Ширкати чиноии «Шанг Донг Сан Ксин» дар Тоҷикистон корхонаи муштарак боз карданист

0



         




    

Душанбе. 13-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати чиноии «Шанг Донг Сан Ксин» дар Тоҷикистон корхонаи муштарак боз карданист.





           

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, масъалаи мазкур дар мулоқоти раиси палата Шариф Саид бо ҳайати намояндагони Чин таҳти сарварии роҳбари ширкати мазкур Йонгксианг Лю мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.




           

Ба иттилои манбаъ, ҳайати Чин аз намояндагони бонкҳо, соҳаҳои маориф, энергетика ва ғайра иборат буда, онҳо ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо шарикони тоҷикистонии худ ба ҷумҳурӣ ташриф овардаанд. «Аксари соҳибкорони Чин имрӯз муваффақона дар Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ мондаанд, вале бо вуҷуди ин, феълан низ дар кишвари мо соҳибкорони зиёде хоҳиш доранд, ба рушди иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намоянд», – гуфт сарвари ҳайати Чин Йонгксианг Лю.




           

Дар навбати худ раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид меҳмононро бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ошно сохта, таъкид дошт, ки солҳои ахир муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар ҳоли густариши бесобиқа қарор доранд.


Реклама на asia+

Дар Маскав Хайринисо Юсуфӣ бо занони муҳоҷири меҳнатӣ вохӯриҳо барпо мекунад

0


Душанбе. 11-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, ки дар Маскав қарор дорад, бо занони муҳоҷири меҳнатии тоҷик вохӯриҳо барпо мекунад.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси кумита Қимматгул Алибердиева хабар дод, тайи як ҳафта Х.Юсуфӣ зимни вохӯриҳо кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, то сабаби афзоиши ҳамасолаи шумораи занони муҳоҷири тоҷикро муайян созад. Дар сафар раиси кумитаро намояндагони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ва якчанд созмонҳои байнулмилалӣ ҳамроҳӣ мекунанд.



Номбурда инчунин изҳор дошт, ки шумораи дақиқи занони муҳоҷири тоҷик то ҳанӯз мушаххас нест, зеро дар ин бора дар ҷумҳурӣ омори дақиқ низ вуҷуд надорад. «Ояндаи наздик раҳбарияти кумита аз Қазоқистону Чин низ боздид хоҳад кард, зеро дар ин кишварҳо ҳам сафи бонувони муҳоҷири тоҷик зиёд аст», – гуфт ӯ.



Қ.Алибердиева афзуд, ки аз рӯи натиҷаҳои боздидҳо баҳри дақиқан мушаххас кардани вазъу раванд ва шумораи занони муҳоҷири тоҷик конфронси махсус баргузор хоҳад шуд.


Реклама на asia+

Дар ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии ЕврАзЭС масоили ташкили Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ баррасӣ шуд

0


Душанбе. 11-уми октябр – Нимаи дуюми р


ӯ


з


ҷ


аласаи навбатии Ш


ӯ


рои байнидавлатии


Ҷ


омеаи иқтисодии Евразия баргузор гашт, ки таҳти раёсати раиси Ш


ӯ


ро – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон


ҷ


араён гирифт.




Мавз


ӯ


ъи асосии


ҷ


аласа баррасии масоили ташкили Иттиҳоди гумрук


ӣ


ва Фазои ягонаи иқтисод


ӣ


буд.



Масоили истифодаи самарабахши захираҳои обию энергетик


ӣ


ва ташкил додани бозори ягонаи энергетик


ӣ


аз мавз


ӯ


ъҳои муҳими ҳамоиш буд.



Таъкид гардид, ки дар соли раёсати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон баҳри татбиқи амалии санадҳои қаблан қабулшуда корҳои назаррас ба сомон расид. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.






Маълумотнома:





Дар таърихи 10-уми октябри соли 2000 дар шаҳри Остона сарони кишварҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон Шартномаи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиёро (ЕврАзЭС) ба имзо расониданд, ки он муносиботи ҳамкориҳои кишварҳоро ба сатҳи сифатан нав бароварда, шаклҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муттаҳидшавии онҳоро муайян сохт. (Аз ҷониби ҳамаи кишварҳо тасдиқ гардида, аз 30-уми майи соли 2001 дар амал ҷорӣ шуд). Моҳи майи соли 2002 бо дархости кишварҳои Молдова ва Украина дар иттиҳод ба онҳо мақоми нозир дода шуд. Ӯзбекистон соли 2006 ба иттиҳод ҳамроҳ гардид.


