Дар Суғд баррасии парвандаи ҷиноии ҳаммаслакони собиқ вакили маҷлиси вилоят Н.Ҷӯраев идома дорад

0


Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ҳаммаслакони Ҷӯраев Низомхон, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи (ҶСК) «Кимиё»-и шаҳри Исфара, собиқ вакили халқи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд идома дорад.




Имрӯз муовини аввали раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Наимҷон Муллоев дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон дар ин хусус ҳарф зада, изҳор дошт, ки мурофиа кушод буда, он таҳти раёсати додраси Додгоҳи Олӣ Нур Нуров баргузор шуда истодааст. «Гумонбаршудаи асосӣ дар парвандаи ҷиноии пурсарусадо Н.Ҷӯраев то ҳанӯз дар пайгарди қонунӣ қарор дорад», – гуфт ӯ.



Моҳи июли соли равон директори агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимов дар нишасти матбуотӣ иҳор дошта буд, ки агентӣ парвандаи ҷиноии мазкурро нисбат ба 33 нафар ҳаммаслакони Н.Ҷӯраев ба итмом расонида, ба додгоҳ фиристодааст, ки зарари молиявӣ аз рӯи ин парванда 38 млн. сомониро ташкил медиҳад. Аз шумори 33 нафар 17 нафари онҳо дар ҳабс қарор доранд.



Директори агентӣ ҳамзамон ёдовар шуд, ки аъзои гурӯҳи Н.Ҷӯраев на танҳо ба содир намудани ҷиноёти иқтисодӣ, балки дар ҷиноятҳои қатли муовини прокурори генералии ҶТ Толиб Бобоев, ғоратгарӣ, нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа, дуздии маблағҳои пулии бо роҳи ҷиноят ба даст омада низ гумонбар дониста мешаванд. «Бар замми ин, гурӯҳи номбурда 16 иншоотии давлатӣ, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли рангҳои молиданиро ба маблағи ҳамагӣ 60 ҳазор сомонӣ ғайриқонунӣ хусусӣ гардонидаст, ки арзиши аслии он ба 700 ҳазор сомонӣ баробар аст ва тибқи қарори Додгоҳи олии иқтисодӣ муомилоти харидуфурӯши ин иншоот ғайриқонунӣ эътироф гардида, он ба моликияти давлат баргардонида шуд», – гуфт Ш.Салимов.



Ба қавли ӯ, 15 иншооти дигар, аз қабили автомашина, бӯстонсаро, манзилҳои зист ва дафтарҳои корӣ таҳти назорат қарор дода шудаанд.



«Низомхон Ҷӯраев айни замон дар ҷустуҷӯ қарор дорад, вале ҳарчанд ба мо макони иқомати ӯ маълум бошад ҳам, бо сабаби идомаи тафтиш аз ифшои он худдорӣ мекунам», – афзуд Ш.Салимов.



Ёдрас мекунем, ки ҳаммаслакони Н.Ҷӯраев директори корхонаи истеҳсоли консерваи шаҳри Исфара Содир Убайдуллоев, собиқ директори ҳамин корхона Рустам Зикриёев, директор ва сармуҳандиси корхонаи истеҳсоли спирти шаҳри Исфара Шукрулло Деҳқонов ва Аҳмадбой Абдуллоев, сардори шӯъбаи таъминоти корхонаи кимиёи шаҳри Исфара Бафо Набиев, корманди гурӯҳи фаврии зудамали Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Мирзохалил Раҳмонов, ду нафар соҳибкорони хусусӣ – Абдуқодир Қодиров, Ҳикмат Бурҳонов ва дигарон мебошанд.


Реклама на asia+

Дар Украина сафорати Тоҷикистон кушода мешавад

0


Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Тоҷикистон дар бораи ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина фармон ба имзо расонид.




Аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки сохтор, штати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Украина муайян карда, барои таъмини он маблағҳои зарурӣ ҷудо намояд.



Феълан сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ҳамзамон ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Украина ифои вазифа мекунад.


