Дар Панҷакент ҷиҳати истифодаи сарчашмаҳои алтернативии энергия заҳмати зиёд мекашанд

0



Панҷакент. 12-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Панҷакент аз рӯи татбиқи лоиҳаи «Дастгирии воҳидҳои кишоварзӣ дар ҷомеа ва идораи тақсими ҳавзаи оби дарёи Зарафшон» ба истеҳоли биогаз шурӯъ карданд.






Раиси гурӯҳи «Биогаз» Эсоналӣ Ашӯралиев хабар дод, ки бо ташаббуси гурӯҳ дар деҳаи Чинори ҷамоати Чинор амалисозии лоиҳаи хурди Бунёди эътимод оид ба истеҳсоли биогаз аз пору оғоз гардидааст, ки дар водии Зарафшон ба он бори нахуст даст мезананд.





«Зимистони қаҳратуни гузашта водор сохт, ки манбаъҳои алтернативии истеҳсоли энергияро ҷустуҷӯ намоем, – идома дод сарчашма. –

 

Пур кардани як зарф истеҳсоли


100 кг

биогазро таъмин месозад, ки нерӯи он

 

метавонад барои тайёр кардани хӯрок ва гарм кардани хона истифода шавад»





Мавсуф изҳор дошт, ки гурӯҳи «Биогаз» барои омӯзиш ва табодули таҷрибаи худ омода аст, бо ҳамаи сокинони водии Зарафшон ва вилоят ҳамкориро роҳандозӣ кунад.





Ёдрас мекунем, ки лоиҳаи «Дастгирии воҳидҳои кишоварзӣ дар ҷомеа ва идораи тақсими ҳавзаи оби дарёи Зарафшон» аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон молиягузорӣ шуда, онро Агроаксияи Олмон Welthungerhilfe амалӣ месозад.



Барномаҳои таълимии мактабҳо нав карда мешаванд, – вазири маориф

0





 




Душанбе. 12-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Барномаи таълимии мактабҳои таҳсилоти умумӣ тағйир дода шуда, мувофиқи китобҳои дарсӣ омода мегарданд.





Аз ин хусус дар нишасти матбуотӣ вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов хабар дода, изҳор дошт, ки дар соли нави хониш соати дарсии забони русӣ ду соат зиёд карда мешаванд.





Вазир ҳамчунин иттилоъ дод, ки маҷаллаи тозаи «Масъалаҳои маориф» ба табъ расидааст.





«Мо ният дорем, ҳамчунин нашри маҷалла барои кӯдаконро низ ба роҳ монем», – гуфт ӯ.





А.Раҳмонов изҳор дошт, ки то моҳи сентябр китобҳои тоза бо расмҳои ранга барои кӯдакони синни томактабӣ тайёр карда мешаванд. «Вазорат ҷиҳати таҳияву омода сохтани китобҳо ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи рассомон муроҷиат кард», – гуфт ӯ.





Вазир баён дошт, ки то оғози соли нави хониши 2008-2009 мактабҳои ҷумҳурӣ пурра бо китобҳои дарсӣ таъмин карда мешаванд.





Аз Вазорати маорифи ҶТ ҳамчунин хабар доданд, ки дар шаш моҳи соли равон 67 ҳазор нусха китобҳои дарсии забони русӣ барои синфҳои 11, 70 ҳазор нусха китобҳои дарсии омодагии ҳарбӣ, 20 ҳазор нусха китобҳои дарсии забони англисӣ барои синфи 9, 48 ҳазор нусха китобҳои дарсии забони русӣ барои синфҳои 3, 70 ҳазор нусха китобҳои дарсии тарбияи ватандӯстӣ барои синфҳои 3 ва 4 ва 27,3 ҳазор нусха китобҳои дарсии технологияҳои иттилоотӣ барои синфи 7-ум нашр гардида, ба мактабҳои ҷумҳурӣ фиристода шудаанд.



Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба занони Рашт тарзи муносибат бо минаҳоро омӯзонид

0




Ғарм. 12-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар Ғарм семинари дурӯзаи минтақавии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба анҷом расид.








Намояндаи мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллӣ Сайрам Бухориева ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки иштирокчиёни семинар дар мавзӯи «Гендер ва амалҳо бар зидди мина» табодули афкор намуданд.







Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин ҷиҳати расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ба ҷабрдидагон аз таркиши мина ва дастгирии онҳо тависяву машваратҳо дода шуданд.








               

Дар чорабинӣ кормандони ҶҲАТ дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ва намояндагони мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллӣ ширкат варзиданд.




«Ҷараёни салафия дар ислом таҳлили ҳамаҷонибаро тақозо мекунад», – назари Ҳайдари Ҷамол

0



Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс – «Дар таҳқиқи ҷараёни салафия таҳлили ҳамаҷониба ва муносибати фардӣ зарур аст, то ки ба умқи масъала сарфаҳм рафта, пайдоиши «гург дар ниқоби гӯсфанд»-ро пешгирӣ кунем», – изҳор дошт раиси Кумитаи исломии Русия, коршиноси маъруф оид ба масъалаҳои ислом Ҳайдар Ҷамол.






Имрӯзҳо ӯ дар шаҳри Душанбе қарор дорад ва дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» перомуни вазъи ислом дар Тоҷикистон ва пайдоиши ҷараёни салафия чунин изҳори назар кард, ки ӯ ба ҳамаи мусулмонон новобаста аз мансубияташон ба ҷараёне муносибати якхела дорад ва ҳамеша аз як мавқеъ ба онҳо баҳо медиҳад: «онҳо ба ислом хизмат мекунанд ё ба душманони он?».





«Дар дохили ислом хадамоти махсуси амрикоӣ амал мекунанд, ки бо ошкор сохтани онҳо мо аниқ хоҳем кард, ки дар асл кӣ гунаҳкор аст», – таъкид сохт Ҳ.Ҷамол. Ӯ намояндгони ҳаракати «Толибон» ва Ҳаракати исломии Ӯзбекистонро ба сифати намуна мисол овард, ки онҳо бо хадамоти махсуси амрикоӣ робита доранд.





Коршинос таъкид сохт, ки миёни тамоми ҷараёнҳои ислом бояд робитаву гуфтушунид барқарор бошад, то ки аз муноқишаву ташаннуҷи вазъ ҷилавгирӣ шавад.





Дар ҳамин ҳол, ӯ аз шарҳи муфассали афкору ғояҳои ҷараёни салафия дар ислом худдорӣ кард.



Гумонбаршудаи қатли фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко муайян шудааст

0



Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки гумонбаршудаи қатли фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко муайян карда шудааст, вале бо дарназардошти идомаи корҳои тафтишотӣ аз ифшои номи ӯ худдорӣ кард. Ӯ гуфт, ки ин шахс то ҳол ба ҳабс гирифта нашудааст ва тафтишоти қазия ҳанӯз давом дорад. «Ман чун додситони кулли ҷумҳурӣ қотеъона мегӯям, ки дер ё зуд содиркунандагони ин ҷиноят ба курсии айбдорӣ хоҳанд нишаст», – гуфт додситони кулл.






Ёдрас мекунем, 2-уми феврали соли 2008 дар шаҳраки Ғарм миёни гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати дохилӣ

 

ва шӯъбаи мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили ноҳияи Рашт задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шуда, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко кушта шуд.





Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар сардори раёсати минтақавии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба даст доштан дар ин ҷиноят гумонбар медонистанд. Дар ҳамин ҳол, М.Аҳмадов то ҳол дар мансаби пешинаи худ ифои вазифа менамояд ва худро гунаҳкор намедонад. «Бояд шахсе муттаҳам карда шавад, ки он «сафари шум»-ро барои О.Захарченко фармоиш дода буд», – изҳор дошт дар яке аз мусоҳибаҳояш ба ОИ «Азия-Плюс» М.Аҳмадов.



