Ҳайати Тоҷикистон ба хотири ҳалли масъалаи интиқоли барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ озими Тошканд шуд

0



           

Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев ба хотири ҳалли масъалаи интиқоли барқи Туркманистон тавассути шабакаҳои энергетикии Ӯзбекистон ба кишвар озими шаҳри Тошканд шуд.





           

Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ҳайати Тоҷикистон ният дорад дар давоми ду рӯз масъалаи мазкурро бо ҷониби Ӯзбекистон ба таври мусбат ҳал намояд.




           

Ёдрас мекунем, ки шурӯъ аз 1-уми январи соли ҷорӣ бо сабаби мавҷуд набудани созишнома миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи пардохти транзити барқи Туркманистон тавассути шабакаҳои барқи Ӯзбекистон ба ҷумҳурии мо интиқоли барқи Туркманистон қатъ гардида буд.




 



Реклама на asia+

А.Раҳнамо: Тоҷикистон ба нахуствазири зиддибӯҳронӣ бо барномаи зиддибӯҳронӣ ниёз дорад

0


Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Моҳи январ маъмулан моҳи тағйирот дар ҳайати ҳукумат ба шумор меравад. Ба ақидаи коршиносон, соли равон зарурати тағйироти кадрӣ бечунунаро вуҷуд дорад.




Номзади улуми сиёсӣ Абдулло Ҳаким Раҳнамо бар чунин назар аст, ки тағйироти ҷиддӣ дар бахши иқтисодии сохтори ҳукумат зарур аст. «Дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, ки оқибатҳои онро Тоҷикистон баҳори соли ҷорӣ эҳсос хоҳад кард, ба сари вазифа омадани нахуствазири зиддибӯҳронӣ бо барномаи зиддибӯҳронӣ мувофиқи мақсад мебуд», – гуфт ӯ.



Ба ақидаи коршиноси масоили сиёсӣ, аз ӯҳдаи иҷрои чунин вазифаи пурмасъулият раиси БМТ Шариф Раҳимзода, раиси «Ориёнбонк» Ҳасан Саъдуллоев, директор оид ба масоили тиҷорат ва молияи КВД «Талко» Шералӣ Кабиров ва собиқ нахуствазир ва тоҷири муваффақи имрӯз Яҳё Азимов ба хубӣ баромада метавонанд.



Дар ҳамин ҳол, коршинос мӯътақид аст, ки ба риояи усули маъмулии «зодаи минтақаи шимоли ҷумҳурӣ» будани нахуствазир зарурате нест, зеро ҳар сарвазире, ки дар бахши идораи иқтисоду кадрҳо ваколати зарурӣ дорад, метавонад фаъолияти пурсамари ҳукуматро ба роҳ монад. «Танҳо дар чунин сурат ӯ метавонад дар назди президент ва халқ масъулият дошта бошад», – афзуд коршинос.


Реклама на asia+

Соли гузашта дар ҷумҳурӣ беш аз 14 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол гардид

0



           

Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта тавассути сохторҳои ШСХК «Барқи тоҷик» дар ҷумҳурӣ беш аз 14 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли пешин 2 млрд. кВт/соат камтар аст.





           

Тавре сармуҳандиси ширкати мазкур Рашид Гулов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аз ин ҳаҷм ҳудуди 20 млн. кВт/соат дар 101 нерӯгоҳи хурди барқӣ тавлид гаштааст. Иқтидори нерӯгоҳҳои хурд 4,5 ҳазор кВт/соат аст.




           

Ба гуфтаи ӯ, боз 1 млрд. 100 млн. кВ/соат нерӯи барқ дар нерӯгоҳи Сангтӯда-1 истеҳсол гардидааст. «Соли сипаригашта воридоти барқ ба ҷумҳурӣ 1 млрд. 900 млн. кВт/соатро ташкил дода, содироти он аз кишвар ба 1 млрд. кВт/соат баробар шуд», – афзуд Р.Гулов.


