Раиси Маҷлиси миллӣ ва намояндаи мардумии Ҷопон масъалаҳои ҳамкориҳои байнипарлумониро муҳокима карданд

0



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз


Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММ МО ҶТ) Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни мулоқот бо Котиби парламентӣ оид ба масъалаҳои адлияи Парламенти Ҷопон, аъзои Ассосиатсияи дўстии байнипарлумонии Ҷопон ва Тоҷикистон ҷаноби Ёшихиса Фурукава масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳоро, ки дар партави татбиқи сиёсати дўстона ва муносибатҳои ҳасанаи роҳбарони олии мамлакатҳо амалӣ карда мешаванд, мавриди баррасӣ қарор доданд.






Ёвари Раиси ММ МО ҶТ оид ба робита бо воситаҳои ахбори умум ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ Шавкат Саидов иттилоъ дод, ки ҷонибҳо истифодаи ҳар чӣ бештари имконоти мавҷударо дар доираи созишномаҳои амалкунанда таъкид сохтанд.

 






Ба гуфтаи М.Убайдуллоев, қабл аз ҳама




дар марҳилаи кунунӣ оид ба ташкили фазои мусоиди ҳуқуқӣ робитаҳои байнипарлумонӣ метавонад нақши муассир дошта бошад ва ММ МО ҶТ ҷавобан ба даъвати мавҷуда омода аст, тадбирҳои мушаххасро анҷом диҳад. Ш. Саидов ҳамчунин изҳор дошт, ки ҷонибҳо зикр карданд, ки аз нигоҳи захираҳои обӣ кишварҳо ҳамшабеҳӣ дошта, месазад, ки таҷрибаи фарогирифтаи ин кишвари дӯст тавассути иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ ва дигар барномаҳо оид ба истеҳсоли маводи озуқа бештар таъмин гардад.



Дар Шӯрообод бар асари задухӯрди мусаллаҳона марзбони тоҷик ба ҳалокат расид

0



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар қаламрави деҳаи Шоуни ноҳияи Шӯрообод миёни марзбонони тоҷик ва қочоқчиёни афғон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст.






Аз Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар задухӯрди мусаллаҳона марзбони тоҷик, ки аз вилояти Суғд ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шудааст, ба ҳалокат расид.





Сардори дафтари матбуоти сарраёсати кумитаи номбурда Хушнуд Раҳматуллоев рух додани ҳодисаи мазкурро тасдиқ намуда, изҳор дошт, ки оид ба ин ҳодиса изҳороти вижаи фармондеҳии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ омода мегардад.



Сокинони бародаршаҳри Боулдери Амрико дар Душанбе интернет-кафеи нав боз мекунанд

0



                Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе


сокинони бародаршаҳри Душанбе – Боулдери штати Колорадои ИМА бар ивази чойхонаи миллии душанбегиён


и


нтернет-кафеи нав боз мекунанд.






Сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод, ки ин нукта 15 июли соли ҷорӣ зимни мулоқоти Раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати намояндагони шаҳри Боулдер таҳти сарварии меъмори иншооти мазкур Дэвид Баррет таъкид гардид.





Бино ба иттилои манбаъ, зимнан шаҳрдорӣ муқаррар сохт, ки бо омода гаштани иншоот барои истифодабарӣ комиссияи марбутаи давлатиро барои қабул таъсис дода, онро ба тавозуни моликияти коммуналӣ гузаронад, то аз рӯи таъинот ба муштариён хизмат расонад.



Дар Хуҷанд барқро хомӯш мекунанд

0



Хуҷанд. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Масъулини таъмини барқи шаҳри Хуҷанд дар маркази вилоят нерӯи барқро қатъ месозанд, вале мегӯянд, ки ин амал ба ҷорӣ кардани меъёр марбут нест.






Директори шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд Тӯра Атамов иттилоъ дод, ки қатъи нерӯи барқ ба иллати гузаронидани корҳои таъмиру таҷдиди таҷҳизотҳои барқӣ дар зеристгоҳҳо вобаста аст.





Ба гуфтаи ӯ, соли равон корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон хеле барвақт, ҳанӯз 4-уми апрели соли равон шурӯъ гардида буданд.





