Сарфи назар аз норасоии зарфҳои шишагӣ, дар Суғд истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот афзуд

0


Хуҷанд. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон сарфи назар аз норасоии зарфҳои шишагӣ, корхонаҳои коркарди меваю сабзавот истеҳсоли консерваҳоро зиёд карданд.




Иҷрокунандаи вазифаи мудири корхонаи фаръии «Идораи хӯроквории вилояти Суғд» Абдукарим Воҳидов дар сӯҳбат бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки соли равон корхонаҳои коркарди меваю сабзавот 27 ҳазору 209 тонна маҳсулотро коркард намуданд ва аз он 51303 ҳазор банкаи шартии консерва тайёр карда шуд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 11 546 адад бештар аст.



Коршиносон афзоиши коркарди маҳсулотро ба ҳосили фаровони имсолаи зардолу нисбат медиҳанд. Дар қаламрави вилоят 12 корхонаи бузурги коркарди меваю сабзавот ва як қатор корхонаҳои хурд дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Панҷакент, Исфара, Конибодом ва Ашт фаъолият доранд.



Мудири кулли Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Корхонаи консерваи Хуҷанд» Абдурабӣ Сангинов мегӯяд, ки ҳамаи корхонаҳо айни замон ба таъминот бо зарфҳои шишагӣ ниёз доранд. «Соли равон мо ба 1 млн. зарфи шишагии ғунҷоиши 2-литра ва 1 млн. зарфи 1-литра эҳтиёҷ дорем, вале танҳо каме бештар аз 1 млн. 400 ҳазор зарф гирифтаему халос, – гуфт ӯ. – Аз ин рӯ, имкон надорем маҳсулоти зиёди воридшударо коркард намоем».



Мавсуф зикр кард, ки талабот ба чунин маҳсулот зиёд аст ва то моҳи январи соли оянда тоҷирон аз хориҷи кишвар онро мехаранд, вале, ба қавли ӯ, соли ҷорӣ маҳсулот басанда нест. Феълан 40 дарсади саҳмияҳои ҶСК «Корхонаи консерваи Хуҷанд» ба давлат таллуқ дошта, ба 60 дарсади он ширкати «Наво» (Душанбе) соҳиб аст.


Реклама на asia+

Имрӯз дар Боку маҷлиси Шӯрои фармондеҳони ҷузъу томҳои марзбони ИДМ баргузор мегардад

0



 

Душанбе. 19-уми сентябр – Имрӯз дар Боку маҷлиси Шӯрои фармондеҳони ҷузъу томҳои марзбони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад. Тоҷикистонро дар ин маҷлис фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ генерал-майор Шералӣ Мирзо намояндагӣ мекунад.




Дар ҷаласа беш аз 20 масъала муҳокима карда мешавад. Иштирокчиёни маҷлис роҷеъ ба вазъияти сарҳади давлатҳои ИДМ ва проблемаҳои асосии ҳамкории мақомоти марзбони Иттиҳод табодули назар намуда, натиҷаҳои амалиёти махсуси муштарак ва тадбирҳои пешгирикунандаи соли 2008 гузаронидашударо ҷамъбаст намуда, лоиҳаи баъзе ҳуҷҷатҳои ҳамкориро баррасӣ менамоянд.



Онҳо пешниҳодро дар бораи андешидани маҷмӯи тадбирҳои иловагӣ дар масъалаи назорати сарҳад барои ошкор намудани роҳҳои хориҷу ворид сохтани одамон бо мақсади хариду фурӯши онҳо, ба мақсад мувофиқ будани ташкили ҷузъу томҳои зудамали эҳтиётии мақомоти марзбонро барои ба роҳ мондани муборизаи самарабахш ба муқобили зуҳуроти номатлуби замони ҳозира ва ғайраро баррасӣ менамояд.




 



 



 

Реклама на asia+

Дар минтақаи наздисарҳадии Панҷ ду нафар шаҳрванди Афғонистон бо маводи мухаддир боздошт шуданд

0


Душанбе. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон аз кӯшиши навбатии интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ карда шуд.




Аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор доштанд, ки чанде қабл дар яке аз минтақаҳои назди сарҳадии Панҷ марзбонони тоҷик ду нафар шаҳрванди Афғонистон Султонмаҳмад валади Гулохон ва Рафиқ валади Шервалиро, ки ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур намудаанд, боздошт карданд.



«Зимни кофтукови амволи шахсии боздоштшудагон ба миқдори 15 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд», – афзуд манбаъ. Зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.




 

Реклама на asia+

Дар Екатеринбург барои муҳоҷирони кишварҳои узви ИДМ хобгоҳ месозанд

0



Хуҷанд. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Қарор шудааст, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) хобгоҳ сохта шавад. Имрӯзҳо дар мавзеи соҳилҳои обанбори Қайроққум ҳамоиши байнулмилалии Ташкилотҳои ғайридавлатии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия дар мавзӯи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, дифоъ аз ҳуқуқҳои онҳо ва мубориза бо падидаи харидуфурӯши одамон баргузор шуда истодааст ва дар ин чорабинӣ раиси иттиҳодияи ҷамъиятии «Уралский дом» (Русия) Леонид Гришин ба рӯзноманигорон дар бораи сохтмони чунин хобгоҳ хабар дод.




Ба қавли ӯ, барои сохтмони хобгоҳ аллакай қитъаи замон ҷудо карда шудааст. Бинои хобгоҳ барои зиндагии то 6000 муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ шудааст.




 



 




 




 



           





 







 




 



 

Реклама на asia+

Раиси шаҳри Душанбе: Дар пойтахт барқ реҷабандӣ намешавад

0



           

Душанбе. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷаласаи назоратии шаҳрдорӣ мири пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор дошт, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони дар пешистода дар шаҳри Душанбе реҷабандии истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ нахоҳад гашт. «Аввали ҳафтаи равон сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар ин хусус ба мақомоти дахлдор супориш дод», – гуфт ӯ.





           

Ба гуфтаи М.Убайдуллоев, феълан то ҳадди ниҳоии пур шудани об дар обанбори «Норак»


7,5 метр

боқӣ мондааст. «Дар сурати то ҳадди ниҳоӣ пур нагаштани обанбор, ҷумҳурӣ метавонад то 900 млн. кВт/соат нерӯи барқро талаф диҳад», – хабар дод раиси пойтахт.




           

Дар ҷаласа оид ба сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, газ ва об дар мавсими тирамоҳу зимистон ва сари вақт пардохтани музди истифодаи он ба аҳолии пойтахт муроҷиатнома қабул карда шуд.




           

М.Убайдуллоев таъкид сохт, ки бояд дар байни сокинони шаҳр ва хадамоти шаҳрӣ оид ба таъмини мардум бо нерӯи барқ, газ ва об созишнома ба имзо расад, ки дар он масъулияти ҷонибҳо мушаххас бошад ва дар сурати вайрон кардани шартнома, ҷониби ҷабрдида метавонад ба додгоҳ муроҷиат намояд.




           

Дар ҷаласа дар бораи то ҳадди ниҳоӣ коҳиш додани истифодаи нерӯи барқ дар фаввораҳои шаҳр, таҷҳизоти равшанидиҳии боғҳои фароғату истироҳат, хиёбонҳо ва лавҳаҳои рекломи берунӣ пешниҳодот карда шуданд.


Реклама на asia+

Э.Раҳмон: Мо забони русиро на бо талқини Маскав, балки баҳри гуфтугӯ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ меомӯзем

0


Душанбе. 19-уми сентябр ОИ «Азия-Плюс» – Ҳангоми суханронӣ дар маросими ифтитоҳи расмии Анҷумани


III


-уми зиёиёни илмӣ ва эҷодкори кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ мо бо забони русӣ гуфтушунид мекунем.




«Дар Тоҷикистон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ омӯзиши забони русӣ ҳатмӣ аст ва мо инро на бо талқини Маскав, балки барои он амалӣ месозем, ки бо ин забон мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо шарикони худ дар арсаи байнулмилалӣ ва чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ гуфтугӯву баромад мекунем.», – гуфт ӯ. Сарвари давлат қайд кард, ки донистани забони русӣ барои донишҷӯёну олимон ва дигар намояндагони ҷомеа шароиту имконоти мусоиди шиносоӣ бо дастовардҳои беназири илму фарҳанги ҷаҳонро фароҳам месозад.



Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки бояд сиёсатмадорон баҳри равуои бемалоли олимону зиёиёни кишварҳои иттиҳод дар қаламрави давлатҳо шароити мусоид ба вуҷуд оранд. «Дар наздикшавӣ ва ҳамгиройии халқҳои кишварҳо намояндагони илму фарҳанг саҳми назаррас доранд ва забони русӣ низ дар ин кор аҳамияти махсусро касб кардааст», – таъкид сохт сарвари давлати Тоҷикистон.


Реклама на asia+

Соли равон дар Хатлон бар асари садамаҳои нақлиёт 19 нафар ба ҳалокат расид

0



     



Қӯрғонтеппа. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз оғози сол то инҷониб дар роҳҳои мошингарди вилояти Хатлон 47 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 19 нафар ба ҳалокат расида, 61 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.




Тибқи иттилои як масъули соҳаи нозироти давлатии автомобилии вилояти Хатлон Ёрмамад Давлатов, аксари садамаҳои нақлиёт бо иштироки нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксиҳои хатсайрӣ рух додаанд. «Бо иштироки нақлиёти ҷамъиятӣ 40 дасади садамаҳо ба амал омаданд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки барои пешгирии садамаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингарди вилоят аз 15 то 25-уми сентябр амалиёти «Автобус» гузаронида мешавад.




 



Реклама на asia+

Аломатгузории хатти марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон идома дорад

0



               



Душанбе. 19-уми сентябр – Музокироти миёни Қирғизистону Тоҷикистон роҷеъ ба таъйини хатти марзи байни ин ду кишвар ҳанӯз ба давраи ниҳоии худ нарасидааст. Дар ин бора нашрияи электоронии «Тазар», ба нақл аз қавли Асеин Исоев, мудири департаменти Вазорати хориҷаи Қирғизистон дар умури давлатҳои ҳамсуд, хабар медиҳад. А. Исоев гуфтааст, ки ин музокирот бо дарназардошти риъояти меъёрҳои байнулмилалӣ, эҳтироми истиқлол ва якпорчагии марзҳои ҳамдигар соли 2002 шурӯъ шуда буд.





 


          

Тӯли умумии марзи миёни ду кишвар 970 километрро ташкил мекунад ва он то қаторкӯҳҳои Олой ва Туркистон доман густардааст. Дар ҳамин ҳол дасти кам


500 км

тӯли марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон аломатгузорӣ шудааст.




 


          

Ин ҳам дар ҳолест, ки коршиносони ҳар ду кишвар дар садади дақиқ намудани хатти марз ва аломатгузории қисмати боқимондаи марз мебошанд. Ба таъкиди мудири департаменти Вазорати хориҷаи Қирғизистон, ҷонибҳо муҳлати ниҳоии таъйин ва аломатгузории марзро ҳанӯз дақиқ муайян накардаанд.




 


          

Ба таъкиди А. Исоев, вақти анҷоми ин кор чандон муҳим набуда, кофист, ки байни ҷонибҳо ҷиҳати таъйин ва аломатгузории марз ихтилофи назар рӯи кор наояд: «Чунин шитобкорӣ мунҷар ба сар задании низоъ ва ихтилоф, ҳамчунин нооромиву бесуботӣ хоҳад шуд».




 


          

Оқои Исоев ибораи «минтақаҳои баҳснок»-ро дуруст намешуморад. Ба гуфтаи ӯ, чунин минтақаҳои, ба истилоҳ, баҳснок дар миёни Қирғизистону Тоҷикистон вуҷуд надоранд. Вале, меафзояд ӯ, он қисмати марз, ки муайян кардани хатти саҳеҳи он мушкил эҷод мекунад, бо дарназардошти мавқеъгирии тарафайн, дар сатҳи болоии ҳукуматҳои ин кишварҳо ҳал хоҳанд шуд.




