Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ додраси ноҳияи Қубодиёнро ба мӯҳлати 3,5 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард

0



Душанбе. 23-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Додрас Басбӣ Холова изҳор дошт, ки Додгоҳи Олии ҶТ додраси ноҳияи Қубодиён Толиб Холиқовро ба мӯҳлати 3,5 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард






«Т.Холиқов тирамоҳи соли гузашта барои ҳалли масъалаи манзил ба фоидаи шаҳрванд К.К. аз ӯ 1 ҳазору 500 доллари амрикоӣ пора тамаъ кард ва 17-уми октябри соли 2007 ҳангоми гирифтани 600 доллари амрикоӣ аз ин маблағ аз ҷониби кормандони раёсати агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боздошт шуд», – гуфт Б.Холова.





Дар ҷараёни тафтишот ҳамчунин маълум гардид, ки Т.Холиқов боз дар се далели ришваситонӣ ба маблағи 7 ҳазору 150 доллари амрикоӣ даст дорад.



Соли 2010 тантанаҳои ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ баргузор мегарданд

0



Душанбе. 23-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Соли 2010 тантанаҳои ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ баргузор хоҳад гашт.






Дар ин бора ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амр дод.





Хотиррасон бояд кард, ки ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистон ҳар сол дар минтақаҳои гуногуни кишвар баргузор гашта, ба таъмини бештари робитаи сокинони ҳамаи гӯшаҳои Ватани азизи мо ва ҳамчунин ба ободу зебо гаштани шаҳру ноҳияҳо мусоидат мекунад.





Интизор меравад, ки дар зарфи ду соли оянда дар чаҳорчӯби омодагӣ ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҳам дар доираи нақшаю барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳру ноҳияҳои ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистони биҳиштосо хеле ободу зебо мегарданд. дар ин бора аз дафтари матбуоти срвари давлат хабар доданд.






 


Хатмкунандагони Донишгоҳи тиббӣ ба ҷои кори таъиншуда ҳозир намешаванд

0



Душанбе. 23-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов аз ба ҷои кори таъиншуда ҳозир нагаштани хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯали ибни Сино қаноатманд нест.






Ба қавли ӯ, дар се соли ахир танҳо 37 фоизи хатмкунандагон ба ҷои кори таъиншуда мувофиқи роҳхати донишгоҳ ҳозир шудаанд.





«Минбаъд миёни донишҷӯ, муассисаи тиббӣ ва донишгоҳ шартнома баста мешавад, то хатмкунанда ба ҷои кори таъиншуда ҳозир гардад», – гуфт ӯ.





Ҳамчунин С.Раҳмонов аз фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ низ изҳор норозигӣ намуда, иброз дошт, ки аз нисф зиёди корҳои илмӣ дар амал татбиқ карда намешаванд.



Шумораи парвозҳо ба хатсайри Душанбе-Теҳрон-Душанбе зиёд карда мешавад

0



Душанбе. 23-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти матбуотӣ муовини аввали Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии (КВДҲ) «Тоҷик Эйр» Фирӯз Ҳамроев изҳор дошт, ки а


з натиҷаҳои шаш моҳи соли 2008 бармеояд, ки КВДҲ, «Тоҷик Эйр» ба афзоиши мусбӣ , болоравии н


ишондодҳои асосӣ , беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ ва самаранокии фаъолият ноил гардидааст.






Ба гуфтаи ӯ, д


ар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 650,1 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2007

  

127,9 фоиз зиёд мебошад.





Ӯ таъкид сохт, ки афзоиши ҳаҷми мусофиркашонӣ дар парвозҳои КВДҲ, «Точик Эйр» пеш аз ҳама ба истифодаи ҳавопаймоҳои сохти ғарбии Боинг – 757-200 , ҳамчунин баҳрабардории самараноки ҳавопаймоҳои Ту-154 марбут аст.





