Вазорати маорифи Тоҷикистон ҷалби хонандагону донишҷӯён ба ҷамъоварии ҳосили пунбадона дар кишварро қатъан манъ эълом дошт

Душанбе. 11-уми октябр – Мақомоти Вазорати маорифи Тоҷикистон эълом доштаанд, ки дар саросари ин кишвар ба корҳои парвариш ва ҷамъоварии ҳосили пахта ҷалб кардани шогирдони мадорис қатъан манъ аст. Ҳамзамон, таъкид шудааст, ки донишҷӯёни бархе аз муассисоти таҳсилоти олии Тоҷикистон метавонанд дар зарфи як моҳи тирамоҳ довталабона дар ҷамъоварии пахта дар саҳроҳо ширкат кунанд. Фарҳод […]

ВВС


Душанбе. 11-уми октябр – Мақомоти Вазорати маорифи Тоҷикистон эълом доштаанд, ки дар саросари ин кишвар ба корҳои парвариш ва ҷамъоварии ҳосили пахта ҷалб кардани шогирдони мадорис қатъан манъ аст.




Ҳамзамон, таъкид шудааст, ки донишҷӯёни бархе аз муассисоти таҳсилоти олии Тоҷикистон метавонанд дар зарфи як моҳи тирамоҳ довталабона дар ҷамъоварии пахта дар саҳроҳо ширкат кунанд.



Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ дирӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ин вазорат аз ниҳодҳои додситонии ин кишвар хостааст, то аз мавориди ҷалби иҷбории шогирдони мадорис ба ҷамъоварии пахта ҷилавгирӣ кунанд.



Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузоришҳои расида аз вилояти Суғд ва Хатлон дар ин манотиқ ҳанӯз мавориди фаровони истифода аз шогирдони мадорис дар корҳои ҷамъоварии пахта ба мушоҳида расидааст.



Оқои Раҳимов ба навбаи худ таъкид кард, ки раҳбарони хоҷагиҳо танҳо пас аз анҷоми дарсҳо ва дар рӯзҳои таътил ҳаққи ҷалби шогирдон ба ҷамъоварии пахтаро доранд ва дар ғайри ин сурат ин афрод муҷозот хоҳанд шуд.



Аз сӯйи дигар, масъулони вазорат хабарҳои мабнӣ бар истифода аз нерӯи донишҷӯён дар корҳои кишоварзиро таъйид карда, вале гуфтанд, ки ин амр фақат бо хоҳиши донишҷӯён анҷом шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.