Реклама на asia+

Пагоҳ дар Душанбе ҷашнвораи III-уми байнулмилалии кинои «Дидор» оғоз мегардад

0



           



Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 12 то 16-уми октябр дар пойтахти Тоҷикистон ҷашнвораи


III


-уми байнулмилалии кинои «Дидор» баргузор мешавад.






Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз кумитаи тадорукоти ҷашнвора хабар доданд, сарпарастони асосии ҷашнвора «Институти ҷомеаи Кушод – Фонди Мусоидат. Тоҷикистон»  ва Агентии рушду ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон мебошанд. Мавсуф зикр кард, ки мувофиқи қарори Кумитаи тадорукот,  тамоми чорабиниҳо, аз қабили намоиши филмҳо, мизҳои мудаввар, муаррифии филмҳои беҳтарини коргардонҳои Осиёи Марказӣ ва нишастҳои матбуотӣ дар Хонаи Кино ва Маркази фарҳанги ҳиндии сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон доир мегарданд.





Тибқи консепсияи ҷашнвора, ба ҳакамон ва тамошобинон 12 филми кӯтоҳмуддат ва 12 филми мукаммали коргардонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Русия, Афғонистон, Эрон, Муғулистон, Олмон ва Туркия ва ҳамчунин 15 филми коргардонҳои тоҷик, ки дар давраи солҳои 2006-2008 наворбардорӣ шудаанд, намоиш дода мешавад.



Дар ҷашнвора чунин ҷоизаҳо супурда хоҳанд шуд: Шоҳҷоиза барои филми мукаммал, Шоҳҷоиза барои филми кӯтоҳмуддат, мукофот барои филми беҳтарини Тоҷикистон, мукофоти ҳакамони байнулмилалӣ барои коргардони беҳтарин, ду бурси «Мероси ягона»-и Маркази кинои мустанад ва озмоишии Эрон барои дастгирии коргардонҳои ҷавони тоҷик, ҷоизаи Иттиҳодияи эҷодии «Боргоҳи сухан» барои филми беҳтарини Тоҷикистон ва ҷоизаи махсуси «Таваҷҷӯҳи матбуот» аз рӯи овоздиҳии рӯзноманигорон.



Маросими расмии ифтитоҳ ва анҷоми ҷашнвора дар театри драмавии ба номи Маяковский доир мегардад.



Ба ҷуз барномаи озмунӣ, ҳамчунин дар доираи чорабиниҳои ҷашнвора намоиши филмҳои муосири афғонӣ, мизи мудаввар дар мавзӯи «Шарқу Ғарб: дурнамои ҳамкориҳо», муаррифии маҷмӯаи дискҳои киношиноси қазоқ Гулнора Абикеева, «Кинои мустанади Осиёи Марказӣ: Даврони Шӯравӣ ва солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ» ва муаррифии китоби «Панҷ садо» (намунаи ашъори панҷ шоири Эрон) баргузор мешавад.




Реклама на asia+

Дар соли 2009 ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика мавзӯъи асосии муносибатҳои кишварҳои аъзои ИДМ эълон гардид

0


 



           

Душанбе. 11-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Р


ӯ


зҳои 9-ум ва 10-уми октябр президенти То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон баҳри иштирок дар


ҷ


аласаҳои навбатии Ш


ӯ


рои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Ш


ӯ


рои байнидавлатии


Ҷ


омеаи иқтисодии Евразия ва мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Осиёи Марказ


ӣ


дар шаҳри Бишкеки


Ҷ


умҳурии Қирғизистон қарор дошт.




Дар


ҷ


аласаи навбатии Ш


ӯ


рои сарони кишварҳои аъзои ИДМ

 

сарони давлатҳои То


ҷ


икистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, Туркманистон, Узбекистон ва намояндагони воломақоми Озарбой


ҷ


ону Украина иштирок намуданд.



