Вакилони парлумон ба кӯлобиён дар бораи нишондиҳандаҳои асосии буҷаи соли 2009 маълумот доданд

0



           

Кӯлоб. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайвалӣ Нуров ва Мӯминҷон Қаюмов дирӯз дар Кӯлоб ҷаласаи мизи мудавварро бахшида ба шарҳи кори парлумони Тоҷикистон ба интихобкунандагон баргузор карданд.





           

С.Нуров дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки аксари интихобкунандагон оид ба кори парлумон ва фаъолияти намояндагони мардумӣ тасаввуроти дуруст надоранд. «Аз ин рӯ, мо қарор додем, ки дар бораи тарзи сохтори парлумон, фаъолияти намояндагони мардумӣ, ҷараёни қабули қонунҳо ва паҳлӯҳои дигари кори парлумон ба интихобкунандагони маълумоти муфассал диҳем», – гуфт ӯ.




           

Дар мавриди шарҳи масъалаи буҷаи давлатии ҷумҳурӣ, ки ба он интихобкунандагон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир сохтанд, намояндаи мардумӣ М.Қаюмов изҳор дошт, ки лоиҳаи буҷаи давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2009 се ҳафта пештар нисбат ба солҳои дигар ба парлумон ирсол шудааст ва шурӯъ аз имрӯз гурӯҳи кории махсуси парлумон ба баррасии ҷузъиёти он оғоз хоҳад кард. «Буҷаи давлатии ҷумҳурӣ дар соли 2009 дар маҷмӯъ 6 млрд. 8 млн. сомониро ташкил медиҳад ва 75 дарсади даромади он аз маблағҳои пардохти андоз ҷамъоварӣ хоҳад шуд», – гуфт ӯ.




           

Қобили зикр аст, ки мизи мудаввар бо кӯмаки созмони байнулмилалии «


Pact




international


» ва шарики он дар Кӯлоб – Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд» созмон дода шуд.

 



Реклама на asia+

Президенти Тоҷикистон дастур дод, ки соли оянда дар Тоҷикистон озмуни байналмилалии фалаксароӣ ба роҳ монда шавад

0


Душанбе. 20-уми октябр – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар бинои собиқ

 

кинотеатри То


ҷ


икистони пойтахт, ки

 

баъди таъмиру

 

тармим ва азнавсоз


ӣ



 

номи кохи То


ҷ


икистонро гирифтааст, бо иштироки

 

Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон

 

Эмомал


ӣ


Раҳмон

 

базми бошукўҳи фалакхон


ӣ


баргузор гашт. Месазад таъкид намуд, ки

 

маҳз

 

бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Эмомал


ӣ


Раҳмон

 

санъати фалакхон


ӣ


ба қатори ҳунарҳои

 

касбии овозхон


ӣ


шомил гашта, ансамбли

 

«Фалак» мақоми давлат


ӣ


гирифт ва баҳри риво


ҷ


у равнақи он ки

 

аз қаъри

 

асрҳо аз шебу фароз ва таъкибу тазйиқҳои бешумор гузашта ба рўзҳои мо расидааст, ҳар сол 10 октябр рўзи санъати фалак расман та


ҷ


лил мегардад.




Дар базми имрўзаи фалакхон


ӣ


ҳунармандони шинохтаи ансамбли давлатии «Фалак» ва ҳунарпешагони касбию ҳаваскор аз минтақаҳои гуногуни То


ҷ


икистон ва ҳамчунин кишварҳои Афғонистону Эрон иштирок намуда, бори дагир собит

 

намуданд, ки фалак як навъ санъати

 

воло ва дорои таърихи рангину кўҳани миллати фарҳангпарвару бостонии то


ҷ


ик аст.



Сарвари давлат иштироки ҳунармандони афғону эронро, ки

 

маҳорати

 

баланди

 

фалаксаро


ӣ


нишон

 

доданд, бо хушнуд


ӣ


мушоҳида карда, ба масъулини соҳа дастур дод, ки соли оянда

 

дар То


ҷ


икистон озмуни

 

байналмилалии фалаксаро


ӣ


ба роҳ монда шавад ва нати


ҷ


аҳои он дар

 

рўзи фалак 10 октябр


ҷ


амъабаст гардад. Президенти мамлакат ҳамчунин ба маҳорати баланд ва истеъдоди нотакрори духтараки нобинои фалаксаро

 

Матлуба Раҳимова, ки аз ноҳияи Ёвон омадааст, баҳои баланд дода, ба роҳбарияти

 

Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон дастур дод, ки ўро таҳти сарпараст


ӣ


ва таълиму тарбияи худ қарор бидиҳанд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.






