Вазорати умури хориҷӣ: Мо ба тақдири зани тоҷике, ки худро дар назди бинои ҳукумати Покистон оташ заданист, беэътино нестем

0




           

Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Давлат Назриев, роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт, ки вазорат ба тақдири зани тоҷике, ки ба нишони эътироз худро дар назди бинои ҳукумати Покистон оташ заданист, беэътино нест.





           

Номбурда қазияро чунин шарҳ дод: «Зани тоҷик

 

ба исми Фотимабибӣ соли 1992 ба Аморати Муттаҳидаи Араб рафта, дар он ҷо ба шаҳрванди Покистон ба шавҳар мебарояд ва шаҳрвандии ин кишварро қабул мекунад. Сипас онҳо ба Покистон мераванд ва дар он ҷо соҳиби духтар мешаванд. Аввалҳои моҳи сентябр мард бо кӯдак бедарак шуда, занро бидуни маблағе барои рӯзгузаронӣ ба ҳоли худ мегузоранд. Ҷустуҷӯҳои зиёди зан ҳеҷ натиҷае надодаанд ва ӯ қарор додааст, дар ҳузури рӯзноманигорон даст ба худкушӣ занад».




           

Ба гуфтаи ӯ, вазорат ба сафорати Тоҷикистон дар Исломобод супориш додааст, то ба ин қазия расидагӣ намуда, мувофиқи имконот аз зани тоҷик пуштибонӣ кунанд.




           

«Ба мо маълумоте расида, ки имрӯз сарвазири Покистон, ҷаноби Юсуф Ризо Гелонӣ Фотимабибиро ба ҳузур пазируфта, дар ҷустуҷӯи духтари ӯ мусоидату кӯмак хоҳад кард», – иттилоъ дод Д.Назриев.




           

Намояндаи вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ҳамчунин зикр кард, ки ҳамаи дипломатҳои муқими Покистон аз Душанбе супориш гирифтаанд, ки дар мавриди ҳалли қазияи мазкур ҳамеша

 

бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар робита бошанд.


 




Реклама на asia+

Сардухтури беморхонаи кӯдаконаи сили шаҳри Душанбе ҳангоми пора додан ба корманди агентии зиддикоррупсионӣ дастгир шуд

0


Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ сардухтури беморхонаи кӯдаконаи сили шаҳри Душанбе Сафар Исмоиловро ҳангоми пора додан ба корманди агентии зиддикоррупсионӣ дастгир карданд.




Аз агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳангоми тафтиши фаъолияти хоҷагидории беморхона сардухтур ба корманди агентӣ барои рӯйпӯш кардани камбудиву норасоиҳо 1000 доллари амрикоӣ пора пешниҳод кардааст.



«Исмоилов ҳангоми додани пора дар утоқи кориаш дастгир шуда, айни замон нисбат ба аъмоли ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст», – афзуд манбаъ.


Реклама на asia+

Дар Душанбе зодрӯзи Махатма Гандӣ таҷлил мегардад

0


Душанбе. 30-уми сентябр – 2 октябр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси сафоратхонаи Ҳиндустон ва Бунёди байналхалқии фарҳангии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ бахшида ба рӯзи таваллуди Махатма Ганди консерти идона баргузор мегардад. Консерт дар Маркази фарҳангии сафоратхонаи Ҳиндустон гузаронида мешавад.




Дар маросими оғози консерт сафири Ҳиндустон ва роҳбари Бунёди фарҳангии ба номи З.Шаҳидӣ Мунира Шаҳидӣ ширкат хоҳанд варзид. Дар консерт гурӯҳи калони раққосони ҳиндӣ иштирок мекунанд.


Реклама на asia+

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 3 корманди як ширкати сайёҳиро ба давраҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум кард

0


Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Мурофиъаи додгоҳии масъулони ширкати «Холид Музаффар» дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба анҷом расид.