Реклама на asia+

Коршиноси тоҷик оид ба масоили сиёсӣ мӯътақид аст, ки аз қазияи муҳоҷирони тоҷик дар Аштархон бӯи ҷинояткорӣ меояд

0



           

Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси тоҷик оид ба масоили сиёсӣ Парвиз Муллоҷонов дар мавриди шарҳи қазияи муҳоҷирони тоҷик дар Аштархон зимни сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки айни замон оид ба ҳодисаи дар он ҷо рухдода чизи мушаххасе гуфтан душвор аст, зеро қазия аз як ҷониб – ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон» инъикос ёфтааст ва то ҳанӯз нуктаи назари мақомоти расмӣ мавҷуд нест.





           

«Тибқи иттилои интишорнамудаи сомонаи



www

.

tajmigrant

.

com



, вазъ чунин аст, ки мақомоти марзбонӣ ё гумруки Русия муҳоҷирони меҳнатии тоҷики ба ватан сафардоштаро ба иттиҳоми қонуншикание (маълум нест кадом қонуншиканӣ) ба кадом як ҷониби номаълуми саввум супурдаанд ва ҷониби саввум онҳоро таҳти асорат гирифта, аз онҳо маблағҳои зиёди пулӣ меситонад. «Агар воқеъан ҳам вазъ чунин бошад, пас ин ҷо ошкоро нақзи қонугузории Тоҷикистону Русия ҷой дорад ва ин қазия хусусияти ҷинояткориро дорост», – мегӯяд ӯ.




           

Ба ақидаи коршинос, аввал, маълум нест, ки чаро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия (агар қонунҳои Русия нақз шуда бошанд) шаҳрвандони тоҷики боздоштшударо ба ҷониби саввум додаанд. «То ҷое, ки ман огаҳам, дар ин ҳолат бояд худи мақомоти дахлдор ҷарима ситонанд, на тавассути миёнаравон, – мегӯяд ӯ. – Дуввум, маълум нест, ки чӣ тавр ҷониби саввум ҳуқуқ пайдо кардааст, ки муҳоҷиронро зери асорат гирад (охир ин аллакай боз кардани парвандаи ҷиноӣ дар бораи боздошти ғайриқонунӣ ва «гаравгон гирифтан» аст (моддаи 1261, КҶ Русия) ва ба онҳо кӣ ҳуқуқ додааст, ки барои нақзи қонунгузории Русия аз муҳоҷирон ҷарима ситонанд?».




           

П.Муллоҷонов зикр мекунад, ки ҳамчунин маълум нест, ки чаро ин созмон аз номи мақомоти расмии Тоҷикистон изҳорот пахш мекунад, зеро хадамоти русиягӣ бидуни асос ва пешниҳоди асноди мутобиқ муҳоҷиронро ба ҷониби саввум дода наметавонистанд. «Ин нишондиҳандаи он аст, ки ҷониби саввум (гурӯҳи ҷинояткори муташаккил – дар иттилои ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик он чунин интишор шудааст) аснодеро пешниҳод сохтааст, ки тибқи он намояндаи мақомоти расмии Тоҷикистон буданашро тасдиқ сохтааст, – идома медиҳад коршинос. – Агар ҳуҷҷатҳо қалбакӣ бошанд, пас ин боз нақзи қонуншикании Тоҷикистону Русия аст, вале агар ҳуҷҷатҳо ҳақиқатан ҳам аз ҷониби мансабдори тоҷике дода шуда бошанд, мақомоти дахлдорро зарур аст, бисанҷанд, ки дар кадом асос ин гурӯҳ ҳуқуқ пайдо кардааст (аз номи давлати Тоҷикистон) шаҳрвандони тоҷикро дар қаламрави бегона (Русия) ба асорат гирифта, аз онҳо барои нақзи қонунҳои бегона (русиягӣ) ҷарима ситонад».




           

Коршинос бар ин назар аст, ки қазияи мазкур таҷассумгари тамоили умумиест, ки феълан дар бахши содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар Русия рӯи кор омадааст. Дар идомаи гуфтораш П.Муллоҷонов инчунин баён дошт: «Чун солҳои ахир назорати мақомоти қудратии Русия аз болои марзбонону гумрукчиён пурзӯр гардид, акнун онҳо бо намояндагони гурӯҳҳои ҷинояткор (тоҷик, украин ва ғайра) забон карда, ба ин васила аз муҳоҷирон маблағ меситонанд. Дар аксари ҳолатҳо чунин тарзи тамаъҷӯӣ ҷалби мансабдорони алоҳидаро аз сафоратҳо низ пешбинӣ мекунад, ки онҳо гурӯҳҳоро ҳимоят карда, ба онҳо ва «ширкатҳои» онҳо ҳуҷҷатҳо медиҳанд ва гуфтушунид мекунанд».