Реклама на asia+

«Тоҷик Эйр»-ро шаш тақсим мекунанд

0




            





 

Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Тоҷикистон қарор «Дар бораи бозсозии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии (КВДҲ) «Тоҷик Эйр»-ро ба имзо расонид.





           

Тавре сухангӯи КВДҲ «Тоҷик Эйр» Назира Давлатова хабар дод, мувофиқи қарор бо ҷудо гардидан аз ҳайати КВДҲ «Тоҷик Эйр» панҷ корхонаи воҳиди давлатии дигар – КВД «Тоҷикаэронавигатсия», КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии «Душанбе», КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии «Хуҷанд», КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии «Кӯлоб», КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии «Қӯрғонтеппа» таъсис дода шуда, дар маҷмӯъ бо КВДҲ «Тоҷик Эйр» шаш корхонаи тоза арзи вуҷуд мекунад.




           

Ба гуфтаи намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ, амалисозии қарори мазкур, ки дар таърихи 1-уми октябр аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расидааст, ба дӯши комиссияи махсуси салоҳиятдори аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ташкилгардида вогузор мешавад. Анҷоми бозсозии КВДҲ «Тоҷик Эйр» то ахири сол пешбинӣ шудааст.




           

Н.Давлатова зикр кард, ки яке аз вазифаҳои асосии комиссияи мазкур тақсими тавозун (баланси) миёни корхонаҳои тозатаъсис аст. «Сипас аз рӯи натиҷаҳои хулосаи комиссия оинномаҳои ин корхонаҳо таҳия гардида, роҳбарони корхонаҳо таъин хоҳанд шуд», – гуфт ӯ.




           

Номбурда афзуд, ки ба ҷуз КВД «Тоҷикаэронавигатсия», корхонаҳои тозатаъсиси дигар ба ҷамъиятҳои саҳомӣ табдил дода мешаванд. «Саҳмияи назоратӣ сад дарсад ба давлат таллуқ хоҳад дошт ва ин корхонаҳо хусусӣ гардонида намешаванд», – таъкид сохт Н.Давлатова.


Реклама на asia+

СММ ба занону кӯдакони Тоҷикистон ба маблағи $200 ҳазор кӯмаки ғизоӣ ҷудо кард

0


Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» –


Созмони Милали Муттаҳид (СММ) аз Хазинаи марказии рафъи оқибатҳои вазъи фавқулодда ба занону кӯдакони Тоҷикистон ба маблағи


$200 ҳазор кӯмаки ғизоӣ ҷудо кард. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад.




Ба ҳамин тариқ, ҳаҷми умумии маблағи ҷудонамудаи ин Хазина аз оғози таъсиси он дар соли 2006 ба 1 млрд. доллари амрикоӣ расидааст. Сухангӯи СММ дар як нишасте дар шаҳри Ню-Йорк гуфтааст, ки маблағи ҷудогардида ба Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои ногувори бӯҳрони ғизоӣ дар ин кишвар равона мегардад.



Дар маҷмӯъ, аз соли 2006 то ба имрӯз аз ҳисоби ин Хазина ба 65 кишвари дунё кӯмакпулиҳо ихтисос дода шудаанд. Хазинаи мазкур бо сармояи оинномавии 500 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби пардохтҳои ихтиёрии кишварҳои узв, бахши хусусӣ ва ҳамаи хоҳишмандон ташаккул ва афзоиш меёбад.



Ёдрас мекунем, ки Бонки ҷаҳонӣ ахиран Тоҷикистонро аз қабили кишварҳои фақиртарин ва осебпазири ҷаҳон аз ҷиҳати амнияти ғизо дониста, аз кишварҳои ёрирасон тақозо кард, то ҷиҳати ҳалли мушкилоти ғизо ба Тоҷикистон наздики 35 миллион доллари амрикоӣ кӯмак кунанд.


Реклама на asia+

Дар Маскав намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия масоили шарикӣ дар соҳаи сармоягузориро баррасӣ мекунанд

0




           

Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 20-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав дар доираи татбиқи Барномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) ва ҷаласаи раҳбарияти шӯрои он дар мавзӯи «Шарикӣ дар соҳаи сармоягузорӣ барои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамгиройӣ дар Осиёи Марказӣ» ҳамоиши иқтисодӣ баргузор мешавад.