«Корҳои таъмиру таҷдид ва ивазкунии қисмҳои трансформатору дигар таҷҳизоти барқӣ баъзан муддати тамоми рӯз идома меёбанд ва мо маҷбур мешавем дар ин вақт истифодаи нерӯи барқро қатъ намоем», – афзуд ӯ.



Сохтмони нерӯгоҳи барқӣ дар дарёи Зарафшон ба низоми обёрии Ӯзбекистон халал ворид намесозад, – назари сафири Олмон

0



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мулоқоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафири Олмон дар Тоҷикистон Райнер Мюллер, ки мӯҳлати ваколати сафириаш ба анҷом мерасад, масоили ҷорӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.






«Ман ба президенти Тоҷикистон изҳор доштам, ки Олмон чун пештараву имрӯз ва оянда низ яке аз шарикони асосии Тоҷикистон боқӣ мемонад, – гуфт сафир пас аз анҷоми боздид бо Э.Раҳмон. – Олмон аз нахустинҳо шуда дар Тоҷикистон сафорати худро боз намудааст».





Сарвари давлати Тоҷикистон барои кӯмакҳо ба ҳукумати Олмон изҳори миннатдорӣ намуда, амалисозии лоиҳаи таъмири таҷҳизоти кушоди тақсимкунакҳои нерӯгоҳи обиву барқии «Норак»-ро махсус таъкид сохт.





Сафир ҳамчунин ёдовар шуд, ки Ҷамъияти ҳамкории фаннии Олмон (


GTZ


) тибқи дархости вазорати корҳои хориҷии Олмон бобати бунёди нерӯгоҳи барқи дар рӯдхонаи Зарафшон таҳқиқот гузаронидааст.





«Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқот маълум шуд, ки сохтмони нерӯгоҳи барқӣ дар дарёи Зарафшон ба низоми обёрии Ӯзбекистон халал ворид намесозад, – таъкид кард ӯ. – Мо умедворем, ки Ӯзбекистон бо дарназардошти натиҷаҳои ин таҳқиқот дигар барои бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ дар дарёи Зарафшон монеъ нахоҳад шуд».

 






Р.Мюллер ҳамчунин гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ният дорад, аз Белгияву Олмон боздид намояд ва ба президенти Олмон ҷиҳати ташриф ба Тоҷикистон даъватнома ирсол кардааст.





Ҳини андешаронӣ бобати вазъи муносибатҳои иқтисодии кишварҳо Р.Мюллер таъкид сохт, ки «миёни давлатҳо муносибатҳои хуби сиёсиву иқтисодӣ барқарор шудаанд».





«Ҳамчун сафир ҷиҳати ҷалби сармояи Олмон ба иқтисоди Тоҷикистон ман кӯшиши зиёд ба харҷ додам, – зикр кард дипломат. – Мо се сафари ҳайати соҳибкорони Олмонро ба Тоҷикистон созмон додем ва перомуни ҷалби сармоя гуфтушунидҳои мушаххас сурат гирифтанд».





«Идомаи чунин фаъолият зарур аст, вале амалисозии лоиҳаҳо кори соҳибкории хусусӣ аст», – афзуд Р.Мюллер.



Дар Ваҳдат миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира карда шуд

0



Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Ваҳдат кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ миқдори зиёди маводи мухаддирро дарёфт ва мусодира карданд.






Аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар доданд, ки зимни баргузории амалиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ сокини ноҳияи Мӯъминобод боздошт шудааст, ки ҳангоми азназаргузаронии бори ӯ 36 кило маводи афюн ва


114 грамм

маводи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст. Нибат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.





Ёдрас мекунем, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 3 тоннаву 568 кило маводи мухаддирро мусодира крданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,3 фоиз зиёдтар аст.



Раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон хадамоти махсуси Ӯзбекистонро муттаҳам мекунад

0









Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз раиси Додгоҳи Олии ҶТ Нусратулло Абдуллоев дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар инфиҷори соли гузашта дар назди бинои Додгоҳи Олӣ рухдода хадамоти махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон даст доранд.





