Демократҳо ва коммунистони Кӯлоб аз иштирок дар интихобот ба маҷлиси вакилони халқи шаҳр даст кашиданд

Кӯлоб. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Демократҳо ва коммунистони шаҳри Кӯлоб қарор карданд, ки дар интихобот ба маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб иштирок накунанд.   Амрохон Сафаров, раиси созмони минтақавӣ ва шаҳрии Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) дар Кӯлоб, ҷиноҳи М.Собиров мегӯяд, «демократҳо ба шаффофият ва ростии низоми интихоботӣ эътимод надоранд ва бо дастони худ қонунияти […]


Кӯлоб. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Демократҳо ва коммунистони шаҳри Кӯлоб қарор карданд, ки дар интихобот ба маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб иштирок накунанд.

 





Амрохон Сафаров, раиси созмони минтақавӣ ва шаҳрии Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) дар Кӯлоб, ҷиноҳи М.Собиров мегӯяд, «демократҳо ба шаффофият ва ростии низоми интихоботӣ эътимод надоранд ва бо дастони худ қонунияти дар амал мавҷуднабудаи интихоботро тасдиқ карданӣ нестанд». А.Сафаров ҳамчунин иброз дошт, ки онҳо ният доранд, намояндаи худро аз ҳайати комиссияи интихобот низ бозхонд кунанд.



Котиби аввали кумитаи минтақавӣ ва шаҳрии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар Кӯлоб Шариф Сафаров мӯътақид аст, ки онҳо дар маҷлиси шаҳрӣ панҷ ҷой доранд ва ин миқдор кифоя аст, ки дар маҷлис баррасии баъзе масоилрор пешниҳод кунанд. «Аксариятро дар маҷлис, ки аз 40 нафар иборат аст, мо бе ин ҳам соҳиб шуда наметавонем», – гуфт ӯ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.