Сандуқи қарзии «Тоҷпромбонк» дар нимсолаи аввал ҳудуди 90 млн. сомониро ташкил дод

0




        

Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Сандуқи қарзии бонки саҳомиву тиҷоратӣ ва саноатии таҷдид ва рушди «Тоҷпромбонк» дар охири нимсолаи аввал 89 млн. 741,5 ҳазор сомониро (беш аз $26 млн.) ташкил дод.







        

Аз бонки мазкур хабар доданд, ки сохтори соҳавии қарзҳои ҷойгиркардашуда аз рӯи низоми бонкро ба таври зайл нишон додан мумкин аст: корхонаҳои тиҷоратии шахсӣ – 23 млн. 435 ҳазор сомонӣ, корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ – 14 млн. 195,5 ҳазор сомонӣ, корхонаҳои давлатӣ – 547,3 ҳазор сомонӣ, шахсони воқеӣ – 51,6 ҳазор сомонӣ.






Маълумотнома:



«Тоҷпромбонк» соли 1995 таъсис ёфта, айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ 16 шӯъба дорад.






 


Қабули ҳалномаи ҳукми қонунӣ доштани раиси ҲДТ ба 9-уми июл мавқуф гузошта шуд

0



          Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бояд 9-уми июл қарори ҳукми қонунӣ доштани раиси Ҳизби Демократии Тоҷикистонро қабул намояд.






        Роҳбари яке аз се ҷиноҳи Ҳизби Демократии Тоҷикистон (ҲДТ) Саидҷаъфар Исмонов мегӯяд, ки баррасии даъвои Масъуд Собиров, ки бояд дирӯз барпо мегардид, ба рӯзи чоршанбе мавқуф гузошта шудааст.





       Ёдрас мекунем, ки раиси расман эътирофшудаи ҲДТ Масъуд Собиров аз роҳбари яке аз се ҷиноҳи ҳизб Саидҷаъфар Исмонов даъво дорад, ки барои чун раиси ҳизб худро муаррифӣ карданаш, ба сифати ҷуброни зарари маънавӣ ба ӯ 150 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт кунад.









       Ба қавли С.Исмонов, додгоҳ мавқуф гузоштани қабули қарори худро бо ҳузур надоштани намояндаи Вазорати адлия, ки муайян кардани қонунӣ будани раисӣ дар ҲДТ ба салоҳияти ӯ дохил мешавад, асоснок кардааст.





       «Ман бар чунин назарам, ки ҳарчанд мақомоти додгоҳ ҳукми қонунӣ доштани фаъолияти моро ҳал кунанд ҳам, ба ҳар ҳол, қонунӣ будани раиси ҳизбро бояд раёсати он муайян намояд, – таъкид сохт С.Исмонов. – Аз ин рӯ, ба чигунагии ҳалномаи додгоҳ нигоҳ накарда, мо мекӯшем, даъвати анҷумани ҳизбро, ки мақомоти олии ҳизб аст, амалӣ созем».

 


 







 


Гумрукчиёни посгоҳи «Панҷи Поён» аз шаҳрванди Афғонистон миқдори зиёди ҳероинро мусодира карданд

0



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони посгоҳи гумрукии «Панҷи Поён» кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддиррро аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон пешгирӣ намуданд.






Аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳангоми азназаргузаронии бағочи шаҳрванди Афғонистон Наҷиб Муҳаммад Назар дар дохили лӯлаи (шланги) резинӣ ба миқдори 4 килову


800 грамм

маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шудааст.





«Қочоқчӣ ба ҳабс гирифта шуда, нисбат ба аъмоли ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст», – изҳор дошт манбаъ.






 


«Тоҷиксодиротбонк» ба молиягузории соҳаи моҳипарварӣ дар Кӯлоб шурӯъ кард

0


Кӯлоб. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шӯъбаи бонки «Тоҷиксодиротбонк» дар Кӯлоб барои нахустин бор ҷиҳати рушди соҳаи моҳипарварӣ қарз ҷудо намудааст. Сардори шӯъбаи бонк Абдукарим Неъматов иттилоъ дод, ки дар хоҷагии деҳқонии ба номи А.Назаров, ки дар канори шаҳри Кӯлоб воқеъ асту ҳавзи моҳипарвариаш солҳо бекор мехобид, тасмим гирифтанд, аз нав ба моҳипарпварӣ машғул шаванд. Бонк ба ин мақсад ба онҳо дар марҳилаи аввал ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ қарз ихтисос додааст.




