Дар Тоҷикистон аллакай 10 тавсияи истифодаи меъёрҳои байнулмилалии ҳисоботи молиявӣ ҷорӣ гашт

0


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз дар Тоҷикистон 10 тавсияи истифодаи Меъёрҳои байнулмилалии ҳисоботи молиявӣ (МБҲМ)

 

ҷорӣ карда шуд.




Муовини вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар ин самт аслан вазорати молия, гурӯҳи кории таҳияи тавсияҳои дастурии назди Донишкадаи ҷамъиятии муҳосибон ва аудиторони касбии Тоҷикистон ва Шӯрои методӣ оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити назди комиссияи ҳукуматии гузаштан ба МБҲМ кор мебаранд.



Ба қавли Ҷ.Нуралиев, дар тавсияҳо тарзи истифодаи МБҲМ дар баҳисобгирии муҳосибии амалиёти молиявӣ ва хоҷагӣ шарҳу тафсир дода шуда, ҳамчунин баргузории намунаҳои амалии чунин тарзи таҳияи ҳисобот ва пешбурди кор ба нақша гирифта шудааст. «То охири сол Шӯрои методӣ оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити назди комиссияи ҳукуматӣ ният дорад боз 24 тавсияи тарзи истифодаи МБҲМ-ро пазируфта, онро ҷорӣ намояд», – гуфт муовини вазир.



Мавсуф зикр кард, ки пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ бо Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ва намояндагони Департаменти байнулмилалии рушди молиявии Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон ба вазорати молия муяссар гардидааст, ки оид ба пешниҳоди кӯмаки техникӣ дар шакли таъмин намудан бо машваратчӣ аз ширкати консалтингии «


Corporate




Solutions




Consulting




Ltd


» (Бритониёи Кабир) бо онҳо ба тавофуқ бирасад. Машваратчӣ дар кори ислоҳот ва ҷорисозии МБҲМ дар Тоҷикистон иштирок хоҳад кард.

 




Ба иттилои муовини вазир муддати татбиқи тарҳ се солро дар бар мегирад. Ёдрас мекунем, ки Шӯрои методӣ оид ба баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити назди комиссияи ҳукуматӣ ҷиҳати ҷорисозии МБҲМ ахири соли гузашта таъсис ёфта буд.


Дар Бохтар роҳбари кооператив барои тақсими замин ба писаронаш ба маҳкама кашида шуд

0


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Додситонии ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон барои ғайриқонунӣ ҷудо кардани қитъаи замин ба писаронаш нисбат ба раиси кооперативи истеҳсолии «Маданият» парвандаи ҷиноӣ оғоз кард.




Сарёвари додситони ноҳия Соҳибназар Қувватов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки гумонбаршуда Анвар Воҳидов қиъаҳои заминеро, ки барои сохтмони гаражҳо пешбинӣ шуда буданд, ба писаронаш додааст. Ҳамчунин ошкор шудааст, ки ӯ аз ҳисоби заминҳои обёришаванда ба чаҳор нафар шаҳрвандони ноҳия низ замин ҷудо кардааст. Нисбат ба аъмоли А.Воҳидов тибқи моддаи 295, қ.1

 

(сӯиистифода аз ваколатҳои хизматчии созмонҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои дигар) ва чаҳор шаҳрвандони ноҳия тибқи моддаи 334. қ.1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Худсарона ишғол намудан) парвандаҳои ҷиноӣ боз шуданд. С.Қувватов зикр кард, ки аз ин аъмоли ғайриқонунӣ ба давлат беш аз 84 ҳазор сомонӣ зарар расонида шудааст.



Зикр гардид, ки ҳангоми баргузории санҷиши прокурорӣ як қатор қонуншиканиҳои марбут ба ғайриқонунӣ ҷудо намудани замин аз ҷониби раиси ноҳияи Бохтар, раисони ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ошкор гардиданд. Аз ин рӯ, додситони ноҳия нисбат ба 5 қарори раиси ноҳия, 8 қарори раисони ҷамоатҳо ва 9 қарори раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ эътирознома баён кардааст.



