Аз ҷониби президенти Тоҷикистон якчанд қонунҳо ба имзо расиданд

0


Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 қонуне, ки маҷлиси намояндагон қабул намуда, аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чонибдорӣ карда шудаанд, имзо намуд.




Қонунҳое Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти

 

инҳисорӣ дар бозорҳои мол», «Оид ба ворид намудани

 

тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.



Қонунҳои мазкур бо мақсади мукаммалгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, барои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии мамлакатамон мусоидат мекунанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Дар Қирғизистон бар асари заминларза 72 нафар ба ҳалокат расиданд

0


Душанбе. 6-уми октябр – Сухангӯи Вазорати тандурустии Қирғизистон Елена Баялинова ба хабаргузории РИА «Новости» изҳор доштааст, ки мувофиқи маълумоти то соати 13.00 (вақти Маскав) ба онҳо расида, дар ноҳияи Олойи вилояти Ош бар асари заминларзаи дирӯза 72 нафар ба ҳалокат расидаанд. «Корҳои ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ идома доранд ва ин шумораи фавтидагон ҳоло ниҳоӣ нест», – гуфтааст ӯ.




Муовини сардухтури беморхонаи Ош Темиркан Жорматова ба рӯзноманигорон иттилоъ додааст, ки «аз 24 нафар осебдидагоне, ки ба беморхона оварда шуданд, 7 нафарашон кӯдакон мебошанд». «Осебдидагон асосан ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, узвҳояшон зарбу лат хӯрдаанд ва аксари онон ба ҷарроҳӣ ниёз доранд», – гуфтааст ӯ. Ба гуфтаи табибон, шахсони аз заминларза ҷон ба саломатбурда дар ҳолати шадиди изтироби рӯҳӣ қарор доранд.


Реклама на asia+

Дар қасри «Пойтахт» 40-солагии таъсиёбии рӯзномаи «Вечерний» Душанбе»-ро ҷашн мегиранд

0


Душанбе. 6-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар қасри «Пойтахт» ба ифтихори 40-солагии таъсисёбии р


ӯ


зномаи «Вечерний Душанбе» маҳфили тантанав


ӣ


баргузор мешавад. Қобили зикр аст, ки дар бораи таҷлили ҷашни ин рӯзнома раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев моҳи август

 

қарор ба тасвиб расонида буд.




Мақомоти шаҳрдории пойтахт пешниҳоди ҳайати э


ҷ


одии р


ӯ


зномаро оид ба баргузории озмун таҳти унвони «Шаҳри ман-Р


ӯ


зномаи ман» дастгир


ӣ


карда, барои беҳтарин ҳикоя дар васфи пойтахт – 1500 сомон


ӣ


, барои беҳтарин акси пойтахт – 1500 сомон


ӣ


ва барои беҳтарин пешниҳод оид ба беҳсозии ҳаёти и


ҷ


тимоии сокинони пойтахт – 2000 сомон


ӣ




ҷ


оизаҳо таъсис дод, ки онҳо имрӯз ба соҳибонашон супорида хоҳанд шуд.


Реклама на asia+

Дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ шурӯъ шуд

0


Душанбе. 6-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт сохтмони

 

биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ шурӯъ шуд.




Сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки сохтмони ин биноҳоро мақомоти шаҳрдории пойтахт ба дӯши ширкатҳои сохтмонии ватанӣ – «Мовароуннаҳр», «Пойтахт» ва «Строител-КА» вогузор кардааст ва онҳо ният доранд, аллакай соли оянда бунёди онро ба анҷом расонанд.



Қобили зикр аст, ки хишти аввалро ба таҳкурсии сохтмони ин биноҳо ҳанӯз дар ҷашнгирии Иди Наврӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гузошта буд.




 

Реклама на asia+

Дар Душанбе комиссияҳои назорати истифодаи оқилонаи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон ташкил карда шуданд

0


Душанбе. 6-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар пойтахт комиссияҳои назорати истифодаи оқилонаи барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон ташкил карда шуданд, ки ба ҳайати он муовинони раиси шаҳр,


намояндагони вакилони халқи шаҳр, ш


ӯ


рои маҳаллаҳо, мақомоти дахлдори шаҳр


ӣ


ва намояндагони р


ӯ


ҳониён шомил гаштанд.





           

Сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки мувофиқи ин қарор ҳамаи субъектҳои хоҷагидории шаҳри Душанбе вазифадор карда шудаанд, ки чунин комиссияҳо ташкил дода, фаъолияти самараноки онро таъмин намоянд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, дар байни ноҳияҳои пойтахт барои дар сатҳи беҳтарин ба роҳ мондани истифодаи оқилонаи барқу газ, оби нӯшокӣ ва пардохти саривақтии маблағи он дар соли 2009 озмун эълон карда шуд ва ғолиб соҳиби 15 ҳазор сомонӣ хоҳад гашт.