Ба гуфтаи ӯ, пас аз як


моҳи ҳодиса иҷрокунандаи бевоситаи инфиҷор, сокини 27-солаи шаҳри Душанбе Комилҷон Эшонқулов, ки дар ҷое кор намекард, боздошт гардида буд. «Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки 14-уми июни соли 2007 К.Эшонқулов дар шаҳри Деҳнави Ӯзбекистон бо шиноси худ – намояндаи хадамоти махсуси кишвари ҳамсоя Саид вомехӯрад, – гуфт ӯ. – Саид ба ӯ супориши Хадамоти амнияти миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи ташкил намудани якчанд инфиҷорҳо дар қаламрави шаҳри Душанбе бо мақсади ташаннуҷи авзоъ дар пойтахти Тоҷикистон мерасонад». Аз оғоз то анҷоми амалиёт К.Эшонқуловро шаҳрванди Ӯзбекистон Ҷамшед Семирхоонов ҳамроҳӣ мекунад.





Н.Абдуллоев зикр кард, ки субҳи 16-уми июн ин ду нафар сарҳади Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур намуда, ба шаҳри Душанбе меоянд. «Дар назди панҷараи бинои Додгоҳи Олӣ К.Эшонқулов ноаён бастаи дорои маводи таркандаро мегузорад ва ҳарду дар таърихи 17-уми июн ба Ӯзбекистон бармегарданд», – идома дод ӯ ва таъкид сохт, ки хадамоти махсуси кишвари ҳамсоя ба ивази иҷрои амалиёти муваффақонаи инфиҷор ба К.Эшонқулов 5 ҳазор доллари амрикоӣ мукофотпулӣ ваъда кардаанд.





«Мувофиқи иттилои мӯътамад, зери ниқоби намояндаи хадамоти махсуси кишвари ҳамсоя бо номи Саид дар асл собиқ сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҳисор ва собиқ фармондеҳи Ҷабҳаи халқӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Бобосубҳон Мирзоев пинҳон аст, ки тӯли якчанд сол дар ҷустуҷӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ қарор дорад, – гуфт Н.Абдуллоев. – Тибқи қарордодҳои мавҷуда миёни кишварҳо мо якчанд маротиба ба ҷониби Ӯзбекистон муроҷиат кардем, ки Б.Мирзоевро ба мо бозпас диҳанд, вале то ҳанӯз аз онҳо посухе нагирифтаем».





Дар таърихи 10-уми июли соли равон додгоҳи шаҳри Душанбе шаҳрванди Тоҷикистон Комилҷон Эшонқуловро ба ҷурми даст доштан дар инфиҷори назди бинои Додгоҳи Олӣ ба 22 соли зиндон маҳкум кард.







Ёдрас мекунем, ки таркиш дар назди бинои Додгоҳи Олӣ санаи 16-уми июни соли 2007 рух дода буд. Додситони шаҳр Қурбоналӣ Муҳаббатов, ки зуд ба макони ҳодиса ҳозир гашта буд, он замон ба рӯзноманигорон изҳор дошта буд, ки «амали террористӣ бо мақсади тарсонидани шаҳрвандон ва шояд баъзе кормандони ҷудогонаи Додгоҳи Олӣ равона карда шудааст». Дар ҳамин ҳол, ӯ ҷанбаи сиёсӣ доштани инфиҷорро комилан рад кард.







Бар асари инфиҷор талафоти ҷонӣ набуд, танҳо ба бинои Додгоҳи Олӣ каме осеб дид.



Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Қазоқистон масоили омодасозии боздиди расмии сарвазири Қазоқистонро аз Тоҷикистон муҳокима карданд

0







Душанбе. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мулоқоти президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон бо сафири тозатаъиншудаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҶТ Абдулатиф Аҳмедов масоили ҷорӣ ва дурнамои муносиботи кишварҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Пас аз мулоқот дар нишасти матбуотӣ дипломати қазоқ таъкид сохт, ки муносибатҳои байнидавлатии дуҷониба бар асоси дӯстиву бародарии мардуми ду кишвар ташкаккул ёфтаанд.







Сафири тозатаъин аз Э.Раҳмон барои иштирокаш дар ҷашнҳои таҷлили 10-умин солгарди шаҳри Остона ва сафари расмиаш ба Қазоқистон дар моҳи май изҳори миннатдорӣ намуда, арз дошт, ки тайи панҷ соли ахир ҳаҷми маблағҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳо 5 баробар афзуданд.