Ин додгоҳ масъулони ширкати мазкур Назаршо Ҳақназаров, раис, Фазлиддин Ақлиддинов, муовин, ва Таваралӣ Кассиров, корманди онро, бо иттиҳоми суиистифода аз мақоми хидматӣ, қаллобӣ , таҳияи асноди ҷаълӣ, муъомилоти ғайримуҷоз бо асъори хориҷӣ ва соҳибкории ғайриқонунӣ муҷрим шинохта, ба давраҳои тӯлонӣ (аз 12 то 13,5 сол) аз озодӣ маҳрум кардааст.



Ширкати байнулмилалии ҷаҳонгардии «Холид Музаффар» дар маросими ҳаҷҷи соли 2007 эълон карда буд, ки омода аст бар ивази пардохти 2500 доллари амрикоӣ шаҳрвандонро ба зиёрати хонаи худо нойил кунад. Пас аз ин 700 шаҳрванд, ки ин маблағро ба ширкати мазкур пардохта буданд, бо гузашти мӯҳлати ҳаҷравӣ аз ин зиёрат бенасиб монданд.



Аз ин миён 60 каси онҳо, ки натавонистанд пулҳои худро бозпас бигиранд, барои ёрӣ ба мақомоти тафтишот муроҷиъат карданд.



Мақомоти тафтишотии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар асоси шикояти даъвогарон алайҳи масъулони ин ширкат, аз ҷумла раис, муовин ва як ходими он, кори ҷиноӣ оғоз карда, ба таҳқиқи қазия мепардозад. Тафтишот бо анҷоми баррасии парвандаи Назаршо Ҳақназаров, Фазлиддин Ақлиддинов ва Таваралӣ Касиров онҳоро бо бандҳои гуногуни қонуни кайфарӣ (аз ҷумла бо иттиҳоми сӯистифода аз мақоми хидматӣ, қаллобӣ, сохтакорӣ дар таҳияи аснод ва соҳибкории ғайриқонунӣ) айбдор карда, ҷиҳати муҳокима ва таъйини ҷазо ба додгоҳ иросол намуд.



Зубайдулло Маҳмудов, додраси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки муҳокимаи парвандаи ҷиноии мазкурро ба анҷом расонидааст, гуфт раванди додгоҳӣ исбот кардааст, ки ин афрод даст ба чанд қонуншиканӣ зада, беш аз 150 000 доллари шаҳрвандонро аз они худ кардаанд.



Оқои Маҳмудова афзуд, ки, дар асоси ҳукми додгоҳ, ин афрод мӯҳлати ҷазои худро дар зиндони низомаш сангин сипарӣ намуда, ҳамчунин маболағи афроди фиребхӯрда аз ҳисоби онҳо рӯёнида хоҳад шуд.



Аммо масъулони ширкати «Холид Музаффар» ва вакилони дифоъи онҳо ба дурустии ҳукми додгоҳ шубҳа доранд. Яке аз вакилони дифоъи онҳо Сайидакрам Умаров гуфт, ки ҳукми мазкурро дар додгоҳи болоӣ ба баҳс хоҳад кашид, зеро ӯ ва нафарони таҳти ҳимояташ ҳукмро мунсифона намеҳисобанд ва дар ин бора додгоҳро низ воқиф карданд.



Зимнан, масъулияти гуселу қабули зойирони тоҷикистонии хонаи худоро аз соли 2005 бад-ин сӯ танҳо мақомоти давлатӣ ба ӯҳда доранд – ширкат ва ё корхонае дигар, ки мехоҳад ин корро анҷом диҳад, бояд иҷозатномаи хосси мақомотро дошта бошад, ки, воқиъан, ширкати «Холид Музаффар» онро надоштааст.

 



Реклама на asia+

Демократҳо ва коммунистони Кӯлоб аз иштирок дар интихобот ба маҷлиси вакилони халқи шаҳр даст кашиданд

0


Кӯлоб. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Демократҳо ва коммунистони шаҳри Кӯлоб қарор карданд, ки дар интихобот ба маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб иштирок накунанд.

