Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт 3 корманди як ширкати сайёҳиро ба давраҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум кард

Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Мурофиъаи додгоҳии масъулони ширкати «Холид Музаффар» дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба анҷом расид. Ин додгоҳ масъулони ширкати мазкур Назаршо Ҳақназаров, раис, Фазлиддин Ақлиддинов, муовин, ва Таваралӣ Кассиров, корманди онро, бо иттиҳоми суиистифода аз мақоми хидматӣ, қаллобӣ , таҳияи асноди ҷаълӣ, муъомилоти ғайримуҷоз бо асъори хориҷӣ ва соҳибкории […]

ozodi.org


Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Мурофиъаи додгоҳии масъулони ширкати «Холид Музаффар» дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба анҷом расид.




Ин додгоҳ масъулони ширкати мазкур Назаршо Ҳақназаров, раис, Фазлиддин Ақлиддинов, муовин, ва Таваралӣ Кассиров, корманди онро, бо иттиҳоми суиистифода аз мақоми хидматӣ, қаллобӣ , таҳияи асноди ҷаълӣ, муъомилоти ғайримуҷоз бо асъори хориҷӣ ва соҳибкории ғайриқонунӣ муҷрим шинохта, ба давраҳои тӯлонӣ (аз 12 то 13,5 сол) аз озодӣ маҳрум кардааст.



Ширкати байнулмилалии ҷаҳонгардии «Холид Музаффар» дар маросими ҳаҷҷи соли 2007 эълон карда буд, ки омода аст бар ивази пардохти 2500 доллари амрикоӣ шаҳрвандонро ба зиёрати хонаи худо нойил кунад. Пас аз ин 700 шаҳрванд, ки ин маблағро ба ширкати мазкур пардохта буданд, бо гузашти мӯҳлати ҳаҷравӣ аз ин зиёрат бенасиб монданд.



Аз ин миён 60 каси онҳо, ки натавонистанд пулҳои худро бозпас бигиранд, барои ёрӣ ба мақомоти тафтишот муроҷиъат карданд.



Мақомоти тафтишотии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар асоси шикояти даъвогарон алайҳи масъулони ин ширкат, аз ҷумла раис, муовин ва як ходими он, кори ҷиноӣ оғоз карда, ба таҳқиқи қазия мепардозад. Тафтишот бо анҷоми баррасии парвандаи Назаршо Ҳақназаров, Фазлиддин Ақлиддинов ва Таваралӣ Касиров онҳоро бо бандҳои гуногуни қонуни кайфарӣ (аз ҷумла бо иттиҳоми сӯистифода аз мақоми хидматӣ, қаллобӣ, сохтакорӣ дар таҳияи аснод ва соҳибкории ғайриқонунӣ) айбдор карда, ҷиҳати муҳокима ва таъйини ҷазо ба додгоҳ иросол намуд.



Зубайдулло Маҳмудов, додраси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки муҳокимаи парвандаи ҷиноии мазкурро ба анҷом расонидааст, гуфт раванди додгоҳӣ исбот кардааст, ки ин афрод даст ба чанд қонуншиканӣ зада, беш аз 150 000 доллари шаҳрвандонро аз они худ кардаанд.



Оқои Маҳмудова афзуд, ки, дар асоси ҳукми додгоҳ, ин афрод мӯҳлати ҷазои худро дар зиндони низомаш сангин сипарӣ намуда, ҳамчунин маболағи афроди фиребхӯрда аз ҳисоби онҳо рӯёнида хоҳад шуд.



Аммо масъулони ширкати «Холид Музаффар» ва вакилони дифоъи онҳо ба дурустии ҳукми додгоҳ шубҳа доранд. Яке аз вакилони дифоъи онҳо Сайидакрам Умаров гуфт, ки ҳукми мазкурро дар додгоҳи болоӣ ба баҳс хоҳад кашид, зеро ӯ ва нафарони таҳти ҳимояташ ҳукмро мунсифона намеҳисобанд ва дар ин бора додгоҳро низ воқиф карданд.



Зимнан, масъулияти гуселу қабули зойирони тоҷикистонии хонаи худоро аз соли 2005 бад-ин сӯ танҳо мақомоти давлатӣ ба ӯҳда доранд – ширкат ва ё корхонае дигар, ки мехоҳад ин корро анҷом диҳад, бояд иҷозатномаи хосси мақомотро дошта бошад, ки, воқиъан, ширкати «Холид Музаффар» онро надоштааст.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.