           

Ба ақидаи коршинос, қазияи мазкур ҳамчунин гувоҳи он аст, ки то кадом андоза масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҷилои сиёсӣ ба бар кардааст, чунки беш аз миллион нафар шаҳрвандони мо дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва аз вазъи фаъолияту будубоши онҳо ояндаи сиёсии кишвар вобаста аст. «Аз ин рӯ, ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ба масъалаи мазкур таваҷҷӯҳ зоҳир месозанд», – гуфт ӯ.




           

П.Муллоҷонов мегӯяд, бо мақсади таҳкими субот мақомоти дахлдори кишварро зарур аст, ба масоили ҷорӣ сохтани тартибот дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва пешгирии фасод дар бахши хизматрасониҳои нақлиёт ва дигар хизматрасониҳо таваҷҷуҳи бештар диҳанд. «Танҳо кӯшиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин росто басанда нест, – изҳор дошт вай. – Барои ҳалли муваффақонаи ин масъала шояд андешидани чораҳои қонунӣ, ҷалби васоити ахбори оммаи маҳаллӣ, намояндагони созмонҳои дахлдори ғайриҳукуматӣ, агентиҳои байнулмилалӣ ва диаспораҳои тоҷик дар Русия низ зарур бошад».


Реклама на asia+

ВКХ ҶТ қазияи муҳоҷирини тоҷик дар Аштархонро пайгирӣ хоҳад кард

0



           

Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назрӣ дар мавриди қазияи дар пешорӯи соли нави масеҳӣ аз қатораи Маскав-Душанбе пиёда кардани чанде аз шаҳрвандони тоҷик бо асноди қалабакӣ изҳор дошт, ки он тафтиши ҳамаҷонибаро тақозо дорад.





           

Ба қавли ӯ, чунин ба назар мерасад, ки ин як иғвое аз ҷониби раҳбари ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» Каромат Шарипов чизи дигаре беш нест, зеро ӯ ба чанде аз муҳоҷирон «шаҳодатномаҳои қалбакӣ дар бораи баргаштан ба ватан» додаааст. Шаҳодатномаи мазкур аз тарафи намояндагии дипломатӣ ба муддати 30 рӯз дар сурати гум кардан ё ноқисӣ доштани шиноснома дода мешавад.




           

Тибқи маълумоти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ, ки бар иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия асос ёфтааст, тайи ду ҳафтаи ахир мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Аштархон 16 шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ боздошт намудаанд. Давлат Назрӣ дар идома мусоҳиба гуфт, ду корманди хадамоти муҳо


ҷ


ирати вазорати корҳои дохилаи То


ҷ


икистон аз Маскав озими Аштархон шудаанд ва ин иттилоъро тариқи телефон ба вазорат иҷрокунандаи вазифаи сардори ин хадамот Раҷабалӣ Ҳасанов тасдиқ кардааст. «Имрӯз мо наметавонем бидуни таҳқиқи дақиқи қазия пешакӣ хулоса барорем, зеро зарур аст, муайян кард, ки кӣ дар додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ даст дорад – намояндагони ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» ё намояндагони бевиҷдони сафорати Тоҷикистон дар Русия», – таъкид сохт ӯ.




           

Дар ҳамин ҳол радиои Озодӣ бо истинод ба сомонаи



www

.

tajmigrant

.

com



иттилоъ медиҳад, ки як гур


ӯ


ҳи


ҷ


иноии муташаккил дар Аштархон 50 шаҳрванди То


ҷ


икистонро аз қатори Маскав -Душанбе ба баҳонаи қалбак


ӣ


будани аснод фароварда, дар як шаҳраки атрофи ин шаҳр гаравгон нигаҳ медорад. Тибқи ин хабар, баъд аз гирифтани 25 ҳазор рубл


ӣ


ду нафари онҳоро раҳо кардаанд ва сарнавишти бақия маълум нест. Дар ин хабар омадааст, аксари аъзои ин гур


ӯ


ҳи муташаккили


ҷ


ино


ӣ


шаҳрвандони собиқи То


ҷ


икистон будаанд, ки худ корманди мақомоти амниятии Аштархон будаанд ва ё таҳти пуштибонии он фаъолият мекардаанд.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон низоми ҷадиди қабул ва паҳни маълумот оид ба обуҳаво насб мегардад

0


Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз мутахассисони «Росгидромет»-и Русия, ки ба Душанбе омадаанд, ба насби Маркази ҷадиди коммутатсионӣ шурӯъ мекунанд.




