Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон тавофуқ ҳосил карданд

            Душанбе. 11-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ байни сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов оид ба интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон аз қаламрави Узбекистон мувофиқат ҳосил шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.   Ёдрас мекунем, ки […]



           

Душанбе. 11-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ байни сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов оид ба интиқоли нерӯи барқ аз Туркманистон ба Тоҷикистон аз қаламрави Узбекистон мувофиқат ҳосил шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.

 





Ёдрас мекунем, ки мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон, кишвари мо дар давраи тирамоҳу зимистон аз Ӯзбекистон ба миқдори 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ мегирад ва ба ивази он дар давраи баҳору тобистон ба Ӯзбекистон 900 млн. кВт/соат нерӯи барқ иниқол медиҳад.


Соли равон Тоҷикистону Туркманистон дар бораи интиқоли ҳудуди 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ ба Тоҷикистон тавассути шабакаи энергетикии Ӯзбекистон созишнома ба имзо расониданд.



Шоми дирӯз сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, Қазоқистон – Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон –

  

Қурмонбек Боқиев, Туркманистон- Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва Узбекистон Ислом Каримов мулоқоти ғайрирасмӣ анҷом дода, масоили ҳалталаби обию энергетикии минтақаро баррасӣ намуданд.



Зимни гуфтушунидҳо сарони давлатҳо оид ба идораи захираҳои обӣ дар фаслҳои гуногуни сол баҳри истеҳсоли нерӯи барқ дар кишварҳои болооб ва ирригатсия дар кишварҳои поёноб ба мувофиқа расиданд.




           

«Сарони кишварҳои минтақа бори дигар собит сохтанд, ки омодаанд дар ҳамдастӣ мушкилоти мавҷударо ҳал намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум аз тамоми захираву имконот истифода баранд», – гуфт дар анҷоми мулоқот президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.