Вазорати маориф шӯъбаи «Рӯзноманигорӣ ва тарҷумонӣ»-и факултаи рӯзноманигории ДДМТ-ро барҳам дод

0


Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори Вазорати маорифи Тоҷикистон шӯъбаи «Рӯзноманигорӣ ва тарҷума»-и факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон барҳам дода шуд.




Имрӯз дар нишасти матбуотӣ муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимов хабар дод, ки бо қарори ҳукумат соли 2008 номгӯй ва соҳаҳои мутахассисони тайёрмекардаи макотиби олӣ мавриди санҷишу муҳокима қарор гирифт.



Номбурда дар шарҳи ин масъала чунин баён дошт: «Пас аз санҷишу таҳлил маълум шуд, ки барномаи омӯзишии рӯзноманигорон-тарҷумонҳо ба меъёрҳои раванди таълим ҷавобгӯ нестанд. Дар тӯли панҷ сол аз рӯи ду ихтисос наметавон маълумоти комил касб кард. Гузашта аз ин, бозори меҳнати кишвар ба чунин мутахассисон талаботи зиёде надорад».



Ф.Раҳимов афзуд, ки донишҷӯёне, ки қаблан ба ин шӯъба дохил шуда буданд, таҳсилро идома медиҳанд, вале танҳо соҳиби як касб – журналистӣ мешаванд.


Реклама на asia+

Дар доираи ИДМ гурӯҳи корӣ оид ба масоили коҳиши оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ таъсис дода мешавад

0



           

Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев изҳор доштааст, ки дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои мустақил (ИДМ) дар сатҳи вазирони молияи кишварҳо гурӯҳи корӣ оид ба масоили коҳиши оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ таъсис дода мешавад.





           

Расонаи хабарии «Казинформ» иттилоъ медиҳад, ки ҷаласаи нахустини гурӯҳи корӣ дар муддати 10 рӯзи наздик дар шаҳри Маскав баргузор мегардад.




           

Дар ҳамин ҳол, дар Бишкек ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ анҷом ёфт, ки дар он як қатор санадҳо, аз ҷумла нақшаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 65-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва қабули қарор дар бораи таъсиси медали ягонаи «65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», созишномаи ҳамкорӣ дар бахши амнияти иттилоотӣ, муборизаи муштарак алайҳи қочоқи маводи мухаддир, воситаҳои прекурсорӣ ва прекурсорҳо ба имзо расида, масъалаи муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ баррасӣ шуд. Ҳамчунин масъалаи таҳкими рақобатпазирии иқтисоди кишварҳо ва лоиҳаи рушди кишварҳои иттиҳод то соли 2020 мавриди муҳокима қарор гирифт.




           

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласа ба ҷуз сарварони кишварҳои Озарбойҷон ва Украина, дигар ҳамаи сарони кишварҳои узви Иттиҳод иштирок карданд. Аз ҷониби Озабойҷон дар ҷаласа сарвазири кишвар ва аз ҷониби Украина котиби Шӯрои амнияти ин давлат иштирок карданд. Рӯзномаи маҷлис аз 20 масоили гуногуни марбут ба ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун иборат буд.




           

Айни замон дар Бишкек таҳти сарварии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба кор шурӯъ кард. Кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Белорус узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошанд.


Реклама на asia+

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба зимистон ҳамаҷониба омодагӣ гирифтанд

0


Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҷаласаи шӯрои низомӣ доир гардид, ки дар кори он мақомоти раҳбарии кумита, сардорони раёсатҳои марзбонии кишвар ва роҳбарони қисмҳои низомии посгоҳҳои марзбонӣ ширкат варзиданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, дар ҷаласа аз фаъолияти сарраёсат дар 9 моҳи соли равон дар кори таъмини қисмҳои низомӣ бо сарулибос ва маводи сӯзишворӣ, ташкили хоҷагиҳои ёрирасон, иҷрои тадбирҳои андешида барои зимистонгузаронӣ ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ натиҷагирӣ карда шуд.



Зикр гардид, ки ҳамаи қисмҳои низомии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ бо миқдории кофии ангишт, ҳезум ва генераторҳои электрикӣ таъмин карда шудаанд.



Ба иттилои манбаъ, соли равон марзбонони кишвар ҳудуди 1 тоннаву 300 кило маводи мухаддирро дар сарҳад мусодира кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 36 дарсад зиёдтар аст.




 

Реклама на asia+

Бонки рушди Осиё тайи чаҳор соли оянда ба Тоҷикистон ба маблағи $240 млн. кӯмаки ройгон ҷудо мекунад

0


Хуҷанд. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд роҳбари намояндагии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро изҳор дошт, ки бонк тайи чаҳор соли оянда ба Тоҷикистон ба маблағи $240 млн. кӯмаки ройгон ҷудо мекунад.




