Соҳибкорони эронӣ ба сармоягузорӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва таъсии корхонаҳои муштарак манфиатдоранд

0



           

Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳангоми муаррифисозии намоишгоҳи маҳсулоти музофоти Мозандарони Эрон муовини Палатаи савдо ва саноати ин музофот Носири Муҳаммадӣ изҳор дошт, ки соҳибкорони эронӣ ба сармоягузорӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва таъсии корхонаҳои муштарак манфиатдоранд.





           

Ба гуфтаи ӯ, дар намоишгоҳ, ки тайи рӯзҳои 9-14 август дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, намояндагони беш аз 35 ширкат ва муассиса, ки гувоҳномаи нишони сифати аврупоиро соҳибанд, иштирок хоҳанд кард. Н.Муҳаммадӣ иброз намуд, ки баргузории намоишгоҳ ба имзои созишномаҳои тарафайн ва таъсиси корхонаҳои муштарак мусоидат хоҳад кард.




           

Дар намоишгоҳ 110 нафар соҳибкорони Мозандарон маҳсулоти худро ба маърази тамошо хоҳанд гузошт ва то имрӯз чанде аз онҳо аллакай ба Душанбе омадаанд.



Муовини дигари раиси Палатаи савдо ва саноати музофоти Мозандарон Муҳаммад Асғарӣ дар навбати худ зикр кард, ки дар музофот сокинон асосан ба кишоварзӣ машғуланд, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо аз шолӣ, гандум, пахта, сабазавоту меваҷоти гуногун иборатанд. Ӯ таъкид сохт, ки 50 фоизи биринҷи истеҳсоли Эрон маҳз дар Мозандарон парвариш меёбад. «Ҳосили ҳамасолаи шолии Мозандарон ҳудуди 1 миллион тоннаро ташкил медиҳад», – афзуд мавсуф. Қобили зикр аст, ки қаламрави музофоти Мозандарон ба 23,7 ҳазор метри мураббаъ баробар буда, аҳолии он ҳудуди 3 миллион нафар аст.


Э.Раҳмон ва роҳбари хадамоти федеролии амнияти Русия масоили таъмини амният дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои СҲШ-ро баррасӣ карданд

0





Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» –





Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Хадамоти федеролии амнияти Федератсияи Россия Алексей Бортниковро ба ҳузур пазируфт.








Дар мулоқот масоили ҳамкории байни сохторҳои амниятии Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд.







Таваҷҷӯҳи махсус ба ҳамгироиҳои сохторҳои махсуси ду кишвар дар мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин ба масоили таъмини амният дар рӯзҳои баргузории ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе зоҳир карда шуд.







Дар сӯҳбат ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.





Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.









IFC эълом дошт, ки татбиқи лоиҳа оид ба қарздиҳии ипотека дар Осиёи Марказӣ шурӯъ мешавад

0


Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (


IFC


) эълом дошт, ки татбиқи лоиҳа оид ба қарздиҳии ипотека дар Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон шурӯъ мешавад.




Корманди масъули робита бо ҷомеаи лоиҳаи корпоратсия оид ба идоракунии корпоративӣ Вадим Нигматов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки лоиҳа бо мақсади расонидани кӯмаки машваратӣ ба бонкҳо ҷиҳати татбиқ ва беҳбуди ба роҳ мондани қарзи ипотека дар кишварҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон амалӣ мегардад.



Ба гуфтаи ӯ, бонкҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба дастрасии хизмагузориҳои машваратии касбӣ барои рушди қарздиҳии ипотека таваҷҷӯҳ зоҳир сохтаанд. «Татбиқи лоиҳа ба бонкҳои тиҷоратӣ дар мавриди бунёди таҳкурсии рушди дарозмуддат ва устувори бозори маҳаллии ипотека тавассути табодули таҷрибаи пешқадам дар ин соҳа кӯмак хоҳад расонд», – изҳор дошт ӯ.



«Дар вазъи имрӯзаи бозор, ки мӯътадилу устувор нест, масъалаи мазкур хеле муҳиму саривақтӣ аст», – гуфт роҳбари лоиҳа Гарт Бедфорд.



В.Нигматов зикр кард, ки


IFC




омода аст, бо дарназардошти талаботи мушаххаси бонкҳо таҷрибаи беҳтарини пиёдасозии низоми қарздиҳӣ, аз ҷумла тартиби кор, андеррайтинг ва хизматгузориҳои ипотекаро пешниҳод созад.



