Дар арафаи ҷашни касбии Рӯзи омӯзгорон 160 корманди низоми маориф ба гирифтани унвони «Аълочии маориф» сазовор гаштанд

Душанбе. 4-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар арафаи ҷашни Рӯзи муаллим 160 корманди низоми маориф ба гирифтани унвони «Аълочии маориф» сазовор гашта, беш аз 70 нафар омӯзгорон ва мураббиёни кӯдакистонҳо бо Ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ҷумҳурӣ қадрдонӣ шуданд. Чӣ тавре ки сухангӯи вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, имрӯз дар 3 ҳазору […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 4-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар арафаи ҷашни Рӯзи муаллим 160 корманди низоми маориф ба гирифтани унвони «Аълочии маориф» сазовор гашта, беш аз 70 нафар омӯзгорон ва мураббиёни кӯдакистонҳо бо Ифтихорномаҳои Вазорати маорифи ҷумҳурӣ қадрдонӣ шуданд.




Чӣ тавре ки сухангӯи вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, имрӯз дар 3 ҳазору 810 мактаби таҳсилоти умумии кишвар 99 ҳазору 354 нафар омӯзгор машғули коранд, ки ҳудуди 53 ҳазор нафари онҳо занон мебошанд. Сарфи назар аз ин, низоми маорифи ҷумҳурӣ то ҳанӯз ба 6 ҳазору 856 омӯзгор ниёз дорад.



Мавсуф инчунин изҳор дошт, ки дар ҷумҳурӣ 78 мактаб-интернат, 70 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, 49 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 35 макотиби таҳсилоти олӣ амал мекунад.



Ба гуфтаи сухангӯи вазорат, дар арафаи таҷлили ҷашни касбии омӯзгорон ба собиқадорони низоми маорифи кишвар ва собиқ вазирони маорифи ҷумҳурӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешаванд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.