Сокинони ба протокол имзогузоштаи Хоруғ ҷинояткор нестанд, – вазири корҳои дохилии Тоҷикистон

Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов изҳор дошт, ки сокинони ба протокол имзогузоштаи Хоруғ ҷинояткор нестанд, зеро ба ҷинояткор будан ё набудани шахс танҳо додгоҳ ҳукм мебарорад. «Таври маълум ахири моҳи май дар шаҳри Хоруғ гирдиҳамоиҳо баргузор шуданд ва сипас муроҷиати чор нафар шаҳрвандон унвонии президенти […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов изҳор дошт, ки сокинони ба протокол имзогузоштаи Хоруғ ҷинояткор нестанд, зеро ба ҷинояткор будан ё набудани шахс танҳо додгоҳ ҳукм мебарорад.




«Таври маълум ахири моҳи май дар шаҳри Хоруғ гирдиҳамоиҳо баргузор шуданд ва сипас муроҷиати чор нафар шаҳрвандон унвонии президенти кишвар ирсол гардид, – гуфт вазир. – Бо супориши сарвари давлат ман роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ таъин гаштам ва мо бо шахсони маъруфу обрӯманди минтақа сӯҳбату гуфтушунид анҷом дода, маъракаи ихтиёрӣ супоридани силоҳи оташфишон аз аҳолиро муваффақона гузаронидем, ки дар натиҷа аз 20-уми июн то 17-уми июл 250 адад аслиҳа ва муҳимот ихтиёрӣ аз ҷониби аҳолӣ ба мақомот супорида шуд».



«Имрӯз вазъи минтақа орому тинҷ буда, таҳти назорати ҳукумат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар қарор дорад», – афзуд М.Солеҳов.



Ёдрас мекунем, ки аввалҳои моҳи июл дар шҳри Хоруғ бо иштироки раиси вилояти ВМКБ,

 

мақомоти шаҳрдорӣ , вазири корҳои дохилии ҶТ Маҳмадназар Солеҳов ва як қатор намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва сокинони вилоят Имомназар Имомназаров, Толиббек Айёмбеков, Ёдгоршо Маҳмадасламов ва Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров Протоколи нияти пуштибонӣ аз тартибот дар ВМКБ ба имзо расид.





Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, Ки бояд ҳамаи аслиҳа ва муҳимоти ҷангии дар ихтиёри аҳолӣ қарордошта ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуда, минбаъд тамоми масоили мавҷуда тибқи қонунҳои амалкунандаи кишвар ҳаллу фасл шаванд.





Дар санад аз аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъват ба амал оварда шуда буд, ки чораҳои ҳукумат ба хотири эътидоли вазъ дар минтақаро дастгирӣ намоянд.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.