Ба гуфтаи ӯ, аз соли 2009 то соли 2012 ба Тоҷикистон ҳамасола ба маблағи 60-70 млн. доллари амрикоӣ бурс ҷудо карда мешавад. «Раҳбарияти бонк истифодаи ин бурсҳоро дар рушди соҳаи энергетика, нақлиёт ва бахши кишоварзии ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад мешуморад», – гуфт М.Оҷиро.



Номбурда афзуд, ки феълан дар Тоҷикистон тибқи сармоягузории бонк 14 лоиҳа амалӣ мегардад, ки 7-тои он ба маблағи 109,7 млн. доллари амрикоӣ дар вилояти Суғд татбиқ мешавад.



То ахири соли 2007 Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон 372,5 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла 33 млн. ба сифати кӯмаки техникӣ ва 39,5 млн. доллари амрикоӣ ба сифати бурсҳо маблағ ихтисос додааст.


Реклама на asia+

Cӯхтор дар бозори «Шоҳмансур» хомӯш карда шуд

0



            




           

Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сӯхторе, ки субҳи имрӯз дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт рух дод, хомӯш карда шуд.





           

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати сӯхторнишонии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Каримов хабар дод, оташ масоҳати ҳудуди 1 ҳазору 800 метри мураббаъи бозорро фаро гирифта, маркази тиҷоратии «Наргис», нуқтаҳои фурӯш ва ошхонаҳои наздики он пурра сӯхта нобуд гардидаанд.




           



Сӯхтор соати 6-и субҳ сар зад. Дарҳол ба ҷои ҳодиса 13 гурӯҳи сӯхторнишонӣ ва 6 мошини обпош ҳозир шуданд. «Пас аз як соат хомӯш кардани оташ муясаар гардид ва айни замон майдони оташ тозаву бехавф карда мешавад», – гуфт М.Каримов ва афзуд, ки ба хомӯш кардани сӯхтор 150 нафар кормандони раёсати сӯхторнишонӣ ва намояндагони мақомоту сохторҳои дигар сафарбар шуданд.




           

Феълан дар ҷои ҳодиса баҳри муайян сохтани сабаби сар задани сӯхтор якчанд гурӯҳҳои фавриву тафтишотӣ кор мекунанд.


Аз 1 млн. сомонӣ зиёдтар будани маблағи хисорот аз эҳтимол дур нест. Талафоти ҷонӣ ва ё ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштани касе ба қайд гирифта нашудааст.



Ёдрас мекунем, ки 13-уми августи соли ҷорӣ дар бозори «Корвон» низ сӯхтор ба амал омада буд, ки бар асари он 60 контейнери мол ва ду ангар пурра нобуд шуда буданд. Мувофиқи хулосаи комиссияи махсус, дар бозори «Корвон» сӯхтор дар натиҷаи қасдан оташ задан рух додааст, вале то ҳол гунаҳкорон ёфт нашудаанд.

 





 

Реклама на asia+

Ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии ЕврАзЭС таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад

0



           

Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳри Бишкек дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) иштирок хоҳад кард.





           

Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ҷаласа баррасии 21 санад дар назар аст. Дар музокирот ба масъалаи таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2020 ва бастаи асноди Консепсияи рушди минбаъдаи иттиҳод таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.



Ғайр аз ин, дар назар аст, ки сарони кишварҳо инчунин масъалаи соҳаи энергетикаро чун бахши калидии муносибатҳои ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар соли 2009 муайян кардан ва бо пешниҳоди Белорус соли 2009 – ро

 

Соли ҷавонон дар ИДМ эълон карданро низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.



Бино ба иттилои манбаъ, сарварони давлатҳои узви иттиҳод атрофи масъалаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 65-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва қабули қарор дар бораи таъсиси медали ягонаи «65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» низ ибрози назар хоҳанд намуд.



Дар нимаи дуввуми рӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) доир мегардад. Ёдрас мекунем, ки кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Белорус узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошанд. Ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хоҳад гузашт.



Шоми имрӯз баргузории ҷаласаи сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар назар аст ва пас аз анҷоми он президенти Тоҷикистон ба ватан бармегардад. Дар сафар сарвари давлатро вазири умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Ғулом Бобозода, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, вазири мелиоратсия ва захираҳои об Саиди Ёқубзод ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.


Реклама на asia+

Намояндагони хадамоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе ҷамъ омаданд

0



           

Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории семинари минтақавӣ намояндагони хадамоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ масоили фаъолияти низоми таҳлил ва идораи хавфҳо чун омили кафолати ҷомеа аз интиқоли ғайриқонунии мол тавассути сарҳадро баррасӣ карданд. Дар семинар инчунин ба масъалаи рушди тиҷорати минтақавӣ таваҷҷӯҳ зоҳир шуд.





           

Дар кори семинар намояндагони кишварҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва созмонҳои байнулмилалӣ ширкат варзиданд.




           

Иштирокдорони семинар атрофи масоили нақши низоми идораи хавфҳо дар кори беҳсозии фазои тиҷорату иқтисод, бартараф сохтани монеъаҳои сунъии маъмурӣ дар роҳандозии тиҷорати минтақавӣ ва таъмини амнияти иқтисодии кишварҳои минтақа ибрози назар намуданд.


