Тунели мошингарди Истиқлол ду моҳ баста мешавад

0


           Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тунели мошингарди Истиқлол, ки аз зери ағбаи Анзоб имрӯз рафтуои мошинҳоро байни маркази ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд таъмин менамояд, аз рӯзи 12 сентябри соли равон ба мӯҳлати ду моҳ баста мешавад. Дар ин бора дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди кории худ аз ин мавзеъ ба масъулини соҳа дастур дод.

 





Субҳи дирӯз Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеи сохтмони туннели мошингарди Истиқлол, ки аз зери ағбаи Анзоб рафтуои мошинҳоро байни маркази ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд таъмин менамояд, дидан карда, бо масъулини соҳа ва сохтмончиёни тоҷику эронии ин иншооти муҳимми инфрасохторӣ аз наздик сӯҳбат намуд.



Сарвари давлат ба онҳо хабар дод, ки рафтуои мошинҳо тавассути туннели Истиқлол аз рӯзи 12 сентябри соли равон ба мӯҳлати 2 моҳ қатъ карда мешавад, то ки онҳо ба кори сохтмончиён халал нарасонанд. Онҳо дар ҷавоб ба ин посух доданд, ки ба кори себастии шабонарӯзӣ гузашта, корҳои ниҳоии сохтмони тунелро дар мӯҳлати кӯтоҳ ва бо сифати баланд анҷом медиҳанд.



Э. Раҳмон таъкид намуд, ки корҳо бояд бо сифати баланди ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ то охири соли равон иҷро карда шаванд.



Сарвари давлат бо онҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳану мошингарди байни Тоҷикистону Афғонистону Эрон ва Тоҷикистону Қирғизистону Чин, дигар роҳҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ ва пулҳои бузург, ки тавассути онҳо чор сӯйи олам барои Тоҷикистон кушода мегардад, доир ба бунёди хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқу нерӯгоҳҳои барқӣ ва дигар мавзӯъҳо сӯҳбатҳои ҷолибу хотирмон анҷом дод.



Боздиди навбатии Эмомалӣ Раҳмон аз ин иншоот, ки ба рӯзи якшанбе рост омад, ба сохтмончиён рӯҳу илҳоми тоза бахшида, онҳоро ба меҳнати пурсамар водор намуд.



Хотиррасон мекунем, ки тибқи мувофиқаҳои Сарварони Тоҷикистону Эрон – Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод барои анҷом додани корҳои ҳаводиҳӣ ва равшаннамоии дохили тунел ба наздикӣ

 

аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон 6 миллион доллари амрикоӣ маблағи иловагӣ ҷудо карда мешавад.



То охири

 

соли равон корҳои ҳаводиҳию равшаннамоӣ ва аз обҳои зеризаминӣ хушк кардани тунел бояд пурра ба поён расанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Реклама на asia+

Дар Душанбе масоили мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия баррасӣ шуданд

0






 



           

Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ бо намояндагони созмони ҷамъиятии умумирусиягии «Иттиҳоди тоҷикистониёни Русия», созмони ҷамъияти вилоятии «Иттиҳоди тоҷикистониён», Ҷамъияти дӯстии халқҳои тоҷику руси «Сомониён»-и шаҳри Санкт-Петербург», Иттиҳоди тоҷикистониёни Самара ва дигарон масоили мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия баррасӣ шуданд.




           

Аз хадамоти вазорат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки иштирокдорони мулоқот масоили бақайдгирӣ, шуғл, ҳифзи иҷтимоӣ ва дифоъ аз ҳуқуқҳои иқтисодии муҳоҷиронро мавриди муҳокима қарор доданд.




           

Тибқи пешниҳоди Хадамоти муҳоҷират, бояд миёни марказҳои минтақавии миллии фарҳангӣ алоқаи мустақим ва доимо амалкунанда ташкил карда шуда, марказҳо бояд ҳамеша бо ҳам табодули иттилооту афкор намоянд ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти муҳоҷирони ҳамватан чораҳои муассир биандешанд.




