Соли оянда дар Тоҷикистон қимати нерӯи барқ 40 дарсад боло меравад

0


Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев изҳор дошт, ки аз 1-уми январи соли 2009 арзиши нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба андозаи 25 дарсад зиёд карда мешавад.




Ба қавли ӯ, мушкилоти мавҷудаи ширкат ва талаботи Бонки рушди Осиёву Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди бахши энергетикаи кишвар водор месозанд, ки ҳамасола таруфаҳои нархи истифодаи нерӯи барқ танзим карда шаванд. «Тибқи созишномаи миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, арзиши истифодаи нерӯи барқ то соли 2010 бояд ба ҳисоби миёна 2,5 сентро ташкил диҳад ва барои ин зарур аст, ки то соли 2010 ҳар сол ду маротиба қимати он ба андозаи 40-50 дарсад зиёд карда шавад», – гуфт ӯ.



Номбурда зикр кард, ки ширкат ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст, ки арзиши нерӯи барқ аз оғози соли оянда якбора ба андозаи 40 дарсад афзуда шавад, вале ҳукумат онро рад сохтааст. «Аз ин рӯ, афзоиши навбатии арзиши нерӯи барқ моҳи май ба андозаи 15 дарсад сурат хоҳад гирифт, – изҳор дошт Ш.Самиев.



Раиси ширкати «Барқи тоҷик» афзуд, ки афзоиши қимати нерӯи барқ ба корхона имкон хоҳад дод, ки дастгоҳу таҷҳизоти нав харида, ба сатҳи хизматрасонӣ беҳбуд бахшад. «Ҳамзамон чунин иқдом ба баргардонидани қарзҳои ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ва зиёд кардани маоши кормандони ширкат шароит фароҳам хоҳад сохт», – гуфт ӯ. Ба қавли Ш.Самиев, феълан музди меҳнати миёнаи коргарони ширкат ба 349 сомонӣ ($103) баробар аст.



Ёдовар мешавем, ки бори охир арзиши истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон моҳи майи соли ҷорӣ афзоиш ёфта буд. Айни замон дар Тоҷикистон нархи истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ бо назардошти андоз аз арзиши изофа барои аҳолӣ 4,8 дирам (1,4 сент), корхонаҳои саноатӣ 10,95 дирам ва ширкати «ТАЛКО» 5,15 дирам муқаррар шудааст.


Реклама на asia+

Сӯхтор дар бинои ҳукумати Исмоили Сомонӣ

0


Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз дар бинои ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сӯхтор сар зад.




Тавре аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ошёнаи дуввуми бино оташ гирифтааст. Феълан сӯхтор хомӯш карда шуда, вале дар дохили бино то ҳанӯз дуди ғализ ба мушоҳида мерасад.



«Айни замон дар ҷои ҳодиса гурӯҳи махсусе оид ба муайян кардани ҳаҷми майдони сӯхтор, маблағи хисорот ва сабаби сар задани сӯхтор машғули кор аст», – изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки аз сӯхтор касе осеб надида, он талафоти ҷонӣ низ дар пай надоштааст. Аз шарҳи ҷузъиёти дигари ҳодиса худдорӣ карда шуд.


Реклама на asia+

Ш.Самиев: Агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» аввали моҳи ноябр мавриди истифода қарор мегирад

0


Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти матбуотӣ раиси ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев изҳор дошт, ки маросими расмии мавриди истифода қарор гирифтани агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» рӯзҳои 5-6-уми ноябр доир мегардад.




Ба гуфтаи ӯ, бо мавриди истифода қарор гирифтани агрегати саввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва оғози воридоти барқи Туркманистон ба ҷумҳурӣ аз 1-уми ноябр ҳаҷми интиқоли барқ ба минтақаҳои кишвар афзуда мешавад. «Аз ин ба баъд аҳолии минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳамарӯза ду соат бештар – 4 соат субҳ ва 4 соат шом бо барқ таъмин карда хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.



Раиси ширкат ҳамчунин зикр кард, ки аз замони ҷорӣ сохтани маҳдудияти истифодаи барқ сатҳи оби обанбори нерӯгоҳи «Норак»


3,5 метр

боло рафтааст. Ба қавли ӯ, феълан мизони об дар сатҳи

5 метру


16 сантиметр

поинтар аз сатҳи зарурии захираи об қарор дорад ва «чунин вазъ қабалн боре ҳам ба мушоҳида нарасидааст».



