Бо фармони президенти Тоҷикистон директори Маркази исломшиносӣ таъин карда шуд

0



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Аия-Плюс» – Дирӯз бо фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродулло Давлатов д


иректори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ» таъин шуд.






Ҳамчунин дирӯз бо қарори ҳукумати ҶТ М.Давлатов аз вазифаи муовини вазири фарҳанги ҶТ озод карда шуд. Ёдрас мекунем, ки қаблан ӯ ба ҳайси раиси Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҶТ ифои вазифа мекард.





Бо фармони сарвари давлат Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъин карда шуд.






 



Ҳамчунин имр


ӯ


з бо амрҳои президент Сайфуддинов Мансур Саидалиевич мушовири калони президенти


Ҷ


Т оид ба рушди и


ҷ


тимо


ӣ


ва робита бо


ҷ


омеа ва Шарипов Азамшо Латипович мушовири президенти


Ҷ


Т оид ба рушди и


ҷ


тимо


ӣ


ва робита бо


ҷ


омеа таъин гардиданд.





Ёдрас мекунем, ки Мансур Сайфуддинов қаблан дар Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ва ҳамчунин муддати зиёде дар рӯзномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» ба ҳайси сармуҳаррир кор кардааст.





Азамшо Шарипов пеш дар мансабҳои дипломатӣ дар сохтори Вазорати корҳои хориҷии ҶТ кор кардааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.

Дар Шуғнон бар асари садамаи нақлиётӣ як наврас ба ҳалокат расид

0



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Помир-Медиа» – Бар асари садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) як навраси 13 -солаи деҳаи Барчид ҳалок шуд.






Сардори хадамоти матбуотии раёсати корҳои дохилии Бадахшон Мизроб Доробов

 

иттилоъ дод, ки дар деҳаи Барчиди ноҳияи Шуғнон автомашинаи тамғаи “


HONDA


” як наврасро зер кардааст.





Вай афзуд, ки ин хонандаи синфи ҳафтум пас аз зери чархи мошин мондан бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол

 

ва дар он ҷо ба ҳалокат расидааст. Оид ба ин ҳодиса аз болои ронандаи 18-солаи шаҳри Хоруғ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

  


 




Сафири Олмон ва раиси ҲНИТ оид ба вазъи Тоҷикистон табодули афкор намуданд

0



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз сафири Олмон дар Тоҷикистон Райнер Мюллер бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддин Кабирӣ мулоқот кард.






Роҳбари маркази таҳлилии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода иттилоъ дод, ки ҷонибҳо дар чаҳорчӯбаи мулоқотҳои ахири сафир, ки рӯзҳои наздик ваколаташ дар кишвари мо ба анҷом мерасад, оид ба вазъи феълии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.





Бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқот вазъи Тоҷикистон тайи ду соли ахир, ки Р.Мюллер ба ҳайси сафир ифои вазифа мекард, мавриди муҳокима қарор гирифт.





Ба қавли Ҳ.Сайфуллозода сафир гуфтааст, ки «ӯ ба кор бо рӯҳу илҳом ва ҷаҳду талоши некбинона шурӯъ карда буд, вале имрӯз он рӯҳу илҳом заиф гаштааст».





«Ҳангоми баррасии рӯйдодҳои ахири кишвар ҷонибҳо ба чунин мувофиқа расиданд, ки Тоҷикистон кишварест, ки омилҳои хоси худро дорад ва ин ҷо мардум нисбат ба ҳукумат масъулияти бештареро ҳис мекунанд», – гуфт Ҳ.Сайфуллозода.





Ба иттилои сарчашма, сафир мавқеи ҲНИТ-ро нисбат ба рӯйдодҳо ва тамоилҳо дар Тоҷикистон мусбат арзёбӣ намуд.



Дар 22 вилояти Афғонистон кишти маводи мухаддир комилан барҳам дода шуд, – вазири корҳои дохилии Афғонистон

0



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Аз 34 вилояти кишвар дар 22 вилояти Афғонистон кишти маводи мухаддир комилан барҳам дода шуд», – изҳор дошт вазири корҳои дохилии Афғонистон Зарораҳмад Муқбил, ки бо боздиди корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад.






Ба гуфтаи ӯ, айни замон истеҳсоли маводи мухаддир дар Афғонистон ба маротиб поин рафта, «дар вилоятҳои ҳаммарзи Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон кишти он умуман ба назар намерасад».





Дар ҳамин ҳол, мувофиқи маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ


дар муддати шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ аз гардиши ғайриқонунӣ 3,5 тонна маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки асосан аз Афғонистон интиқол дода мешавад. Мувофиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, соли 2007 93 дарсади бозори қочоқи маводи мухаддир ба Афғонистон рост меомад.





