Дар шаҳри Хуҷанд президенти Тоҷикистон бо фаъолияти корхонаи ресандагии «Хуҷанд-Нику» аз наздик шинос гардид

0



           

Душанбе. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон баҳри иштирок дар идомаи тантанаҳои идонаи бахшида ба солгарди 17-уми истиқлоли давлатии То


ҷ


икистон, 1150 – солагии Аб


ӯ


абдулло Р


ӯ


дак


ӣ


ва Соли бузургдошти забони то


ҷ


ик


ӣ


ба шаҳри Ху


ҷ


анди вилояти Суғд ташриф овард.




Дар фур


ӯ


дгоҳи шаҳри Ху


ҷ


анд Эмомал


ӣ


Раҳмонро роҳбарият ва намояндагони аҳли


ҷ


амоатчигии вилояти Суғд бо шук


ӯ


ҳу шаҳомати идона истиқбол гирифтанд.



Боздиди идонаи Президенти То


ҷ


икистон аз вилояти Суғд бо иштирок намудани


ӯ


дар маросими ифтитоҳи пайкараи бирин


ҷ


ии Аб


ӯ


абдуллоҳи Р


ӯ


дак


ӣ


дар шаҳри Ху


ҷ


анд оғоз ёфт. Сарвари давлат дар соҳили чапи Сирдарё парда аз болои лавҳаи ёдгории пайкара бардошта, онро ба сокинону меҳмонони шаҳри Ху


ҷ


анди бостон


ӣ


баҳри ар


ҷ


гузор


ӣ


ба қофиласолори шеъру адаби то


ҷ


ик Аб


ӯ


абдуллоҳи Р


ӯ


дак


ӣ


боз намуд.



Сипас бо иштироки ӯ сохтмони бинои нави Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати То


ҷ


икистон оғоз ёфт. Президенти То


ҷ


икистон зимни суханронии худ дар назди устодон ва шогирдони ин донишгоҳ, ки имсол 15-сола шуд, онҳоро бо санаҳои фархундаи умумимилл


ӣ


ва солгарди 15-уми ин даргоҳи илму маърифат шодбош гуфт. Чунонки аз суханрон


ӣ


маълум шуд, ин бинои нимсохт аз мувозанаи Бонки миллии То


ҷ


икистон бароварда, ба ин донишгоҳ дода шудааст, то ки минбаъд дар он барои 3000 нафар дониш


ҷ


ӯ


шароити муосири таҳсилу илмом


ӯ


з


ӣ


муҳайё гардад. Дар ин бино 100 синфхонаи бузургҳа


ҷ


м, 24 синфхонаи хурд ва 1 толори ма


ҷ


лисгоҳ бунёд хоҳад ёфт. Э.Раҳмон мужда расонд, ки ҳар сол барои боз ҳам беҳтар намудан


ӣ


шароити таълим


ӣ


дар ин донишгоҳ аз фонди захиравии Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон 1 миллион


ӣ


сомон


ӣ


то пан


ҷ


соли оянда


ҷ


удо мегардад.



Дар шаҳри Ху


ҷ


анд Президенти То


ҷ


икистон ҳамчунин ба мавзеи бунёди фабрикаи ресандагии Ху


ҷ


анд-Нику, ки аз


ҷ


ониби ширкати то


ҷ


икистонии Ху


ҷ


андинвесткоттон ва ширкати эронии Нику бунёд меёбад, ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмону васлгарии он аз наздик шинос шуд.



Зимни шиносо


ӣ


зикр гардид, ки сохтмону та


ҷ


ҳизи ин бинои нимсохт тибқи супориши Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон баҳри коркарди ҳарчи бештари нахи пахта дар дохили кишвар моҳи майи соли равон оғоз ёфт ва то имр


ӯ


з аксари корҳои он ан


ҷ


ом ёфта, техникаю та


ҷ


ҳизоти бо технологияи


ҷ


опон


ӣ


дар кишвари Австрия сохташуда ба ин


ҷ


о ворид гардидааст. Корхона аз се коргоҳи асоси иборат буда дар он корҳои пахтасафедкун


ӣ


ва истеҳсоли ришта, дастмол, сачоқ ва либосҳои бемористон


ӣ


ба тариқи истеҳсолоти бепартов ба роҳ монда мешавад.Тибқи нақшаи роҳбарият навбати аввали корхона то охири моҳи ноябри соли равон бояд ба истифода дода шавад ва 250 нафарро бо