Реклама на asia+

Бори нахуст дар Душанбе ҳамоиш оид ба масоили бемориҳои равонӣ ба кор шурӯъ кард

0


Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҳошияи баргузории ҳафтаи бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи бемориҳои равонӣ дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ оид ба бемориҳои равонӣ ба кор шурӯъ кард.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири Маркази солимии равонӣ ва бемории ВИЧ/СПИД Манижа Ҳаитова хабар дод, дар кори ҳамоиш намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва мақомоту идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ширкат меварзанд.



Номбурда зикр кард, ки дар ҳамоиш масоили муносибат бо беморони равонӣ, роҳу воситаҳои муолиҷаи самараноки он, стигмакунонӣ, табъиз ва зӯран махфикунонии ин беморон мавриди муҳокима қарор мегиранд. «Яке аз мақсадҳои баргузории ҳамоиш ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба ҳалли мушкилоти аҳолии гирифтори бемориҳои равонӣ ва худкушӣ дар Тоҷикистон аст», – гуфт М.Ҳаитова.



Тибқи иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, феълан дар Тоҷикистон 17 муассисаи табобати бемориҳои равонӣ амал мекунанд, ки дар он 42 ҳазор нафар маризон сабти ном шудаанд. Барои ғизо ва бо доруворӣ таъмин кардани чунин беморон дар як рӯз 6 сомонӣ (камтар аз 2 доллар) маблағ ҷудо карда мешавад.



Пизишкон мегӯянд, ки айни замон дар ҷаҳон аз шумораи умумии беморон 10 дарсадро гирифторони беморони равонӣ ташкил медиҳанд ва аз эҳтимол дур нест, ки соли 2020 ин рақам ба 15 дарсад бирасад. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт имрӯз дар дунё беш аз 450 млн. нафар ба бемориҳои равонӣ гирифторанд.


Реклама на asia+

Президенти Бонки ҷаҳонӣ: Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳи мо қарор дорад

0



           

Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Вашингтон зимни нишасти матбуотӣ президенти Бонки ҷаҳонӣ Роберт Зеллик изҳор дошт, ки дар шароити феълии бӯҳрони шадиди молиявии ҷаҳонӣ, кишварҳои қашшоқтарини собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, пеш аз ҳама, Қирғизистону Тоҷикистон дар маркази таваҷҷӯҳи бонк қарор доранд.





           

Р.Зеллик зикр кард, ки вазъ дар Қазоқистон, Украина ва Русия низ на он қадр хуб аст ва афзуд, ки дар баробари ин Русия қодир аст, дар чунин шароит ба дигарон кӯмак намояд.




           

«Зимни таҳияи нақшаҳои раҳоӣ аз бӯҳрон ниҳодҳои молиявӣ бояд вазъи кишварҳои қашшоқро низ ба назари эътибор гиранд», – гуфт ӯ.




           

Номбурда ҳамчунин гуфт, ки вазъи молиявии Бонки ҷаҳонӣ устувор аст ва дар чунин шароити бӯҳрони молиявӣ низ боиси нигаронӣ буда наметавонад.


Реклама на asia+

Сӯхтор дар бозори «Шоҳмансур»

0



           

Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз дар яке аз бозорҳои бузурги пойтахт -«Шоҳмансур» сӯхтор сар зад.





           

Аз Раёсати сӯхторнишонии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки маркази тиҷоратии «Наргис», нуқтаҳои фурӯш ва ошхонаҳои қисми ғарбии бозор пурра сӯхтаанд. «Айни замон гурӯҳҳои сӯхторнишонӣ оташро дар манбаъҳои асосӣ хомӯш карданд, вале дар баъзе ҷойҳои бозор сӯхтор ҳанӯз идома дорад», – изҳор дошт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки дар ҷои ҳодиса 14 гурӯҳи сӯхторнишонӣ, 5 мошини обпош ва ҳайати шахсии раёсат сафарбар карда шудаанд, вале то ҳанӯз сабаби аслии сар задани сӯхтор мушаххас нест. «Тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, аз сӯхтор ҳудуди 2 ҳазору 100 метри мураббаъи масоҳати бозор хисорот бардошта, зарари молиявӣ метавонад ба беш аз 1 млн. сомонӣ баробар шавад», – афзуд сарчашма.



Бино ба иттилои манбаъ, мувофиқи фармони вазири умури дохилии ҷумҳурӣ, ҷиҳати мушаххас кардани сабаби аслии сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарар комиссияи вижа ташкил карда шудааст.



Ёдрас мекунем, ки 13-уми августи соли ҷорӣ дар бозори «Корвон» низ сӯхтор ба амал омада буд, ки бар асари он 60 контейнери мол ва ду ангар пурра нобуд шуда буданд. Мувофиқи хулосаи комиссияи махсус, дар бозори «Корвон» сӯхтор дар натиҷаи қасдан оташ задан рух додааст, вале то ҳол гунаҳкорон ёфт нашудаанд.

 



Реклама на asia+