 





Амрохон Сафаров, раиси созмони минтақавӣ ва шаҳрии Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) дар Кӯлоб, ҷиноҳи М.Собиров мегӯяд, «демократҳо ба шаффофият ва ростии низоми интихоботӣ эътимод надоранд ва бо дастони худ қонунияти дар амал мавҷуднабудаи интихоботро тасдиқ карданӣ нестанд». А.Сафаров ҳамчунин иброз дошт, ки онҳо ният доранд, намояндаи худро аз ҳайати комиссияи интихобот низ бозхонд кунанд.



Котиби аввали кумитаи минтақавӣ ва шаҳрии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар Кӯлоб Шариф Сафаров мӯътақид аст, ки онҳо дар маҷлиси шаҳрӣ панҷ ҷой доранд ва ин миқдор кифоя аст, ки дар маҷлис баррасии баъзе масоилрор пешниҳод кунанд. «Аксариятро дар маҷлис, ки аз 40 нафар иборат аст, мо бе ин ҳам соҳиб шуда наметавонем», – гуфт ӯ.


Реклама на asia+

Раиси пойтахт ба роҳбари КВД «Обу корези Душанбе» огоҳии охирин дода, директори КВД «Автобус-1»-ро аз вазифаааш озод кард

0


Душанбе. 29-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имр


ӯ


з дар


ҷ


аласаи мақомоти шаҳрдории пойтахти


ҷ


умҳур


ӣ


раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба директори Корхонаи воҳиди давлатии (КВД)

 

«Обу корези Душанбе» Аъзам Табаров огоҳии охирин дод. Суханг


ӯ


и раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки директори корхона барои ба эътибор нагирифтани арзу шикояти шаҳрвандон бобати бартараф кардани камбудиҳо огоҳии охирин гирифтааст.




Ҳамчунин дар


ҷ


аласа ба масъалаи вазъи санитарву эпидемиологии пойтахт тавва


ҷҷ


ӯ


ҳ зоҳир гардида, қарор шуд, дар байни аҳолии пойтахт


ҷ


иҳати баланд бардоштани фарҳанги эколог


ӣ


корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳ


ӣ


гузаронида шаванд.



Бо назардошти наздикии мавсими тирамоҳу зимистон қарор карда шуд, ки ҳар ҳафта ма


ҷ


лиси ситоди шаҳр


ӣ


баргузор карда шавад.



Барои роҳ додан ба камбудиҳо директори КВД «Автобус-1» Исо Асоев аз вазифааш озод карда шуда, ба


ҷ


ои


ӯ


директори КВД «Троллейбус» Фирдавс Саидов директори КВД «Автобус-1» таъин гардид. Ҳамчунин ба директори муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхизматрасон» Хуршед Кабиров низ огоҳ


ӣ


эълон карда шуд.

 


 



Реклама на asia+

Мактаби рӯзноманигорӣ марҳилаи нави давраи омӯзишӣ барои рӯзноманигорон ва кормандони марказҳои матбуотиро оғоз мебахшад

0


Душанбе


. 29


сентябр


.


ОИ


«


Азия





Плюс


» –




Мактаби




мустақили




р


ӯ


зноманигории


«


То


ҷ


икистон





асри



XXI»



аз


3-


юм




то



5-



уми




октябри




соли




ҷорӣ




марҳилаи




дуввуми




давраи




ом


ӯ


зиш


ӣ




барои




кормандони




ВАО




ва




марказҳои




матбуотии




сохторҳои




давлат


иро




доир




мекунад


.






Чӣ




тавре




ки




ба




ОИ


«


Азия





Плюс


»


сарвари




и

ҷ

роияи




Мактаби




рӯзноманигорӣ




Сафо




Сафаров




иттилоъ




дод


,


дар




ҷараёни




тренинги




серӯза




якчанд




мавзӯъ


,


аз




ҷумла


, «


Заминаҳои




ҳуқуқ


ӣ




ва




ахлоқии




ҳамкории




байни




намояндагони




ҳокимияти




давлат


ӣ




ва




р


ӯ


зноманигорон


», «


Меъёрҳои




милл


ӣ




ва




байналмилалии




дастрас


ӣ




ба




иттилоот


», «


Фановариҳои




нав




дар




фаъолияти




марказҳои




иттилоот


ӣ




ва




ВАО


:


садо


-,


акс





ва




наворбардор


ӣ


,


сомонаи




интернет


ӣ


»


баррасӣ




мешаванд


.