ҷ


ойи кор ва маоши хуб таъмин намояд. Баъди ба кор даромадани се навбати корхона дар он барои 600 нафар


ҷ


ойи кор омода мегардад. Мувофиқи маълумоти технолог


ӣ


навбати аввали корхона метавонад дар як сол аз 3000 тонна нахи пахта 2500 тонна риштаи хушсифат истеҳсол намояд. Корхона дар оянда бо иқтидори пуррааш метавонад 9000 тонна нахи пахтарро коркард кунад. Эмомал


ӣ


Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки оянда ҳамчунин корхонаҳои бофандаг


ӣ


, рангубор ва д


ӯ


зандаг


ӣ


низ бунёд карда шаванд, то коркарди пурраи нахи пахта дар дохили кишвар таъмин гардад.



Дар боғи навбунёди Ваҳдати шаҳри Ху


ҷ


анд Сарвари давлат Эмомал


ӣ


Раҳмон дар фазои тантанав


ӣ


ба сохтмони чойхонаи нави милл


ӣ


, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда, оғози расм


ӣ


бахшид. Мавриди зикр аст, ки бунёди ин боғ дар масоҳати


120 гектар

20 марти соли равон бо иштироки сарвари давлат ва намояндагони сершумори зиёиёни кишвар чун армуғони навр


ӯ


зии онҳо оғоз ёфта буд. Дар боғ 14 намуд дарахтони мевадиҳандаю сояафкан аз


ҷ


ониби деҳқонону боғпарварони тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шинонда шудааст, ки шумораи умумии ниҳолҳо 44 ҳазор бехро ташкил медиҳад. Роҳбари Давлат ва ҳамроҳони


ӯ


дар ин


ҷ


о шоҳиди истифодаи пурсамари заминҳои обии байни дарахтон шуданд. Деҳқонон ният доранд, ки дар ин


ҷ


о се- чор ҳосили сабзавот ва зироатҳои лубиёгию полез


ӣ


р


ӯ


ёнанд. Э.Раҳмон нашъунамои дарахтони наврустаро аз назар гузаронда, ба масъулин дастур дод, ки нигоҳубини онҳоро мувофиқи талаботи агротехник


ӣ


ба роҳ монанд, то ки боғ ба як боғи намунавии кишвар табдил ёбад.



Минбаъд боздиди идонаи Президенти То


ҷ


икистон аз вилояти Суғд дар ноҳияҳои Истаравшану Шаҳристон идома ёфт. Мардуми фарҳангпарвару қадршиноси шаҳри Истаравшани бостон


ӣ


сарвару раҳнамои давлати навину соҳибистиқлоли то


ҷ


икон Эмомал


ӣ


Раҳмонро бо шукргузор


ӣ


аз сиёсати сулҳофарию шукуфонии кишвар дар фазои тантанав


ӣ


истиқбол гирифтанд. Бо иштироки Эмомал


ӣ


Раҳмон навбати дуюми корхонаи «Оби зулол» расман ба кор шур


ӯ


ъ намуд. Зимни шиносо


ӣ


бо корхона зикр гардид, ки дар он дар ҳамкор


ӣ


бо шарикони хори


ҷ


ӣ


бо хар


ҷ


и зиёда аз 2,5 миллион доллари амрико


ӣ


хатти нави технолог


ӣ


омодаи кор гаштааст, ки дар як соат метавонад 6 ҳазор баста шарбати таби


ӣ


истеҳсол намояд. Иқтидори солонааш бошад, ба 36 миллион литр баробар аст. Сифати шарбатҳо ва зарфҳои истифодашаванда


ҷ


авобг


ӯ


ба талаботи байналмилал


ӣ


буда, рақобатпазирии маҳсулоти корхонаро дар бозори


ҷ


аҳон


ӣ


таъмин менамоянд. Роҳбари корхонаи «Оби Зулол» ба Сардори давлат қавл дод, ки дар Истаравшан аз ҳисоби даромадҳои худ


ӣ


барои 340 нафар хонанда як мактаби ҳозиразамон бо тамоми та


ҷ


ҳизоту асбобҳои хонишаш бунёд карда то оғози соли таҳсили 2009-2010 ба истифода медиҳад. Сарвари давлат аз рафти корҳо дар ин корхона изҳори хушнуд


ӣ


карда, ба масъулини соҳаи кишоварз


ӣ


ва саноати х


ӯ


роквории

 

кишвар дастур дод, ки баҳри коркарди васеъи тамоми маҳсулоти кишоварз


ӣ


дар дохили


ҷ


умҳур


ӣ


ва муҳайё намудани


ҷ


ойҳои нави кор


ӣ


пайваста тадбирҳои судбахш андешанд.



