Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаҳои кишвар гурӯҳҳои махсуси наҷотдиҳандагон ташкил мекунад

0


Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ба наздикӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва маркази ноҳияи Рашт – шаҳраки Ғарм гурӯҳҳои махсуси наҷотдиҳандагон ташкил мекунад.




Аз дафтари матбуоти кумита ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар баробари наҷотдиҳандагони касбӣ ба ҳайати гурӯҳҳо ҳамчунин 500 нафар ихтиёрӣ аз минтақаҳои мазкур шомил хоҳанд шуд. Ихтиёриён дар курсҳои махсус омодагӣ гирифтаанд.



«Кормандони Маркази наҷотдиҳии шаҳри Душанбе ба гурӯҳҳо кӯмаки техникиву касбӣ мерасонанд», – таъкид сохт манбаъ. Тибқи маълумоти сарчашма, дар Маркази наҷотдиҳӣ ҳудуди 200 нафар мутахассиси касбӣ кор мекунад.


Реклама на asia+

Дар Душанбе аз ҷараёни татбиқи Стратегияи ислоҳоти идораи давлатӣ натиҷагирӣ мекунанд

0


Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе семинар оид ба мониторинг ва натиҷагирӣ аз Стратегияи ислоҳоти идораи давлатӣ баргузор мешавад.




Дар семинар ҳудуди 20 нафар намояндаи вазорату муассисаҳо иштирок мекунанд. Иштирокдорони семинар ният доранд, аз ҷараёни татбиқи Стратегияи ислоҳоти идораи давлатӣ ва нақши он дар Стратегияи миллӣ ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ натиҷагирӣ кунанд.



Ба гуфтаи масъули баргузории семинар, корманди шӯъбаи иқтисоди Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Анвар Наҷмиддинов, мувофиқи маълумоти натиҷаҳои мониторинги соли гузашта, ҷараёни ислоҳоти идораи давлатӣ ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид. «Яке аз сабабҳои чунин ҳолат дар он ифода меёбад, ки заминаи зарурии иттилоотӣ барои баргузории мониторинг, ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот мавҷуд нест», – гуфт ӯ.



Қобили зикр аст, ки Стратегияи мазкур соли 2006 аз ҷониби президент тасдиқ гардида, то соли 2015 идома меёбад.



Дар семинар зикр гардид, ки барои татбиқи самараноки стратегия таъсиси Шӯрои миллии рушд дар ҳайати мансабдорони давлатӣ ба нақша гирифта шудааст. Ғайр аз ин, баргузории чунин семинарҳо барои васоити ахбори умум, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар намояндагони ҷомеа низ дар назар аст.


Реклама на asia+

Дар Ереван ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ ба кор шурӯъ кард

0


Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Ереван ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ капитан Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.




Тибқи иттилои манбаъ, ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласа муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон, сардори ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Рамил Нодиров роҳбарӣ мекунад.



«Дар ҷаласа баррасии масоили иҷрои нақшаи сохтмони эътилофи низомии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ то соли 2010 ва такмили омодагии фавриву низомии нерӯҳо ва воситаҳои амнияти дастаҷамъии созмон дар назар аст», – изҳор дошт манбаъ.



Ба гуфтаи Ф.Маҳмадалиев, дар ҷаласаи шӯро ҳамчунин масъалаҳои муқаррароти таҳия, маблағгузорӣ ва татбиқи барномаҳои мақсадноки созмон дар солҳои 2009-2009 ва тасдиқи нақшаи баргузории машварати коршиносон оид ба масоили такмили ҳамкориҳои низомӣ низ муҳокима хоҳанд шуд.



«Пагоҳ ҳайати намояндагони вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви ИДМ дар давраи ниҳоии чаҳоруми тамрини муштараки ситодҳо ва ҳайатҳои қумондонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ – «Сарҳад – 2008» иштирок хоҳанд кард.



Ёдрас мекунем, ки Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ 14-уми феврали соли 1992 бо қарори Шӯрои сарони кишварҳо таъсис дода шудааст ва ба ҳайати он кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомиланд.


Реклама на asia+

Тоҷикистон соҳиби боз як медали Олимпиадаи Пекин хоҳад шуд

0


Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз варзишгари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов дар мусобиқоти гӯштини тарзи озоди Олимпиадаи Пекин дар вазни то 84 килграмм барои медали тилло қувваозмоӣ хоҳад кард.




Президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ Нарзулло Латифов аз Пекин тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки Ю.Абдусаломов дар қувваозмоии ҳаштякниҳоӣ бо ҳисоби 8 бар 0 рақиби австралиягии худро мағлуб сохта, дар қувваозмоии чаҳорякниҳоӣ бо ҳисоби 7 бар 0 бар варзишгари украинӣ Тарас Данко дастболо гардид.