Дар ҷараёни санҷиш инчунин далелҳои ғайримақсаднок истифода намудани заминҳо низ ошкор шуданд. Нисбати ҳамаи ин далелҳо додситонии ноҳия таъиноту нишондоҳо ирсол карда, чанде аз қонуншиканон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.


Дар Истанбул раиси ҲСДТ дар баррасии масъалаи «тундгароӣ ва ифротгароии исломӣ» иштирок кард

0


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров чанде қабл аз Истанбул ба ватан баргашт.




Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ иттилоъ дод, ки ҳамроҳи намояндагони доираҳои коршиносони сиёсии Тоҷикистон онҳо дар конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Мушкилоти амният аз тундгароӣ ва ифротгароӣ», ки дар таърихи 28-29-уми июл доир гашт, иштирок кардаанд. Чорабинӣ дар Донишгоҳи илмҳои Истанбул баргузор шудааст.



Ба гуфтаи Р.Зойиров, дар масъалаи «тундгароӣ ва ифротгароии исломӣ» баҳси доманадоре сурат гирифтааст. «Коршиносони Аврупои Ғарбӣ дар бораи мафҳумҳои «тундгароӣ» ва «ифротгароӣ» танҳо тасаввуроти илмиву назариявӣ доранд, – гуфт ӯ. – Онҳо танҳо аз мавҷудияти чунин мушкилот моро мӯътақид месохтанд, вале ҳеҷ кадоме

 

ин мафҳумҳоро шарҳу тафсир дода наметавонист».



Ба таври дигар, мегӯяд ӯ, мутахассисони ғарб дар бораи «тундгароӣ ва ифротгароии исломӣ» танҳо тасаввурот доранду халос, ки он асоснок набуда, бозгӯи воқеият ҳам нест.


Кишоварзон нақшаи кишти такрориро барзиёд иҷро карданд

0


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Кишоварзони ҷумҳурӣ нқшаи кишти такрории зироатҳоро барзиёд иҷро карданд. Сухангӯи вазорати кишоварзии Тоҷикистон Нарзулло Додобоев дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба ҷои 101 ҳазор гектари пешбинишуда дар 104 ҳазору


915 гектар

заминҳо кишти такрорӣ гузаронида шуд, ки ин 103,9 дарсади иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.




Ба гуфтаи ӯ, дар заминҳои даравшуда ҳамчунин кишти зироатҳои дигар, аз қабили ҷуворимакка (20 ҳазору

794 гектар

), шолӣ (5 ҳазору

480 гектар

), дигар зироатҳои ғалладона (9ҳазору

614 гектар

), картошка (

626 гектар

), сабзавот (10 ҳазору

173 гектар

), зироатҳои полизӣ (1 ҳазору

637 гектар

), зироатҳои техникӣ (1 ҳазору

282 гектар

ва хӯроки чорво (55 ҳазору

310 гектар

) низ гузаронида шуданд.



Н.Додобоев зикр кард, ки саҳми кишвоарзони вилояти Хатлон дар барзиёд иҷро гардидани нақшаи кишти такрорӣ назаррас аст. Онҳо нақшаро 103,4 фоиз ва вилояти Суғд 101,5 фоиз ба иҷро расонидаанд. «Миёни ноҳияҳои тобеи марказ хоҷагиҳои ноҳияи Ҳисор нақшаро ба андозаи 224 фоиз иҷро карданд», – афзуд сухангӯи вазорат.


Дар Мӯъминобод истгоҳи нақлиёти мусофирбари замонавӣ сохта мешавад

0


Кӯлоб. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар маркази ноҳияи Мӯъминобод – шаҳраки Мӯъминобод сохтмони истгоҳи нақлиёти мусофирбари замонавӣ шурӯъ шуд.




Ба иттилои манбаъ аз мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳия, дар маркази шаҳрак ҷиҳати бунёди истгоҳ ба иттиҳодияи ҷамъиятии «Сафар Музаффар» ба миқдори


0,48 гектар

қитъаи замин ҷудо гардидааст.



