Сокинони ба протокол имзогузоштаи Хоруғ ҷинояткор нестанд, – вазири корҳои дохилии Тоҷикистон

0


Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов изҳор дошт, ки сокинони ба протокол имзогузоштаи Хоруғ ҷинояткор нестанд, зеро ба ҷинояткор будан ё набудани шахс танҳо додгоҳ ҳукм мебарорад.




«Таври маълум ахири моҳи май дар шаҳри Хоруғ гирдиҳамоиҳо баргузор шуданд ва сипас муроҷиати чор нафар шаҳрвандон унвонии президенти кишвар ирсол гардид, – гуфт вазир. – Бо супориши сарвари давлат ман роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ таъин гаштам ва мо бо шахсони маъруфу обрӯманди минтақа сӯҳбату гуфтушунид анҷом дода, маъракаи ихтиёрӣ супоридани силоҳи оташфишон аз аҳолиро муваффақона гузаронидем, ки дар натиҷа аз 20-уми июн то 17-уми июл 250 адад аслиҳа ва муҳимот ихтиёрӣ аз ҷониби аҳолӣ ба мақомот супорида шуд».



«Имрӯз вазъи минтақа орому тинҷ буда, таҳти назорати ҳукумат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар қарор дорад», – афзуд М.Солеҳов.



Ёдрас мекунем, ки аввалҳои моҳи июл дар шҳри Хоруғ бо иштироки раиси вилояти ВМКБ,

 

мақомоти шаҳрдорӣ , вазири корҳои дохилии ҶТ Маҳмадназар Солеҳов ва як қатор намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва сокинони вилоят Имомназар Имомназаров, Толиббек Айёмбеков, Ёдгоршо Маҳмадасламов ва Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров Протоколи нияти пуштибонӣ аз тартибот дар ВМКБ ба имзо расид.





Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, Ки бояд ҳамаи аслиҳа ва муҳимоти ҷангии дар ихтиёри аҳолӣ қарордошта ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуда, минбаъд тамоми масоили мавҷуда тибқи қонунҳои амалкунандаи кишвар ҳаллу фасл шаванд.





Дар санад аз аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъват ба амал оварда шуда буд, ки чораҳои ҳукумат ба хотири эътидоли вазъ дар минтақаро дастгирӣ намоянд.




Пагоҳ вазири мудофиаи Русия ба Душанбе ташриф меорад

0


Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков ба Душанбе ташриф меорад.




Аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки зимни боздиди дурӯза А.Сердюков ният дорад бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷикистонии худ Шералӣ Хайруллоев мулоқот орояд.



Интизор меравад, ки дар мулоқот масоили омодасозии мутахассисони ҳарбии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии вазорати мудофиаи Русия ва ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши низомиву фаннӣ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.



Дар ҷараёни сафар вазири мудофиаи Русия аз пойгоҳи низомии кишвараш дар Тоҷикистон низ боздид мекунад.




 

Эмомалӣ Раҳмон парчами Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин ба Дилшод Назаров боварӣ намуд

0


Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчами Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин ба гурзандоз Дилшод Назаров боварӣ намуд.




Президент гурӯҳи варзишгарони тоҷикро, ки баъди ду рӯз баҳри иштирок дар Бозиҳои 29-уми Олимпӣ ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар мекунанд, ба ҳузур пазируфт.



Сарвари давлат иштирок дар

 

Бозиҳои 29-уми Олимпиро шарафи бузург ва дар айни замон масъулияти бузург низ маънидод карда, онҳоро ба нишон додани маҳорату матонати баланд баҳри ба даст овардани нишондодҳои пуршараф ба манфиати давлату миллати худ ҳидоят намуд ва изҳори боварӣ кард, ки варзишгарони тоҷик бо иродаи қавии худ шарафи Тоҷикистонро дар ин мусобиқаҳои бонуфузтарини олам ҳимоя намуда, Парчами Ватани азизи худро дар фазои шаҳри Пекин партавафшон мекунанд.