Бо истифода аз фурсати ғанимат Эмомал


ӣ


Раҳмон ҳамчунин ба мавзеи бунёди нақби мошингарди Шаҳристон ташриф оварда, бо

 

рафти сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳимми нақлиёт


ӣ


ва пайвандгари


ҷ


анубу шимоли кишвар аз наздик шинос шуд.



Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон бо сохтмончиёни то


ҷ


ику чин


ӣ


с


ӯ


ҳбатҳои гарму самим


ӣ


ан


ҷ


ом дода, ба роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои наздик ба нақби Шаҳристон дастур дод, ки пайваста аз эҳтиё


ҷ


оти моддию маънавии онҳо бохабар бошанд.



Зимни шиносо


ӣ


бо рафти корҳои сохтмону васлгар


ӣ


зикр гардид, ки тибқи нақшаи кор


ӣ


бунёди нақби Шаҳристон бояд то моҳи декабри соли оянда пурра ба ан


ҷ


ом расонда шавад. Эмомал


ӣ


Раҳмон таъкид намуд, ки тамоми корҳои сохтмону васлгар


ӣ


бояд бо сифати баланд ва дар сатҳи талаботи байналмила


ӣ


ан


ҷ


ом дода шаванд.



Боздиди Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон

 

Эмомал


ӣ


Раҳмон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дорад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.






 



Реклама на asia+

Чин дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли сементи иқтидори 1 млн. тонна дар як сол бунёд карданист

0


Душанбе. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ду ширкати чиноӣ ният доранд, дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли сементи иқтидори 1 млн. тонна дар як сол бунёд намоянд.




Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор доштанд, ки ҳафтаи сипаришуда дар Урумчӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ду ширкати чиноӣ Протокол оид ба

 

нияти сохтмон ба имзо расидааст.



«Мӯҳлати иҷрои лоиҳа бо сармоягузории пурраи ҷониби Чин 30 моҳро дар бар мегирад», – зикр кард сарчашма.



Бино ба иттилои манбаъ, то ахири моҳи сентябр ба Душанбе коршиносони чиноӣ меоянд ва макони сохтмонро ҳукумат ва вазорати энергертикаву саноати Тоҷикистон муайян хоҳанд кард. Дар ин хусус ҳангоми баргузории намоишгоҳи тиҷоратии хориҷии Урумчӣ дар Чин мувофиқа ҳосил шуда буд.



Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки талаботи ҷумҳурӣ ба семент ҳамасола 40 дарсад зиёдтар мешавад ва айни замон он ба 1,5 млн. тонна семент дар як сол арзёбӣ мешавад. Ягона корхонаи бузурги истеҳсоли сементи кишвар «Тоҷиксемент» бо иқтидоои истеҳсолии 1 млн. тонна семент дар як сол ба иллати фарсудашавии таҷҳизотҳо соле то 500 ҳазор тонна семент истеҳсол мекунад ва барои қонеъ сохтани талабот, ин масолеҳи зарурии сохтмонӣ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад.


Реклама на asia+

FAO ба сокинони ноҳияи Мӯъминобод кӯмаки башардӯстона мерасонад

0

 



           

Кӯлоб. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Мӯъминобод барӯйхатгирии аҳолии мӯҳтоҷ ба кӯмаки Барномаи ғизо ва кишоварзии (


FAO


) Созмони Милали Муттаҳид шурӯъ гардид.





           

Мудири маркзаи дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд» Додарбек Сайдалиев ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки тибқи амалисозии барнома дар ин ноҳия ба 700 нафар эҳтиёҷмандон 140 тонна хӯроки чорво, 1 ҳазору 400 кило тухмии хӯроки чорво, 28 тонна нуриҳои минералӣ ва 210 кило

 

доруворӣ тақсми карда мешавад.