Ба гуфтаи муовини директори Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон Маҳмад Сафаров, низоми ҷадид ба беҳбуд бахшидан ва тезонидани раванди қабул ва паҳни маълумоти гидрометереологӣ шароити мусоид фароҳам хоҳад сохт. «Бо насби низоми ҷадид мӯҳлат ва суръати қабулу паҳни маълумот якчанд маротиба тезтар хоҳад шуд, – мегӯяд ӯ. – Низоми мавҷуда дар ҷумҳурӣ иқтидораш хеле заъиф буда, маълумоти гидрометереологӣ дар бораи обуҳаворо хеле дер омода месозад».



М.Сафаров афзуд, ки низоми ҷадид тавассути технологияи компютерии замонавӣ бо кӯмаки Интрнет кор хоҳад кард.



Мутахассисони русиягӣ то ахири моҳ ният доранд, ҳамтоҳои тоҷики худро бо тарзи кори низоми ҷадид омӯзонанд. Маркази мазкур бо дастгирии ҳукумати Швейтсария бо мақсади беҳбуди низоми гидрометереология дар Тоҷикистон насб мешавад.


Реклама на asia+

Соли гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар аз 103 ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд

0



           

Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Соли гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон аз 103 ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд. Дар давоми сол 1 тоннаву 316 килову


838 грамм

маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки нисбат ба соли пешин 8,6 дарсад бештар буда, 368 килову 598 грамми он маводи сахттаъсири ҳероин, 574 килову

32 грамм

афюн ва 374 килову 216 грамми онро маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис ташкил медиҳад.





           

Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли сипаригашта дар оташдонҳои махсуси агентӣ 2 тоннаву 653 килову

222 грамм

маводи мухаддири мусодирашуда, ки онҳо чун далели шайъӣ дар баррасии парвандаи ҷиноӣ истифода шудаанд, сӯзонида шуд. «Нисбат ба қочоқчиёни маводи мухаддир 106 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 83-тои он нисбат ба 109 нафар ҷиҳати моҳиятан барррасӣ намудан ба додгоҳ ирсол гардидааст», – гуфт манбаъ.




           

Ба гуфтаи намояндаи агентӣ, дар натиҷаи баргузории амалиёти муштараки кормандони агентӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, кишварҳои узви ИДМ ва Афғонистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 тоннаву 230 килову

303 грамм

маводи мухаддир мусодира карда шуд. «Тибқи иттилои афсарони агентӣ, ки дар минтақаи шимоли Афғонистон фаъолият доранд, дар қаламрави ин кишвар

104,8 гектар

заминҳои кишти кӯкнор ва 8 лабораторияи истеҳсоли ҳероин нобуд карда шуданд», – афзуд манбаъ.


Реклама на asia+

Дар масъалаи баланд накардани арзиши барқ барои ТАЛКО ҳукумати ҷумҳурӣ дуруст рафтор кард, – назари намояндаи парлумон

0



           

Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошариф Исломиддинов дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар масъалаи баланд накардани арзиши барқ барои Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) ҳукумати ҷумҳурӣ дуруст рафтор кард, зеро дастгирӣ накардани ширкате, ки 70 дарсади фоидаи асъори ҷумҳуриро таъмин месозад, аз рӯи мантиқ намебуд.





           

Ба ақидаи ӯ, дар шароити бӯҳрони молӣ, ки арзиши алюминий дар бозори ҷаҳонӣ бамаротиб коҳиш ёфт, ширкати мазкур табиист, ки бо мушкилоти молиявӣ дучор гашта, ҳаҷми истеҳсолотро коҳиш хоҳад дод. «Ғайр аз ин, ширкати номбурда дар як сол то 7,5 млрд кВт/соат нерӯи барқ истифода мекунад, ки 6,4 млрд. кВт/соати он нерӯи барқи истеҳсоли ватанӣ буда, боқимонда 1,2 млрд. кВт/соат истеҳсоли хориҷӣ аст ва ширкат ба «Барқи тоҷик» танҳо барои нерӯи барқи истеҳсоли ватанӣ маблағ пардохт мекунад», – гуфт ӯ.