Мавсуф зикр кард, ки дар кишварҳои узви ИДМ барои кор кардан дар Боинг-757-200

   

4 ҳавонавард ва 27 роҳбаладон аз т


айёрии назариявӣ гузаштанд. Барои ин намуди ҳавопаймо 27 нафар кормандони муҳандисиву техникӣ ва


хизматрасонии фаврӣ омода карда шудаанд. Дар айни замон дар ИМА 2 экипажи КВДҲ, «Тоҷик ЭЙР»

  

бозомӯзӣ дорад ва 1 экипаж ба машқҳои парвозӣ омодагӣ мегирад. Оид ба тайёр кардани 16 ҳавонавард, 24 корманди техникӣ ва 2 роҳбалад дар ширкати


чиноӣ шартнома баста шудааст. 2 экипаж барои кор кардан дар Боинг 737-200 комилан тайёр карда шуда ва ҳ


оло мустақилона парвозҳоро анҷом медиҳад.





Ҳамчунин зикр гардид, ки аз 29-уми июл ш


умораи парвозҳо ба хатсайри Душанбе-Теҳрон-Душанбе зиёд карда мешавад.



Вазъи обанбори Норак ташвишовар аст

0



              Душанбе. 23-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон




Саид Ёқубзод дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки вазъи обанбори Норак ташвишовар аст – мизони об дар он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта


10 метру


21 сантиметр

камтар аст.






Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамин давраи соли гузашта сатҳи захираи об дар обанбори Норак ба

895 метр

баробар буд, имсол бошад, ин рақам 885 метрро ташкил медиҳад. Вазир бар ин назар аст, ки хушксолии имсол ба чунин вазъ боис шудааст.





С.Ёқубзод ҳамчунин зикр кард, ки барои захираи об бояд саривақт чораҳо андешид, зеро вазъи бӯҳронии таъмини нерӯи барқ дар зимистони гузашта моро ба ин водор месозад.





Мавсуф баён дошт, ки аслан нерӯи барқ бештар дар фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ истифода бурда мешавад ва тибқи маълумоти олимон, ба иллати хушксолии имсола ва кишти дери пунбадона агар соли гузашта барои обёрии як метри мураббаъи замини кишти пахта

3 литр

об сарф шуда бошад, пас, имсол он ба

6 литр

баробар аст.



Эмомалӣ Раҳмон: Кишвари мо ба табдили хатти кириллӣ ба ягон хатти дигар ҳеҷ гуна ниёз надорад

0





Душанбе. 23-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори ҷашни Рӯзи забон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар шароити кунунӣ, вақте ки соҳаи маориф ва ҷараёни таълиму тадрис бе ин ҳам проблемаҳои зиёд дорад, боз як бори дигар табдил додани алифбо шитобкорӣ хоҳад буд ва ба ин кор ҳоло ягон зарурати объективӣ ҳам нест.






Ҳамчунин дар суханронии ӯ гуфта мешавад:





– Ба ҳамагон маълум аст, ки хати арабиасоси мо таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Бе донистани таърих ва хазинаи бузурги фарҳангии мардуми форсизабон, ки бо алифбои ниёгон навишта шудааст, фарҳангу тамаддуни гузаштаи хешро азхуд кардан мушкил аст.





Донистани ин хат барои шарқшиносон, адабиётшиносон, таърихшиносон, файласуфон ва мутахассисони дигар илмҳои иҷтимоӣ бисёр муҳим мебошад.





Имрӯз дар кишвари мо барои омӯхтани хати ниёгон ягон мамониат вуҷуд надорад. Дар айни замон бояд гуфт, ки ба назари мо онҳое, ки ҷонибдори якбора ба хати арабӣ бадал сохтани хати кириллӣ ҳастанд, мушкилоти воқеӣ ва марҳалаи таърихиро ба инобат намегиранд.





