Home Blog Page 88

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 январи соли 2026

0
616371300_1188488456787956_3371881354964751930_n

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 17:30 дар филми тахайюлӣ-ҳаҷвии "Паканаи айнакдор" дар синамохонаи "Кайҳон" (Ашан) ба намоиш гузошта мешавад. филм бо коргардонии Фарҳод Ғаффорпур рӯйи пардаи синамо омадааст. Чиптаҳоро дар худи синамохона дастрас карда метавонед.

 

ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ

Соли 1989 – соати 5:05 субҳ дар шаҳраки Шарора, маҳаллаҳои Оқулии Боло (ҳоло Сарчашма) ва Оқулии Поёни ноҳияи Ҳисор заминларзаи шадид ба амал омад. Қувваи зилзила 7 баллро ташкил дода, боиси лағзиши теппаҳои атроф ва фаромадани тарма шуд, ки шаҳрак ва ду деҳаро зери хок гузошт.

Дар натиҷа, тақрибан 300 нафар ҷони худро аз даст доданд. Танҳо тифли шашрӯза наҷот ёфт, ки дар гаҳвора дар зери девори бетонӣ буд, мехобид. Номи ӯро Шарора гузоштанд. Заминларза ба беш аз 1900 хоҷагии ноҳияи Ҳисор зарари ҷиддӣ расонида, 4,5 ҳазор оиларо бе сарпаноҳ кард. Дар маҷмӯъ, зиёда аз 15 ҳазор кас бе манзил монданд.

Соли 2011 – Дар шаҳри Душанбе Юсуфҷон Ҳафизов бо гумони “амири созмони мамнуи “Ҳизб-ут-Таҳрир” будан  18 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Соли 2017 – Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки барои танзими вазн ва қади кормандони милитсия чора андешад.

Соли 2020 – Тоҷикистон парвозҳои ҳавоиро бо Чин муваққатан қатъ кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1915 – Зодрӯзи Кароматхон Зокирова, ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони Шӯравӣ.

Кароматхон Зокирова аз чеҳраҳои дурахшони санъати театри тоҷик аст. Ӯ аз чордаҳсолагӣ роҳи ҳунарро пеш гирифта, фаъолияташро дар Театри ҳаваскории Самарқанд ҳамчун овозхон ва раққос оғоз намудааст.

Соли 1936 Кароматхон Зокирова ба Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хуҷанд даъват гардида, қариб се даҳсола дар саҳнаи ин театр ҳунар офаридааст.

Ӯ дар намоишҳои маъруф, “Рустам ва Суҳроб”, “Тоҳир ва Зӯҳро”, “Бой ва хидматгор”, “Нурхон”, “Майсара”, “Тӯҳмат”, “Шараф” ва даҳҳо намоишҳои дигар нақш бозидааст. Дар маҷмӯъ, зиёда аз шаст намоиш бо иштироки ӯ рӯи саҳна омадаанд.

Кароматхон Зокирова ҳамчунин овозхони нозуктабъ ва раққосаи хушхиром буд. Ӯ сурудҳои халқӣ ва классикиро бо забонҳои гуногун – тоҷикӣ, узбекӣ, туркманӣ, русӣ, озарӣ, арманӣ, арабӣ ва дигар забонҳо иҷро мекард.

Зокирова 5-уми июни соли 1965 дар 50-солагь дар Хуҷанд даргузашт.

Соли 1931 – Мавлуди Мамадёрбек Маҳмадназарбеков, иқтисоддони тоҷик.

Соли 1939 – Зодрӯзи Намоз Бердиев, доктори илмҳои биология

Соли 1947 – Зодрӯзи Ҷумъа Ниёзов, сиёсатмадор, муовини пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ).

Ҷумъабой Ниёзов аз бунёдгузорони ҳизби демократи Тоҷикистон маҳсуб ёфта, муддате бахши вилоятии ҲДТ-ро роҳбарӣ мекард ва соли 1995 раиси ҳизб интихоб шуда, аз соли 2000 то поёни умр муовини аввали раиси ҲДТ буд.

Ӯ хатмкардаи факултаи энергетикии Донишгоҳи Политехникии шаҳри Душанбе буда, фаъолияти худро дар ҳамин донишгоҳ оғоз ва муддате дар филиали Донишгоҳи Политехникии Тоҷикистон дар Хуҷанд кор кардааст.

Аз соли 1989 фаъолияти сиёсии Ҷумъабой Ниёзов оғоз мегардад. Ӯ худи ҳамон сол ҳамраиси ҳаракати мардумии “Эҳёи Хуҷанд” интихоб шуда, то охири соли 1990 дар ин созмон фаъолият доштааст.

Гуфта мешавад, ки ин созмон баъди ба мақсади сиёсии худ расидан дар соли 1993, ки барқарор намудани номи таърихии шаҳри Хуҷанд будааст, фаъолияташро қатъ кард. Баъдан аксар узви фаъоли он, аз ҷумла Ҷумъабой Ниёзов ба узвияти ҲДТ шомил шуданд.

Номбурда соли 1990 раиси бахши вилоятии ҲДТ дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) интихоб шуд. Соли 1995 бошад раисиҳизб интихоб гардид. Ӯ муддате зиндонӣ ҳам шуда буд ва худро “маҳбуси сиёсӣ” меномид.