Ёдрас мекунем, ки агрегати аввали нерӯгоҳ 20 январи соли ҷорӣ ва дуввум моҳи июли соли ҷорӣ ба кор даромад. Айни ҳол агрегатҳо бо иқтидори 150 то 200 мегават дар як шабонарӯз кор мекунанд.



Нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» бо ғунҷоиши 670 МВт дар 100 километрии ҷануби шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Лоиҳаро ба таври муштарак Тоҷикистону Русия амалӣ месозанд. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия 75%-и саҳмияҳои нерӯгоҳ ба Русия ва 25%-и он ба Тоҷикистон тааллуқ доранд.



Маблағи умумии сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» 720 млн. доллари амрикоӣ буда, сармоягузории ҷониби Русия аз сарчашмаҳои гуногун 450 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳанд. Маблағи сармоягузории собиқ ширкати РАО «ЕЭС»-и Русия ба $127,5 млн. баробар буда, саҳми Тоҷикистон 121 млн. доллари амрикоӣ аст.



Татбиқи лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бузургтарин лоиҳа бо иштироки Русия арзёбӣ мешавад. Мавриди истифода қарор гирифтани он ба беҳбуди таъмини бозори дохилии ҷумҳурӣ бо барқ ва танзими ҳамарӯзаи ҷоришавии оби рӯдхонаи Вахш мусоидат хоҳад кард.


Реклама на asia+

БРО барои беҳбуди ҳамкории минтақавӣ дар бахши захоири об дар Осиёи Марказӣ ҳудуди $1 млн. бурс ҷудо мекунад

0



           

Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сармутахассис оид ба идораи захоири об дар шӯъбаи Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки рушди Осиё (БРО) Панелла Томас изҳор доштааст, ки роҳандозӣ нагаштани ҳамкории минтақавӣ оид ба захоири об ба беҳбуди ҳамгиройии иқтисодии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ монеъа эҷод месозад. Аз ин рӯ, БРО баҳри беҳбуди ин вазъ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.





           

Дар иттилоияи бонки мазкур гуфта мешавад, ки ҳамкории ғайриқаноатбахш ва нокофии кишварҳои минтақа (Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) дар бахши идораи низоми муштараки обӣ сабаби аслии муташанниҷии вазъ дар минтақа гаштааст ва он ба рушди босуботи минтақа таҳдид мекунад.




           

БРО ихтисос додани бурси минтақавии кӯмаки техникӣ ба маблағи 998 ҳазор доллари амрикоиро барои табодули донишу таҷриба оид ба идораи захоири оби минтақа ва таҳкими имконоти сохтори марбут ба он маъқул шуморидааст.




           

Бурс аз ҷониби Бунёди мултидонорӣ таҳти раҳбарии Барномаи БРО оид ба маблағгузории шарикона оид ба об (Water Financing Partnership Facility) ҷудо гардида, ҳукуматҳои кишварҳои Австралия, Австрия ва Норвегия ба он саҳм гузоштаанд.


Реклама на asia+

Тоҷирони Бритониё ба ҳамкориҳо дар бахши сайёҳии Тоҷикистон мароқ зоҳир сохтанд

0



           

Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта мулоқоти муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил Сангов бо ҳайати тоҷирони Бритониё таҳти сарварии директори иҷроияи ширкати «


Investment Fostering Limited» доктор Б.А.Латиф доир гардид.





           

Аз палатаи номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки тоҷирони Бритониё ба Тоҷикистон ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи иқтисоди ҷумҳурӣ ва омӯзиши имконоти ҳамкорӣ ташриф овардаанд.




           

Раҳбари ҳайат, доктор Латиф чунин баён доштааст: «Мо ба бахши сохтмон ва истеҳсоли нафт дар Тоҷикистон манфиатдор ҳастем, вале ба роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештаре дорем. Ширкати мо дар ин самт бо кишварҳое чун Фаронса, Испания ва Эрон ҳамкории муфид ба роҳ монда, дар ин кишварҳо якчанд меҳмонхонаҳои дараҷаи олӣ бунёд кардааст».




