҳаи аввал 25 оила ва дар деҳаи дуввум 8 олиаро бо нерӯи барқ таъмин месозанд.


 

Реклама на asia+

Раиси ширкати «Барқи тоҷик» ва як зумра мансабдорони дигар аз вазифа сабукдӯш карда шуданд

0


Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷараёни ҷаласаи ҷамъбастии ҳкумати ҷумҳурӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Ширкати саҳомии «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев, раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Мӯҳсиддинов ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент» Маҳмадраҳим Каримовро аз вазифа озод намуд. Ғайр аз ин, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳаким Солиев бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифа сабукдӯш гардид. Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳ.Солиев барои кори тӯлонию самарабахшаш дар бобати

 

беҳтар сохтани

 

вазъи соҳаи андоз миннатдорӣ баён кард.




Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз талафоти зиёди нерўи барқ, ки асосан аз ҳисоби аҳолӣ аст ва ҳаҷми он дар соли 2008 2,9 миллиардро ташкил додааст, изҳори нигаронӣ намуда, ба мардуми кишвар муроҷиат намуд, ки маблағҳои истифодабарии барқро саривақт ва пурра пардохт намоянд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Реклама на asia+

Корҳои таъмиру муҷҷаҳазгардонии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил соли 2010 ба итмом мерасад

0


Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни баргузории ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов изҳор дошт, ки дар доираи «Лоиҳаи мубориза бар зидди бемориҳои сил дар


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон: марҳалаи 2», ки аз тарафи Бонки Олмонии Рушд дар ҳа


ҷ


ми 4,6 млн. Евро маблағгузор


ӣ


мегардад, корҳои сохтмонию таъмир


ӣ


ва му


ҷҷ


аҳазгардонии Беморхонаи


ҷ


умҳуриявии клиникии бемориҳои сил босуръат идома дошта, мувофиқи Нақшаи амалисозии лоиҳа иншооти мазкур то охири соли 2010 ба истифода дода мешавад.




Зикр гардид, ки аз


ҷ


ониби Бонки Олмонии Рушд


ҷ


иҳати таъмиру барқарорсозии муассисаҳои таваллудии 10 ноҳияи вилояти Хатлон дар давоми солҳои 2009-2010 ба маблағи 17,4 млн. Евро


ҷ


удо мегардад. «Нати


ҷ


аҳои хуби Лоиҳаи тандурустии


ҷ


омеав


ӣ


ва заминавиро ба инобат гирифта Бонки Умуми


ҷ


аҳон


ӣ


қарор қабул кард, ки иловатан боз 5 млн. доллари амрико


ӣ




ҷ


удо намояд», – гуфт Н.Салимов.



Вазири тандурустӣ ҳамчунин зикр кард, ки дар соли сипаришуда бо дастгирии лоиҳаҳои инвеститсион


ӣ


сохтмон ва таъмиру барқарорсозии зиёда аз 54 иншооти соҳаи тандуруст


ӣ


ба ан


ҷ


ом расонида бо та


ҷ


ҳизотҳои муосир


ҷ


иҳозонида шуданд. Дар соҳаи тандурустии кишвар 54 лоиҳаи инвеститсион


ӣ


амал


ӣ


шуда истодааст. Ҳа


ҷ


ми умумии маблағҳои ба соҳаи тандуруст


ӣ


равона шуда 445 214 280 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 91 млн. 687 ҳазор сомон


ӣ


маблағҳои кредит


ӣ


ва 353 527 708 сомон


ӣ


маблағҳои грант


ӣ


мебошад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти вазорати тандурустии кишвар хабар доданд.


Реклама на asia+