           

Ба гуфтаи Д.Сайдалиев, рӯйхати оилаҳои эҳтиёҷмандонро намояндагони ҷамоатҳо дар маҷлисҳои умумӣ тартиб медиҳанд. «Ба иллати сардиҳои зимистони соли гузашта


FAO


дар ҳамдастӣ бо вазорати кишоварзӣ миқдори маблачғи хисорот дар соҳаи чорводориро муайян карданд, ки мувофиқи маълумоти пешакӣ он ба 250 млн. доллари амрикоӣ баробар аст», – гуфт Д. Сайдалиев ва афзуд, ки лоиҳаи мазкур посухест ба Изҳороти СММ ба ҷамъиятҳои мададрасон ва он аз ҷониби Идораи рушду ҳамкории Швейтсария (


SDC


) маблағгузорӣ карда мешавад.


Реклама на asia+

Дар Панҷакент чорабиниҳои ҷашнии 1150-умин солгарди Абӯабдулло Рӯдакӣ оғоз мегарданд

0



            




 

Душанбе. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 1150-умин солгарди сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллои Рӯдакӣ оғоз мегарданд.





           

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар чорабиниҳои ҷашнӣ президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, аъзои ҳукумат ва вакилони парлумони ҷумҳурӣ, намояндагони зиёиёни эҷодкор ва аҳли илм, иштирокчиёни Анҷумани тоҷикони ҷаҳон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, аҳли ҷомеа ва сокинони маҳаллӣ иштирок хоҳанд кард.




           

«Дар чаҳорчӯбаи таҷлили солгарди Абӯабдулло Рӯдакӣ дар зодгоҳи ӯ – деҳаи Панҷрӯд маросими ифтитоҳи муҷассама ва мақбараи бозсозишудаи шоир

 

доир мегардад», – изҳор дошт манбаъ.




 

Реклама на asia+

Ҳ.Зарифӣ бо ректори Донишгоҳи Монтана масоили ҳамкориро баррасӣ кард

0


Душанбе. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл вазири умумри хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҳайати намояндагони Донишгоҳи Монтанаи Амрикоро таҳти роҳбарии ректори ин донишгоҳ Ҷорҷ Деннисон ба ҳузур пазируфт.




Роҳбари департаменти иттилооти вазорати умури хориҷӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар мулоқот масоили ба роҳ мондани муносиботи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ин донишгоҳ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.



«Ҳайти намояндагони донишгоҳи Амрико барои иштирок дар тантанаҳои ҷашнии 17-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 1150-умин солгарди асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ ба кишвари мо ташриф овардаанд», – изҳор дошт манбаъ.


Реклама на asia+

Дар ҷануби кишвар тамрини низомии мақомоти қудратии Тоҷикистону Русия оғоз гардид

0


Душанбе. 10-уми сентябр – Тамринҳои муштараки низомии Тоҷикистон ва Русия – «Центр-2008» дар ҷануби кишвар оғоз ёфтаанд. Павел Конев, ёвари фармондеҳи аршади пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия, мегӯяд, ҳудудан якуним ҳазор низомиёни рус, кормандони вазорати умури дохилӣ ва масъулони амниятии Тоҷикистон дар ин тамринҳо роҳҳои нави мубориза бо терроризмро хоҳанд омӯхт.




Ба гуфтаи ӯ, дар ин тамринҳо 300 адад техникаи ҳарбӣ, аз ҷумла ҳавопаймоҳои низомӣ истифода мешаванд. Қарор аст, ин тамрини муштараки низомиёни Русия ва Тоҷикистон рӯзи 12 сентябр дар маҳалли Момирак, 200 – километрии шаҳри Душанбе, хотима ёбад.


Реклама на asia+

Дар Самарқанд ҷашни 1150-умин солгарди Абӯабдулло Рӯдакӣ пуршукӯҳ таҷлил гардид

0



           

Душанбе. 10-уми сентябр. – Дар шаҳри Самарқанд ба ифтихори таҷлили 1150-умин солгарди асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷики Абӯабдулло Рӯдакӣ чорабиниҳои пуршукӯҳи идона доир гаштанд. Дар ин бора аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хабар доданд.




Ба гуфтаи намояндаи сафорат, яке аз кӯчаҳои марказии пойтахт номи Рӯдакиро дошта, дар хиёбони марказии пойтахт – Регистон муҷассамаи шоир қомат афрохта, ин хиёбон низ номи Одамушшуароро гирфтааст.