           

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷаласаҳои ҳамоиш намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия – тоҷирону сиёсатмадорони маъруф, иқтисодчиёни созмонҳои байнулмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ масоили дурнамои рушди зерсохтори нақлиёт, соддакунии тартиботи убури марзҳо, истифодаи босамару оқилонаи захоири энергетикӣ ва обии минтақаи Осиёи Марказӣ, роҳу воситаҳои ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани молу маҳсулот ва ашёи хом ва бозсозии корхонаҳои саноатӣ бо мақсади таъсиси ширкатҳои байнулмилалии рақобатпазирро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.






           

Дар кори ҳамоиш роҳбарони як қатор вазорату идораҳои марбутаи кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Русия, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, мансабдорони воломақоми СММ ва созмонҳои байнулмилалӣ ширкат хоҳанд варзид.



Реклама на asia+

Ширкати хориҷии «Тетис Петролиум» фаъолияти кони гази «Комсомол-180»-ро барқарор месозад

0


Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати хориҷии «Тетис Петролиум» фаъолияти кони гази «Комсомол-180»-ро, ки дар маҳаллаи Лучоби пойтахт воқеъ аст, аз нав барқарор месозад.




Тавре сардори яке аз воҳидҳои ин ширкат Назрӣ Баҳодуров ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, барқарорсозии фаъолияти ин кон то ахири моҳ ба анҷом мерасад ва сипас маълум хоҳад шуд, ки мӯҳлат истихроҷи газ аз он кай оғоз мегардад. «Интизор меравад, ки аз як чоҳи кон то 10-15 ҳазор метри мукааб газ истихроҷ хоҳад шуд ва адади чунин чоҳҳо дар кони «Комсомол-180» 18-то аст», – таъкид сохт ӯ. Дар маҷмӯъ, аз ин кон истеҳсоли 2 млн. метри мукааб газ ба нақша гирифта шудааст.



Ёдовар мешавем, ки кони мазкур соли 1953 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, захираи он 2,5 млрд метри мукааб газ арзёбӣ гардида буд.


Реклама на asia+

Дар Маскав ду мусофири таксӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон ҳадафи тир қарор гирифтанд

0


Душанбе. 16-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Маскав ҷинояткореро, ки чанде қабл ду мусофири таксӣ – шаҳрвандони Тоҷикистонро паррондааст, ҷутуҷӯ мекунанд. Ҳодиса дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, дар буриши кӯчаҳои Профсоюзная ва Бутлеров ба вуқӯъ пайвастааст.




Тибқи иттилои рсонаҳои хабарии Русия, дар мошини навъи «Волга» зану мард – шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доштаанд ва аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ҷинояткор, ки аз рӯи намуди зоҳириаш ба сокини Осиёи Марказӣ шабаоҳат доштааст, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.


Реклама на asia+

Тоҷикистон барои беҳдошти вазъи иҷтимоии иштирокчиёни ҷангҳо 500 ҳазор рубли русӣ маблағ ҷудо мекунад

0



               

Душанбе. 16-уми октябр – 15 октябр вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат қарор дар бораи дар соли 2008 маблағгузор


ӣ


намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсияи рушди асосҳои и


ҷ


тимоию тиббии беҳтаргардонии вазъи зиндаг


ӣ


ва пешгирии гум кардани қобилияти кории ветеранҳои


ҷ


ангҳо- иштирокчиёни муноқишаҳои маҳдуд, амалиёти сулҳ


ҷ


ӯ


ёна ва қурбониёни терроризм дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар солҳои 2006-2010-ро қабул карданд.