Гузашта аз ин, ба назар чунин мерасад, ки ин баҳс аз ҷониби баъзе доираҳои ҳавасманди хориҷӣ ва дохилӣ бе ягон зарурат ба таври сунъӣ дар ҷомеаи мо барангехта мешавад.





Бидуни шак, ин боз як кӯшиши тафриқаандозӣ дар байни зиёиёни мо мебошад. Мо, ки аллакай як маротиба оқибати ногувори чунин баҳсҳои бебунёди зиёновар ва тафриқаандозиро аз сар гузаронида будем, бояд сари ин масъала ҷиддӣ андеша намоем ва фирефтаи дасисабозиҳои нав нагардем.





Аз таърих маълум аст, ки ниёгони мо дар тӯли се-сеюним ҳазор соли гузаштаи фарҳангии худ чанд маротиба табдили хату алифбо кардаанд. Аз ҷумла, ёдгориҳои давраи Ҳахоманишӣ дар хати ба ном «мехӣ» сабт шудаанд.





Матнҳои «Авасто», навиштаҳои аҳди Сосониёну Суғдиён бо намунаи хатҳои гуногун ба имзо расидаанд. Баъди истилои араб ва қабули дини ислом хати арабӣ пазируфта шуд, ки он зиёда аз ҳазор сол давом кард.





Дар замони шӯравӣ дар як муддати кӯтоҳ ду маротиба алифбои худро иваз намудем: дар охири солҳои бистум аввал ба алифбои лотиниасос ва пас аз даҳ сол ба алифбои кириллӣ гузаштем.





Набояд фаромӯш кард, ки ҳар як тағйири алифбо сабабҳои сиёсӣ, таърихӣ ва фарҳангиву иҷтимоӣ дорад. Агар хатҳои мехӣ, паҳлавӣ ва суғдӣ аз рӯйи зарурати фарҳангӣ ҷорӣ шуда бошанд, арабӣ ва кириллӣ ҷанбаи сиёсӣ доштанд.





Бо вуҷуди ин, хатҳои мазкур халқи моро бо фарҳангҳои гуногун рӯ ба рӯ карданд: агар яке олами Шарқро ба рӯйи фарзандони халқи тоҷик боз карда бошад, дигаре ҷаҳони Ғарбро кушод.





Фарҳанги мо аз ин ду сарчашма ғизо гирифта, намояндагони онро ҷаҳониён шинохтанд. Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Абурайҳони Берунӣ ва даҳҳо дигар нобиғаҳои олами илму адаби мо маҳз бо хати арабӣ ба хазинаи тамаддуни ҷаҳонӣ ворид шуда бошанд, аллома Бобоҷон Ғафуров бо алифбои кириллӣ тоҷиконро ба оламиён муаррифӣ намуд, асарҳои устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Лоиқ ва дигар ситораҳои тобони адабиёти муосири тоҷик аз ҳамин хат ба забонҳои дигари дунё тарҷума ва нашр шудаанд. Пас, ҳам ину ҳам он рисолати таърихии худро иҷро карданд.

   






Метавон гуфт, ки маҳз хатти осонхони кириллӣ имкон дод, ки халқи мо дар муддати кӯтоҳтарин саросар саводнок гардад. Дар ин ҷо ҳамчунин хотирнишон сохтан бамаврид аст, ки мероси бузурги

 

илмӣ, адабӣ ва фалсафии асрҳои гузаштаи мо асосан бо хатти кириллӣ интишор ёфта, дастраси доираи васеи хонандагон гардидаанд ва дар китобхонаҳои мамлакат маҳфузанд.





Дар шароити кунунӣ, вақте ки соҳаи маориф ва ҷараёни таълиму тадрис бе ин ҳам проблемаҳои зиёд дорад, боз як бори дигар табдил додани алифбо шитобкорӣ хоҳад буд. Ба ин кор ҳоло ягон зарурати объективӣ ҳам нест.