Дар навбати худ вазири корҳои хориҷии ҶТ Маҳмадназар Солеҳов ба рӯзноманигорон хабар дод, ки миёни вазоратҳо Ёддошти ҳамкориҳои муштараки мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории трансмиллӣ ба имзо расидааст.

 






Ҷаноби З.Муқбил ҳамчунин изҳор дошт, ки чанде қабл парлумони кишвараш нақшаи хурӯҷи нерӯҳои эътилофи зиддитеррористиро аз шаҳри Кобул маъқул шуморидааст, зеро ба назари ӯ, аксари амалҳои террористӣ маҳз дар пойтахт рух дода, муқобили нерӯҳои эътилоф равона гардидаанд.





Дар шарҳи амали террористии ахир дар Кобул вазири кишвари ҳамсоя чунин ақида изҳор намуд, ки он кори дасти терррористоне аст, ки дар хориҷи кишвар омода мегарданд. «Ашхосе, ки даст ба амалҳои террористӣ мезананд, на дар қаламрави Афғонистон, балки дар хориҷи кишвар омӯзионида мешаванд», – афзуд З.Муқбил.

 




КВД «Талко» ба корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва таҷдиди корхона ҳудуди $100 млн. хароҷот кард

0



Душанбе. 9-уи июл. ОИ «Азия-Плюс» – Афзоиши даромад ва сатҳи баланди таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолӣ дар се соли ахир аз он шаҳодат медиҳанд, ки Корхонаи воҳиди давлатии ширкати алюминии Тоҷикистон (КВД «Талко») ба марҳилаи тозаи рушд ворид гардидааст.






Сухангӯи КВД «Талко» Саёҳат Қодирова иттилоъ медиҳад, ки танҳо дар шаш моҳи соли равон густариши муносиботи иқтисодӣ ва тиҷоратии хориҷӣ ба афзоиши муомилоти молии корхона боис гаштааст. Дар ин давра нишондиҳандаи мазкур $829,7 миллионро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи $45,2 млн. зиёдтар аст. «Дар шаш моҳи соли равон аз рӯи муомилоти тиҷоратии хориҷӣ ба андозаи $319,8 млн. бақия ҳосил шудааст, ки нишондиҳандаи беҳтарин дар ҷумҳурӣ мебошад», – гуфт ӯ.





Ба гуфтаи С.Қодирова, вазифаҳои корхона дар марҳилаи аввал аз рушди заминаи энергетикӣ ва захиравӣ аз ҳисоби мавриди истифода қарор додани Маркази барқу гармидиҳии Ёвон (то ин давра $15 млн. харҷ шудааст), бунёди корхонаҳои нави истеҳсоли криолит ва алюминии фторӣ ва кашфу коркарди конҳои худии гилхок ва ангиштсанг дар Тоҷикистон иборатанд.





Тибқи иттилои манбаъ, дар корхона раванди таҷдид идома дорад. Аз ҷумла, се трансформатор аз Чин харидорӣ шуда, моҳи май ба корхона борбардори нави иқтидори борбардориаш 10 тонна оварда шуд ва инчунин дар семоҳаи саввуми соли равон харидории борбардори иқтидори борбардории 16 тонна ба нақша гирифта шудааст.





Айни замон бобати таъмини озмоишгоҳи корхона бо таҷҳизоти замонавӣ ба маблағи $1 млн. гуфтушунид идома дорад. Нақшаи хароҷоти имсола $12-15 миллионро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда соли гузашта ба ҳудуди


$


8 миллион баробар буд.





Тайи се соли ахир ба бахши менеҷменти корхона муяссар гашт, ки нишондиҳандаҳои истеҳсолиро ба андозаи 50% зиёд кунад. Дар маҷмӯъ, КВД «Талко» ба корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва таҷдиди корхона ҳудуди $100 млн. хароҷот кардааст, ки ин бори нахуст аст.



Сафи коргарони корхонаи маъдантозакунии Адрасмон кам мешавад

0



Хуҷанд. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Коргарони корхонаи маъдантозакунии Адрасмон (КМТ) ба иллати аз фаъолият бозмондани корхона ва напардохтани музди меҳнат бо хоҳиши худ аз кор рафта истодаанд.






Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «КМТ Адрасмон» Барот Каримов мегӯяд, ки оғози сол дар корхона 564 нафар кор мекарданд, имрӯз дар рӯйхат 455 нафар мондаанд.





«Коргарони кон ҳар моҳ ба ҳисоби миёна то 1200 сомонӣ маош мегирифтанд», – гуфт директор ва афзуд, ки бо сабаби норасоии барқ корхона аз фаъолият бозмондааст.