Ба




гуфтаи




сарчашма


,


чорабинии




мазкур




дар




чаҳорчӯбаи




лоиҳаи


«


Дастрас


ӣ




ба




иттилоот


:


ҳамкор


ӣ




ва




шаффофият


»,


ки




бо




дастгирии




Кумитаи




Норвежии




Ҳелсинки




амалӣ




мегардад


,


гузаронида




шуда


,


ба




иштирокдорони




давраи




ом


ӯ


зиш


ӣ




усулу




воситаҳои




дақиқ




ва




саривақт




воқиф




гардонидани




аҳол


ӣ




аз




иттилооти




дорои




аҳамияти




ҷ


амъият


ӣ


,


инчунин




роҳҳои




беҳбуд




бахшидани




ҳамкории




р


ӯ


зноманигорон




ва




марказҳои




матбуот


ӣ




ом


ӯ


зонида




мешавад


.



Қобили




зикр




аст


,


ки




дар




заминаи




татбиқи




лоиҳаи




Мактаби




мустақили




р


ӯ


зноманигории


«


То


ҷ


икистон





асри



XXI», 9-



уми




августи




соли




ҷорӣ




миёни




кормандони




марказҳои




матбуотии




сохторҳои




давлат


ӣ




ва




расонаҳои




хабарии




кишвар




як




тафоҳумномаи




ҳамкор


ӣ




ба




имзо




расидааст


.





Санади




мазкур




дар




ҷ


араёни




силсилаи




мизҳои




гирди


«


Ҳамкории




ВАО




ва




марказҳои




матбуот


ӣ


:


дастовардҳо




ва




дурнамо


»


таҳия




шуда


,


мавриди




баррасию




пазириши




иштирокдорон




қарор




гирифтааст


.



Дар




ин




Ёддошти




тафоҳум




б


а




ма


қ


омоти




қ


онунгузории




Ҷ


Т




тавсия




шудааст


,


ки




ба




қ


онун


ҳ


ои




дахлдор




та


ғ


йиру




илова


ҳ


о




ворид




карда


,


м


ӯ


ҳ


лати




пешни


ҳ


оди




иттилоот




аз




с


ӯ


и




ма


қ


омоти




давлат


ӣ




ба




ВАО





ро




то


3


р


ӯ


з




ва




таъмини




иттилооти




фавриро




дар




р


ӯ


зи




аввали




р


ӯ


йдод




муайян




созанд


.


Ҳ


амзамон


«


пешни


ҳ


оди




иттилоот




ба




ВАО




бояд




ройгон




бошад


», –


зикр




гардидааст




дар




тафо


ҳ


умнома


.



Ба




ҷ


уз




ин


,


аз




Ҳ


укумати




Ҷ


Т




хо


ҳ


иш




шудааст


,


ҷ


и


ҳ


ати




таъсис


,


та


ҳ


ким




ва




рушди




марказ


ҳ


ои




матбуот


ӣ




дар




ма


қ


омоти




ҳ


окимияти




давлат


ӣ




и


қ


дом




кунад


.





Дар ин санад таъкид гардидааст, ки ҳамкории


марказ


ҳ


ои матбуотии ма


қ


омоти


ҳ


окимияти давлат


ӣ


ва р


ӯ


зноманигорон бояд бо риояи меъёр


ҳ


ои ахло


қ


ӣ


, дар асоси


бовару эҳтироми тарафайн ва

ҳ



ам


дигарфаҳм


ӣ


сурат пазирад.