Реклама на asia+

Ба журналистони тоҷик ҳуқуқҳо ва дарки масъулият зимни дастрасӣ ба иттилоотро меомӯзанд

0





 




Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) барои рӯзноманигорони васоити ахбори умумии марказӣ ва минтақавӣ семинар-тренинг дар мавзӯи «Дастрасӣ ба иттилоот: ҳуқуқҳо ва дарки масъулият» ба кор шурӯъ мекунад.



Тавре котиби масъули ИЖТ Пӯлод Нуров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, семинарро Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон бо дастгирии молиявии шӯъбаи «Интернюс Нетворк Инк.» дар Тоҷикистон баргузор мекунад.



Бино ба иттилои манбаъ, тренинги мазкур барои баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорон, огаҳии комил аз ҳуқуқҳои худ, андӯхтани донишҳои назариявӣ ва таҷрибавии рафтор дар вазъи гуногуни дастрасӣ ба иттилоот, ҷалби таваҷҷӯҳи онҳо ба омӯзиш ва риояи меъёрҳои миллӣ ва байнулмилалӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ ва ширкати фаъолонаи онҳо дар баррасии ин мавзӯъ равона гардидааст.



«Таҷрибаҳо гувоҳи онанд, ки сатҳи омодагии касбӣ ва заминаи ҳуқуқии рӯзноманигорон дар дарки масъулият зимни дастрасӣ ба иттилооти расмиву ғайрирасмӣ, истифодаву таҳқиқи он ба талаботи имрӯзаи фаъолияти босамар дар соҳаи рӯзноманигорӣ ҷавобгӯ нестанд», – гуфт П.Нуров.


Реклама на asia+

Дар бозори «Корвон» сӯхтори навбатӣ рух дод

0


Душанбе. 20-уми октябр – Шоми якшанбе дар бозори “Корвон”-и Душанбе

 

оташсӯзӣ сар задааст. Бар асари ин оташсӯзӣ, ки ҳудуди яку ним соат идома кардааст, қисмати яклухтфурӯшии бозори мазкур хисороти зиёд дидаааст. Ҳодисаи оташсузӣ талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст. Мизони хисороти молӣ таҳқиқ мешавад. Сабаби оташсӯзӣ то кунун маълум нест, вале бино ба бархе хабарҳо, расиши кӯтоҳи ноқилҳо ҳамчунон яке аз фарзияҳои эҳтимолии сар задани оташсӯзӣ унвон мешавад.




Ин оташсӯзӣ дар бозори Корвон дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран оташсӯзии бузурге нисфе аз бозори дигари Душанбе –“Шоҳмансур”-ро ба коми худ фурӯ бурд ва оташсӯзӣ дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон, ки ба сурати маъмулӣ даромадааст, аз мавзӯъҳои мавриди баҳси расонаҳо зарфи ду соли охир аст.




 

Реклама на asia+

Дар Душанбе милисаро парронданд

0


Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе як корманди милиса кушта шуд. Субҳи 19-уми октябр сержанти милисаи шӯъбаи Хадамоти

 

давлатии посдории шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Синои пойтахт Одина Давлатов ҳадафи тири қотил қарор гирифт. Ҷинояткор ба сари милиса тир холӣ кардааст.




Сардори маркази матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳодиса дар давоми соатҳои аз 5 то 7-и субҳ рух додааст.



«Қотил ба бинои шӯъбаи бонк ворид гардида, аслиҳаи хидматии милисаро мегирад ва бо он ба пешонии О.Давлатов тир холӣ мекунад, ки бар асари он милиса дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад», – гуфт ӯ.



Аз шарҳи ҷузъиёти дигари ҳодиса худдорӣ карда шуд. Тафтиши ҳодисаи ба қатл расонидани сержанти милиса ба зиммаи гурӯҳи фавриву тафтишотӣ таҳти сарварии муовини вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Шариф Назаров вогузор гашт.


Реклама на asia+

Ҳайати кумитаи ҷавонон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ЭКО озими Теҳрон шуд

0


 



            

Душанбе. 18-уми октябр –

 

Ҳайати кумитаи


ҷ


авонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон


ҷ


иҳати иштирок дар


ҷ


аласаи ЭКО (Созмони ҳамкории иқтисод


ӣ


), ки 19 -20 октябри соли


ҷ


орӣ дар


Ҷ


умҳурии Исломии Эрон доир мегардад, ба Теҳрон сафар намуданд.