«Дар қувваозмоии нимниҳоӣ Юсуф Абдусаломов варзишгари Туркия Серхат Балчиро бо ҳисоби 4 бар 0 шикаст дод ва акнун дар даври ниҳоӣ бо варзишгари гурҷӣ Ревази Миндарашвили қувваозмоӣ хоҳад кард», – гуфт Н.Латифов.



Ҳамин тариқ, Юсуф Аюдусаломов ҳатто дар сурати бохти қувваозмоии охирин соҳиби медали нуқра хоҳад гашт. «Қувваозмоии ниҳоии мусобиқоти гӯштини тарзи озод дар ин вазн соати 13.00-и вақти Душанбе оғоз мешавад», – афзуд Н.Латифов.


Реклама на asia+

Ҳ.Зарифӣ сафири Туркманистонро бинобар анҷоми фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт

0


Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – 19 августи соли 2008 Вазири корҳои хори


ҷ


ии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Ҳамрохон Зариф


ӣ


Сафири Фавқулъода ва Мухтори Туркманистон А. Кубановро бино бар ан


ҷ


оми фаъолияти дипломатиаш дар То


ҷ


икистон ба ҳузур пазируфт.




Ҳ. Зариф


ӣ


зимни сипосгузор


ӣ


ва мусб


ӣ


арзёб


ӣ


намудани фаъолияти Сафири Туркманистон дар То


ҷ


икистон таъкид кард, ки маҳз дар давраи кории


ӯ


дар То


ҷ


икистон, тарафҳо дар соҳаҳои иқтисод, гуманитар


ӣ


ва самтҳои дигари ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду


ҷ


ониба ба комёбиҳои чашмгир муваффақ шуданд. Вазир ҳамчунин ёдовар шуд, ки А. Кубанов дар ташкили боздиди Президенти Туркманистон Г. Бердимухамедов аз То


ҷ


икистон ва ташрифи Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Э. Раҳмон аз Туркманистон, ки дар сатҳи баланди омодагиҳо сурат гирифтанд, фаъолона иштирок варзид.



Дар навбати худ Сафири Туркманистон бо изҳори қаноатманд


ӣ


аз имкону фурсати дастдодаи кор


ӣ


дар То


ҷ


икистон, ба Вазири корҳои хори


ҷ


ӣ


барои мусоидатҳояш дар пешбурди кор


ҷ


иҳати таҳкими робитаҳои мутақобилан самарабахш миёни ду кишвар арзи сипос кард ва дар фаъолияти минбаъдааш баҳри пешрафти То


ҷ


икистон муваффақиятҳо орзу намуд. Дар ин бора аз Департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.


Реклама на asia+

Овозхони тоҷик дар озмуни «Панҷ ахтар. Интервидение»

0


Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Овозхони 19-солаи тоҷик Таҳмина Ниёзова дар озмуни байнулмилалии сарояндагони ҷавон «Панҷ ахтар. Интервидение» ширкат хоҳад варзид. Озмун дар шаҳри Сочи аз 28 то 31-уми август баргузор мешавад.




Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сарояндаи ҷавон изҳор дошт, ки айни замон ӯ бо устоди худ – модараш Гулчеҳра Ниёзова дар шаҳри Маскав аст ва ба озмун омодагӣ мегирад. Ӯ мегӯяд, ки аз баргузории озмун танҳо то се рӯзи боқимондаи пешниҳоди дархост огоҳ шудааст ва фавран дархост равона кардааст. Пас аз панҷ рӯз аз кумиати тадорукоти озмун ба ӯ занг зада хабар додаанд, ки ӯ ҳуқуқи ширкат дар озмунро соҳиб шудааст. Сарулибоси саҳнавии сарояндаро ороишгари тоҷик Юсуф Саидов омода сохтааст.



Дар озмун сарояндагони синни 16 то 30 солаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Назди Балтика иштирок мекунанд ва Т.Ниёзова дар байни онҳо овозхони ҷавонтарин аст. Дар озмун ӯ таҳти рақами аввал сабт шуда, онро ифтитоҳ мекунад.



Овозхони тоҷик дар озмун ба тамошобинон дар рӯзи аввал суруди «Занги телефон» бо забони тоҷикӣ, дар рӯзи дуввум суруди «Гулҳои зери барф» аз эҷодиёти Лариса Долина бо забони русӣ ва дар рӯзи севум суруди «


Hero


»-ро аз эҷодиёти сарояндаи англис Мерай Кэрри ба тамошобинон пешкаш хоҳад кард.



Озмун тайи се рӯз дар шабакаи телефизионии «ОРТ»-и Русия намоиш дода шуда, ғолибон тавассути овоздиҳии


SMS




муайян карда мешаванд. Т.Ниёзова ҳамчунин иттилоъ дод, ки шабакаи «ОРТ» барои кишварҳое, ки намояндаашон дар озмун иштирок мекунад, намоиши ройгони озмунро таъмин мекунад. Манбаъ аз телевизиони «Шабакаи якум»-и Тоҷикистон иттилоъ дод, ки озмун дар рӯзҳои баргузории нишасти сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе доир мегардад ва аз ин рӯ, онҳо имкон надоранд, ки мустақиман онро намоиш диҳанд. Дар телевизиони фарҳангии «Сафина» бобати ин масъала ҷавоби мушаххасе дода нашуд.



