Эмомалӣ Раҳмон аз Тавилдара ба Душанбе бармегардад

Рашт. 4-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки субҳи имрӯз ба ноҳияи Тавилдара ташриф овард, аз мактаб интернати ҷумҳуриявӣ барои ятимон ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоати ин ноҳия боздид кард. Аз дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Тавилдара ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сарвари давлат ҳамчунин аз бинои ҷанде қабл қоматафрохтаи Бонки давлатии амонатгузории […]

Бибимукаррама Насруллоева


Рашт. 4-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки субҳи имрӯз ба ноҳияи Тавилдара ташриф овард, аз мактаб интернати ҷумҳуриявӣ барои ятимон ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоати ин ноҳия боздид кард.




Аз дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Тавилдара ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сарвари давлат ҳамчунин аз бинои ҷанде қабл қоматафрохтаи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳия боздид намуда, дар боғи марказии ноҳия бо собиқадорони ҷангу меҳнат ва аҳолӣ мулоқот орост.



Зикр гардид, ки қаблан сарвари давлат ба ин ноҳия 6 автобуси мусофирбар, 5 трактори МТЗ-80 бо испораш, 4 мошини ёрии таъҷилӣ ва 31 компютер фиристод.



Ба иттилои сарчашма, айни замон Эмомалӣ Раҳмон дар консерти устодони санъати ҷумҳурӣ иштирок дорад ва пас аз анҷоми он ба Душанбе бармегардад.



Ёдрас мекунем, ки сафари кории президенти Тоҷикистон ба водии Рашт 2-уми октябр шурӯъ гардида буд. Зимни сафар сарвари давлат бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Тавилдара аз наздик шинос шуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.