Ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии ЕврАзЭС таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад

            Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳри Бишкек дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) иштирок хоҳад кард.             Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ҷаласа баррасии 21 санад дар назар аст. […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳри Бишкек дар нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) иштирок хоҳад кард.





           

Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ҷаласа баррасии 21 санад дар назар аст. Дар музокирот ба масъалаи таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2020 ва бастаи асноди Консепсияи рушди минбаъдаи иттиҳод таваҷҷӯҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.



Ғайр аз ин, дар назар аст, ки сарони кишварҳо инчунин масъалаи соҳаи энергетикаро чун бахши калидии муносибатҳои ҳамкории мутақобилаи кишварҳо дар соли 2009 муайян кардан ва бо пешниҳоди Белорус соли 2009 – ро

 

Соли ҷавонон дар ИДМ эълон карданро низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.



Бино ба иттилои манбаъ, сарварони давлатҳои узви иттиҳод атрофи масъалаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 65-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва қабули қарор дар бораи таъсиси медали ягонаи «65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» низ ибрози назар хоҳанд намуд.



Дар нимаи дуввуми рӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) доир мегардад. Ёдрас мекунем, ки кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Белорус узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошанд. Ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хоҳад гузашт.



Шоми имрӯз баргузории ҷаласаи сарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар назар аст ва пас аз анҷоми он президенти Тоҷикистон ба ватан бармегардад. Дар сафар сарвари давлатро вазири умури хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Ғулом Бобозода, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, вазири мелиоратсия ва захираҳои об Саиди Ёқубзод ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.