Дар ин ҳамоиш 19 масъала баррас


ӣ


шуд, ки муҳимтарини онҳо Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020 аст.



Татбиқи Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе қабул шуда буд, густариши ҳамкор


ӣ


дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, муҳо


ҷ


ирати меҳнат


ӣ


, робитаҳои байниминтақав


ӣ


ва наздисарҳад


ӣ


, амнияти иттилоот


ӣ


, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, робитаҳои илмию фарҳанг


ӣ


ва омодаг


ӣ


ба


ҷ


ашни 65-солагии Ғалаба дар


Ҷ


анги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 низ аз мавз


ӯ


ъҳои муҳими ин ҳамоиш буд.



Ҳамкор


ӣ


дар соҳаи энергетика мавз


ӯ


ъи асосии муносибатҳои кишварҳои аъзои ИДМ

 

дар соли 2009 эълон гардид. Соли 2009 ҳамчунин Соли


ҷ


авонон ва соли 2010 Соли илм ва инноватсия эълон карда шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




 

Реклама на asia+

Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон тавофуқ ҳосил карданд

0



           

Душанбе. 11-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ байни сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов оид ба интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон аз қаламрави Узбекистон мувофиқат ҳосил шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.

 





Ёдрас мекунем, ки мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон, кишвари мо дар давраи тирамоҳу зимистон аз Ӯзбекистон ба миқдори 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ мегирад ва ба ивази он дар давраи баҳору тобистон ба Ӯзбекистон 900 млн. кВт/соат нерӯи барқ иниқол медиҳад.


Соли равон Тоҷикистону Туркманистон дар бораи интиқоли ҳудуди 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ ба Тоҷикистон тавассути шабакаи энергетикии Ӯзбекистон созишнома ба имзо расониданд.



Шоми дирӯз сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, Қазоқистон – Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон –

  

Қурмонбек Боқиев, Туркманистон- Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва Узбекистон Ислом Каримов мулоқоти ғайрирасмӣ анҷом дода, масоили ҳалталаби обию энергетикии минтақаро баррасӣ намуданд.



Зимни гуфтушунидҳо сарони давлатҳо оид ба идораи захираҳои обӣ дар фаслҳои гуногуни сол баҳри истеҳсоли нерӯи барқ дар кишварҳои болооб ва ирригатсия дар кишварҳои поёноб ба мувофиқа расиданд.




           

«Сарони кишварҳои минтақа бори дигар собит сохтанд, ки омодаанд дар ҳамдастӣ мушкилоти мавҷударо ҳал намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум аз тамоми захираву имконот истифода баранд», – гуфт дар анҷоми мулоқот президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев.


Реклама на asia+

Вазорати маорифи Тоҷикистон ҷалби хонандагону донишҷӯён ба ҷамъоварии ҳосили пунбадона дар кишварро қатъан манъ эълом дошт

0


Душанбе. 11-уми октябр – Мақомоти Вазорати маорифи Тоҷикистон эълом доштаанд, ки дар саросари ин кишвар ба корҳои парвариш ва ҷамъоварии ҳосили пахта ҷалб кардани шогирдони мадорис қатъан манъ аст.




Ҳамзамон, таъкид шудааст, ки донишҷӯёни бархе аз муассисоти таҳсилоти олии Тоҷикистон метавонанд дар зарфи як моҳи тирамоҳ довталабона дар ҷамъоварии пахта дар саҳроҳо ширкат кунанд.



Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ дирӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ин вазорат аз ниҳодҳои додситонии ин кишвар хостааст, то аз мавориди ҷалби иҷбории шогирдони мадорис ба ҷамъоварии пахта ҷилавгирӣ кунанд.



Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузоришҳои расида аз вилояти Суғд ва Хатлон дар ин манотиқ ҳанӯз мавориди фаровони истифода аз шогирдони мадорис дар корҳои ҷамъоварии пахта ба мушоҳида расидааст.



Оқои Раҳимов ба навбаи худ таъкид кард, ки раҳбарони хоҷагиҳо танҳо пас аз анҷоми дарсҳо ва дар рӯзҳои таътил ҳаққи ҷалби шогирдон ба ҷамъоварии пахтаро доранд ва дар ғайри ин сурат ин афрод муҷозот хоҳанд шуд.