«Айни замон саҳмиядорон оид ба барқарор сохтани фаъолияти корхона қарор қабул карданд ва ҷудо кардани маблағҳо оғоз гардид, – гуфт Б.Каримов – Дар навбати аввал 48 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо гардид, ки бо он қарзҳои андозро пардохтем ва феълан боз ҷудо гардидани 156 ҳазор доллари марикоиро интизорем, ки қисме аз он барои пардохти музди меҳнат истифода хоҳад шуд».





Мавсуф изҳор дошт, ки корхона ҳамеша ба воситаҳои молиявӣ ниёз дорад, зеро ин ҷо истеҳсолоти муттасил амал мекунад. Ҷаноби Б.Каримов афзуд, ки ҳафтаи оянда ҷиҳати муайян намудани фаъолияти минбаъдаи корхона ва ҳалли масоили таъхирнопазир ташрифи раиси нави раёсати Ҷамъияти саҳомии «Конимансур» Нурлан Алимбетовро интизоранд.



Ҳукумати Тоҷикистон бояд ба намояндагони Салиби Сурх иҷозати вуруд ба зиндонҳоро диҳад, – назари П.Фурӯғӣ

0



Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе зимни баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Кумитаи СММ муқобили шиканҷа. Пас аз як сол: комёбиҳо ва дурнамои оянда» мушовири Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе Паём Фурӯғӣ изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд ба намояндагони Салиби Сурх ва дигар намояндагони дифоъ аз ҳуқуқи иносн иҷозати вуруд ба зиндонҳоро диҳад.






Ба гуфтаи ӯ, соли 2004 президенти кишвар ба намояндагони Салиби Сурх барои вуруд ба маҳбасҳо ва робитаи доимӣ доштан бо маҳбусон иҷозат дода буд. «Шояд ҳукуматдорон аз он дар ҳарос афтоданд, ки амалҳои шиканҷа ва рафтори дағалонаи онҳо бо зиндониён ошкор мегардад, зеро чунин таҷрибаи манфӣ ба ӯҳдадориҳои қабулкардаи ҷумҳурӣ дар доираи қарордодҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ нест, – гуфт П.Фурӯғӣ. – Ман бар он назарам, ки Тоҷикистон бояд бо намояндагони Салиби Сурх кушоду ошкоро рафтор кунад ва ин нуфузи кишварро дар арсаи байнулмилалӣ баланд хоҳад бардошт».





Мудири шӯъбаи риояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони маъмурияти президенти ҶТ Юсуф Салимов мегӯяд, ки дар кишвар воқеан ҳам макони боздошти гумонбаршудагон ва зиндонҳо ба таври мунтазам аз ҷониби коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ санҷида намешаванд. Ӯ қайд кард, ки мавриди амал қарор гирифтани Қонуни ҶТ «Дар бораи намояндаи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» ҳалли ин мушкилотро осонтар мекунад.





Мушовири сарвари давлат оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Зариф Ализода афзуд, ки айни замон ҷиҳати таъсиси чунин ниҳод корҳои омодагӣ ҷараён доранд. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки феълан рӯи таҳияи Кодекси нави ҷиноятӣ ва мурофиавӣ кор бурда мешавад ва он тирамоҳи соли 2008 ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мегардад.





Афсари Ассотсиатсияи пешгирии шиканҷа Мэтю Прингл гузориши мухтасари натиҷавии мулоҳизаҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳидро муаррифӣ сохта, таъкид кард, ки иттилоот дар бораи истифодаи шиканҷа, рафтори дағалонаи намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба маҳбусон, шароити номусоиди зист, ҳолати бади хизматрасонии тиббӣ ва набудани имкони баргузории санҷиши мунтазам ташвишовар аст.



Донишгоҳи Русия аз Хуҷанд ба Қирғизистон кӯч баст

0



Хуҷанд. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Филиали Донишгоҳи нави Русия дар Осиёи Марказӣ аз Хуҷанд ба ноҳияи Лайлоқи вилояти Баткенти Қирғизистон кӯчид.






Ректори донишгоҳи номбурда Мақсудҷон Боқиев иттилоъ дод, ки ҳафтаи гузашта онҳо таҷҳизоту китобҳо ва лавозимоти озмоишгоҳҳоро ба бинои таъмиршуда бурдаанд.





Ба гуфтаи ӯ, донишгоҳро лозим омад барои он ба кишвари ҳамсоя кӯч бандад, ки Вазорати маорифи ҶТ мӯҳлати иҷозатномаи онро барои идомаи пешниҳоди хизматрасониҳои маърифатӣ тамдид накардааст.