Дар навбати худ роҳбари барномаҳои машваратии лоиҳа Ролф Берндт қайд кард, ки тайи се соли ахир корпоратсия дар самти рушди бахшҳои бозори аввалия ва дуввумдараҷаи қарздиҳии ипотека дар минтақаи Осиёи Марказӣ фаъолият бурдааст. Мавсуф афзуд, ки амалисозии лоиҳаи мазкур ба пешбурди ҳадафҳои корпоратсия бобати фароҳам сохтани шароити мусоид барои қарздиҳии ипотека, ки дар арсаи байнулмилалӣ чун бехавфу қобили қабул эътироф шудаанд, такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.





Маълумотнома:




IFC (Корпоратсияи Байналхалқии Молиявӣ), ин узви гурӯхи ташкилотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ буда, тавассути маблағгузории сохтори хусусӣ, сафарбаркунии маблағи хусусӣ дар бозорҳои молиявии байналхалқи ва маҳаллӣ, пешниҳоди маслиҳат ва хизмат ба сохтори хусусиву давлатӣ оид ба бартараф кардани хавф барои рушди иқтисодӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидат мекунад. Аз нуқтаи назари IFC аҳолӣ бояд барои аз бӯҳрони камбизоатӣ баромадан ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии хеш имконият дошта бошад. Дар соли молиявии 2007 IFC 8,2 млрд. дол. ИМА маблағгузорӣ намуд ва илова бар ин 3.9 млрд дол. ИМА-ро тавассути

 

қарзҳо сафарбар кард ва барои 299 инвеститсия дар 69 кишвари рӯ ба тараққӣ маблағгузорӣ кард. IFC инчунин дар 97 кишварҳои ҷаҳон лоиҳаҳои машваратӣ амалӣ мекунад.


Дар Душанбе ҷаласаи VII-уми Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба таъмини бехатарии корҳо дар саноат доир мегардад

0


Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 8-9-уми август дар шаҳри Душанбе ҷаласаи


VII


-уми Шӯрои байнидавлатӣ оид ба таъмини бехатарии корҳо дар саноат доир мегардад.




Аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) хабар доданд, ки дар ҷаласа аз фаъолияти Шӯро дар солҳои 2007-2008 натиҷагирӣ шуда, масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт баррасӣ мешаванд.



Дар ҷаласа ҳамчунин тарҳи Барномаи чораҳои татбиқи Консепсияи амалиёти муштараки кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи таъмини бехатарии корҳо дар саноат ва Тартиби кори Шӯрои байнидавлатӣ низ муҳокима карда мешаванд.



Илова бар ин, муҳокимаи


лоиҳаи Созишномаи тартиби эътирофи санадҳои омодасозии ҳайати корӣ дар соҳаи таъмини бехатарӣ дар саноат, санҷиш ва гувоҳнома додан ба кормандон дар назар аст.





Тибқи иттилои сарчашма, дар санад аз ҷониби ҳамаи кишварҳои узви ИДМ риояи меъёрҳои мувофиқашудаи таъмини бехатарии кор дар саноат, тартиби иҷозати коргарон ба кор, истифодаи механизмҳо ва таҷҳизот дар иншооти истеҳсолии хатарнок пешбинӣ шудааст.

 

Ҷонибҳо ӯҳдадор мешаванд, ки санадҳои ҳамдигарро, ки аз тарафи мақомоти ваолатдори кишварҳо дода шудааст, эътироф намоянд ва зимни кор дар кишвари дигар мутахассиси дорои чунин санад бидуни тасдиқи сатҳи тахассусии худ ҳуқуқи кор карданро соҳиб мешавад.





«Дар ҳамин ҳол, муқаррароти ин созишнома ба мақомоти ваколатдори сатҳи миллии муайян кардани сатҳи тахассусии кормандон дахл надорад ва онҳо дар ин кор мустақилона амал мекунанд», – афзуд манбаъ.




Бо қарори додгоҳ собиқ сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Ҷ.Садриддинов дар мансабаш барқарор карда шуд

0


Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзноманигори тоҷик, собиқ сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов дар мансабаш барқарор карда шуд.




Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» рӯзноманигор изҳор дошт, ки далелҳои айбдоркунии ӯ дар даст доштан ба «наворбардорӣ, паҳн ва фурӯши дискҳои порнографӣ» исбот карда нашуданд.



Қобили зикр аст, ки 17-уми майи соли равон мувофиқи фармони вазири корҳои дохилӣ майори милиса Ҷ.Садриддинов аз вазифа сабукдӯш гардид. Аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буданд, ки «зимни баргузории тафтишоти дохилӣ аз ҷониби хадамоти амнияти вазорат, дар компютери ӯ файлҳои порнографӣ дарёфт карда шуданд, ки ба шаъну обрӯи хизматчии давлатӣ муносиб нест. Аз ин рӯ, қарор карда шуд, ки ӯ аз мансаб барканор гардад».