Чанде қабл

 

дар ҷаласаи назоратии шаҳрдорӣ мири пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор дошт, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони дар пешистода дар шаҳри Душанбе реҷабандии истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ нахоҳад гашт. «Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ин хусус ба мақомоти дахлдор супориш дод», – гуфт ӯ.



Дар ҷаласа оид ба сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, газ ва об дар мавсими тирамоҳу зимистон ва сари вақт пардохтани музди истифодаи он ба аҳолии пойтахт муроҷиатнома қабул карда шуд.



М.Убайдуллоев таъкид сохт, ки бояд дар байни сокинони шаҳр ва хадамоти шаҳрӣ оид ба таъмини мардум бо нерӯи барқ, газ ва об созишнома ба имзо расад, ки дар он масъулияти ҷонибҳо мушаххас бошад ва дар сурати вайрон кардани шартнома, ҷониби ҷабрдида метавонад ба додгоҳ муроҷиат намояд.



Дар ҷаласа дар бораи то ҳадди ниҳоӣ коҳиш додани истифодаи нерӯи барқ дар фаввораҳои шаҳр, таҷҳизоти равшанидиҳии боғҳои фароғату истироҳат, хиёбонҳо ва лавҳаҳои рекломи берунӣ пешниҳодот карда шуданд.




 

Реклама на asia+

Мақомоти додгоҳии кишварҳои узви ИДМ Маркази ҳамкории муштараки иттилоотиву ҳуқуқӣ созмон медиҳанд

0


Душанбе. 6-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сайёри Пленуми Додгоҳи иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки мақомоти олии ҳайати мушовараи он маҳсуб мегардад, баргузор шуд. Пленум таҳти раёсати роҳбари Додгоҳи иқтисодии ИДМ, раиси Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон Файзулло Абдуллоев доир гашт.




Аз Додгоҳи иқтисодии ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар пленум масоили ҷараёни ислоҳоти фаъолияти Додгоҳи иқтисодии ИДМ, татбиқи амалии Консепсияи минбаъдаи рушди ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳои асосии он, ки бо қарори сарони кишварҳои узви иттиҳод аз 5-уми октябри соли 2007 қабул шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



Иштирокдорони пленум пешниҳоди Додгоҳи иқтисодии ИДМ дар бораи созмон додани Маркази ҳамкории муштараки иттилоотиву ҳуқуқии мақомоти додгоҳии ИДМ-ро маъқул шумориданд.


Реклама на asia+

Дар марзи се кишвар заминларза рух дод

0



           

Душанбе. 6-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва Чин заминларза рух дод. Заминларза соати 20-у 53 дақиқаи вақти Душанбе ба амал омад. Мувофиқи маълумоти пойгоҳи зилзиласанҷии Душанбе, маркази он дар масофаи 450 километрии самти шимолу шарқии пойтахти ҷумҳурӣ воқеъ буда, қувваи он дар он ҷо тақрибан

 

6,5 баллро ташкил дод. Қувваи зилзила дар Душанбе 3,4 ва Хоруғ 4,5 баллро ташкил додааст.





           

Дар бораи осебдидагон ва хисороти молӣ маълумоте дастрас нашудааст. Дар ҳамин ҳол, дирӯз тақрибан соатҳои 13-у 28 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ рух дод, ки маркази он дар масофаи 143 километрии самти шимолу шарқии шаҳри Душанбе (водии Рашт) ҷойгир буда, қувваи он дар он ҷо тақрибан

 

4-5 балл, дар Ғарм – 4 балл ва дар шаҳри Душанбе – 3 баллро ташкил дод.




           

Бино ба иттилои сомонаи интернетии радиои «Озодӣ», шаби гузашта чанд заминларза Афғонистон ва Қирғизистону Тоҷикистон ва Узбакистонро таккон дод. Дар бораи кадом хисороти моливу ҷонии ин заминларзаҳо то ҳол гузориш нашудааст. Пажӯҳишгоҳи заминшиносии Амрико мегӯяд, зилзилаи қариб шашбалӣ Афғонистонро соати севуними субҳ таккон дод ва марказаш 70-километрии ҷануби Кобул буд.



Қаблан ин марказ ду заминларзаро дар ҷануби Қирғизистон сабт карда буд, ки яке наздики соати даҳи шаб ба вақти маҳаллӣ бо иқтидори 6,6 балл дар 50-километрии шарқи Қароқӯли Тоҷикистон ва дуввумӣ бо андаке фосила дар 60-километрии Саритош мушоҳида шудааст. Ҳамагӣ баъд аз чанд дақиқаи ин зилзила як заминҷунбии дигар бо иқтидори 5,7 балл дар вилояти Шинҷони Чин сабт шудааст.

 

Ва зилзиланигорони амрикоӣ соати дувоздаҳуним як зилзилаи панҷбаллиро дар айни минтақа дар вилояти Ӯши Қирғизистон сабт кардаанд.