«Дар таърихи 9-уми июни соли ҷорӣ байни вазорати маорифи Русия ва Қирғизистон созишнома дар бораи ифтитоҳи донишгоҳ дар Қирғизистон ба имзо расид ва мо имкон пайдо кардем, ки ба Қирғизистон кӯч бандем, – изҳор дошт ректор. – Дар Қирғизистон ба мо дар майдони 6 ҳазор метри мураббаъ бинои сеошёна ҷудо карданд, ки ҷиҳати ҷобаҷогузории таҷҳизот ва синфхонаҳои дарсӣ шароити мусоид дорад».





«Айни замон ҳуҷҷатҳои довталабонро аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ қабул карда истодаем, – идома дод М.Боқиев. – Соли равон ҳудуди 200-250 нафар донишҷӯён қабул карда мешаванд ва шумораи умумии донишҷӯён дар шӯъбаи рӯзона ва ғоибона ба 1500 нафар мерасад».





Ба қавли М.Боқиев, дар донишгоҳ ҳамчунин факултаҳои нави равоншиносӣ ва иқтисоди байнулмилалӣ ифтитоҳ гардидаанд.





Донишҷӯёни вилояти Суғд ҷиҳати равуо ба донишгоҳ мушкилие ҳис нахоҳанд кард, зеро аз шаҳри Хуҷанд то ин ҷо хатсайри мунатазами нақлиёти ҷамъиятӣ амал мекунад.






 


Дар Душанбе маъракаи «70 рӯзи масъулият» оғоз гардид

0



Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шаҳрдории Душанбе дар робита ба натиҷагирӣ аз корҳои анҷомдодаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони пешорӯ маъракаи «70 рӯзи масъулият»- ро барои тамоми сокинон ва роҳбарони субъектҳои хоҷагидории пойтахт эълон намуд.






Зимнан, муқаррар гардид, ки то 20 сентябри соли ҷорӣ комиссияҳои ҷамъиятию депутатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳолати омодагиҳоро дар таносуби ҳар кадом шаҳраку маҷаллаҳои навоҳӣ ва корхонаву муассисаҳои дар ҳудуди шаҳр фаъолиятдоша мавриди санҷиш қарор медиҳанд.





Бо дарназардошти муқаррароти мазкур аз тамоми сокинон даъват ба миён оварда шуд, ки нисбати ин маъракаи муҳим бо ҳисси масъулияти баланд муносибат намуда, оид ба камбудиҳои мавҷуда, ки масъулин ҳангоми омодагиҳо ба мавсим роҳ додаанд унвонии комиссияҳои марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тавассути телефонҳои 221- 35- 68 ва 221- 62-56 муроҷиат намоянд. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.



Такмили қонунҳои интихоботии парлумонӣ машрӯъияти ҳокимияти давлатиро тақвият мебахшад, – назари С.Сафаров

0



Душанбе. 9-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Такмили қонунҳои интихоботии парлумонӣ машрӯъияти ҳокимияти давлатиро тақвият мебахшад», – изҳор дошт муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Сайфулло Сафаров дар маросими ба имзо расидани


лоиҳаи пешниҳодоти гурӯҳи корӣ оид ба ворид намудани тағйироту илова ба


Қонунҳои конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ».






Ба гуфтаи С.Сафаров, агар такмили қонунҳои зикргардида барои ҳизбҳои сиёсӣ, бахусус ҳизбҳои мухолиф зарур аст, то онҳо тавонанд тавассути интихоботи демократӣ ва шаффоф ҳокимиятро ба даст гиранд, зиёда аз ин, ба ҳокимият имкон медиҳад, ки машрӯъияти худро мустаҳкамтар созад.





«Дар маҷмӯъ, ин воситаи беҳтаринест барои интихоби баргузидагони сиёсии кишвар, ки тавассути интихоботи демократӣ амалӣ мегардад ва он бояд ҳадафи аслии ҷомеаи мо бошад», – таъкид сохт ӯ.





С.Сафаров аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки миёни ҳизбҳои сиёсии кишвар ҳусни тафоҳум мавҷуд аст, ки онҳо як ҷо ҷамъ омадаанд, то масъалаи муҳими ҳаёти ҷомеаро муҳокима кунанд.





«Дар ҳоле, ки дар кишвар равандхои муҳим чараён доранд, аҳзоби сиёсии мо на ба гирдиҳамоӣ, балки барои таҳияи пешниҳодоти такмили қонунҳои интихоботӣ баҳри рушди минбаъдаи Тоҷикистон камар бастаанд, ки ин фоли нек аст», – истиқбол кард ҷаноби Сафаров.