Аз сӯйи дигар, масъулони вазорат хабарҳои мабнӣ бар истифода аз нерӯи донишҷӯён дар корҳои кишоварзиро таъйид карда, вале гуфтанд, ки ин амр фақат бо хоҳиши донишҷӯён анҷом шудааст.


Реклама на asia+

Шумораи квотаҳои президентӣ барои духтарон меафзояд

0


Душанбе. 11-уми октябр – Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон бо иштироки хабарнигорони ватанию хори


ҷ


ӣ


нишасти матбуот


ӣ


баргузор гардид. Дар он муовини аввали раиси кумита Қиматгул Алибердиева оид ба нати


ҷ


аҳои фаъолияти кумитаи кор бо занон ва оила дар давоми н


ӯ


ҳ моҳи соли


ҷ


ор


ӣ


маълумот дода, зикр кард, ки бо мақсади амал


ӣ


гардидани Қарори Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон «Дар бораи ба низом даровардани қабули духтарон ба мактабҳои олии кишвар мувофиқи квотаи президент


ӣ


» аз соли 2001 то ин


ҷ


ониб дар


ҷ


умҳур


ӣ


5998 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдаст тибқи квота ба мактабҳои ол


ӣ


қабул гардиданд. То имр


ӯ


з аз байни онҳо 1604 нафарашон мактабҳои олиро хатм намуданд.

 






          

Қ. Алибердиева афзуд, ки дар соли таҳсили 2008-2009 аз шумораи умумии 1007 нафар, ки тибқи квотаи президент


ӣ


ба макотиби олии


ҷ


умҳур


ӣ


қабул гардиданд 550 нафарашон духтарон мебошанд. Аз


ҷ


умла, 133 нафар аз вилояти Суғд, 209 нафар аз вилояти Хатлон, 68 нафар аз ВМКБ ва 140 нафар аз ноҳияҳои тобеи


ҷ


умҳур


ӣ


тариқи квотаи президент


ӣ


ба мактабҳои ол


ӣ


дохил шуданд.

           

Қобили қайд аст, ки имр


ӯ


з шумораи умумии кадрҳои роҳбарикунанда, аз ҳисоби занон, дар соҳаҳои тандуруст


ӣ


330 нафар, фарҳанг 617 нафар, саноат, иқтисод, сохтмон ва энергетика 172 нафарро ташкил медиҳанд.


Реклама на asia+

Иттиҳоди Аврупо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кардааст, аз ҳукми қатл даст кашанд

0


Душанбе. 11-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ба муносибати таҷлили Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бекор кардани ҳукми қатл, ки 10-уми октябри ҳар сол дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, роҳбари Комиссияи Аврупо дар Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон Норбер Жустен дар изҳороти интишоршудаи комиссия изҳор доштааст, ки «Иттиҳоди Аврупо бар он умед аст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳукми қатл пурра бекор карда хоҳад шуд».




Гуфта мешавад, ки дар Қазоқистон 21-уми майи соли 2007 пас аз ворид сохтани тағйироту илова ба Сарқонуни кишвар ба ҷуз барои баъзе ҷиноёт, ҳукми қатл бекор карда шудааст. Дар ҳамин ҳол, дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба ҳукми қатл моратория эълон шудааст.



Дар Тоҷикистон соли 2004 ба ҳукми қатл моратория эълон гардида, аз ин ба баъд дар кишвар ба ивази ҷазои ҳукми қатл ҳабси якумра амал мекунад. Дар Ӯзбекистон низ аз 1-уми январи соли 2008 қонуне ба тасвиб расид, ки тибқи он ҳукми қатл ба ҳабси дарозмуддат ё якумра иваз карда шуд. Дар Туркманистон ва Қирғизистон низ ба ҳукми қатл моратория эълом шудааст.



Мувофиқи маълумоти Комиссияи Аврупо, феълан дар 137 кишвари дунё ҳукми қатл истифода намешавад.


