Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҷаласаи шӯрои низомӣ доир гардид, ки дар кори он мақомоти раҳбарии кумита, сардорони раёсатҳои марзбонии кишвар ва роҳбарони қисмҳои низомии посгоҳҳои марзбонӣ ширкат варзиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, дар ҷаласа аз фаъолияти сарраёсат дар 9 моҳи соли равон дар кори таъмини қисмҳои низомӣ бо сарулибос ва маводи сӯзишворӣ, ташкили хоҷагиҳои ёрирасон, иҷрои тадбирҳои андешида барои зимистонгузаронӣ ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ натиҷагирӣ карда шуд.
Зикр гардид, ки ҳамаи қисмҳои низомии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ бо миқдории кофии ангишт, ҳезум ва генераторҳои электрикӣ таъмин карда шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, соли равон марзбонони кишвар ҳудуди 1 тоннаву 300 кило маводи мухаддирро дар сарҳад мусодира кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 36 дарсад зиёдтар аст.