Ба гуфтаи ӯ, миёни муштариёни «ғайриоддии» бонк занбӯриасалпарварон низ ба андозаи 20 ҳазор сомонӣ қарз гирифтаанд.



А.Неъматов изҳор дошт, ки муштариёни боқимонда ҳама анъанавӣ – саноатчиён, сохтмончиён, нақлиётчиён, пахтакорон ва соҳибкорон мебошанд.



«Дар нимсолаи аввал ба ҳама соҳаҳо аз ҷониби бонк ба маблағи 8 млн. 36 ҳазору 242 сомонӣ қарзҳо ҷудо гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 1 млн. сомонӣ бештар аст», – гуфт корманди бонк ва афзуд, ки ҷудо кардани маблағи қарзӣ ба соҳаи кишоварзӣ афзудааст ва аз рӯи ин нишондиҳанда он ба мақоми дуввум баромадааст.



«Ба ин соҳа дар нимсолаи аввал ба маблағи 2 млн. 983 ҳазору 880 сомонӣ, аз ҷумла ба соҳаи пахтакорӣ қариб 2,5 млн. сомонӣ қарзҳо ихтисос дода шудаанд», – таъкид сохт А.Неъматов.



Ӯ ҳамчунин афзуд, ки дар ин масъала чун анъана соҳибкорон ва тоҷирон пешқадаманд ва онҳо дар ин давра 4 млн. 96 ҳазору 173 сомонӣ қарз гирифтаанд.





 


Вазири маорифи ҶТ барои донишҷӯёни тоҷики хориҷи кишвар идрорпулӣ таъин карданист

0



Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Ояндаи наздик дар низоми маорифи ҷумҳурӣ Маркази байнулмилалии идрорпулии «Дурахшандагон» таъсис дода мешавад», – изҳор дошт ахири ҳафтаи гузашта дар мизи муддавари бахшида ба молиягузории низоми маорифи ҶТ бо иштироки созмонҳои мададрасон вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов.






«Пешниҳоди таъсиси чунин марказ дар ҳукумати кишвар дастгирӣ ёфт ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ бо мақомоти дахлдор мувофиқа карда шудаанд», – гуфт А.Раҳмонов. – Пас аз қарори дахлдори ҳукумат ба донишҷӯёни тоҷики хориҷи кишвар, ки бо роҳхати вазорат ба таҳсил рафтаанд, ба миқдори аз 2 то 50 ҳазор доллари амрикоӣ идрорпулӣ муайян карда мешавад».





Ба қавли ӯ, соли равон аз буҷаи давлатӣ барои донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсили илм мекунанд, 2,8 млн. сомонӣ маблағ ихтисос дода шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 40% бештар аст.



Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз манотиқи ҷумҳурӣ боздид мекунад

0



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳиддин Кабирӣ рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта аз сафар ба ноҳияҳои Шӯрообод ва Ховалинги вилояти Хатлон баргашт. Дар ноҳияҳои номбурда ӯ бо фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ шинос гардида, бо аҳолии ноҳияҳо як қатор вохӯриҳо доир сохт.






Роҳбари маркази таҳлилии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода изҳор дошт, ки ин нахустин сафарест, ки М.Кабирӣ ба сифати раиси ҳизб анҷом дод.





«Дар вохӯриҳо аҳолӣ аз мушкилоти рӯзмарраи худ ҳарф заданд, – гуфт сарчашма. – Аз ҷумла, дар ноҳияи Шӯрообод масъалаи тақсими ноодилонаи замин, дар ноҳияи Ховалинг масъалаи таъмини маъюбони ҷанги шаҳрвандӣ бо нафақа то ҳол роҳи ҳалли худро наёфтааст».





Ҳ.Сайфуллозода мегӯяд, ки аҳолӣ мехост, назари раиси ҲНИТ-ро нисбат ба «салафиён» бифаҳмад, вале М.Кабирӣ аз шарҳи он худдорӣ кард.