Ҷинояткори инфиҷор дар назди бинои Додгоҳи Олӣ ба 22 соли зиндон маҳкум гардид

0



Душанбе 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрванди Тоҷикистон Комилҷон Эшонқулов ба ҷурми даст доштан дар инфиҷори назди бинои Додгоҳи Олӣ ба 22 соли зиндон маҳкум гардид.






Аз додгоҳи шаҳри Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки К.Эшонқулов пас аз як моҳи ҳодиса боздошт гардида буд. «Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки инфиҷор бо супориши нерӯҳои зиддиконститутсионӣ бо мақсади ташаннуҷи авзоъ ба амал оварда шудааст», – изҳор дошт сарчашма.





Ёдрас мекунем, ки таркиш дар назди бинои Додгоҳи Олӣ санаи 16-уми июни соли 2007 рух дода буд. Додситони шаҳр Қурбоналӣ Муҳаббатов, ки зуд ба макони ҳодиса ҳозир гашта буд, он замон ба рӯзноманигорон изҳор дошта буд, ки «амали террористӣ бо мақсади тарсонидани шаҳрвандон ва шояд баъзе кормандони ҷудогонаи Додгоҳи Олӣ равона карда шудааст». Дар ҳамин ҳол, ӯ ҷанбаи сиёсӣ доштани инфиҷорро комилан рад кард.





Бар асари инфиҷор талафоти ҷонӣ набуд, танҳо ба бинои Додгоҳи Олӣ каме зарар расид.



Дар Суғд ҳосили зироати шолиро талаф медиҳанд

0



Хуҷанд. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ба иллати норасоии об дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ҳосили зироати шолӣ талаф меёбад.






Ба гуфтаи сардори раёсати кишоварзии вилояти Суғд Бобоҷон Домуллоев, имрӯз аллакай бо боварии комил метавон гуфт, ки шоликорони вилоят соли равон ба миқдори 1 ҳазору 305 тонна камтар ҳосили шолӣ ба даст меоранд, зеро нисбат ба соли гузашта дар майдони


345 гектар

камтар шолӣ кишт карда шудааст.





«Айни замон сатҳи воридшавии об ба обанбори Қайроққум ҳамагӣ ба 150 метри мукааб дар як сония баробар аст, сатҳи обпартоӣ бошад, 390 метри мукааб дар як сония аст», – изҳор дошт Б.Домуллоев.





Мувофиқи маълумоти раёсати кишоварзии вилоят, шоликорон соли равон ният доранд, 17 ҳазору 742 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намоянд. Ин рақам соли гузашта 20075 тоннаро ташкил медод.





Камшавии истеҳсоли шолӣ ба шӯршавии заминҳо ва риоя накардани тартиби кишти тухмӣ вобаста аст: як намуди зироат ҳамеша дар як ҷой кишта мешавад.





Дар вилояти Суғд кишти шолӣ дар ҳамаи ноҳияҳои даштдор ва аз ноҳияҳои кӯҳистон танҳо дар Панҷакент кишт мешавад.



Сармоягузории хориҷӣ ба соҳаи геологияи тоҷик афзун мегардад

0



Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Азхудкунии нақшавии сармоягузориҳои хориҷӣ дар соҳаи кашф ва истихроҷи конҳои геологӣ дар соли 2008 50 млн. 461 ҳазор сомониро ($14 млн. 626 ҳазор) ташкил медиҳад, ки он аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои чаҳор соли ахир 7 маротиба бештар аст.






Муовини сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Марҳабо Абдуллоева дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар солҳои 2003-2007 ҳамагӣ 7 млн. 606 ҳазор сомонӣ ($2 млн. 224 ҳазор) мабалғҳо азхуд карда шудаанд.