           

Дар навбати худ муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон О.Сангов изҳор дошт, ки табиати ҷумҳурӣ ба рушди сайёҳӣ мусоиду созгор аст ва тоҷирони Бритониё перомуни роҳандозии ҳамкориҳо дар ин соҳа метавонанд, бо намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, ки аъзои палата аст, гуфтушунид анҷом диҳанд.




Реклама на asia+

UNDP ва Анҷумани миллии сиёсатшиносони кишвар татбиқи марҳилаи саввуми лоиҳаи омӯзиши вакилони маҷлисҳои Хатлонро оғоз мекунанд

0


Кӯлоб. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» –


Анҷумани миллии сиёсатшиносони кишвар бо дастгирии молиявии UNDP ба татбиқи марҳилаи саввуми лоиҳа оид ба ом


ӯ


зиши намояндагони ма


ҷ


лисҳои вакилони халқи вилояти Хатлон огоз менамояд.




Тавре Ҷумъахон Олимӣ, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Параллакс» ва аз мураббиёни ассосиатсия иттилоъ дод, ба ин марҳила як қатор ислоҳот ворид шудааст. «Агар дар ду марҳалаи гузашта танҳо вакилони маҷлисҳои вакилони халқи нохияҳо ба омӯзиш фаро гирифта шуда бошанд, пас ин навбат барои ширкат дар ин марҳилаи омӯзиш намояндагони маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб низ ҷалб карда мешаванд» – гуфт ӯ ва қайд намуд, ки шарики иҷтимоӣ, вазифаҳои мақомоти маҳалии ҳокимият дар шароити мустақилият, механизмҳои таҳияи стратегияи рушди иҷтимоиву-иқтисодии минтақа, амалисозии ҳадаф ва вазифаҳои рушди ҳазорсола аз тарафи мақомоти маҳалӣ, коҳиши мизони фақр аз ҷумлаи мавзӯоти баррасишаванда унвон мешаванд.



Ба гуфтаи Олимӣ, дар ин давраи омӯзиши, намояндагони маҷлисҳои вакилони халқи навоҳии Шӯрообод, Румӣ, Ховалинг, Вахш ва Балҷувони вилояти Хатлон ширкат хоҳанд кард.

 



Реклама на asia+

Cандуқи депозитии ҶСК «Бонки Эсхата» қариб як баробар афзуд

0


Душанбе. 25-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар 9 моҳи соли равон сандуқи депозитии Ҷамъияти саҳомии кушоди «Бонки Эсхата» нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 100 дарсад афзуда, 57 млн. 755 ҳазор сомониро (беш аз $17 млн.) ташкил дод.




Тавре аз дафтари матбуоти бонки мазкур хабар доданд, афзоиши сандуқи депозитӣ ба болоравии андозаи ҳаҷми сандуқи қарзӣ низ мусоидат кардааст. «Ба 1-уми октябри соли ҷорӣ сандуқи қарзии бонк ба 157 млн. сомонӣ баробар шуд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 131 дарсад бештар аст», – изҳор дошт манбаъ.



Ёдрас мекунем, ки Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Бонки Эсхата» тарзи тозаи маблағгузорӣ – «Маблағгузорӣ бо асъори гуногун»-ро мавриди истифода қарор дод.



Дар шарҳи масъалаи мазкур сардори шӯъбаи тиҷорати чаканаи бонк Бахтиёр Ҳошимов чунин ибрози назар намуд, ки ин тарзи маблағгузорӣ ба маблағгузории мултиасъорӣ, ки дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Русия хеле рушд ёфтааст, қаробат дорад.



Номбурда изҳор дошт, ки маблағгузорӣ бо асъори гуногун махсусан ҳангоми шадидан болову поин рафтани қурби асъор даромади зиёд меорад. «Бо назардошти вазъи имрӯзаи номусоиди бозори молиявии ҷаҳон, мо қарор додем, ба мизоҷон хизматрасонии эҳтиёти маблағҳо аз таваррум ва поин рафтани қурби асъорро пешниҳод созем», – гуфт Б.Ҳошимов ва афзуд, ки мизоҷ на танҳо маблағи худро эмин нигаҳ медорад, балки имконият пайдо мекунад, ки аз он даромади бештар бигирад.