«Ин дафъа байни ҲНИТ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳеҷ нофаҳмие рух надод, – идома дод мнбаъ. – Илова бар ин, раиси ноҳияи Шӯрообод Иброҳим Азизов шахсан бо М.Кабирӣ мулоқот намуд».





Тибқи иттилои манбаъ, аз 11 то 20-уми июл раиси ҳизб аз вилояти Суғд боздид мекунад: 11-уми июл ӯ бо аҳолии ноҳияи Айнӣ, 12-уми июл бо аҳолии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва 13-уми июл бо аҳолии ноҳияи Панҷакент чунин вохӯриҳо барпо месозад.





«М.Кабирӣ 20-уми июл бо аҳолии шаҳри Хуҷанд мулоқот хоҳад кард ва бо ҳамин сафари ӯ ба вилояти Суғд ба анҷом мерасад», – афзуд Ҳ.Сайфуллозода.



Бонки Миллии Тоҷикистон соли ҷорӣ маротибаи дуввум меъёри бозтамвилро паст кард

0

 



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) соли ҷорӣ маротибаи дуввум меъёри бозтамвилро барои бонкҳои сатҳи дуввум паст кард.






Ба ОИ «Азия-Плюс» аз БМТ хабар доданд, ки меъёр то 14% паст карда шудааст. Маротибаи нахустин бонк меъёри бозтамвилро моҳи апрели соли ҷорӣ ба андозаи 1,25% – аз 16% то 14,75% кам карда буд. Ин нишондиҳанда то 3-уми июл нигоҳ дошта шуд.





Мувофиқи маълумоти БМТ, меъёри бозтамвил яке аз воситаҳои амалисозии сиёсати монетарӣ ба ҳисоб меравад. Таҳти мафҳуми меъёри бозтамвил сатҳи фоизе дар назар аст, ки тибқи он БМТ ба бонкҳои сатҳи дуввум қарз пешниҳод месозад.





«Бар асоси пешниҳоди Кумитаи БМТ оид ба сиёсати монетарӣ Раёсати бонк роҷеъ ба тағйири меъёри бозтамвил қарор қабул мекунад. Ҳадаф аз кори кумита ҳамоҳангсозии амалисозии сиёсати монетарӣ ва фискалӣ барои идораи самараноки қатъпазирии якборагӣ аст. Меъёри бозтамвил дар ин ҳолат нақши нишондиҳандаи сиёсати қарзии бонкҳоро иҷро карда, ба меъёрҳои фоизҳои депозитҳо ва қарзҳо дар бозори арз таъсир мерасонад», – изҳор дошт манбаъ.





Тибқи иттилои манбаъ, баланд бардоштани меъёри бозтамвил аз шадид гаштани сиёсати монетарӣ шаҳодат дода, аслан барои боздоштани суръати афзоиши таваррум истифода мегардад. Паст кардани меъёри бозтамвил ба фаъол гаштани фаъолияти қарздиҳии бонкҳо мусоидат менамояд.





Аз рӯи маълумоти БМТ, меъёри баландтарини бозтамвил аз 6 то 12 октябри соли 2003 ва меъёри пасттарини он аз 1 то 12 декабри ҳамон сол муқаррар гардида буд.



Ҳайати ҶСП «Зарубежнефтегаз» бо мақомоти роҳбарии Вазорати энергетикаву саноат ва Саридораи «Тоҷикгеология» мулоқот кард

0



Баҳром Маннонов






Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи (ҶСП) «Зарубежнефтегаз» таҳти сарварии мудири кулл Валерий Гулев ҳафтаи гузашта бо мақомоти роҳбарии як қатор вазорату муасссисоти ҶТ мулоқот доир сохт.





Сухангӯи ҶСП «Зарубежнефтегаз» Иван Гоголев хабар дод, ки зимни мулоқот бо вазири энергетика ва саноати ҶТ Шералӣ Гул масоили татбиқи Созишнома оид ба нуктаҳои асосии баргузории корҳои иктишофиву ҷустуҷӯии майдонҳои нафту гази Тоҷикистон баррасӣ шуданд.





Тибқи иттилои манбаъ, В.Гулев вазирро бо нақшаҳои ояндаи ширкат ҷиҳати азхудкунии конҳои Ренган ва Саргазон шинос намуд.





