Бори нахуст дар Душанбе ҳамоиш оид ба масоили бемориҳои равонӣ ба кор шурӯъ кард

Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҳошияи баргузории ҳафтаи бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи бемориҳои равонӣ дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ оид ба бемориҳои равонӣ ба кор шурӯъ кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири Маркази солимии равонӣ ва бемории ВИЧ/СПИД Манижа Ҳаитова хабар дод, дар кори ҳамоиш намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҳошияи баргузории ҳафтаи бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи бемориҳои равонӣ дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ оид ба бемориҳои равонӣ ба кор шурӯъ кард.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири Маркази солимии равонӣ ва бемории ВИЧ/СПИД Манижа Ҳаитова хабар дод, дар кори ҳамоиш намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва мақомоту идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ширкат меварзанд.



Номбурда зикр кард, ки дар ҳамоиш масоили муносибат бо беморони равонӣ, роҳу воситаҳои муолиҷаи самараноки он, стигмакунонӣ, табъиз ва зӯран махфикунонии ин беморон мавриди муҳокима қарор мегиранд. «Яке аз мақсадҳои баргузории ҳамоиш ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба ҳалли мушкилоти аҳолии гирифтори бемориҳои равонӣ ва худкушӣ дар Тоҷикистон аст», – гуфт М.Ҳаитова.



Тибқи иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, феълан дар Тоҷикистон 17 муассисаи табобати бемориҳои равонӣ амал мекунанд, ки дар он 42 ҳазор нафар маризон сабти ном шудаанд. Барои ғизо ва бо доруворӣ таъмин кардани чунин беморон дар як рӯз 6 сомонӣ (камтар аз 2 доллар) маблағ ҷудо карда мешавад.



Пизишкон мегӯянд, ки айни замон дар ҷаҳон аз шумораи умумии беморон 10 дарсадро гирифторони беморони равонӣ ташкил медиҳанд ва аз эҳтимол дур нест, ки соли 2020 ин рақам ба 15 дарсад бирасад. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт имрӯз дар дунё беш аз 450 млн. нафар ба бемориҳои равонӣ гирифторанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.