            

АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки инчунин дар


ҷ


араёни сафар имрӯз муолқоти расмии раиси Кумитаи


ҷ


авонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати


Ҷ


Т Маликшо Неъматов бо муовини Созмони мероси фарҳанг


ӣ


ва гардишгарии


Ҷ


ИЭ Маликзода, раиси Созмони


ҷ


авонони


Ҷ


ИЭ Ҳо


ҷ


ал


ӣ


Акбар


ӣ


ва як қатор мулоқоти судманди дигар дар назар аст.


Реклама на asia+

Дар Душанбе доир ба идораи сарҳад ва мубориза бо қочоқи маводи мухадир дар Осиёи Марказӣ конфронс баргузор мешавад

0



           

Душанбе. 18-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи оянда дар шаҳри Душанбе Конфронси доир ба идора намудани сарҳад ва мубориза ба гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар Осиёи Марказ


ӣ


баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар конфронс президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ хоҳад кард.




Дар конфронс ҳайатҳои воломақом аз кишварҳои Осиёи Миёна,


Ҷ


умҳурии Исломии Афғонистон,


Ҷ


умҳурии Исломии Эрон,


Ҷ


умҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико,


Ҷ


опон ва намояндагони як қатор созмонҳо ба монанди Созмони Аврупо


ӣ


, Созмони амният ва ҳамкор


ӣ


дар Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид ширкат хоҳанд варзид. Дар ин бора аз департмаенти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад

0


              


Душанбе. 18-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон ба консерти тантанав


ӣ


бахшида ба та


ҷ


лили


ҷ


ашни Р


ӯ


зи Фалак ҳусни оғоз бахшид. Ин


ҷ


ашн бо иштироки ҳунармандони маъруф ва фалаксароёни шинохта та


ҷ


лил хоҳад шуд.




Президенти Тоҷикистон мардуми кишварро бо ин ҷашни фархунда табрику таҳният кард. Дар табрикоти сарвари давлат, аз ҷумла гуфта мешавад:



            




«Санъати мусиқии халқи то


ҷ


ик таърихи бостон


ӣ


ва рангину пурғановат дорад. Имрўз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва бо тобишҳои тоза


ҷ


аҳони маънав


ӣ


ва завқи зебописандии муосиронро

 

сайқали тоза мебахшанд. Дар ин радиф Шашмақом ва Фалак аз зумраи ган


ҷ


инаҳои бебаҳое мебошанд, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классики халқи фарҳангпарвару санъатдўсти мо ёдгор мондаанд. Мо, ворисони ин ган


ҷ


и бебаҳои маънавии ниёгон, бояд онро ҳамчун падидаи пурарзиши фарҳанг


ӣ


ҳифз намуда, баҳри рушду нумўи жанру мўҳтавои он кўшиш намоем».



Ёдрас мекунем, ки бо фармони сарвари давлат аз 4-уми августи соли 2007 дар Тоҷикистон 10-уми октябр ҷашни «Рӯзи Фалак» таҷлил мегардад. Азбаски сарвари давлат дар ин рӯз дар боздиди корӣ қарор дошт, тасмим гирифта шуд, ки ҷашн имрӯз барпо гардад.


Реклама на asia+

Барои нахустин бор дар Тоҷикистон масъалаи мамнӯъ эълон кардани ҷараёни Салафия дар миён гузошта шуд

0



Душанбе. 18-уми октябр – Барои нахустин бор дар Тоҷикистон масъалаи мамнӯъ эълон кардани ҷараёни Салафия дар миён гузошта шуд.






Додситонии вилояти Хатлон гуфт, ки дар як номаи худ унвонии додситонии кулли Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ҳаракатҳои ба истилоҳ иртиҷоии ҷараёни Салафия дар кишвар мутаваққиф гардад.





Саидмурод Қодиров, иҷрокунандаи вазифаи додситони Хатлон мегӯяд, ки мақомот дар робита ба ҷилавгирӣ аз тавсеъаи ҷараёни Салафия чораҳо меандешанд:






 

«Пайравони ҷараёни Салафия дар миқёси вилояти мо ҳам пинҳонӣ амал мекунанд. Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи минтақа дар якҷоягӣ нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, дар ин самт корҳои назаррас анҷом додаанд ва мо вобаста ба боздоштан, қатъ намудани ин ҷараён таклифи худро ба додситонии кул

 

аллакай пешниҳод кардем.»