«То охири соли равон сафарбаркунии техника ва ҳайати корӣ барои иҷрои корҳои иктишофӣ ва пармакунӣ оғоз мегардад ва интизор меравад, ки баҳори соли оянда ширкат ба корҳои асосӣ дар майдонҳо шурӯъ мекунад», – изҳор дошт ӯ.





«Мо ният дорем техникаву таҷҳизотеро истифода барем, ки то ҳол дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истифода нагардида буд», – гуфт В.Гулев.





«Бо сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Азими Иброҳим ҷиҳатҳои амалии иҷрои корҳои иктишофӣ ва ҷустуҷӯӣ муҳокима шуданд», – гуфт И.Гоголев. – Мудири кулли ҶСП «Зарубежнефтегаз» ба мақомоти роҳбарии «Тоҷикгеология» изҳор дошт, ки ширкат омода аст, баҳри ташкили гузаронидани корҳои иктишофии сарватҳои зеризаминӣ бо сифати баланд ва дар муддати кӯтоҳтарин чораҳои зарурӣ андешад».





Ба гуфтаи сарчашма, ҳангоми вохӯрии ҳайат бо фармондеҳи пойгоҳи низомии 201-уми Русия генерал-майор Алексей Завизон масъалаи имкони ҳамкориҳо дар доири ташаббусҳои ширкати «Газпром» дар соҳаи иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.





Ёдовар мешавем, ки ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи нафту газ

 

тибқи созишномаи байниҳукуматии соли 2003 «Дар бораи ҳамкории стратегӣ дар соҳаи нафту газ» ва Ёддошти соли 2006 дар бораи таъсиси корхонаи муштараки Русия ва Тоҷикистон танзим мегардад.





Моҳи декабри соли 2006 ба «Газпром» ҷиҳати баргузории корҳои геологии омӯзишӣ дар минтақаҳои нафту гази Саргазон ва Ренгон, ки захираҳои он мутаносибан 30 ва 35 млрд. метри мураббаъ пешгӯӣ мешаванд, иҷозатнома дода шуда буд.





Мутасаддии лоиҳаҳои «Газпром» дар ҶТ ҶСП «Зарубежнефтегаз» мебошад, ки моҳи апрели соли 2007 ба баргузории корҳои геологии иктишофӣ дар минтақаҳои номбурда пеш аз мӯҳлат – қабл аз таъсиси КМ шурӯъ кардааст.





Қобили зикр аст, ки тайи панҷ соли наздик «Газпром» ният дорад, на танҳо дар минтақаҳои Саргазон (ноҳияи Данғара) ва Ренгон (водии Ҳисор), балки дар минтақаҳои Сариқамиш (Шаҳринав) ва ғарби мавзеи Шоҳамбарӣ низ корҳои геологии иктишофӣ гузаронад.








Маълумотнома:





ҶСП «Зарубежнефтегаз» миёнаҳои соли 1998 таъсис дода шудааст. Аз оғози соли 2007 «Зарубежнефтегаз» 100% ба ҶСК «Газпром» тааллуқ дорад. «Зарубежнефтегаз» манфиатҳои «Газпром»-ро дар як қатор лоиҳаҳо оид ба иктишоф ва азхудкунии конҳои нафту газ ва бунёди иншооти саноати нафту газ дар хориҷи кишвар, дар навбати аввал, дар кишварҳои Осиёи марказӣ ва Наздик, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Африқо, Амрикои Лотинӣ ва ҳамчунин кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон роҳандозӣ мекунад.

 




Вазири корҳои дохилии Афғонистон ба Тоҷикистон меояд

0



Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (ҶИА) Зарораҳмади Муқбил бо боздиди чоррӯза ба Душанбе меояд.






Аз Сафорати ҶИА хабар доданд, ки зимни вохӯрӣ бо вазири корҳои дохилии ҶТ Маҳмадназар Солеҳов масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобила дар мубориза бо ҷинояткории трансмиллӣ, ташкил ва баргузории амалиёти муштарак ҷиҳати ошкор ва маҳви нуқтаҳои интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба ҶТ ва дигар масоили муҳим мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.