Хотиррасон мекунем, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои 29-уми Олимпии шаҳри Пекин 14 нафар беҳтарин варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, гуштини дзюдо, гӯштини тарзи озод, камонварӣ, шиноварӣ, вазнбардорӣ ва варзиши сабук намояндагӣ мекунанд.



Ба андешаи худи варзишгарони мунтахаби тоҷик таваҷҷӯҳи доимӣ ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумат ба соҳаи варзиш ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва хусусан вохӯрии имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъулият ва ифтихору сарфарозии онҳоро дучанд намуда, барояшон рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти срвари давлат хабар доданд.



Дар ҳамин ҳол, дар ин мулоқот низ масъалаи мукофотпулии варзишгарон аз ҷониби ҳукумати кишвар ҳал нагардид. Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон барои варзищгарон чунин мукофотпулӣ муайян кард: барои медали тилло – 10, медали нуқра – 5 ва медали биринҷӣ 3 ҳазор доллари амрикоӣ. Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкорон хусусӣ низ автамашинаҳои навъи «


TOYOTA


» ва $10 ҳазор мукофотпулӣ ваъда карда шуд.




Ҳ.Зарифӣ бо мақомоти роҳбарии Эрон дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва низомиро баррасӣ мекунад

0


Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба Эрон меравад. Дар назар аст, ки Ҳ.Зарифӣ бо мақомоти роҳбарии Эрон дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва низомиро баррасӣ хоҳад кард. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.




Ҳамчунин бо мақомоти роҳбарии сатҳҳои гуногуни давлати Эрон муҳокимаи маҷмӯи васеъи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву илмӣ ва низомӣ ба нақша гирифта шудааст.



Зимни боздид Ҳамрохон Зарифӣ дар ҷаласаи навбатии сеҷонибаи кишварҳои форсизабон – Эрону Афғонистону Тоҷикистон низ ширкат хоҳад варзид. Дар ҷаласа масъалаи имконоти сохтмони роҳи оҳан миёни кишварҳо ва таъсиси шабакаи телевизионии муштарак ҳаллу фасл мегардад.



«Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сифати меҳмон 29-30-уми июл дар кори Конфронси


XV


-уми Ҳаракати кишварҳои бетараф низ иштирок хоҳад намуд», – афзуданд аз вазорат.




IFC таҷрибаи идораи корпоративӣ дар Тоҷикистонро таҳқиқ мекунад

0


Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (


IFC


) ба таҳқиқоти таҷрибаи идораи корпоративӣ дар Тоҷикистон шурӯъ кард.




Мутахассиси масъули робита бо ҷомеаи лоиҳаи


IFC




оид ба идораи корпоративӣ дар Осиёи Марказӣ Вадим Неъматов изҳор дошт, ки таҳқиқот дар Тоҷикистон бори нахуст сурат гирифта, он барои тезонидани раванди ислоҳоти идораи корпоративӣ дар кишвар сарчашмаи ғании маълумот хоҳад гашт.



Зикр гардид, ки зимни баргузории таҳқиқот аз таҷрибаи феълии роҳандозии идоракунии корпоративии ҷамъиятҳои саҳомӣ, бонкҳо ва ниҳодҳои дигари молиявӣ натиҷагирӣ шуда, дараҷаи риояи меъёрҳои байнулмилалӣ ва қонунгузории Тоҷикистон дар ин бобат аз ҷониби онҳо муайян карда мешавад.



«Дар таҳқиқот ба масоили тамоили идоракунии корпоративӣ доштани корхонаву муассиса, сохтори моликият ва тарзи идораи ширкатҳо, ҳифзи ҳуқуқи саҳмиядорон ва шаффофии маълумоти молиявӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир мегардад», – зикр кард манбаъ.



Таҳқиқотро Маркази тадқиқоти иҷтимоии «Зеркало», ки мувофиқи тендер интихоб шуд, доир мекунад.


Корхонаи ҳавопаймоии Суғд барҳам дода шуд

0


Хуҷанд. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон корхонаи давлатии фаръии «Корхонаи ҳавопаймоии Суғд» барҳам дода шуд.




