Вакилони парлумон ба кӯлобиён дар бораи нишондиҳандаҳои асосии буҷаи соли 2009 маълумот доданд

            Кӯлоб. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайвалӣ Нуров ва Мӯминҷон Қаюмов дирӯз дар Кӯлоб ҷаласаи мизи мудавварро бахшида ба шарҳи кори парлумони Тоҷикистон ба интихобкунандагон баргузор карданд.             С.Нуров дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки аксари интихобкунандагон оид ба кори парлумон ва фаъолияти намояндагони […]



           

Кӯлоб. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайвалӣ Нуров ва Мӯминҷон Қаюмов дирӯз дар Кӯлоб ҷаласаи мизи мудавварро бахшида ба шарҳи кори парлумони Тоҷикистон ба интихобкунандагон баргузор карданд.





           

С.Нуров дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки аксари интихобкунандагон оид ба кори парлумон ва фаъолияти намояндагони мардумӣ тасаввуроти дуруст надоранд. «Аз ин рӯ, мо қарор додем, ки дар бораи тарзи сохтори парлумон, фаъолияти намояндагони мардумӣ, ҷараёни қабули қонунҳо ва паҳлӯҳои дигари кори парлумон ба интихобкунандагони маълумоти муфассал диҳем», – гуфт ӯ.




           

Дар мавриди шарҳи масъалаи буҷаи давлатии ҷумҳурӣ, ки ба он интихобкунандагон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир сохтанд, намояндаи мардумӣ М.Қаюмов изҳор дошт, ки лоиҳаи буҷаи давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2009 се ҳафта пештар нисбат ба солҳои дигар ба парлумон ирсол шудааст ва шурӯъ аз имрӯз гурӯҳи кории махсуси парлумон ба баррасии ҷузъиёти он оғоз хоҳад кард. «Буҷаи давлатии ҷумҳурӣ дар соли 2009 дар маҷмӯъ 6 млрд. 8 млн. сомониро ташкил медиҳад ва 75 дарсади даромади он аз маблағҳои пардохти андоз ҷамъоварӣ хоҳад шуд», – гуфт ӯ.




           

Қобили зикр аст, ки мизи мудаввар бо кӯмаки созмони байнулмилалии «


Pact




international


» ва шарики он дар Кӯлоб – Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд» созмон дода шуд.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.