           

Ғайр аз ин, Хадамоти муҳоҷират ҳамчунин пешниҳод кард, ки аз ҳисоби пардохтҳои ихтиёрии муҳоҷирони меҳнатӣ баҳри дастгирии оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирон дар ватан Фонди ҷамъиятӣ созмон дода шавад.




 


 





Реклама на asia+

Дар Душанбе мошиндузд дастгир карда шуд

0


Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз кормандони милиса ба гумони даст доштан дар мошиндуздӣ сокини пойтахт Акбар Ҳасанови 22-соларо боздошт карданд.




Роҳбари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки чанде қабл ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сокини Душанбе муроҷиат намуда гуфтааст, ки мошини навъи «Чанху» (Тангем)-и ӯро аз назди бозори «Саховат» шахсони номаълум дуздидаанд. Дар натиҷаи баргузории амаоиёти фавриву ҷустуҷӯӣ мошиндузд дастгир карда шуд.




 

Реклама на asia+

Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои роҳсозони Чин аз наздик шинос шуд

0



Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд



-Бӯстон-Чаноқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳсозони Ҷумҳурии Мардумии Чин низ аз наздик сӯҳбат намуда, аз рафти корҳои азнавсозии ин шоҳроҳи муҳим пурсон шуд.




Зимни сӯҳбат зикр гардид, ки бунёди қариб ҳамаи иншооти зиддитармавӣ, ки дарозии умумиашон аз ҷониби шаҳри Душанбе то туннели Истиқлол 3600 метрро ташкил медиҳад, то моҳи ноябр анҷом меёбад. Дар ҳамин мӯҳлат дар ин қитъаи роҳ корҳои мумфаршкунӣ низ қариб ба пуррагӣ анҷом дода мешаванд.



Аллакай имрӯз гуфтан мумкин аст, ки сохтмони қитъаи аз шаҳри Душанбе то наздикии деҳаи Майхураи ноҳияи Варзоби ин роҳ бо стандартҳои байналмилалӣ таҷдид шудааст.



Хотиррасон бояд кард, ки лоиҳаи мазкур бо маблағи 295,9 миллион доллари амрикоӣ азнавсозии пурраи шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ-Истаравшан-Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқро бо назардошти сохтмони қитъаҳои нави роҳ ва тунели Шаҳристон, ки дарозияш беш аз

 



5 км

аст, таъмин менамояд.



Азнавсозии ин роҳ ҳамчунин сохтмони туннели 900 – метраи Майхӯра, 38 адад пулҳои хурду бузург, наздики

6300 метр

иншооти зиддитармавӣ, ё худ тунелҳои рӯйизаминӣ, дар масофаи 5974

 

метр васл кардан ва хобонидани 352 адад қубурҳои обгузар ва дигар корҳоро дар бар мегирад.



Боздиди имрӯзаи Президенти Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмону васлгарӣ дар ин иншоот бори дигар собит намуд, ки ӯ чун раҳбару раҳнамои дилсӯзи мардум ҳамаи корҳои созандагию бунёдкориро

 

дар тамоми қаламрави кишвар таҳти назорат ва ғамхории доимии худ қарор додааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




 

Реклама на asia+

Соли 2009 дар Тоҷикистон Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардид

0


Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имр


ӯ


з президенти То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон изҳор дошт, ки соли 2009 дар То


ҷ


икистон Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон карда мешавад. Соли оянда 1310-умин солгарди асосгузори равияи мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам қайд карда мешавад.

 





Имр


ӯ


з Эмомал


ӣ


Раҳмон зимни суханрон


ӣ


дар ма


ҷ


лиси ботантана бахшида ба 17-умин солгарди Истиқлоли давлатии То


ҷ


икистон хидматҳои шоёни Имоми Аъзамро дар рушду муттаҳидсозии ислом назаррасу шоён арзёб


ӣ


намуда, зикр кард, ки 97 дарсади аҳолии кишвар аз мазҳаби ҳанафия пайрав


ӣ


мекунанд.