               

Вазири меҳнат ва ҳифзи и


ҷ


тимоии аҳолии


ҷ


умҳур


ӣ


Шукур


ҷ


он Зуҳуров зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки ин Консепсия тибқи қарори Ш


ӯ


рои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2006 дар шаҳри Душанбе қабул карда шудааст.Номбурда зикр кард, ки Тоҷикистон ният дорад ба ин мақсад 500 ҳазор рубли русӣ маблағ ихтисос диҳад. Самти асосии он барои беҳтар намудани вазъи и


ҷ


тимо


ӣ


, хусусан беҳбуд бахшидани вазъи саломат


ӣ


, зарурати пизишк


ӣ


ва бо кор таъмин намудани ветеранҳои


ҷ


ангҳо, иштирокчиёни муноқишаҳои маҳдуд, амалиёти сулҳ


ҷ


ӯ


ёна ва қурбониёни терроризм нигаронида шудааст.



Инчунин дар доираи Консепсияи мазкур таҳияи барномаи давлатии ҳифзи и


ҷ


тимоии ветеранҳои


ҷ


ангҳо, таҳияи барномаҳои гуногуни мақсаднок барои беҳдошти вазъи и


ҷ


тимоии онҳо пешбин


ӣ


мешавад.


Реклама на asia+

Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон аз мизони пешбинишудаи ҳукумат кайҳо боло рафт

0


Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз оғози соли равон дар То


ҷ


икистон мизони таваррум ба 12,7 фисад баробар шуд. Аз р


ӯ


и нати


ҷ


аҳои 8 моҳа ин нишондиҳанда 11,92 фисадро ташкил медод.




Мувофиқи маълумоти Кумитаи давлатии омори


ҷ


умҳур


ӣ


, суръати миёнаи моҳонаи таваррум дар бахши истеъмол


ӣ


0,7 фисадро ташкил додааст Дар моҳи август он муодили 1,8 фисад буд.



Аз оғози соли равон нархҳои маводи ғизо


ӣ


14,5 фисад, бахши ғайриистеъмол


ӣ


4,4 фисад ва соҳаи хизматрасон


ӣ


21,2 фисад афзуданд.



Ёдрас мекунем, ки соли 2008 ҳукумати ҷумҳурӣ суръати таваррумро дар мизони 8 дарсад нигоҳ доштанӣ буд. Қобили зикр аст, ки соли гузашта низ чунин вазъ ба амал омада буд – пешгӯиҳои ҳукумати Тоҷикистон оид ба сатҳи таваррум амалӣ нагашта, он ба ҷои мизони 7 дарсади барои соли 2007 пешбинишуда ба 19,2 дарсад баробар шуд.


Реклама на asia+

Аҳзоби сиёсии Суғд ислоҳи дастурамали Вазорати маориф дар бораи либоси ягонаи мактабиро бо назардошти талаботи Ислом тақозо мекунанд

0


Аҳзоби сиёсии Суғд баъд аз баргузории як маҳфили машваратӣ изҳор доштанд, ки бозбинӣ ва ислоҳи дастурамали Вазорати маориф дар бораи либоси ягонаи мактабиро бо назардошти талаботи Ислом тақозо хоҳанд кард.




Дар дастуруламали мазкур ҳудуди сӣ намуд либос барои мактабиён пешниҳод шудааст ва ба ҳар мактаб ҳаққи интихоби яке аз онҳо дода шудааст. Дар байни онҳо ҳиҷоб ё рӯсарӣ барои духтарон ҷой надорад ва баҳс сари мавзӯи ҳузури духтарон дар мактаб аз ин ҷо оғоз мегирад.



Маҳфили машваратии аҳзоби сиёсии Суғд дар мавзӯи «сатри аврат либоси миллист ё динӣ?» бо иштироки намояндагони мақомоти ҳукумат, идораи маориф, донишмандони исломӣ ва ҳуқуқ ва гурӯҳе аз духтарони хостори дарсхонӣ бо риояти рӯсарӣ ва волидайни онҳо дар Хуҷанд сурат гирифт.

 

Яке аз ин духтарон, ки раҳбарони мактабаш ӯро бо рӯсарӣ ба дарсхона роҳ надодаанд,

 

Ҳафиза Ҳотамова – талабаи синфи 6 – уми мактаби миёнаи рақами 3 – и шаҳри Хуҷанд

 

мебошад.