 


          

Бино бар гуфтаи оқои Исоев, танзими марз дар водии Фарғонаро лозим аст тавассути «гузашт ва мусолиҳа» ҳал намуд, ки дар чунин маворид, аслан, ҳеч фишори сиёсиву иқтисодӣ ё низомӣ маънӣ нахоҳад дошт.



Ва Қирғизистон маҳз аз ҳамин принсипҳо истифода хоҳад кард, суханашро тазаккур дод мудири департаманти Вазорати хориҷаи Қирғизистон дар умури давлатҳои ҳамсуд. Ӯ муътақид аст, ки ба ҳар сурат анҷоми таъйин ва аломатгузории хатти марзи миёни Қирғизистону Тоҷикистон дар зудтарин фурсат дар тавсеъаи ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодии байни ин кишварҳо мусоъидат хоҳад кард.


Реклама на asia+

Эмомалӣ Раҳмон ба шоирони ҷавони кишварҳои узви ИДМ ҷоизаҳо супурд

0


Душанбе. 19-уми сентябр – Дирӯз дар Душанбе маросими супурдани


ҷ


оизаҳои адаб


ӣ


ба ғолибони озмуни «Адибони


ҷ


авони мамлакатҳои ИДМ» баргузор гардид.


Ҷ


оизаҳоро Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон супорид.




Ҷ


оизаҳои озмун насиби адибони


ҷ


авони


Ҷ


умҳуриҳои Белорусия, Украина, Озарбой


ҷ


он, Гур


ҷ


истон, То


ҷ


икистон, Федератсияи Русия, Молдавия, Қирғизистон ва Қазоқистон гардиданд.



Ҳайати доварони озмун таҳти раёсати овозхони машҳур П


ӯ


лод Булбул


ӯ


ғл


ӣ


ғолибони озмунро муайян намуд. Дар озмун намояндагони бештар аз 10 мамлакати собиқи ш


ӯ


рав


ӣ


ширкат варзид. Аз То


ҷ


икистон дар ин озмун шоира Дилором ғолиб омад ва сазовори диплом гардид.


Реклама на asia+

Русия барои барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ дар Осетияи Ҷанубӣ аз кишварҳои ИДМ дастгирӣ мехоҳад

0


Душанбе. 19-уми сентябр – Дар ҳамоиши сеюми рӯшанфикрони кишварҳои мустақили муштарак-ул-манофеъ дар минтакаи Пуғус, воқеъ дар 40 килуметрии шимоли шаҳри Душанбе роҳҳои баркарор сохтани равобити ҳасанаи фархангӣ, илмӣ ва ҳунарии даврони шӯравӣ дар миёни кишварҳои узви ин Иттиҳод баррасӣ шудааст.




Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш ба ҳифзи осори таърихию фарҳангӣ ба ҳангоми мунозеъоту даргириҳо таъкид шуда ва ҳодисаи тахриб шудани осори таърихӣ дар Осетиёи Ҷанубӣ аз сӯи нерӯҳои Гурҷистон маҳкум гардидааст.

 




Ҳифзи осори таърихӣ яке дигар аз масоили мавриди баҳс дар ин ҳамоиш буда ва ширкаткунандагон ба зарурати тасвиби мусаваббаи вижа дар заминаи ҳимояти осори таърихӣ ба ҳангоми мунозеъот ва даргириҳо дар қаламрави кишварҳои мустақили ҳамсуд таъкид карданд.

 




Зеро ба эътиқоди Михаил Швидко, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фарҳангӣ дар ҷараёни даргириҳо дар Осетиёи Ҷанубӣ дар моҳи гузашта, бахши умдаи осори гаронбаҳои таърихию фарҳангии шаҳри Схинволи аз сӯи нерӯҳои Гурҷистон комилан тахриб гардидаст.

 




Қарор аст, Ҳамоиши сеюми рӯшанфикрони кишварҳои узви Иттиҳоди мамолики мустақили муштаракулманофеъ феҳристи масоили мубрами фарҳангӣ, илмӣ ва ҳунариро таҳия карда ва барои баррасӣ ба ҷаласаи сарони кишварҳои узви ин Иттиҳод пешниҳод кунанд.

 



Реклама на asia+