Аз фурудгоҳи байнулмилалии «Хуҷанд» хабар доданд, ки корхона мувофиқи нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии (КВДҲ) «Тоҷик Эйр» барҳам дода шуда, дар заминаи он корхонаи давлатии фаръии «Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд»-и (ФБХ) КВДҲ «Тоҷик Эйр» таъсис ёфт.



«Дар заминаи корхонаи давлатии фаръии «Корхонаи ҳавопаймоии Хуҷанд» «ФБХ» ва Комплекси ҳавонавардиву техникӣ ташкил карда шуданд.



«То 1-уми август тамоми моликияти «Корхонаи ҳавопаймоии Хуҷанд» ба ворисон супорида шуда, воҳидҳои тоза комилан мустақил хоҳанд гашт», – изҳор дошт манбаъ.



Зикр гардид, ки бо вуҷуди ҷараён доштани таҷдиди сохтори корхона, ба коргарон саривақт маош пардохта шуда, тақрибан ҳамаи мутахассисон муассиса дар ҷойҳои кории худ боқӣ хоҳанд монд.


Роҳбари Фармондеҳии марказии ИМА ба дидори президенти Тоҷикистон меояд

0


Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Интизор меравад, ки дар таърихи 31-уми июл р

оҳбари Фармондеҳии марказии 

 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Мартин Демпси ба шаҳри Душанбе ташриф меорад.




Аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, ки боздиди мансабдори низомии олирутбаи Амрико аз Тоҷикистон зиёд тӯл нахоҳад кашид.



Ҳадафи аслӣ аз боздид мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев аст, ки дар онҳо масоили ҳамкории Тоҷикистону Амрико ва дастгирии иқдомоти таъмини амну субот дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.


Раиси шаҳри Панҷакент ба сарвари давлат оид ба рафти корҳои омодагии таҷлили ҷашни солгарди Рӯдакӣ ҳисобот дод

0


            Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Р



аиси шаҳри Пан




ҷ




акент Хисрав Абдуназаров ба президенти




Ҷ




умҳурии То




ҷ




икистон Эмомал




ӣ




Раҳмон оид ба рафти корҳои имр




ӯ




за ва нақшаҳои оянда телефон




ӣ




ҳисобот дод.






Тава




ҷҷ




ӯ




ҳи махсус ба рафти и




ҷ




рои муро




ҷ




иатномаи президент оид ба истифодаи пурсамари заминҳои корам, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварз




ӣ




, фаровон гардондани бозори истеъмол




ӣ




бо маводи ғизоии худ




ӣ




ва таъмини амнияти озуқавор




ӣ




ва ҳамчунин ба масоили омодаг




ӣ




ба зимистон зоҳир карда шуд.





Зикр гардид, ки то имр




ӯ




з аз


570 гектар

заминҳои нақшавии кишти такрор




ӣ




дар 540 гектараш аллакай сабзавот ва зироатҳои л




ӯ




биёгию х




ӯ




роки чорво кошта шудааст.





Тава




ҷҷ




ӯ




ҳи зиёд ҳамчунин ба татбиқи амалии Қарори Ҳукумати




Ҷ




Т оид ба та




ҷ




лили 1150-солагии Аб




ӯ




абдуллоҳ Р




ӯ




дак




ӣ




ва рафти корҳои ободон




ӣ




дар шаҳри Пан




ҷ




акент зоҳир гардид.





Э.Раҳмон оид ба пурсамар истифода бурдани ҳар як ва




ҷ




аб заминҳои обии киштбоб, омодагии




ҷ




идд




ӣ




дидан ба зимистон, аз




ҷ




умла баҳри захира кардани озуқавор




ӣ




ва маводи с




ӯ




хт, зиёд намудани нуқтаҳои фур




ӯ




ши ангишт ва гази моеъ, вусъат додани корҳои ободонию созандаг




ӣ




ва бо сифати баланд омода сохтани иншооти




ҷ




ашн




ӣ




ба раиси шаҳри Пан




ҷ




акент дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.