Ба қавли сафир, соли 2007 муомилоти молии дуҷониба аз 300 млн. доллари амрикоӣ зиёдтар шудааст. «Қазоқистон хостори иштирок дар рушди иқтисоди Тоҷикистон аст ва ин гувоҳи он аст, ки минбаъд низ ҳаҷми маблағҳо бештар хоҳанд шуд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки миёни кишварҳо ба миқдори 100 млн. доллари амрикоӣ Фонди сармоягузории муштарак таъсис дода шудааст, ки ба рушди ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба мусоидат хоҳад намуд.







Сафир ҳамчунин изҳор дошт, ки дар мулоқот масоили омодасозии боздиди расмии сарвазири Қазоқистон Карим Масимов аз Тоҷикистонро низ муҳокима гардид, ки ба назари ӯ, ҷиҳати рушду тавсиаи муносиботи минбаъда такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.







А.Аҳмедов ёдовар шуд, ки соли равон қабули 100 нафар донишҷӯёни тоҷик ба макотиби олии Қазоқистон пешбинӣ шудааст ва ин шумора низ ҳадди ниҳоӣ нест. Зимни посух ба суол бобати иштироки Қазоқистон дар сохтмони иншооти энергетикии Тоҷикистон, сафир арз дошт, ки «албатта, кишвараш хостори ширкат дар онҳост, вале ҷузъиёти ин ҳамкории афзалиятнокро бояд тоҷирони кишварҳо муҳокима намоянд».




Хоҷагиҳои деҳқонии Вахш дар Кӯлоб савдои маҳсулоти кишоварзиро бо нархи арзон оғоз карданд

0



Кӯлоб. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз як қатор хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар микрорайони 9-уми шаҳри Кӯлоб савдои маҳслоти кишоварзиро бо нархҳои нисбатан арзонтар оғоз карданд.






Муовини раиси ноҳияи Вахш Саидҷалол Ҳусейнов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар як муддати кӯтоҳ харбуза ба пуррагӣ ба фурӯш рафт.





Ба гуфтаи ӯ, маҳсулоти дигар низ талабгорони зиёд дошт.





«Харбузаву тарбуз бо нархи 70 дарсад арзонтар нисбат ба бозор пешкаш шуда, арзиши гандум, ҷуворимакка, помидор, карам, бодинҷон ва қаланфури булғорӣ дар муқоиса бо нархҳои бозорҳои шаҳр 40-40 дарсад арзонтар мебошанд», – баён дошт вай.





С.Ҳусейнов изҳор дошт, ки кишоварзони ноҳия ба шаҳри Кӯлоб на барои фоида ба даст овардан, балки ҷиҳати кӯмак ба аҳолӣ омадаанд.





«Харбузаву тарбузро дар сари замин деҳқонон бо арзиши аз 3 то 5 сомонӣ мефурӯшанд, аммо дар Кӯлоб онро ба қиммати 2 сомонӣ фурӯхта истодаанд», – афзуд ӯ.






 


Қ.Расулзода аз кори кишоварзони Конибодом қаноатманд нест

0



Конибодом. 16-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бо иштироки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи фаъолони шаҳри Конибодом натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳр дар шаш моҳи соли ҷорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.






Раиси вилоят фаъолияти раёсати кишоварзии ноҳияро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд.





Ӯ ташкили гузаронидани кишти такрорӣ, норасоиҳои тайёр кардани боғоту ангурзорҳои нав, истифодаи нокифояи қитъаҳои замин ва роҳ додан ба қонуншиканиҳо дар ин соҳа, кам шудани саршумори чорво, коҳиш ёфтани истеҳсоли тухм, гӯшт, пашм ва зироати ғалладонаро аз камбудиҳои асосии кишоварзони ноҳия номид.





Қ.Расулзода супориш дод, ки тамоми кӯшишот ва ҷаҳду талош барои рушди истеҳсолот, омодагӣ ба давраи зимистон, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, истифодаи оқилонаи сармоягузориҳо ва пурзӯр кардани мубориза бо ҷинояткорӣ равона карда шаванд.





Бо дарназардошти сатҳи баланди обҳои зеризаминӣ ва вазъи бади мелиоративии заминҳо, раиси вилоят супориш дод, ки ҷиҳати харидории насосҳои обкашӣ аз буҷаи вилоят 200 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шавад.





Қоҳир Расулзода ҳамчунин аз хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаи хурди истеҳсоли хишт ва мактаби санъат боздид кард.