Ба гуфтаи ӯ, суръати баланди афзоиши сармоягузории хориҷӣ аз таваҷҷӯҳи хоссаи ширкатҳои хориҷӣ ва самти афзалиятноки сиёсати ҳукумати кишвар дар ин соҳа гувоҳӣ медиҳад.





«Аз ҷумла, сармоягузориҳои давлати Чин дар соҳаи геологияи тоҷик бештар ба мушоҳида мерасанд», – таъкид сохт М.Абдуллоева.





Дар ҳамин ҳол, мавсуф зикр кард, ки ҳаҷми молиягузории маблағҳои буҷавӣ ба соҳаи геология дар соли 2008 ҳамагӣ 2 млн. 180 ҳазор сомониро ($635 ҳазор) ташкил дода,

 

миқдори маблағи сармоягузориҳои дохилӣ ба 583 ҳазору 100 сомонӣ ($170 ҳазор) баробар аст.



Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи аъзои худро ба 400 адад расониданист

0



Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи аъзои худро ба 400 адад расониданист.






Имрӯз дар нишасти матбуотӣ раиси палата Шариф Саид изҳор дошт, ки феълан 360 ташкилот аъзои палата мебошанд.





Ба гуфтаи ӯ, дар се моҳи ахир палата ба маблағи 806,3 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳоро анҷом додааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 29 дарсад зиёдтар аст.





«Пешниҳоди иҷозатнома ва гувоҳномаҳо ба мол самти асосии фаъолияти мо маҳсуб мегардад, – гуфт ӯ. – Бо дархости соҳибкорони хориҷиву ватанӣ палата сифат, бандубаст, ҳаҷм ва махсусиятҳои моли воридотӣ ва содиротиро аз ташхис гузаронида, гувоҳномаҳои таърих ва макони истеҳоли молро медиҳад».





«Раёсати ташхис ва гувоҳномадиҳӣ дар се моҳ беш аз 3600 гувоҳнома ва 27 иҷозатнома додааст», – идома дод Ш.Саид.





Вай баён дошт, ки то санаи 1-уми июли соли 2008 Палатаи савдо ва саноати ҶТ бо палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои хориҷи дур 197 созишнома ба имзо расонидааст. Айни замон палата дар 48 кишварҳо намояндагии худро ифтитоҳ кардааст.



Комбинати металлҳои нодири Чоруқдаррон интизори иҷозатномаи истихроҷи квартс аст

0






Хуҷанд. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии шакли кушоди (ҶСШК) «Комбинати металлҳои нодири Ленинобод» (КМНЛ), ки дар шаҳраки Чоруқдаррон воқеъ аст, интизор гирифтани иҷозатномаи истихроҷи квартс аст, ки кони он аз корхона каме дуртар ҷойгир шудааст.





Директори генералии комбинат Маҳмуд Холиқов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, дар сурати гирифтани иҷозатнома, ширкати австриягии «Сторк Ханделсгез МБХ», ки 100 дарсади

 

саҳмияҳои ҶСШК ба он тааллуқ доранд, омода аст, ҷиҳати бунёди корхонаи истеҳсоли ферросилитсий $25 млн. сармоягузорӣ кунад.



«Гап сари он аст, ки дар кишварҳои собиқи шӯравӣ чунин корхона мавҷуд нест ва дар ҳоли қомат рост кардани корхона ба буҷаи кишвар ҳар моҳ 1 млн. доллари марикоӣ ворид мегардид, – идома дод ӯ. – Пӯшида нест, ки дар ин масъала қазоқону қирғизҳо фаъолу пешсафанд ва барои сармоягузор фарқе нест, ки ба куҷо молиягузорӣ намояд, танҳо мавҷудияти ашёи хом зарур аст».



Мавсуф зикр кард, ки айни замон дар комбинат 8 сех бо иқтидори пурра кор мекунанд. «Аз даст додани чунин сармоягузор ба манфиати кор нест», – афзуд М.Холиқов.