Ин далелҳоро Ҷ.Садриддинов беасос номида, дар бораи ғайриқонунӣ будани фармони вазир ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намуд. Пас аз тафтишоти дуҳафтаина даст надоштани Ҷ.Садриддинов ба далелҳои айбдоркунӣ исбот гардида, додгоҳ ғайриқонунӣ будани фармони вазирро эътироф кард. «Ман бори дигар боварӣ ҳосил намудам, ки мақомоти додгоҳии Тоҷикистон мустақил буда, аз рӯи адолат рафтор мекунанд», – гуфт дар анҷом Ҷ.Садриддинов.


Эмомалӣ Раҳмон: Вазифаи аввалиндараҷаи кишоварзон – таъмини амнияти ғизоӣ аст

0


Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни суханронӣ дар семинари умумиҷумҳуриявии кишоварзӣ дар шаҳри Ваҳдат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рафти кишти такрорӣ ва комёбиҳои кишоварзони ин ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуд.




Ӯ зикр кард, ки тибқи маълумоти олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ дар мамлакат аз рӯи нақшаи муқарраргардида васеъ намудани майдонҳои кишти такрории зироатҳои ғалладона аз имкон берун аст, вале аз ҳисоби самаранок ва оқилона истифода бурдани заминҳои обиву лалмӣ, захираҳои биологиву иқлим, кишти навъҳои нави нисбатан серҳосил, бахусус тухмиҳои хушсифат ва такмил додани агротехникаи парвариши онҳо аз як қитъаи замин ба даст овардани ду ҳосили ғалла дар як сол имкон дорад.



«Дар масоҳати имрӯзаи кишт, ки барои зироатҳои ғалладона дар мамлакат ҷудо шудааст, ба ҳисоби миёна зиёда аз 1 миллион тонна ҳосили ғалладона ба даст овардан мумкин аст», – зикр кард сарвари давлат.



Дар суханронии худ Э.Раҳмон ҷараёни баргузории кишти такрорӣ дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд, Темурмалик, Қумсангир ва Шаҳринавро ғайриқаноатбхш арзёбӣ кард.



«Ҳадафи асосӣ аз татбиқи пайгиронаи сиёсати иқтисодии давлат, аз ҷумла дар самти кишоварзӣ пеш аз ҳама таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад ва барои ноил шудан ба ин ҳадаф мо бояд бо истифода аз ҳамаи роҳу усулҳо ва захираву имкониятҳо рушди устувори соҳаи кишоварзиро таъмин намоем», – афзуд президенти ҷумҳурӣ. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Дар Исломобод созишномаи байниҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ-1000 ба имзо расид

0


Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Исломобод зимни баргузории конфронси чаҳоруми иштирокчиёни лоиҳаи бозори нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (


CASAREM


)

 

созишномаи байниҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи Осиёи Марказ


ӣ


-Осиёи


Ҷ


ануб


ӣ


-1000 ва рушди минбаъдаи бозори энергетикии ин минтақа ба тасвиб расид. Дар амалисозии лоиҳа давлатҳои Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.




Тибқи иттилои сомонаи интернетии Покистон


Aaj


.


tv


, созишномаи байниҳукуматӣ муфассал баррасӣ шуда бо дарназардошти пешниҳоду тавсияҳо таҳия гардидааст. Созишномаро вазири энергетикаи Покистон, вазири энергетика ва захираҳои обии Афғонистон, вазири саноат, энергетика ва захираҳои сӯзишвории Қирғизистон ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба имзо расониданд.



Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта дар Кобул Тоҷикистону Афғонистон ва Покистону Қирғизистон Ёддошти тафоҳуми таъсиси хатҳои интиқоли барқи миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба имзо расониданд, ки маблағи он 500 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ёддошти мазкур сохтмони хати интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистонро тавассути Афғонистон пешбинӣ мекунад.



Мувофиқи муқаррароти созишнома аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Покистон 1300 МВт нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Масофаи хати баландшиддати интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Покистон тавассути Афғонистон


750 километр

аст.

 

 


Чорводорони Кӯлоб аз коҳиши саршумори чорво изҳори нигаронӣ мекунанд

0


Кӯлоб. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон коҳиши 1169 сар чорвои майда, 31 сар чорвои калони шохдор ва 36 сар асп ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар мебошад.




