Дар Душанбе бо иштироки созмонҳои мададрасони байнулмилалӣ ҷаласаи Шӯрои машваратии беҳбуди фазои сармоягузорӣ мегузарад

0


Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳбуди фазои сармоягузорӣ мегузарад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти сарвари давлат, ҷаласа таҳти раёсати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мегузарад, ки дар он сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, аъзои гурӯҳи иқтисодии ҳукумат, намояндагони созмонҳои мададрасони байнулмилалӣ, аз қабили Бонки рушди Осиё, Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ва дигар ниҳодҳои молиявии муқими Тоҷикистон иштирок доранд.




Дар ҷаласа масъалаи беҳсозии муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.



Шӯрои

 

машваратӣ бо мақсади рушди бахши хусусӣ дар кишвар соли гузашта таъсис дода шуд. Ба ҳайати он намояндагони сохтори давлатии марбут ба танзими фаъолияти бахши хусусӣ ва президенти Тоҷикистон шомил мебошанд.




 

Дастаи олимпии Тоҷикистон озими Пекин шуд

0



 


Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи аввали рӯз дастаи Олимпии Тоҷикистон озими Пекин шуд. Субҳи имрӯз аъзои даста дар пояи муҷассамаи асосгузори адабиёти классики форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ гулчанбар гузоштанд. Сипас дар фурудгоҳи пойтахт маросими гусели ботантанаи даста баргузор гашт, ки дар он намояндагони мақомоти давлатии соҳаи варзиши ҷумҳурӣ ва мухлисон иштирок доштанд.




Аз Кумитаи Милли Олимпии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз 31-уми июл то 8-уми август варзишгарони тоҷик барои одат кардан ба вақт ва шароити иқлимӣ дар деҳаи олимпӣ тамринҳои ниҳоӣ доир хоҳанд кард.



Интизор меравад, ки 4-уми август дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар Чин вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов бо варзишгарони тоҷик баргузор мегардад. Рӯзи дигар дар деҳаи олимпӣ мири деҳа намояндагони Тоҷикистонро шодбош хоҳад гуфт.



Ёдрас мекунем, ки Бозиҳои Олимпӣ дар Пекин дар таърихи 9-уми август оғоз гардида, то 24-уми август идома меёбанд. Интизор меравад, ки дар маросими ифтитоҳи мусобиқот президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад кард.


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчами Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин ба гурзандоз Дилшод Назаров боварӣ намуд.



Дар рӯзи нахустини оғози бозиҳо боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва камонвар Албина Камолиддинова ба мусобиқа шурӯъ мекунанд.




Бад-ин тартиб, то имрӯз 14 варзишгари Тоҷикистон дар 7 навъи варзиш дар Олимпиадаи Пекин шарафи кишварро ҳимоят хоҳанд кард. Ин варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Галина Митяева (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо, то


73 кг

), Шералӣ Бозоров (дзюдо, то

81 кг

), Неъматуллоҳ Асронқулов (дзюдо, то

90 кг

), Виталий Корякин (гӯштии озод, то

60 кг

), Юсуф Абдусаломов (гӯштии озод, то

84 кг

), Шералӣ Достиев (бокс, то

48 кг

), Анвар Юнусов (бокс, то

51 кг

), Ҷаҳон Қурбонов (бокс, то

81 кг

), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Алишер Чингизов (шиноварӣ, тарзи озод,

50 м

), Албина Камолиддинова (камонварӣ) ва Низом Сангов (вазнабардорӣ,

69 кг

) мебошанд.



Президент аз рафти татбиқи лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди зерсохтори он қаноатманд нест

0


           Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 50 масъалаи муҳим баррасӣ шуд.




Дар маҷлиси ҳукумат нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Сарвари давлат кадрҳои ба вазифаҳои сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва роҳбарии мактабҳои олии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таъиншударо

 

ба кори бенуқсону содиқона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуд.



Сипас ҳисоботи марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии таҳкими системаи идоракунии давлатӣ шунида шуд. Зикр гардид, ки айни ҳол дар соҳаи идоракунии давлатӣ, омор ва гумрук 4 лоиҳаи инвеститсионӣ бо маблағи 81 миллион сомонӣ (23,5 миллион доллари амрикоӣ) амалӣ мегардад ва як лоиҳаи дигар бо маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ (295 ҳазор доллари амрикоӣ) ба анҷом расидааст.



Президент аз рафти татбиқи лоиҳаи минтақавии таҳкими гумрук ва рушди инфраструктура, ки ақибмонии зиёд дорад, изҳори норозигӣ карда, ба роҳбарону ҳамоҳангсозони марказҳои татбиқи ин ва дигар лоиҳаҳо оид ба суръат бахшидани корҳо ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои қатъӣ дод ва таъкид намуд, ки ҳар се моҳ аз рафти иҷрои лоиҳаҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.



Ба як қатор санадҳои амалкунандаи қонунгузории кишвар тағйиру иловаҳо маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, санадҳои ҳамкорӣ бо кишварҳои Украина, Ҳиндустон, Алҷазоир, Шоҳигарии Белгия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва бо давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай тасдиқ карда шуданд.



Мутобиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009 аз 1-уми августи соли 2008 дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии

 

Норак, Турсунзода, Данғара, Сарбанд, Спитамен, Рашт, Шаҳринав ва Варзоб ба Қаҳрамонони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандагони се дараҷаи Ордени Шараф, Қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ, ҷанговарони интернатсионалист, зарардидагони садамаи Чернобил, маъюбони ҳарбӣ, кӯдакони маъюби то 16-сола, кӯдакони ятими дар муассисаҳои махсус тарбиятгиранда, кӯдакони то яксола, шаҳрвандони синни 80 ва болотар аз он, пирони

 

дар хона-интернатҳои пиронсолон қарордошта ва монанди инҳо бо як зумра кӯмакҳои тиббию санитарии ройгон таъмин карда мешаванд.



Лоиҳаи Низомномаи Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» бо назардошти таклифу пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

  




Дар фароварди маҷлис Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба масоили омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, таҷлили ҷашни 1150-солагии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, ба зимистони пешомад, аз ҷумла баҳри фаровон захира намудани озуқаворӣ, маводи сӯхт аз қабили ангишт ва гази моеъ, барқароркунии шабакаи гармидиҳӣ ба биноҳои баландошёнаи истиқоматии пойтахт ва ҳамчунин ба вусъат додани корҳо дар бунёди нақбҳои мошингарди Шаҳристону Шаршар ва Чормағзак, роҳҳои мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-Саритош, Қурғонтеппа-Дӯстӣ-Панҷи поён, Кӯлоб-Қалъаи Хумб, роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон

 

ва ғайра ҷалб намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ дод. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Э.Раҳмон ва роҳбари Фармондеҳии марказии ИМА вазъи Афғонистонро барррасӣ мекунанд

0


Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) Мартин Демпси, ки нимаи аввали ҳамин рӯз бо боздиди кӯтоҳмуддат ба шаҳри Душанбе меояд, масоили ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Амрикоро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.




Ба иттилои сардори департаменти Иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев, Эмомалӣ Раҳмон ва Мартин Демпси нимаи дуввуми рӯз мулоқот намуда, ҳамчунин оид ба вазъи кунунии Афғонистон низ табодули назар хоҳанд кард.



Имрӯз вохӯрии роҳбари олирутбаи низомии Амрико бо вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев низ дар назар аст.




 



Се соли оянда ба рушди соҳаи иҷтимоии ВМКБ 34 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ ҷудо карда мешавад

0


Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ба рӯзноманигоон изҳор дошт, ки дар солҳои 2008-2010 барои рушди соҳаи иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)

 

34 миллион сомонӣ маблағи иловагӣ ҷудо мегардад.




Мавсуф гуфт, ки маблағҳои зикршуда бо супориши президенти Тоҷикистон, ки дар таърихи 18-20-уми июл аз вилоят боздид карда буд, ихтисос дода мешаванд.



Ба гуфтаи С.Наҷмиддинов, айни замон санадҳои ҷудо кардани маблағҳо омода мешаванд ва ояндаи наздик воситаҳои молиявӣ ба буҷаи ВМКБ ҷиҳати рушди соҳаи иҷтимоии вилоят равона хоҳанд гашт.




 

Ҳукумати Тоҷикистон соҳибони ҷоизаҳои давлатиро дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ муайян кард

0


Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –


Бо Қарори Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон шахсони зерин бо


Ҷ


оизаҳои давлатии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон ба номи Аб


ӯ


абдуллоҳ Р


ӯ


дак


ӣ


дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмор


ӣ


дар соли 2008 сарфароз гардонда шуданд:




– Шоираи халқии То


ҷ


икистон Иноят Хо


ҷ


аева-маъруф бо тахаллуси Фарзона барои ма


ҷ


м


ӯ


аи шеърҳои «Мӯҳри гули мино»;



– Шоири халқии То


ҷ


икистон Муҳаммад Ғойиб барои ма


ҷ


м


ӯ


аи шеърҳои «Каъбаи дил»;



– Ҳунарпешаи шоистаи То


ҷ


икистон Гулчеҳра Содиқова барои силсилаи сурудҳои «Меҳри Ватан-модар»;



– Арбоби ҳунари То


ҷ


икистон Раҳмат Ботуралиев барои силсилаи сангнигораҳои девории «Искандарномаи Ху


ҷ


анд»;



– нависанда Бароти Абдураҳмон барои романи таърихии «Куруши Кабир».



Бо ҳамин қарор ҳамчунин адиб ва олими эрон


ӣ


Саид Нафис


ӣ


бо нахустин


Ҷ


оизаи байналмилал


ӣ


дар соҳаи адабиёти то


ҷ


ик барои паж


ӯ


ҳишҳои бунёд


ӣ


дар Р


ӯ


дакишиносии


ҷ


аҳон сарфароз гардонда шуд. Дар ин бора аз дафтари матботи сарвари давлат хабар доданд.


Сарбанд низ бо гази маҳаллӣ таъмин мешавад

0


Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Паём» – Шаҳри Сарбанд аз ин ба баъд бо гази маҳаллӣ аз кони Қизилтумшуқ таъмин хоҳад шуд.