Реклама на asia+

Тоҷикистону Лаҳистон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд

0



           



Душанбе. 4-уми октябр – Раиси Палатаи савдо ва саноати То


ҷ


икистон Шариф Саид бо муовини раиси Палатаи муштараки Лаҳистону Туркия дар масъалаи ти


ҷ


орат Гжегош Кобелетски мулоқот кард. Меҳмон ба ҳамс


ӯ


ҳбаташ дар бораи фаъолияти Палатаи муштараки Лаҳистону Туркия ва ҳамкории он бо мамлакатҳои дигар маълумот дод. Зикр шуд, ки ҳадафи сафари


ӯ


густариш додани ти


ҷ


орати Лаҳистон бо мамлакатҳои Осиёи Марказ


ӣ


мебошад.





          

Қайд карда лозим аст, ки дар бобати густариш додани муносибатҳои ти


ҷ


оратии То


ҷ


икистону Лаҳистон қадами аввалин гузошта шуд. Чандин корхонаю ширкатҳои ин мамлакат ба қариб


ӣ


дар шаҳри Душанбе дар намоишгоҳи масолеҳи сохтмон ширкат варзиданд.


Ҷ


ониби Лаҳистон изҳор намуд, ки ба гузоштани маблағ ба соҳаҳои истифодаи об, энергетика , сохтмони роҳҳо, мактабҳо , шифохонаҳо ва ғайра дар То


ҷ


икистон манфиатдор аст.



           Шариф Саид зикр намуд, ки ҳа


ҷ


ми хариду фур


ӯ


ши мол дар байни То


ҷ


икистону Лаҳистон он қадар зиёд нест. Онро дар нати


ҷ


аи к


ӯ


шишҳои ду


ҷ


ониба чандин баробар зиёд кардан мумкин аст. Вай пешниҳод кард, ки бо ин мақсад меморандуми ҳамкор


ӣ


имзо карда шавад.




          

Г.Кобелетски дар фар


ҷ


оми с


ӯ


ҳбат изҳор намуд, ки моҳи ноябри соли равон барои муҳокимаи меморандуми ҳамкор


ӣ


боз ба Душанбе ташриф меорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.





 


Реклама на asia+

Эмомалӣ Раҳмон аз Тавилдара ба Душанбе бармегардад

0


Рашт. 4-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки субҳи имрӯз ба ноҳияи Тавилдара ташриф овард, аз мактаб интернати ҷумҳуриявӣ барои ятимон ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоати ин ноҳия боздид кард.




Аз дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Тавилдара ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сарвари давлат ҳамчунин аз бинои ҷанде қабл қоматафрохтаи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳия боздид намуда, дар боғи марказии ноҳия бо собиқадорони ҷангу меҳнат ва аҳолӣ мулоқот орост.



Зикр гардид, ки қаблан сарвари давлат ба ин ноҳия 6 автобуси мусофирбар, 5 трактори МТЗ-80 бо испораш, 4 мошини ёрии таъҷилӣ ва 31 компютер фиристод.



Ба иттилои сарчашма, айни замон Эмомалӣ Раҳмон дар консерти устодони санъати ҷумҳурӣ иштирок дорад ва пас аз анҷоми он ба Душанбе бармегардад.



Ёдрас мекунем, ки сафари кории президенти Тоҷикистон ба водии Рашт 2-уми октябр шурӯъ гардида буд. Зимни сафар сарвари давлат бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Тавилдара аз наздик шинос шуд.


Реклама на asia+

Дар арафаи ҷашни касбии Рӯзи омӯзгорон 160 корманди низоми маориф ба гирифтани унвони «Аълочии маориф» сазовор гаштанд

0


Душанбе. 4-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар арафаи ҷашни Рӯзи муаллим 160 корманди низоми маориф ба гирифтани унвони «Аълочии маориф» сазовор гашта, беш аз 70 нафар омӯзгорон ва мураббиёни кӯдакистонҳо бо Ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ҷумҳурӣ қадрдонӣ шуданд.




Чӣ тавре ки сухангӯи вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, имрӯз дар 3 ҳазору 810 мактаби таҳсилоти умумии кишвар 99 ҳазору 354 нафар омӯзгор машғули коранд, ки ҳудуди 53 ҳазор нафари онҳо занон мебошанд. Сарфи назар аз ин, низоми маорифи ҷумҳурӣ то ҳанӯз ба 6 ҳазору 856 омӯзгор ниёз дорад.



Мавсуф инчунин изҳор дошт, ки дар ҷумҳурӣ 78 мактаб-интернат, 70 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 49 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 35 макотиби таҳсилоти олӣ амал мекунад.



Ба гуфтаи сухангӯи вазорат, дар арафаи таҷлили ҷашни касбии омӯзгорон ба собиқадорони низоми маорифи кишвар ва собиқ вазирони маорифи ҷумҳурӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.


Реклама на asia+