Қобили зикр аст, ки Т.Ниёзова аз синни 14-солагӣ ба овозхонӣ шурӯъ карда, дар озмуни сарояндагони наврас «Асри нав» соҳиби ҷоиза гардидааст. Соли 2007 дар озмуни «Суруди сол» дар бахши «Симои тоза» ба ҷоиза сазовор дониста шудааст. Таҳмина Ниёзова набераи иҷрокунандаи маъруфи сурудҳои «Шашмақом» Боймуҳаммад Ниёзов аст.


Реклама на asia+

Президенти Тоҷикистон ва ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳонӣ масъалаҳои рушди бахши энергетикаи ҷумҳуриро баррасӣ мекунанд

0


Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати баррасии масоили стратегияи рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон дар кишвари мо қарор дорад.




Аз намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳайатро сармутахассиси соҳаи энергетикаи минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии бонк Рагувир Шарма роҳбарӣ намуда, боздид бо мақсади назорати ҷараёни татбиқи лоиҳаҳо дар бахши энергетика, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешаванд, сурат мегирад.



Интизор меравад, ки имрӯз Рагувир Шарма бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот хоҳад кард. Зимни боздид ҳайати намояндагони бонк бо роҳбарони вазоратҳои энергетикаву саноат, молия, рушди иқтисод ва савдо ва ширкати «Барқи тоҷик» дидору гуфтушунид намуд.


Реклама на asia+

Боксчии тоҷик Анвар Юнусов дар қувваозмоии чаҳорякниҳоӣ аз варзишгари таиландӣ шикаст хӯрд

0


Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Боксчии тоҷик Анвар Юнусов (вазни то


51 кг

) дар қувваозмоии чаҳорякниҳоии Бозиҳои олимпии Пекин аз варзишгари таиландӣ Самҷит Ҷонгҷиҳор шикаст хӯрд.




Президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ Нарзулло Латифов аз Пекин тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар қувваозмоии навбатӣ муштзани тоҷик бо ҳисоби 8 бар 1 мағлуб шуд.



Ёдрас мекунем, ки имрӯз намояндаи охирини Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов дар мусобиқоти гӯштини тарзи озод (вазни то

84 кг

) ба қувваозмоӣ шурӯъ мекунад.






 

Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ба андозаи 20 фоиз коҳиш ёфт

0


Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Тайи ҳафт моҳи соли равон дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ба андозаи 20,3 фоиз коҳиш ёфта, 297,3 млн. сомониро (беша аз $86 млн.983 ҳазор) ташкил дод.




Корхонаҳои пахтатозакунӣ истеҳсоли маҳсулотро ба андозаи 74,8 фоиз, истеҳсоли газвори пахтагӣ – 87,1 фоиз ва истеҳсоли нахи абрешим 67 фоиз кам кардааанд.



Дар ҳамин ҳол дар корхонаҳои бофандагӣ (101,4 фоиз) ва дӯзандагӣ (105,6 фоиз) тавлиди маҳсулот афзудааст.



Аз 147 корхонаҳои соҳа 46,3 фоизашон сатҳи тавлиди маҳсулотро дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта бештар кардаанд.


Реклама на asia+

Тоҷикони бурунмарзӣ ба сохтмони масҷид дар ноҳияи Ашт ёрӣ расониданд

0


Хуҷанд. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт маросими ба истифода додани масҷиди бузург баргузор шуд.




Сармутахассиси раёсат оид ба корҳои динии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар вилояти Суғд Юнус Шарифов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки масҷид

 

бо маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия, Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб кору зиндагӣ мекунанд, бунёд ёфтааст.



«Онҳо бо маблағҳои пулӣ кӯмак намуданд ва мутахасссисони маҳаллӣ бо ёрии сокинони ҷамоат тариқи ҳашар сохтмони масҷидро ба анҷом расониданд», – гуфт Ю.Шарипов.



Мавсуф зикр кард, ки муддати зиёдест, ки дар масҷиди тадриҷан бунёдёфта Абдураҳмон Дӯстматов имомхатибӣ мекунад. Дар масҷид дар як вақт то 500 нафар метавонанд ба тоату ибодат машғул шаванд. Феълан шумораи чунин масҷидҳои бузург дар вилояти Суғд ба 87 адад расидааст. Ҳамчунин боз 917 иншооту ҷойҳои нисбатан хурдтар барои иҷрои анъанаву расму оини мусулмонӣ мавҷуд мебошанд.

 





 

Реклама на asia+