Ба гуфтаи роҳбари иттиҳодия Саидакбар Ҷалолов, маҷмаа аз истгоҳи нақлиётӣ, қароргоҳи таъмири мошинҳо, чойхонаву ошхона, нуқтаҳои гуфтугӯи телефонӣ ва дигар иншооти маишиву хизматрасонӣ иборат хоҳад буд.

 




«Барои оғози кор аз ҳисоби иттиҳодия мо 70 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намудем ва дар сурати нокифоягии маблағ, ҷиҳати гирифтани қарз ба бонкҳо муроҷиат хоҳем кард», – афзуд роҳбари иттиҳодия.


Э.Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин ширкат варзида, бо мақомоти расмии Чин як қатор мулоқот анҷом хоҳад дод

0


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҳошияи сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои Олипии Пекин ӯ бо мақомоти расмии Чин як қатор мулоқот доир хоҳад намуд, ки дар онҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории кишварҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.




Аз Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки сарвари давлати Тоҷикистон дар таърихи 7-уми август озими Чин хоҳад шуд. Қобили ёдоварист, ки зимни боздиди расмии вазири корҳои хориҷии ЧинЯн Тсзечи аз Тоҷикистон номбурда пас аз мулоқот бо президенти ҷумҳурӣ изҳор дошта буд, ки «мо иштироки президенти Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпӣ бесаброна интизорем».



Зикр гардид, ки дар Пекин Э.Раҳмон бо раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Ху Тсзинтао ва намояндагони як қатор ширкатҳои чиноӣ, аз ҷумла ширкати истихроҷи маъданҳои кӯҳии


Ziling




Mining


, ки 75 дарсади саҳмияҳои корхонаи муштараки «Зарафшон»-ро соҳиб аст, мулоқот хоҳад орост.


Дар Душанбе беш аз 13 кило ҷавоҳироти бидуни сабт воридгашта мусодира гардид

0


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар натиҷаи баргузории амлиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ чанде қабл кормандони Раёсати агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи шаҳри Душанбе ду ҳодисаи ғайриқонунӣ ворид сохтан ва фурӯши ҷавоҳиротро ошкор сохтанд.




Аз агентиии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз сокини пойтахт Хадича Мухторова 12,5 кило тилловорӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст, ки маблағи он ҳудуди 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Тилловорӣ ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон интиқол дода шуда, бидуни иҷозатнома ва нишонаҳои махсус фурӯхта мешуданд.



«Сокини дигари шаҳри Душанбе бо содир намудани чунин қонунвайронкуниҳо 227 номгӯи маҳсулоти тилловориро ба маблағи беш аз 100 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст», – афзуд манбаъ.



Нисбат ба ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.


Дар Ваҳдат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти бахши кишоварзии ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввал натиҷагирӣ хоҳад кард

0


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз фаъолияти бахши кишоварзии ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввал натиҷагирӣ хоҳад кард.




Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ҷараёни сафари корӣ Э.Раҳмон аз як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаи паррандапарварии «Наврӯз» боздид хоҳад намуд.



«Пас аз шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Ваҳдат нимаи дуввуми рӯз сарвари давлат дар семинари умумиҷумҳуриявии кишоварзӣ ширкат хоҳад варзид, ки дар он вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ин соҳа мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт», – афзуд манбаъ.


Тоҷикистон се нафар шаҳрванди дар пайгарди қонунӣ қарордоштаро ба Ӯзбекистон супурд

0


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Се нафар шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар қаламрави кишварашон ба содир намудани ҷиноёт гумонбар дониста шудаанду марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур намудаанд, ба мақомоти Ӯзбекистон супурда шуданд.