Ба гуфтаи мақомоти додситонӣ, шумори бештари пешвоён ва пайравони ҷараёни Салафия дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, Панҷ, Бохтар ва Ҳамадонӣ фаъолият доштаанд. Бар асоси маълумоти расмӣ, шумори пайравони Салафия дар ҷануби Тоҷикистон ҳамагӣ ба 120 нафар мерасидааст.





Салафиҳо мегӯянд, кору пайкор ва аҳдофи пуштибонони ин ҷараён ба ҳақиқати Ислом наздиктар буда, аммо ба ҳеҷ сурат муғойир ба қавонини кишвар нест. Як таҳлилгари масоили динӣ аз Қурғонтеппа, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, ки пайравони Салафия ва Ҳанафия дар ақида тақрибан ба ҳам мухолифат надоранд, чун дар умум онҳо суннимазҳабанд, вале Салафиҳо ихтилофи ақидатии худро танҳо бо шиамазҳабон гоҳе ошкор нишон медиҳанд.





Коршиносони тоҷик бо таъкид ба озодии дину эътиқод дар кишвар, ки қонунҳо кафолат медиҳанд, тахмин мезананд, ки дар сурати расман мамнӯъ эълом шудани ҷараёни Салафия дар Тоҷикистон, ба гумони ғолиб, низоъву нофаҳмиҳои дигар сар хоҳад зад. Қаландар Садруддинзода, раиси бахши хатлонии ҲНИТ дар ин робита гуфт: «Салафиҳо ба амнияти идеологии кишвар ягон зиён надоранд. Ба рафтору дар корашон мудохила андохтану миёни мардум тафриқа андохтан лозим нест. Агар ҳоло органҳои қудратӣ талоши мудохила ба ҷараёни Салафия кунанду, ин масъаларо якҷониба баррасӣ намоянд, бегумон сабаби бархӯрду ҷонибгирӣ, сабаби душманию пинҳонкорӣ пайдо мешавад. Бигзор ҳар кас кори худашро кунад, органҳои қудратӣ беогоҳӣ бояд ба умури дину мазҳаб дахл накунанд, зеро ин ба манфиати ҷомеа нест.»






 

Ин ҳама дар ҳолест, ки ахиран додситони кулли кишвар Бобоҷон Бобохонов низ дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, додситонӣ ба таҳқиқи равияҳои навпайдои динӣ, бавижа Салафия пардохтааст. Ба гуфтаи додситони кул, феълан, аз ҷониби пайравони Салафия хатаре ба амнияти кишвар ҳис намешавад. Вале нуктаи назари ниҳоии додситонии кул пас аз омӯзиши асноди пешниҳодшуда ва нуқтаи назари сохторҳои зирабт мунташир хоҳад шуд.

 




Реклама на asia+

Муаллимаи забону адабиёти тоҷики ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ғолиби озмуни «Муаллими беҳтарини соли 2008» дониста шуд

0


Душанбе. 18-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Муаллимаи забону адабиёти тоҷики мактаби таҳсилоти умумии рақами 10-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сабоҳат Шералиева ғолиби озмуни «Муаллими беҳтарини соли 2008» дониста шуд.




Ба иттилои сухангӯи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, ғолиби озмун ба унвони «Аълочии маориф» сазовор дониста шуда, ба ӯ телевизори ранга ва


DVD


, ки арзишаш ба 2000 сомонӣ баробар аст, тақдим карда шуд.



Ёдрас мекунем, ки дар озмуни мазкур 8 нафар ғолибони озмунҳои минтақавӣ иштирок карданд. Ширкаткунандагони озмун дар бахшҳои гузаронидани дарс, аз рӯйи ихтисос, таҳияи нақшаи гузаронидани он, пешниҳод намудани дараҷаи эҷоди худ, кор бо компютер ва маҳорати баргузории соати тарбиявӣ бо ҳам қувваозмоӣ менамоянд.



Соли гузашта омӯзгори забони англисии литсеи рақами 55-и шаҳри Душанбе муаллими беҳтарини сол дониста шуд. Баргузор намудани чунин озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониши омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумӣ ва дар ин замина ба бедор кардани ҳисси муҳаббат ва завқи онҳо нисбат ба касби пурифтихори омӯзгорӣ мусоидат мекунад.


Реклама на asia+