 



 

Ифтитоҳи Намоишгоҳи Миллии Чин дар Душанбе

0


Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи миллии Чин таҳти унвони «Тиҷорат ва сармоягузории Чин ва Тоҷикистон» ифтитоҳ шуд, ки дар он беш аз 70 корхонаву ширкатҳои ин давлат маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд.




Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, намоишгоҳ майдони 2 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, дар он маҳсулоти беш аз 70 корхонаву ширкат аз 6 вилояти Чин ба намоиш гузошта шудааст.



Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширкатҳои маъруфи Чин, аз қабили «ТВЕА» (таҷҳизоти вазнини сохтмонӣ ва техникӣ), «Ямала» (сарулибос барои кӯдакон), «


ZTE


» (таҷҳизот ва техникаи телекоммуникатсионӣ), «Хуавей» (техникаи телекоммуникатсионӣ) ва таҷҳизоти техникиву тарҳҳои сохтмонии ширкати умумичинии сохтмони роҳу купрӯкҳо ба маърази тамошо гузошта хоҳад шуд.



Намоишгоҳ аз ҷониби Вазорати тиҷорати Чин, ҳукумати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва санати Тоҷикистон созмон дода шуда, ҳукумати Чин ҷиҳати баргузории он 2 млн. юани чинӣ маблағ ҷудо кардааст.



Коршиносон бар ин назаранд, ки баргузории намоишгоҳ ба густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Чин такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Дар намоишгоҳ таҷҳизоти техникӣ ва механикии тракторҳо, истихроҷи маъдани кӯҳӣ, телекоммуникатсионӣ, роҳсозиву сохтмон, маишиву техникаи рақамӣ, автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётии он, мошинаҳои кишоварзӣ, маҳсулоти саноати сабук ва маводи ғизоӣ пешкаши тамошобинон мешавад. Намоишгоҳ то 1-уми август идома хоҳад ёфт.


Ҷорисозии мораторияи санҷиши фаъолияти соҳибкории хурду миёна ба ташаккулёбии буҷет халал хоҳад расонд, – назари иқтисодчӣ

0


Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси мустақили соҳаи иқтисод Рустам Ҷабборов бар ин назар аст, ки эълони мораторияи дусолаи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба коҳиш ёфтани воридшавии ҳаҷми маблағҳои буҷетӣ аз андоз боис шуда метавонад.




«Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2007 60 дарсади маблағҳои андози буҷети давлатӣ ба соҳаи соҳибкории хурду миёна рост меояд, – таъкид сохт ӯ. – Аз ин рӯ, шояд дар ду соли оянда воридшавии ин маблағҳо душвор гардад».



Иқтисодчӣ изҳор дошт, ки дар Қирғизистон чунин мораторий аз моҳи апрел то моҳи декабр эълон шудааст ва аллакай ҳукумати ин кишвар аз коҳиши воридшавии миқдори зиёди маблағҳо ба буҷети давлатӣ изҳори нигаронӣ намудааст.



«Мумкин аст дар натиҷаи ҷоришавии моратория инчунин ба бахши иҷтимоии буҷет, аз ҷумла соҳаи маориф, тандурустӣ ва молиягузории сохтмони иншооти бузурги гидроэнергетикӣ зарар расонида шавад», – гуфт мусоҳиб.



Коршинос зикр кард, ки бояд санади махсусе таҳия гардад, ки усули мушаххаси тарзи амалкарди мораторияро муайян созад. «Барои намуна, дар Қирғизистон чунин муқаррароте амал дорад, ки тибқи он соҳибкорони хурду миёнае, ки нақшаи андозро ба андозаи 30 дарсад зиёдтар ба иҷро мерасонанд, тафтиш карда намешаванд», – таъкид кард коршинос.



«Бинобар он мо бояд ҳаддеро муайян намоем, ки ҳам манфиати соҳибкор ҳимоя гардаду ҳам ӯ имкон надошта бошад, ки аз моратория сӯиистифода кунад», – баён дошт дар анҷом Р.Ҷабборов.