Ҳамчунин вохӯрии З.Муқбил бо роҳбарони мақомоти дахлдор бобати ҳалли масъалаи бозомӯзии кормандони пулиси Афғонистон дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон низ пешбинӣ шудааст.





Боздиди Зарораҳмади Муқбил 11-уми июл ба анҷом мерасад.



Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро дар соҳаи энергетика ҳифз хоҳад кард

0



Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –




Иттифоқи Истеъмолкунандагони Тоҷикистон (ИИТ)  имрӯз дар мавзӯи «Ифтитоҳи Марказҳои доимамалкунанда оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар бахши таъмини барқу газ» конфронси матбуотӣ доир сохт. Дар ташкил ва баргузории чорабинии мазкур Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри


XXI


» мусоидат кард.






Дар нишасти хабарӣ сарвари иҷроияи ИИТ Баҳодур Ҳабибов изҳор дошт, ки Марказҳои аввали моҳи ҷорӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд ифтитоҳ гардида, ба Шабакаи миллии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон (ШМҲҲИ)муттаҳид карда шудаанд.





Ба гуфтаи ӯ, вазифаҳои лоиҳа аз ташкили сохтори мустақили ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони барқу гази табиӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои

 

истеъмолкунандагон, пешбурди ҳамкорӣ ва намояндагӣ аз манфиатҳои истеъмолкунандагон дар раванди ислоҳоти соҳаи энергетикии кишвар, инчунин таҳияву пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҶТ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва мутобиқсозии он ба меъёрҳои ҷаҳонӣ иборат аст.





«Шабакаи миллии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ба аҳолӣ дар масоили таъмини барқу газ кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ расонида, машваратҳои телефонӣ, ташхиси мустақили ҳуқуқӣ ва намояндагии истеъмолгарон ҷиҳати ҳифзи манфиатҳояшон дар додгоҳро пешниҳод мекунад», – изҳор дошт Б.Ҳабибов.





Ӯ зикр намуд, ки ИИТ баргузор кардани чорабиниҳои васеи маърифатӣ, аз қабили доир сохтани тренингу семинарҳо, таҳияи наворҳои иҷтимоӣ, нашри варақаҳои иттилоотӣ, гузаронидани семинарҳо барои сарварони ҷамоатҳои маҳаллӣ ва кормандони бахши таъмини барқу газро ба нақша гирифтааст.

 






«Марҳилаи аввали фаъолияти ШМҲҲИ пас аз 14 моҳ ба анҷом мерасад, – изҳор дошт сарвари иҷроия. – Тайи ин муддат дар ҳаҷми кофӣ маълумоти хусусияти гуногундошта барои натиҷагирии минбаъда ҷамъоварӣ карда мешавад».





Б.Ҳабибов инчунин иттилоъ дод, ки айни замон дар се шаҳри фарогирифтаи шабака 11 нафар машғули коранд.





Зимни посух ба суол доир ба натиҷаҳои фаъолияти ИИТ, номбурда гуфт, ки баъд аз муроҷиат ба додгоҳ дар мавриди дуздидани ҳисобкунаки барқии яке аз сокинони шаҳри Чкаловск, ба мо муяссар гардид, ки дар мурофиа пирӯ


з


шавем ва додгоҳ «Маркази фурӯши барқ»-и шаҳри Чкаловскро ӯҳдадор сохт, то ба истеъмолгар ба таври ройгон ҳисобкунаки нав насб созад.





Дар мавриди тақозои пешпардохти маблағи бештар аз нишондоди ҳисобкунакҳои газӣ, Б.Ҳабибов таъкид сохт, ки пешпардохт танҳо бо ризоияти истеъмолгар сурат мегирад.





«Зимистони гузашта ширкати «Сомонсуғдгаз» пешпардохт талаб карда, ба аҳолӣ таъмини шабонарӯзии газро ваъда дода буд, вале баъдтар маълум шуд, ки он танҳо фиреб будаасту халос, – изҳор дошт ӯ. – Аз ин рӯ, ба хубӣ огоҳ будани аҳолӣ аз ҳуқуқҳои худ, инчунин талаби риояи он заруру ҳатмист ва ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани чунин тарзи кор Иттифоқи истеъмолкунандагон васоити ахбори оммаро ба ҳамкорӣ даъват мекунад».