Ба қавли корманди бонк, миқдори фоизҳои ин тарзи маблағгузорӣ чун маблағгузориҳои дигари инфиродӣ вобаста ба тарзи асъор аз 18 то 20 дарсади солонаро ташкил медиҳанд.


Реклама на asia+

Э.Раҳмон шоҳзодаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир Гертсог Йоркскийро ба ҳузур пазируфт

0


Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоҳзодаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир Гертсог Йоркский ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки кишвараш ба рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир месозад.




Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи мулоқоти яксоатаи ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон масоили сиёсӣ ва иқтисодии мавриди таваҷҷӯҳи ҳарду ҷониб муҳокима карда шуданд. «Пас аз ин боздид ба вазоратҳо ва сохторҳои тиҷоратии марбутаи Британия тавсия хоҳад шуд, имконоти дастёбӣ ба бозори Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор диҳанд» – гуфт шоҳзода.



Ӯ ҳамчунин афзуд, ки Бритониёи Кабир барои маблағгузорӣ ба татбиқи барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳкими марзҳои Тоҷикистону Афғонистон кӯмак хоҳад расонид.



Ёдрас мекунем, ки шоҳзодаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир Гертсог Йоркский бо сафари кӯтоҳмуддат дирӯз ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Имрӯз ӯ аз ноҳияи Варзоб, ки дар он ҷо бо дастгирии ҳукумати Бритониё як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор мегиранд, боздид хоҳад кард. Шоми имрӯз ӯ бо намояндагони Бриониё дар Тоҷикистон ва ҷавонони тоҷик мулоқот мекунад. Сипас шоҳзода ба Бишкек меравад. Ин сафари дуввуми ӯ ба Тоҷикистон аст. Бори нахуст ӯ моҳи июли соли 2006 аз Тоҷикистон боздид карда буд.


Реклама на asia+

Соли равон даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи амволи давлатӣ ба $5 млн. баробар шуд

0



           

Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи 9 моҳи соли равон даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи амволи давлатӣ ба 16,9 млн. сомонӣ (ҳудуди $5 млн.) баробар шуд.





           

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамралиев изҳор дошт, ки даромади буҷаи ҷумҳурӣ аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи амволи ҷумҳуриявӣ 10,8 млн. сомониро (беш аз $3,176 млн.) ташкил додааст.




           

Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра 53 ғолиби тендерҳо бо иҷрои ҳамаи муқаррароти шартнома ба иқтисоди кишвар 49 млн. сомонӣ ($14 млн. 411 ҳазор) маблағ сармоягузорӣ намуда, ҳамзамон 2 ҳазору 620 ҷойи кори нав ташкил карданд. «15 ғолиби тендер таҳти назорати кумита қарор дошта, ӯҳдадор шуданд, ки то ахири сол ҳамаи муқаррароти шартномаҳоро ба иҷро хоҳанд расонд», – афзуд Ф.Ҳамралиев.


Реклама на asia+

Шӯрои иқтисодии ИДМ вазъи бахши энергетикаи Тоҷикистонро баррасӣ мекунад

0


Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) вазъи бахши энергетикаи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаригашта дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Шӯрои энергетикии кишварҳои узви иттиҳод тасмим гирифта шудааст, ки ин масъала ба баррасии Шӯрои иқтисодии кишварҳо пешниҳод гардад.




Дар ҷаласаи 34-уми Шӯрои электроэнергии кишварҳои узви ИДМ роҳбарони сохторҳои марбута ҷараёни корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009-ро муҳокима карданд. Зикр гардид, ки дар ҳамаи кишварҳо асосан корҳои пешбинишуда ба анҷом расидаанд, вале бо назардошти вазъи мавҷуда, ҳамчунин иштирокдорони ҷаласа ба бӯҳрони энергетикӣ гирифтор шудани Тоҷикистонро дар ин мавсим аз эҳтимол дур надонистанд. Аз ин рӯ, қарор шудааст, ин масъала дар Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шавад.



Дар ҷаласа ҳамчунин атрофи масоили ташаккули бозори ягонаи энергетикии кишварҳо, роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши энергетика бо Эрон ва дигар мушкилоти рӯзмарраи ин соҳа табодули назар карда шуд.


Реклама на asia+