Соли 2010 тантанаҳои ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ баргузор мегарданд

Душанбе. 23-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Соли 2010 тантанаҳои ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ баргузор хоҳад гашт. Дар ин бора ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амр дод. Хотиррасон бояд кард, ки ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистон ҳар сол дар минтақаҳои гуногуни кишвар баргузор гашта, […]

root



Душанбе. 23-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Соли 2010 тантанаҳои ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ баргузор хоҳад гашт.






Дар ин бора ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амр дод.





Хотиррасон бояд кард, ки ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистон ҳар сол дар минтақаҳои гуногуни кишвар баргузор гашта, ба таъмини бештари робитаи сокинони ҳамаи гӯшаҳои Ватани азизи мо ва ҳамчунин ба ободу зебо гаштани шаҳру ноҳияҳо мусоидат мекунад.





Интизор меравад, ки дар зарфи ду соли оянда дар чаҳорчӯби омодагӣ ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҳам дар доираи нақшаю барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шаҳру ноҳияҳои ин минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистони биҳиштосо хеле ободу зебо мегарданд. дар ин бора аз дафтари матбуоти срвари давлат хабар доданд.






 


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.