Маълумотнома:




Барои суннимазҳабон Аб


ӯ


Ҳанифа Н


ӯ


ъмон ибни Собит машҳур ба Имоми Аъзам (699—767)

 

донишманди забардасти илми фиқҳ ва ҳадис, пешво ва имоми аъзам шуморида мешавад. Вай мувофиқи тақозои замон ва макон амал карданро яке аз фаризаҳои асосии ислом медонист. Имоми Аъзам дар ҳалли масъалаҳои и


ҷ


тимоъ


ӣ


ғайр аз дастури китоби муқаддас, суннатҳо боз ба фикру андешаи мардум (и


ҷ


моъ), назариёти шахсони фозилу бар


ӯ


манд, қиёс, далел ва мантиқ ва қазовати солим такя мекард.



Бо саъю к


ӯ


шиши Аб


ӯ


Ҳанифа ва пайравони мактаби мазҳабии вай ислом барои мардуми Эрон мувофиқ ва созгор гардонда шуда буд ва ба ин васила дар байни онҳо интишор ёфта ва аз пуштибонии васеъ барх


ӯ


рдор гардид ва


ҷ


узви лоянфаки


ҷ


омеаи эрон


ӣ


шуморида шуд. Аммо он чи ки Имоми Аъзамро бузург ва бар


ҷ


аста гардонидааст, иборат аз он аст, ки вай дар як замони пуршиддати таъсуботи қавм


ӣ


ва забонии арабҳо аз забони форсии дар


ӣ


пуштибон


ӣ


ба амал оварда буд ва онро забони дину ойин, таъбиру тафсир ҳукм намуд. Забони форс


ӣ


соҳиби таърихи бостон


ӣ


буд, ҳатто р


ӯ


ҳониёни араб ҳам эътироф карда буданд, ки Иброҳим ва писараш Исмоил ба форс


ӣ


с


ӯ


ҳбат мекардаанд, дар аҳодиси набавв


ӣ


форс


ӣ


забони аҳли биҳишт дониста шудааст. Дар хилофати ислом ҳам тамоми коргузории идории халифаҳои ислом то соли 700 мелод


ӣ


ба форс


ӣ


сурат мегирифт. Вақте ки таъқибу фишор ва арабигардон


ӣ


дар хилофати Умавиҳо шиддат гирифт, Имоми Аъзам боз ҳам аз худ


ҷ


асорат, мардонаг


ӣ


ва фидокор


ӣ


нишон дода, забони форсии модарии худро забони расмии дин


ӣ


эълон намуда буд. Вилояти Парвон дар шимоли Кобул зодгоҳи вай шумурда мешавад. Вақте ки Имоми Аъзам дар муқобили таъассуби шадиди арабҳо форсиро дар паҳл


ӯ


и забони араб


ӣ


забони дину ойин эълон кард, бо ин иқдоми


ҷ


асуронаи худ вай на танҳо миллати эронии худро аз маҳвшав


ӣ


на


ҷ


от дод, балки мардумони Қафқоз, канораҳои Волга, туркҳо, ҳиндуҳо, чиниҳо, индонезиҳо, малазиягиҳоро, ки баъдан ба ислом гаравиданд, аз сарнавишти талхи мусулмонони қисмати ғарбии хилофати араб раҳо


ӣ


бахшид.


Реклама на asia+

Сафири Русия мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик кард

0



           



Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сафири Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов мардуми Тоҷикистонро бо ҷашни 17-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик кард.




Дар табрикот, аз ҷумла гуфта шудааст, ки Тоҷикистон бебозгашт роҳи сулҳу ваҳдат ва созандагиро пеш гирифта, нуфузашро торафт дар арсаи байнулмилалӣ баланд ва тавассути роҳандозии ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ устуворона ба бунёди ҷомеаи демократӣ гом мебардорад.