           

Номбурда таъкид сохт, ки он ҷиҳатро ҳам ба назар гирифтан зарур аст, ки пардохти истифодаи нерӯи барқи истеҳсоли хориҷӣ тибқи шартномаҳои мустақилона бастаи ширкати «ТАЛКО» бидуни иштироки ширкати «Барқи тоҷик» сурат мегирад.


Реклама на asia+

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз авзои бӯҳронии навори Ғазза изҳори нигаронӣ мекунад

0



          



Душанбе


. 6-


уми




январ


.


ОИ



«



Азия





Плюс


» –


Вазорати




корҳои




хори


ҷ


ии




Ҷ


умҳурии




То


ҷ


икистон




аз




авзои




б


ӯ


ҳронии




навори




Ғазза




изҳори




нигарон


ӣ




мекунад


.





          



Тавре




ба




ОИ



«



Азия





Плюс


»


аз




департаменти




иттилооти




вазорати




мазкур




хабар




доданд


,


шиддат




гирифтани




даргириҳои




мусаллаҳона




дар




навори




Ғазза




боиси




кушта




шудани




садҳо




ва




ма


ҷ


р


ӯ


ҳ




гардидани




ҳазорон




нафар




аҳолии




осоишта


,


аз




ҷ


умла


,


к


ӯ


дакон




ва




занон




шудааст


.


Ғазза, ки дар ҳолати муҳосира қарор дошт, бар асари даргириҳо метавонад ба фалокати гуманитар


ӣ


дучор шавад.




          

Вазорати корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон таъкиди ақида мекунад, ки мавз


ӯ


и Ғазза, низои арабу Исроил ва умуман б


ӯ


ҳрони Ховари Миёна ҳалли низом


ӣ


наметавонад дошта бошад.




          

Аз ин дидгоҳ, Вазорати корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон аз ҳама тарафҳои даргир даъват ба амал меоварад, ки фавран ва бе ҳе


ҷ


қайду шарт оташбас эълон кунанд ва раванди музокиротро аз сар гиранд.




         

Вазорати корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон бо та


ҷ


диди пуштибон


ӣ


аз талошҳои миён


ҷ


игарии кишварҳо ва созмонҳо, ки ба ҳалли мусолиматомези масъалаи Ғазза равона шудаанд, изҳори бовар


ӣ


менамояд, ки иродаи


ҷ


омеаи


ҷ


аҳон


ӣ


роҳҳои ғайримусолматомези ҳалли ихтилофҳо ва низоъҳоро метавонад истисно кунад.


Реклама на asia+

Ба ҳукумати Тоҷикистон кадрҳои ҷавону дорои андешаи ғайриоддӣ заруранд, – назари коршинос

0



           

Душанбе. 6-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» коршинос Фирӯз Саидов изҳор дошт, ки ба ҳукумати ҷумҳурӣ ворид гаштани кадрҳои ҷавону дорои андешаи ғайримеъёрӣ талаби даврау замон аст. «Ман бар чунин назарам, ки дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумати кишвар, ки рӯзи 15-уми январ доир мегардад, сарвазири кишвар – Оқил Оқиловро ба нафақа гусел намуда, дигар ҳеҷ тағйироти ҷиддие дар ҳайати ҳукумат сурат нахоҳад гирифт», – мегӯяд коршинос.





           

Тибқи пешгӯиҳои Ф.Саидов, ба мансабҳои муовинони вазирони рушди иқтисоду савдо, кишвоарзӣ ва молия шахсони нав таъин карда мешаванд. «Бӯҳрони кунунии молӣ тақозо дорад, ки ба сохтори иқтисодии кишвар бояд кадрҳои дорои андешаи ғайримеъёрӣ ворид гарданд», – изҳор дошт ӯ.




           

Ба назари Ф.Саидов, ба вазифаи сарвазир мутахассиси ҷавони соҳаҳои иқтисод, молия ва комплекси агросаноатӣ таъин шуда метавонад.


Реклама на asia+