Ҳоло, ки мо дар вазъияти гузариш қарор дорем, набояд дар масъалаи рушди соҳаҳои гуногун аз кишварҳои дигар қафо монем. Баръакс, мо бояд бо дониш ва технологияҳои муосир мусаллаҳ гардем, дастовардҳои пешқадами илми ҷаҳониро дар мамлакат татбиқ намоем.

  






Табдили бошитоби алифбо ва гузариш аз як хат ба хати дигар бидуни зарурати ҷиддӣ метавонад ба ин раванд халал ворид намояд ва мардумро ба озмоишҳои мушкил рӯбарӯ созад. Ҳамин тариқ, кишвари мо ба табдили хатти кириллӣ ба ягон хатти дигар ҳеҷ гуна ниёз надорад. Чунин аст мавқеи мо нисбат ба ин масъала.





Бовар дорам, ки аксари мутлақи мардум аз ин мавқеъ ҷонибдорӣ менамояд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.

 


 


 




Г.Шералӣ: Ӯзбекистон огоҳ аст, ки сохтмони НОБ дар рӯдхонаи Зарафшон ба низоми обёрӣ ҳеҷ таъсире нахоҳад дошт

0



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки аз ҳеҷ таъсире надоштани сохтмони нерӯгоҳи обиву барқӣ дар рӯдхонаи Зарафшон ба низоми обёрӣ Ӯзбекистон огоҳ аст.






«Олимони олмонӣ оид ба вазъи оби рӯдхонаи Зарафшон хулосаҳоро пурраву асоснок собит сохтанд ва мо тавассути вазорати корҳои хориҷӣ натиҷаҳои таҳқиқотро ба сафорати Ӯзбекистон ва Чин ирсол кардем.





Қобили зикр аст, ки ҳафтаи гузашта сафири Олмон дар Тоҷикистон Райнер Мюллер пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Ҷамъияти ҳамкории фаннии Олмон (


GTZ


) тибқи дархости вазорати корҳои хориҷии Олмон бобати бунёди нерӯгоҳи обиву барқӣ дар рӯдхонаи Зарафшон таҳқиқот гузаронидааст.







«Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқот маълум шуд, ки сохтмони нерӯгоҳи барқӣ дар дарёи Зарафшон ба низоми обёрии Ӯзбекистон халал ворид намесозад, – таъкид кард ӯ. – Мо умедворем, ки Ӯзбекистон бо дарназардошти натиҷаҳои ин таҳқиқот дигар барои бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ дар дарёи Зарафшон монеъ нахоҳад шуд». 





Ёдрас мекунем, ки созишномаи сохтмони нерӯгоҳи обиву барқии «Ёвон» дар рӯдхонаи Зарафшон моҳи январи соли 2007 дар шаҳри Пекин аз ҷониби раиси ширкати «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев ва президенти ширкати хитоии


«


Sinohydro


»




Чин Фан Тсзисян




ба имзо расид.





Тибқи шартнома, барои бунёди иншоот Чин ба Тоҷикистон ба миқдори беш аз 200 млн. доллари амрикоӣ қарзи имтиёнок (ба мӯҳлати 25 сол бо пардохти 1 фоизи солона) ҷудо мекунад.


«Sinohydro» ӯҳ


дадор




шуд


,


сохтмони




иншоотро




дар




муддати


36


моҳ




ба




анҷом




расонад


.







Мувофиқи лоиҳа, ҳамчунин сохтмони хати интиқоли барқи иқтидори 220 киловолт дар масофаи


60 км

то зеристгоҳи 220 киловолтаи «Рӯдакӣ» дар шаҳри Панҷакент ба нақша гирифта шуд, ки барои минбаъд пурра таъмин сохтани ноҳияи Панҷакент бо нерӯи барқ пешбинӣ гардида буд. Мувофиқи санади асоснокии фанниву иқтисодии тарҳи нерӯгоҳ, ки ҷониби Чин таҳия сохтааст, иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳ 150 мегаватт ва истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар он ба 600 млн. кВт/соат баробар аст.