Ба иттилои Қутбуддин Хоҷаев, сардори Корхонаи фаръиву байниноҳиявии «Қӯрғонтеппагаз», сохтмони шоҳқубури газгузар ба дарозии


5 километр

бар асоси қарор ва маблағгузории КВД «Тоҷикгаз» анҷом меёбад.



Лозим ба тазаккур аст, ки то ба ҳол

 

аҳолии шаҳри Сарбанд аз гази Ӯзбекистон истифода мебурданд ва ҳамон ҳам танҳо ду соат дар як шабонарӯз. Қимати истифода аз газ барои сокинони Сарбанд 17 сомонӣ муқаррар шудааст, аммо бо мавриди истифода қарор гирифтани шоҳқубури нав, ба манозили сарбандиҳо шабонарӯз ва бо қимати нисбатан дастраси 4 сомонию 25 дирам гази маҳаллии кони Қизилтумшуқи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ интиқол хоҳад ёфт.



Қарор аст, то ҷашни истиқлол сохтмони шоҳқубур ба итмом расида, ба ҷуз ширкати «ТоҷикАзот» шаҳри Сарбанд низ бо гази маҳаллӣ таъмин хоҳад шуд.

 



Чин лоиҳаи тавсеъаи роҳи мошингарди Қулма-Қарасу-Қирғизистонро маблағгузорӣ карданист

0


Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки сардори Департаменти савдои хориҷӣ ва ҳамкории иқтисодии ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин Хэ Имин зимни мулоқот бо раиси палата Шарифи Саид пешниҳод кардааст, ки дар ҳамоиши сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) масъалаи тавсеъаи роҳи мошингарди Қулма-Қарасу-Қирғизистонро ба миён гузоранд. Ш.Саид пешниҳодро дастгирӣ намуда, изҳор доштааст, ки масъалаи мазкур дар Шӯрои кории СҲШ, ки дар он ӯ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад, шояд мавриди муҳокима қарор гирад.




Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи имконоти рушди ҳамкории иттилоотиву электрониро низ баррасӣ карда, чунин изҳори назар намуданд, ки он ба таҳкими робитаҳо миёни доираи соҳибкории кишварҳо мусоидат хоҳад кард. Зикр гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон беш аз 50 лоиҳаи муштарак дар соҳаҳои гуногун амалӣ мешаванд ва то имрӯз зиёда аз 40 корхонаи муштараки Тоҷикистону Хитой таъсис дода шуданд.



Бо назардошти аҳамияти баргузории намоишгоҳҳо дар рушди ҳамкориҳо, Ш.Саид пешниҳод кард, ки намоишгоҳи навбатии Қошғар соли 2009 дар ноҳияи Данғара гузаронида шавад.



Дар анҷоми вохӯрӣ ба меҳмонон якчанд СД-диски «Раҳнамо барои тоҷирон», ки аз маълумоти зарурӣ перомуни соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва шарҳи 176 лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, 525 корхонаву муассисоти кишвар ва қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон иборат аст, тақдим гардид.

 


 


 



Донишҷӯёни Хуҷанд соҳиби боз як хобгоҳи нав мегарданд

0


Хуҷанд. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз соли нави хониш донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Хуҷанд бо хобгоҳи нав таъмин карда мешаванд.




Аз донишгоҳи мазкур хабар доданд, ки хобгоҳ ба муносибати таҷлили ҷашни 15-умин солгарди донишгоҳ бунёд ёфта, чун тӯҳфа ба донишҷӯён пешкаш мегардад. Хобгоҳи нав барои иқомати 300 нафар пешбинӣ шудааст.



Ба иттилои манбаъ, соли гузашта донишгоҳро 581 нафар хатм карданд, ки 76 нафари онҳо ба дипломи сурх сазовор дониста шуданд.



Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки соли равон дар донишгоҳ факултаи нави навоварӣ ва технологияи тиҷорат ифтитоҳ гашт, ки дар он муҳандисони барномасоз, иқтисодчӣ ва риёзидонон тайёр карда мешаванд.


САҲА барои таъмири утоқҳои нигаҳдории аслиҳаи ВКД Тоҷикистон 136 ҳазор евро ҷудо кард

0





 




Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз миёни Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон созишномаи татбиқи лоиҳа оид ба таъмиру таҷдиди утоқҳои нигаҳдории аслиҳаи шӯъбаҳои корҳои дохилии вазорат ба имзо расид.



САҲА барои таъмиру таҷдиди утоқҳои нигаҳдории аслиҳаи 51 шӯъбаи корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва бозсозии низоми огоҳкунӣ ва муҳофизати онҳо 136 ҳазор евро маблағ ихтисос медиҳад.



Қобили зикр аст, ки аз соли 2005 САҲА ва Тоҷикистон дар масъалаи нест кардани аслиҳаи сабуки оташфишон ва муҳимоти оддӣ, беҳсозии шароити нигаҳдории он, ки ба коҳиши хавфи истифодаи ғайриқонунии он равона гардидааст, ҳамкорӣ мекунанд.