 



«Директори мактабамон гуфтанд, ки дар таги дари мактаб сатри аврататро аввал кашида, баъд даро. Агар кашӣ – даро, агар накашӣ – ихтиёрат ба худат, гуфта,

 

даромадан намонданд .»



Ҳафиза Содиқова – раҳбари бахши бонувони созмони ҲНИТ гуфт, ахиран ҳудуди 15 нафар духтарони мактабхони Суғд, асосан аз Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дафтари онҳо дар Хуҷанд шикоят бурданд, ки раҳбарони мактабҳояшон барои рафтани онҳо бо ҳиҷоб ба мактаб монеъ мешаванд.



Саидмухтор Ҷалолов – мудири идораи маорифи вилояти Суғд инро рад намекунад.


Аммо вай бар он аст, ки ин амал дар чаҳорчӯби қонуни як кишвари демократӣ сурат мегирад:

 

«Аз рӯи ин дастури либосҳои ягонаи тавсиявӣ, ки ба мо вазорати маориф пешниҳод кардааст, бо сатри аврат омадан ба мактаб мумкин нест. Ин барои мо як санади меъёриву ҳуқуқӣ аст, ки мо бояд онро риоят кунем .»



Вале ба назари Дилшод Обидов – муаллими Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд, иштирокдори маҳфили аҳзоби сиёсӣ ба ҳайси коршинос дастурамали вазорати маориф бо Қонуни асосии Тоҷикистон мувофиқ намеояд. Вай роҳҳалли ин мушкилро дар созиши тарафайн мебинад: «Барои ин, пеш аз ҳама, либоси миллии худро муайян созем. Баъд ин масъаларо ҳал намоем. Ягон тарзи нави либоси миллиро фикр карда бароем, ки ба дину мазҳаби мо мувофиқ бошад.»



Мирзоибодуллоҳ Калонзода, имом – хатиби масҷиди «Нури ислом», ки чун коршинос дар маҳфили машваратӣ ширкат мекард, гуфт, сатри аврат ба ҳайси либоси шаръӣ аз рӯи талаботи шариати исломӣ аст. Ин чиз дар Қуръон баён шуда, фарзияти он ба ҳар мусалмон маълум аст ва намешавад онро дигаргун кард. Вай афзуд, либоси миллии тоҷикиро намешавад аз либоси исломӣ ҷудо кард ва ин ду мафҳум агар як набошанд ҳам,

 

ба ҳам хеле наздиканд. Ба назари вай , як мушкили аслӣ ин ҷост, ки фарқияти либос ба таҳсили духтарон дар мактабҳову донишгоҳҳо монеаҳои сангин месозад ва чӣ қадар духтарони соҳибистеъдод, танҳо бо ин сабаб ки сатри аврат пӯшидаанд, барои таҳсилу кор роҳ намеёбанд.

 




Вале сарони аҳзоби сиёсии Суғд танҳо дар як ақида муттафиқ буданд, ки либоси урёни аврупоӣ мавриди пазириш чун либоси тоҷикӣ нест.


Вале ба назари аксари онҳо сатри аврат низ барои либоси миллии тоҷикӣ бегона мебошад. Файзулло Файзиев – сарвари бахши ҲДТ, ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Суғд ва ҳамзамон сарвари мактаби рақами 6 – и шаҳри Хуҷанд гуфт, идомаи баҳси сатри аврат барои ҷомеа мушкил эҷод хоҳад кард, чунонки дар ибтидои солҳои навадуми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз баҳсу талошҳои мазҳабии ба назар хурду ночиз сар зад. Ба ҳамон монанд Ф. Файзиев имрӯза баҳси сатри авратро барои ҷомеаи Тоҷикистон таҳмилӣ ва ба хотири моҷароҷӯӣ унвон кард.

 

Вай афзуд, шахсан мухолиф ба дарсхонии духтарон бо сатри аврат нест, аммо ба шарте ки инро қонунҳои Тоҷикистон ошкоро иҷоза бидиҳад.


Реклама на asia+