Аммо баъдтар Ӯзбекистон номаи ъэтирозӣ ирсол дошта, иддаъо намуд, ки «бунёди нерӯгоҳи барқӣ дар рӯдхонаи Зарафшон ба низоми обёрии заминҳои чаҳор вилояти он таъсири манфӣ хоҳад расонд».



Меъёри истифодаи нерӯи барқ пас аз ҷашни Истиқлолият ҷорӣ мегардад

0



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки меъёри истифодаи барқ дар Тоҷикистон пас аз 9-уми сентябр ҷорӣ мегардад.






Ёдовар мешавем, ки 18-уми июн зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаи энергетика президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда буд, ки меъёри истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон на дар фасли зимистон, балки тирамоҳ, аз 1-уми сентябр ҷорӣ карда шавад.





Вазир мегӯяд, ки ба иллати хушксолӣ ва камобии имсола Тоҷикистонро зарурат пеш омадааст, ки дар обанбори Норак оби кофӣ захира намояд.





Ба қавли Г.Шералӣ, то ахири моҳи август мизони об дар обанбори Норак бояд ба


908 метр

расад ва ин дар ҳолест, ки айни замон ҷараёни воридшавии об ба обанбор ҳудуди 1-1,2 ҳазор метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад.





«Захира кардани об бояд бо дарназардошти баргардонидани қарзи нерӯи барқи кишвар ба Ӯзбекистон амалӣ гардад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки феълан дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳудуди 63-64 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мегардад ва аз ин миқдор 11 млн. кВт/соат ба Ӯзбекистон ва 1 млн. кВт/соат ба Қирғизистон интиқол дода мешавад.






 


Созмонҳои мададрасони байнулмилалӣ ба дастгирии рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон $121,5 млн. маблағ ихтисос доданд

0



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар давраи солҳои 2004-2010 ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ва 27 созмонҳои байнулмилалӣ барои дастгирии рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон $121 млн. 500 ҳазор маблағ ҷудо кардаанд. Ӯ гуфт, ки ин маблағҳо айни замон дар татбиқи 54 лоиҳа истифода мешаванд. Вай баён дошт, ки $26 млн. 576 ҳазор аз ин маблағҳо қарз дода шудаанд.






С.Раҳмонов ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо дастгирии Маркази амалисозии лоиҳаи тандурустии асосӣ ва ҷамоавӣ (Бонки ҷаҳонӣ) дар 10 муассисаи тиббии вилояти Хатлон корҳои таъмиру таҷдид ба маблағи 1,4 млн. сомонӣ гузаронида шуданд.





Мавсуф афзуд, ки феълан дар 9 бунгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи сармоягузории Бонки рушди Осиё ($370,5 ҳазор) оид ба ислоҳоти низоми соҳаи тандурустӣ корҳои таъмиру таҷдид идома доранд.



Қотилони рӯзноманигори рус ба гуноҳашон иқрор намешаванд

0



Душанбе. 22-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Судяи Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шӯҳрат Азимов зимни қироати айбномаи судӣ изҳор дошт, ки дар куштори рӯзноманигори рус Илёс Шурпоев шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимови 25-сола ва Наҷмуддин Муҳиддинови 20-сола гунаҳкор дониста мешаванд, ки бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади азхуд кардани амволи шахси дигар ин ҷиноятро содир кардаанд.