           

«Чорабиниҳои ҷашнӣ аз гулчанбаргузорӣ зери пояи муҷассамаи шоир оғоз гардида, сипас дар театр наворҳои таърихии давраи ҳаёти шоир ва саҳначаҳо аз рӯи асарҳои ӯ намоиш дода шуданд», – изҳор дошт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд перомуни ҳаёту эҷодиёти шоир конфронси илмиву амалӣ доир гардида, шеърҳо аз ашъори шоир бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ ва русӣ қироат карда шуданд.


Реклама на asia+

Радиои «Азия-Плюс» шашсола шуд

0


Душанбе. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз нахустин радиои мустақили Душанбе – «Азия-Плюс» шашсола шуд. Дар таърихи 9-уми сентябри соли 2002 барои аввалин бор садои радиои мазкур дар фазои ҷумҳурӣ танинандоз гашт.




Мӯҳтавои барномаи радио мусиқивиу фароғатӣ буда, ҳамчнин аз бозиҳои интерактивӣ, барномаҳои маърифатӣ, мусоҳибаҳо бо шахсони маъруфи кишвар иборатанд. Радиои «Азия-Плюс» дар рӯи мавҷи


FM




107 пахш гардида, мавҷи он фарогири шаҳри Душанбе ва ноҳияи гирду атрофи пойтахт мебошад.



Ҳайати эҷодии ҷавони радио иди худро дар кору робита бо шунавандагон, пешвози меҳмонон ва тақдими тӯҳфаҳо ба ҳаводорони радио пешвоз гирифтанд. Дар роҳандозии фаъолияти пурсамари ҳайати эҷодии радио саҳми директори генералии ОИ «Азия-Плюс» Умед Бобохонов, сарвари иҷроияи радио Парвона Аҳрорӣ, директори тиҷоратӣ Нурхонов Далер, сармуҳосиб Мавлуда Хурсандова, менеҷери шӯъбаи фурӯш Татяна Чен, директори барномавӣ Манижа Аҳмадова, муҳаррири мусиқӣ Кирилл Камбаров ва дигарон хеле назаррас аст.


Реклама на asia+

Тоҷикистон 17-умин солгарди Истиқлолро ҷашн мегирад

0


Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон 17-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишварро ҷашн мегиранд.




Расо ҳабдаҳ сол қабл дар Иҷлосияи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ эълон гардида буд.



Тайи ин 17 соли пур аз нишебу фароз Тоҷикистон солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ва бӯҳронҳои зиёдеро паси сар кард ва устуворонаву мунтазам ба роҳи соҳибистиқлолӣ гом мебардошт.



Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори ин ҷашн изҳор дошт, ки «ҳабдаҳ сол пеш миллати кӯҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди бузург ва муқаддас – истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ҳоло мову шумо ин рӯйдоди муборак, яъне тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини худро бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем. Дар баробари ин иди бузурги умумимиллӣ мо ҳамчунин 1150-солагии зодрӯзи қофиласолори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро, ки бо қарори ЮНЕСКО дар саросари олам ҷашн гирифта мешавад, инчунин Соли бузургдошти забони тоҷикиро таҷлил менамоем, ки ин нишонаи ростини пайванди фарҳангу суннатҳои деринаи давлатдории мо бо истиқлолияти воқеии миллатамон мебошад».


 

Реклама на asia+

Кӯдакони хизматчиёни низомии артиши Чин, ки бар асари заминҷунбӣ зарар дидаанд, ҳафтае меҳмони Душанбе хоҳанд шуд

0





           

Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо даъвати Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз Чин ба шаҳри Душанбе кӯдакони хизматчиёни низомии артиши вилояти Сичуани Чин, ки моҳи майи соли равон бар асари заминҷунбӣ зарар дидаанд, ба Душанбе омаданд.









           

Сардори дафтари матбуоти вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки кӯдакон дар меҳмонхонаи «Пойтахт» зиндагӣ карда, зимни сафар аз тамоми ҷойҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон боздид хоҳанд кард. «Мо мекӯшем, ки ин сафари онҳо ба Тоҷикистон як умр дар нақши хотирашон боқӣ монад», – гуфт Ф.Маҳмадалиев.








           

Ба қавли Ф.Маҳмадалиев, меҳмонони хурдсолро вазири мудофиаи ҷумҳурӣ ба ҳузур пазируфта, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим хоҳад кард. Тамоми хароҷоти сафар, будубош ва истироҳату фароғати кӯдакони Чинро вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба ӯҳдаи худ гирифтааст.








 







Реклама на asia+