Реклама на asia+

Муҳокимаи додгоҳии шикоёти шабакаи хусусии «Сомониён» алайҳи Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон шурӯъ шуд

0


Душанбе. 11-уми октябр. ОИ “Азия-Плюс” – Додгоҳи иқтисодии Душанбе муҳокимаи шикоёти шабакаи хусусии «Сомониён» алайҳи Кумитаи телевизиён ва радиои То


ҷ


икистонро шур


ӯ


ъ кардааст.

 





Ин шабакаи телевизон


ӣ


, ки бар асоси як дастури комиссиюни литсензионии Кумитаи телевизиён ва радиои То


ҷ


икистон аз моҳи марти соли 2005 бад-ин с


ӯ


аз пахши барномаҳо маҳрум шудааст, иддао дорад, ки лағви и


ҷ


озатномаи кориаш аз тарафи комиссиюни литсензион


ӣ


ғайриқонун


ӣ


сурат гирифтааст. Соли 2007 додгоҳи олии иқтисодии То


ҷ


икистон баҳси миёни ин шабака ва Кумитаи телевизиён ва радиоро ба манфиати студияи «Сомониён» ҳал карда буд. Вале дар моҳи майи соли равон Комисиюни литсензион


ӣ


дубора бар қарори пешини худ таъкид карда ва и


ҷ


озаи фаъолият барои ин шабакаро номумкин хондааст.



Шабакаи хусусии мавсум ба «Сомониён» комиссиюни литсензионии Кумитаи телевизиён ва радиои То


ҷ


икистонро дар расонидани ҳудуди 90 ҳазор сомонии зарар ба ин шабака муқассир хонда ва аз додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе тақозо кардааст, дар р


ӯ


ёнидани ин маблағ мусоидат кунад.



Ҳамзамон бо ин даъво дар додгоҳи иқтисодии пойтахт муҳокимаи аризаи шикоятии дуввуми ин шабака алайҳи комиссиюни литсензион


ӣ


барои лағви манъи фаъолияти студияи «Сомониён» оғоз шудааст.



Ш


ӯ


ҳрат Қудратов, вакили дифои студияи «Сомониён» гуфтааст, шикоёти ин шабакаи телевизон


ӣ


алайҳи Комиссиюни литсензионии То


ҷ


икистон

 

бар пояи қавонини


ҷ


ории кишвар сурат гирифтааст. Зеро ин комиссиюн ба ҳангоми лағви и


ҷ


озатномаи фаъолияти шабакаи «Сомониён» меъёрҳои мав


ҷ


уда дар ин соҳаро ба инобат нагирифтааст.



Афзун бар ин

 

қарори додгоҳи олии иқтисодии кишвар, ки дар соли 2007 ин қазияро ба суди студияи «Сомониён» ҳал карда буд, и


ҷ


ро накарда, баракс дар моҳи майи соли равон дастури лағви и


ҷ


озатномаи фаъолияти онро дуруст шуморид .Бар пояи ин далоил шабакаи «Сомониён» боз ҳам ба додгоҳ муро


ҷ


иат кардааст.



Аммо дар Комиссиюни литсензионии Кумитаи телевизиён ва радиои То


ҷ


икистон бар ин назаранд, ки раҳбарияти шабакаи «Сомониён» дар


ҷ


араёни фаъолият ба бархе иштибоҳҳо роҳ додааст. Гуфта шуд, ки

 

дар асноди таъсисии ин студия хато


ӣ


ва навоқиси зиёд ошкор шуд ва низ бархе аз талаботи идораи бозрасии давлатии Кумитаи телевизиён ва радио аз с


ӯ


и масъулони ин шабака и


ҷ


ро нагардид.



Баракатулло Абулфайзов, як масъули Комиссиюни литсензион


ӣ


, изҳор доштааст, ки дар ҳоли ҳозир масоили мавриди баҳси миёни «Сомониён» ва комиссиюни мазкур дар сатҳи мушовирони ҳуқуқ


ӣ


ва вакилони дифоъ баррас


ӣ



 

мешавад. Вале вай таъкид кард, ки баста шудани фаъолияти студияи «Сомониён» ба ҳе


ҷ


ва


ҷ


ҳ ба мӯҳтавои барнома ва намоишҳои он иртибот надорад.


Реклама на asia+