Сармутахассиси раёсати минтақавии кишоварзии Кӯлоб Ҷумъахон Амиршоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар ноҳияи Мӯъминобод 1155 сар, Восеъ 449 сар чорвои майда, дар ноҳияи Темурмалик 18 сар ва Восеъ 10 сар асп кам шудааст. Ташвиши чорводорон бо ин ба охир нарасиданд. «Зарур омад, ки бисёр чорворо ба таври иҷборӣ кушем», – гуфт ӯ ва афзуд, ки дар 7 моҳи соли равон 2 ҳазору 88 сар чорвои калони шохдор, 22 ҳазору 350 сар чорвои майда ва 395 сар аспро ба таври иҷборӣ куштаанд.



Ба қавли мутахассис, зимистони сарди гузашта ва саривақт наандешидани чораҳои зарурӣ аз ҷониби хадамоти байтории ноҳияву хоҷагиҳо ба чунин вазъ боис гаштаанд.


Дэвид Оуэн: Ширкатҳои аудиторӣ аллакай фаъолияти ШСХК «Барқи тоҷик» ва Бонки миллии Тоҷикистонро мавриди санҷиш қарор додаанд

0



Душанбе. 6-уми август ОИ «Азия-Плюс» – Сармушовири Департаменти Хазинаи байнулмилалии асъор оид ба Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Дэвид Оуэн пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки аз ҷониби ширкати аудитории Русия «БТ-Юником» фаъолияти ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» мавриди санҷиш қарор гирифтааст.






Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки фаъолияти Бонки Миллии Тоҷикистон низ таҳти аудити махсус қарор дорад ва интизор меравад, ки натиҷаҳои он моҳи ноябр эълон карда мешаванд.





Дар мавриди санҷиши фаъолияти ширкати алюминии Тоҷикистон «Талко» номбурда зикр кард, ки «вазифаҳои техникии баргузории аудит аллакай омода шудаанд». «Мо умедворем, ки пас аз эълони тендер моҳи сентябр санҷиши фаъолияти ин ширкат оғоз хоҳад гардид», – гуфт ӯ.





Д.Оуэн ба вазъи иқтисоди Тоҷикистон, ки пас аз зимистони сарди гузашта барқарор мешавад, таваҷҷӯҳ зоҳир намуда гуфт: «Мо аз сатҳи баланди таваррум, нархи қиммати маводи ғизо ва нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ нигарон ҳастем ва умедворем, ки ҳукумати кишвар пешниҳодоти моро дар ин самт ба эътибор хоҳад гирифт».





Ҳайати ХБА-ро сармушовири Департаменти ХБА оид ба Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Дэвид Оуэн, ки ба шарҳи фаъолият дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз масъул аст, роҳбарӣ мекунад.





Ҳайати ХБА бо сафари расмӣ барои натиҷагирӣ аз вазъи макроиқтисодӣ ва пешравии марҳилаи аввали Барномаи Мониторинги Хазина (




SMP




), ки нимсолаи дуввуми соли ҷориро дар бар мегирад, дар Тоҷикистон қарор доранд.



Сокини ноҳияи Мӯъминобод ба ҳабси якумра маҳкум шуд

0


Кӯлоб. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи вилояти Хатлон (минтақавӣ) таҳти раёсати судя Амирхон Шарипов сокини деҳаи Ғарибдараи ноҳияи Мӯъминобод Тӯрахон Исҳоқовро ба ҳабси якумра маҳкум намуд. Додситон ва муфаттиши додситонии минтақавии Кӯлоб Ғазалшо Мазориев иттилоъ дод, ки маҳкумшуда дар содир намудани ҷиноёт тибқи моддаҳои 120 (таҳдиди куштан ё расонидани зарари вазнин ба саломатӣ), 164 (монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ), 174 (иҷро накардани ӯҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ), 117 қ.2 (азобу уқубати ҷисмонӣ ё рӯҳӣ) ва 138-и Кодекси ҷиноии ҶТ (таҷовуз ба номус) гунаҳкор дониста шудааст.




Ба гуфтаи додситон, Т.Исҳоқов ду нафар духтарони ноболиғро, ки ба ӯ хешӣ доштанд, ба алоқаи ҷинсӣ маҷбур карда, мунтазам онҳоро лату кӯб мекард ва ба мактаб рафтанашон монеъ мегардид. «Нисбат ба ин далел додситонии минтақавии Кӯлоб парвандаи ҷиноӣ оғоз намуда, тафтишот бурд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки додгоҳ ҳамаи далелу бурҳону айбдоркуниро пурра дастгирӣ карда, гумонбаршударо ба мӯҳлати дархостнамудаи ҷониби айбдоркунанда аз озодӣ маҳрум сохт.