Хуҷанд. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Хуҷанд роҳбари намояндагии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро изҳор дошт, ки бонк тайи чаҳор соли оянда ба Тоҷикистон ба маблағи $240 млн. кӯмаки ройгон ҷудо мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, аз соли 2009 то соли 2012 ба Тоҷикистон ҳамасола ба маблағи 60-70 млн. доллари амрикоӣ бурс ҷудо карда мешавад. «Раҳбарияти бонк истифодаи ин бурсҳоро дар рушди соҳаи энергетика, нақлиёт ва бахши кишоварзии ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад мешуморад», – гуфт М.Оҷиро.
Номбурда афзуд, ки феълан дар Тоҷикистон тибқи сармоягузории бонк 14 лоиҳа амалӣ мегардад, ки 7-тои он ба маблағи 109,7 млн. доллари амрикоӣ дар вилояти Суғд татбиқ мешавад.
То ахири соли 2007 Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон 372,5 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла 33 млн. ба сифати кӯмаки техникӣ ва 39,5 млн. доллари амрикоӣ ба сифати бурсҳо маблағ ихтисос додааст.