Пешниҳоди иттилоот аз


ҷ


ониби шохаҳои ҳокимияти давлат


ӣ


ба ВАО-и давлат


ӣ


ва мустақили хабар


ӣ


бояд яксон ва баробар бошад. Дар баробари ин, з


имни пахши маводи иттилоот


ӣ


дар ВАО ба та


ҳ


рифи далелу ар


қ


ом ва маълумоти пешни


ҳ


одкардаи марказ


ҳ


ои матбуот


ӣ


ро


ҳ


дода нашавад, – ома


дааст дар тафоҳумнома


.





Дар таҳия ва қабули Ёддошти тафоҳум намояндагони Дастгоҳи и


ҷ


роияи Президенти


Ҷ


Т ва Ма


ҷ


лиси намояндагони Ма


ҷ


лиси Ол


ӣ


, кормандони марказҳои матбуотии мақомоти ҳокимияти и


ҷ


роияи давлат


ӣ


, додгоҳи ол


ӣ


ва ВАО, инчунин коршиносони созмонҳои р


ӯ


зноманигор


ӣ


ширкат варзиданд.






 

Реклама на asia+

Пас аз ҷашни Иди Фитр президент аз ноҳияҳои водии Рашт боздид хоҳад кард

0


Душанбе. 29-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки рӯзҳои 2-3-уми октябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо боздиди корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт сафар хоҳад кард.




Ба иттилои манбаъ, президент дар давоми ду рӯз бо ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои водӣ аз наздик ошно гардида, бо намояндагони аҳли маориф, дин, кишоварзон, созмонҳои ҷавонон ва занон мулоқот хоҳад орост.



«Дар сафар сарвари давлатро аъзои ҳукумат, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва арбобони маъруфи илму ҳунари ҷумҳурӣ ҳамроҳӣ мекунанд», – гуфт сарчашма.



Зикр гардид, ки президенти кишвар бо фаъолияти як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ

 

ва корхонаҳо саноатӣ аз наздик шинос гардида, ҳамчунин дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани якчанд иншооти таъиноти иҷтимоиву маишӣ иштирок мекунад.


Реклама на asia+

Ширкати ҳиндии «Абхиҷит групп» дар Тоҷикистон барои тиҷорат шарик меҷӯяд

0


Душанбе. 29-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мулоқоти муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил Сангов бо намояндаи ширкати «Абхиҷит групп»-и Ҳиндустон Нитеш Банерҷи масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба ОИ «Азия_плюс» хабар доданд, ки намояндаи ширкати ҳиндӣ изҳор доштааст, ки онҳо бо мақсади ҷустуҷӯи шарикон дар кори ба роҳ мондани тиҷорат ва фаъолият дар Тоҷикистон ба ин ҷо омадаанд ва омодаанд, пешниҳодотро оид ба сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, металлургия, сохтмони роҳҳо, саноати истихроҷи маъдан ва ғайра муҳокима намоянд.



Бино ба иттилои манбаъ, дар нимаи дуввуми рӯз намояндаи ширкат бо мақомоти роҳбарии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дидору гуфтушунид хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки «Абхиҷит» групп» яке аз ширкатҳои бузурги Ҳиндустон буда, доираи фаъолияташ бахшҳои гуногунро дар бар мегирад.


Реклама на asia+

БҶ гузориши «Навгониҳо, самти иҷтимоии рушди иқтисод ва ҳамгиройӣ дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва собиқ Шӯравӣ»-ро муаррифӣ мекунад

0


Душанбе. 29-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии гузориши «Навгониҳо, самти иҷтимоии рушди иқтисод ва ҳамгиройӣ дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ва собиқ Шӯравӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ баргузор мешавад.




Корманди масъули дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Диля Зоирова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки муаррифии гузориш фардо дар дафтари кории бонк доир хоҳад гашт ва онро ба ҳозирин сариқтисодчии бонк оид ба Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Прадип Митра тавассути конфронси видеоӣ аз шаҳри Алмаато пешниҳод хоҳад намуд.


Реклама на asia+