«Русия муносиботи ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро, ки шарики стратегӣ ва мӯътамади мост, назаррасу пураҳамият арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ менамояд, ки минбаъд низ муносиботи ҳамкории бисёрҷонибаи кишварҳо, ки ҳамеша ба анъанаҳои дӯстии беназир ва ҳусни ҳамҷаворӣ такя намуда, барои некӯҳволӣ ва беҳбуди мардуми кишварҳо нигаронида шудааст, боз ҳам густариш хоҳанд ёфт», – гуфта мешавад дар табрикот.


Реклама на asia+

Бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ се нафар ҷароҳат бардошта, ҷасади як нафар то ҳол пайдо нагардидааст

0



           

Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар километри 540-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, дар қаламрави ноҳияи Рӯшон садамаи нақлиётӣ рух дод, ки бар асари он се нафар ҷароҳат бардошта, ҷасади як нафар, ки хоҳари ронанда аст, то ҳол пайдо нагардидааст. Ронанда ва захмбардоштагон ба беморхона фиристода шудаанд.





           

Роҳбари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев дар сӯхбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ронандаи автомашинаи навъи «Нисан» сокини Рӯшон, Алим Толиббекови-35 сола суръати ҳаракати мошинро баланд намуда, аз ӯҳдаи идораи он намебарояд, ки дар натиҷа мошин ба дарёи Панҷ сарозер мегардад. Айни замон наҷотдиҳандагони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сокинони маҳаллӣ ҷасади хоҳари 24-солаи ронандаро ҷустуҷӯ мекунанд.


Реклама на asia+

ВАО-и Тоҷикистон Рӯзи байнулмилалии ҳамбастагии рӯзноманигоронро ҷашн мегиранд

0


Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ақсои олам ва Тоҷикистон низ Рӯзи байнулмилалии ҳамбастагии рӯзноманигорон ҷашн гирифта мешавад. Нимаи дуввуми рӯз ба ин муносибат дар толори маҷлиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо иштироки муҳаррирони васоити ахбори омма ва рӯзноманигорони варзидаи ҷумҳурӣ баргузории мизи мудаввар дар назар аст.




Дар ҷаласа масоили ҳамбастагии рӯзноманигорон мавриди баррасӣ қарор гирифта, бахусус ба масъалаи дифоъ аз ҳуқуқи журналистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад гашт.





 


Реклама на asia+

Низоми байнулмилалии интиқоли маблағи пулии CONTACT барои Тоҷикистону Ӯзбекистон хати телефонии ройгон ифтитоҳ кард

0


Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Низоми байнулмилалии интиқоли мабалағи пулии CONTACT барои Тоҷикистону Ӯзбекистон хати телефонии ройгон ифтитоҳ кард.




Сомонаи расмии ширкат хабар медиҳад, ки бо мақсади такмили навъҳои низоми хизматрасонӣ хадамоти воҳиди ройгони маълумоти телефонӣ барои васлшавии дигар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кор шурӯъ мекунад.



«Акнун ба Call-centre-и низом шаҳрвандони Ӯзбекистон тавассути шабакаи истифодаи умумӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути телефонҳои Ҷамъияти саҳомии кушоди «Тоҷиктелеком» бепул пайваст шуда метавонанд», – гуфта мешавад дар хабарномаи сомонаи ширкат. Чанде қабл сокинони Русия, Белорус, Молдова ва Қирғизистон низ бо чунин тарзи пайвастшавии ройгон ба низоми ширкат таъмин карда шуданд.

 



Реклама на asia+

Дар Душанбе ба ифтихори ҷашни 17-умин солгарди Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ маҷлиси тантанавӣ оғоз гардид

0


Аваз Юлдошев




Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ба ифтихори ҷашни 17-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси тантанавӣ оғоз гардид



Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар маҷлис аъзои ҳукумат, вакилони палатаҳои парлумони ҷумҳурӣ, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, меҳмонон ва иштирокдорони анҷумани тоҷикони ҷаҳон ва аҳли ҷомеаи кишвар ҳузур доранд. Дар анҷом консерти идонаи устодони санъати ҷумҳурӣ доир хоҳад гашт.


Реклама на asia+