Иқдоми мазкур «далели нияти неки Тоҷикистон» номида шуда, дар мулоқоти 3-уми август доиргаштаи мақомоти марзбонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон сурат гирифт. Шаҳрвандони Ӯзбекистон Анвар Менглиеви 26-сола, Файзиддин Рӯзиеви 21-сола ва Зариф Ҷӯраеви 20-сола дар таърихи 11-уми июл аз ҷониби марзбонони тоҷик дастгир шуда, бо дархости кишвари ҳамсоя ба онҳо бозпас гардонида шуданд.



Ба қавли яке аз боздоштшудагон А.Менглиев, онҳо сокинони ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё буда, бо асп тавассути маҳали кӯҳистони Боботоғ марзро убур намуда, мехостаанд, ки аз Турсунзода абрешим дастрас кунанд. Падари номбурда Давлат Менглиев низ фарзандашро дар посгоҳи назоратии сарҳадии «Бародарӣ» пешвоз гирифта изҳор доштааст, ки ҳақиқатан ҳам фарзандаш танҳо барои дастрасии абрешим ба Тоҷикистон рафтааст, вале дар роҳи бозгашт марзбонони ӯзбек сӯи онҳо тирпарронӣ мекунанд ва онҳо дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ мебаранд. Падари Файзиддин Рӯзиев гуфт, ки пас аз ин онҳоро мақомоти Ӯзбекситон дар пайгарди қонунӣ эълон мекунанд.




 

Тибқи баъзе маълумот ин се нафар аз ҷониби хадамоти махсуси Узбакистон дар даст доштан ба ҷиноёти дигар дар Узбакистон муттаҳам мешаванд, аммо ба ОИ «Азия-Плюс» тасдиқи ин иттилоот муяссар нагардид.



Иқдоми мазкур дар мулоқоти намояндагони Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо мақомоти Кумитаи ҳифзи сарҳади назди Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон сурат гирифт. Дар мулоқот масоили ҳамкории хадамоти марзбонии кишварҳо баррасӣ шуданд.





Дар доираи мулоқот ҳамчунин вохӯрии рафиқонаи дастаҳои футболи мақомоти марзбонии кишварҳо таҳти шиори «Дӯстии бидуни марз» низ доир гардид, ки мусовӣ 2 бар 2 анҷом ёфт. Интизор меравад, ки ҷониби Ӯзбекистон ҳамтоҳои худро ба Ӯзбекистон низ ҷиҳати баргузории бозии ҷавобӣ даъват хоҳад кард.




Дар Душанбе аз фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷиноии бо қочоқи тилловорӣ сарукордошта ҷилавгирӣ карда шуд

0


Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни баргузории амалиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ҷинояти навбатии марбут ба қочоқи ҷавоҳирот ба миқдори зиёдро ошкор сохтанд.




Аз агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳангоми тафтиши маълумоти фаврии расида, дар хиёбони Исмоили Сомонӣ зимни харидуфурӯши ғайриқонунии маҳсулоти тилловорӣ шаҳрванди Тоҷикистон Қурбонгул Ҳаитова, Туркия – Айдин Ҳакам ва Ӯзбекистон – Дилдора Утарова боздошт шуданд.



«Шаҳрвандони Тоҷикистону Туркия ҳангоми фурӯши 24 номгӯи ҷавоҳирот ба шаҳрванди Ӯзбекистон, ки маблағи он 7 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, боздошт шуданд», – иттилоъ дод манбаъ.



Ба гуфтаи корманди агентӣ, дар ҷараёни тафтиши минбаъда маълум гашт, ки шаҳрванди Туркия бо Қ.Ҳаитова ақди никоҳ баста, муддати чандин сол бо ҳам зиндагӣ мекардаанд ва тилловориро ӯ ба Тоҷикистон овардааст.



«Ҳангоми кофтукови манзили зисти боздоштшудагон кормандони агентӣ ҳамчунин ҳудуди 4,5 кило тилловорӣ ва 427 ҳазор доллари амрикоиро дарёфт ва мусодира карданд», – афзуд манбаъ.



Нисбат ба далели мазкур тибқи моддаҳои 259 (Соҳибкории ғайриқонунӣ), 286 (Додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ) ва 289-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қочоқ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.