Вазорати умури хориҷӣ: Мо ба тақдири зани тоҷике, ки худро дар назди бинои ҳукумати Покистон оташ заданист, беэътино нестем

            Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Давлат Назриев, роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт, ки вазорат ба тақдири зани тоҷике, ки ба нишони эътироз худро дар назди бинои ҳукумати Покистон оташ заданист, беэътино нест.             Номбурда қазияро чунин шарҳ дод: «Зани тоҷик   ба […]




           

Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Давлат Назриев, роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳор дошт, ки вазорат ба тақдири зани тоҷике, ки ба нишони эътироз худро дар назди бинои ҳукумати Покистон оташ заданист, беэътино нест.





           

Номбурда қазияро чунин шарҳ дод: «Зани тоҷик

 

ба исми Фотимабибӣ соли 1992 ба Аморати Муттаҳидаи Араб рафта, дар он ҷо ба шаҳрванди Покистон ба шавҳар мебарояд ва шаҳрвандии ин кишварро қабул мекунад. Сипас онҳо ба Покистон мераванд ва дар он ҷо соҳиби духтар мешаванд. Аввалҳои моҳи сентябр мард бо кӯдак бедарак шуда, занро бидуни маблағе барои рӯзгузаронӣ ба ҳоли худ мегузоранд. Ҷустуҷӯҳои зиёди зан ҳеҷ натиҷае надодаанд ва ӯ қарор додааст, дар ҳузури рӯзноманигорон даст ба худкушӣ занад».




           

Ба гуфтаи ӯ, вазорат ба сафорати Тоҷикистон дар Исломобод супориш додааст, то ба ин қазия расидагӣ намуда, мувофиқи имконот аз зани тоҷик пуштибонӣ кунанд.




           

«Ба мо маълумоте расида, ки имрӯз сарвазири Покистон, ҷаноби Юсуф Ризо Гелонӣ Фотимабибиро ба ҳузур пазируфта, дар ҷустуҷӯи духтари ӯ мусоидату кӯмак хоҳад кард», – иттилоъ дод Д.Назриев.




           

Намояндаи вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ҳамчунин зикр кард, ки ҳамаи дипломатҳои муқими Покистон аз Душанбе супориш гирифтаанд, ки дар мавриди ҳалли қазияи мазкур ҳамеша

 

бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар робита бошанд.


 




Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.