Ӯ қайд кард, ки мувофиқи маълумоти санадҳои тафтишоти пешакӣ, М.Ятимов бо И.Шурпоев аввали моҳи марти соли ҷорӣ дар истгоҳи метрои «Таганская шинос шудааст. Он замон рӯзноманигор худро чун соҳибкор бо номи Марат муаррифӣ карда, ба ӯ рақами телефонашро медиҳад. «То ҳамон рӯзи шум ман ӯро якчанд маротиба дидам ва дар яке аз чунин вохӯриҳо ӯро бо дӯсти худ Наҷмиддин Муҳиддинов шинос кардам, – гуфт ҳангоми пурсиш М.Ятимов. – Дар таърихи 20-уми март рӯзноманигор ба ман занг зада, хоҳиш намуд, ки ҳамроҳи Муҳиддинов барои вақтгузаронии маҳрамона назди ӯ оем ва ваъда дод, ки барои як соат ба дӯстам 3 ҳазор рубли русӣ медиҳад. Он замон Муҳиддинов ба героин гирифтор буд ва аз ҷиҳати молиявӣ танқисӣ мекашид. Мо соати 9-и шаб ба хонаи ӯ омада, муддати якчанд соат он ҷо мондем ва ҳангоми рафтан И.Шурпоев ба дӯсти ман танҳо 500 рубли русӣ пардохт намуд. Аз ин Муҳиддинов ба ғазаб омада, байни онҳо ҷанҷол шурӯъ шуд. Ман хостам, ки онҳоро халос кунам, вале Шурпоев маро ба як тараф тела дод. Дар ин замон Муҳиддинов ба ӯ ҳуҷум карда, бо тасмае, ки дар гардани ӯ буд, Шурпоевро буғӣ кард. Пас аз ин ӯ кордро гирифта гардани ӯро бурид, ҳарчанд ӯ аллакай намеҷунбид».





Судя ҳамчунин иҳор дошт, ки Н.Муҳиддинов низ ба гуноҳаш иқрор намешавад. «Шурпоевро ман накуштаам, – таъкид кард ӯ. – Ҳангоме ки ман ба гулӯи ӯ кордро гузоштам, Шурпоев аллакай аз тарафи М.Ятимов буғӣ шуда буд».





Ш.Азимов зикр кард, ки айбдоршавандагон пас аз қатли рӯзноманигор хонаи ӯро оташ зада, соатҳои 2-и шаб аз ҷои ҳодиса фирор крдаанд. Онҳо амволи марҳум – ноутбук, соати швейтсарӣ, телефони мобилӣ ва маблағи пулӣ ба миқдори 150 ҳазор рубли русиро низ ҳамроҳи худ гирифтаанд, ки баъдтар онро миёни худ 75 ҳазор рублӣ тақсим кардаанд.





Мурофиа кушод буда, бо забони русӣ мегузарад ва дар он рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ иштиок карда метавонанд. Ба мурофиаи додгоҳӣ судяи Додгоҳи Олии ҶТ Шӯҳрат Азимов раисӣ мекунад. Айбдоркунандаи давлатӣ намояндаи Прокуратураи генералии ҶТ Азимҷон Абдуев аст.







Хешовандони рӯзноманигори марҳум ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба мурофиа ҳозир нашуданд.







Ёдрас мекунем, ки хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шурпоев 21-уми марти соли равон дар манзили зисти иҷораааш дар шимолу шарқии Маскав кушта шуд. Мақомоти тафтишотии Русия дарҳол дар содир намудани ин ҷиноят даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддиновро ошкор сохтанд, ки ҳамагӣ як рӯз баъд аз қатли Шӯрпоев тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон фирор кардаанд.







Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 29-уми март ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни тоҷик худи ҳамон рӯз нафарони гумонбаршударо боздошт карданд. Ҳангоми тафтиш аз онҳо далелҳои шайъӣ – 150 ҳазор рубли русӣ, соати тиллоии хабарнигори марҳум, ноутбук ва телефони мобилӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Гумонбаршудагон даст доштани худро ба содир намудани ин ҷиноят комилан эътироф карданд. Гумонбаршудаи асосӣ М.Ятимов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бегона нест. Ӯ соли 2005 ба гумони даст доштан дар дуздӣ дар мавзеи Железнодорожнии Русия маҳкум ба зиндон гардидааст ва тобистони соли 2007 пеш аз мӯҳлат аз маҳбас озод шуда буд.