Ҳамчунин аз соли 1995 то соли 1997 узви ҳайати музокироти сулҳи байни тоҷикон буда, моҳи июни соли 1997 ба узвияти Комиссияи Оштии Миллӣ пешбарӣ гардид ва то соли 2000 дар зеркомиссияи сиёсии он буд. Минбаъд то охири умр муовини аввали раиси ҲДТ буд.

Ниёзов, ки 62 сол дошт, рӯзи шанбеи 10 январи соли 2009 дар манзили худ дар шаҳри Хуҷанд даргузашт.

Соли 1948 – Мавлуди Равшан Замир, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.

Равшан Замир аз зумраи қаламкашони серпаҳлӯи тоҷик аст, ки солҳо дар баробари фаъолият дар риштаи журналистика ба эҷоди қиссаву ҳикояҳо низ пардохта, чандин китобу маҷмуаҳояшро интишор кардааст.

Ӯ факултаи фанҳои табиатшиносии Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С. М. Кировро хатм карда, бо вуҷуди дигар будани тахассусаш ба ҷодаи журналистика қадам ниҳод ва то зинаи сардабирӣ расид.

Ӯ солҳои 1973–1974 хабарнигори рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” дар вилояти Ленинобод ва аз моҳи январи соли 1975 корманди Кумитаи телевизион ва радиои вилоят буд. Соли 1980 ӯ сармуҳаррири ин ниҳод таъин гардида, то июни 1992, 12 сол дар ин мансаб буд.

Минбаъд ӯ сардори Маркази матбуоти ҳукумати вилоят аз соли 1996 дар рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” кор мекард.

Дар баробари фаъолияти густурдаи журналистӣ, Равшан Замир дар адабиёт низ ҷойгоҳи хос дорад. Ҳикояҳо ва таронаҳои ӯ дар китобҳои “Ашки осмон”, “Сирре, ки ба хок мебаранд ҳар ду”, “Мағзи ҷон” ва “Чашми бад” ҷамъоварӣ шудаанд. Қиссаи “Парӣ дар киштичаи гул” миёни наврасону ҷавонон маҳбубияти зиёд касб кардааст. 

Равшан Замир 31-уми июли соли 2023 дар синни 75-солагӣ даргузашт.

Соли 1966 – Мавлуди Маъруф Исоматов, олим ва таърихшинос.

Соли 1968 – Зодрӯзи Зулфия Содиқова, ҳунарманди шинохтаи театр ва синамои тоҷик.

Зулфия Содиқова бахши коргардониро дар Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода хатм карда, соли 1987 баъди имтиҳони махсус ба Омӯзишгоҳи Олии Театрии ба номи Михаил Шепкини шаҳри Маскав дохил мешавад. Пас аз хатми донишкада ба Душанбе омада дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба кор шурӯъ мекунад.

Баъдтар ба театри драмавии русии ба номи В. Маяковский ва пас аз соли 2000 чанд муддат якбора дар се театр, театри ҷавонони ба номи М. Воҳидов, театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва театри драмавии русии ба номи В. Маяковский фаъолият кардааст.

Нақши аваллинро дар синамо Зулфия Содиқова дар 39-солагӣ, дар филми “Наво” бозидааст. Баъдан дар филмҳои “Марде, ки бо барф меояд”, “Қиёми рӯз” ва “Муаллим”, “Сафари ҳавоӣ”, “Арӯси замонавӣ”, “Арӯси замонавӣ 2”, “Домоди замонавӣ”, “Хоби ҳамдуна”, “Хушдоманҳо ва ё ман на манам” ва бисёр филмҳои дигар нақшҳои хотирмон бозидааст.

Дар синамо низ дар филмҳои маъруфи кишвар нақш офаридааст. Аз ҷумла нақши ӯ дар “Арӯси замонавӣ”, “Арӯси замонавӣ-2”, филми “Қиёми рӯз” ва “Муаллим”-и Носир Саид барои бинандаи тоҷик фаромӯшношуданист.

Соли 2020 – Ибодинов Хурсандқул, ахтаршинос, физикдон, собиқ сарвари Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар синни 75-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Дар ин рӯзи соли 1556 дар Чин яке аз харобиовартарин ва маргбортарин заминларза дар ҷаҳон рух дод. Дар он вақт дар музофоти Шанси 830 ҳазор кас халок шуд.

Соли 1895 дар ҳамин рӯз бори аввал инсон ба соҳили Антарктида қадам ниҳод.

Аввалин шахсоне, ки ба Антарктида қадам гузоштанд Кристенсен, капитани киштии норвегии “Антарктик” ва Карлстен Борхгревинк, мусофири ин киштӣ, омӯзгори илмҳои табиӣ буданд. Яке аз мӯъҷизаҳое, ки аъзои ҳайати киштӣ дар қитъаи нав мушоҳида карданд, шӯълаи қутбӣ буд.

Соли 1849 дар ин рӯз дар иёлати Ню-Йорки ИМА бори аввал ба як зан дипломи пизишкӣ дода шуд. Ӯ Элизабет Блэквелл буд, ки муддати дароз мустақилона соҳаи тибро омӯхт ва баъдан соҳиби диплом шуд. Донишгоҳҳои тиббии Амрико дар асри XIX ба духтарон иҷозати таҳсил дар ин риштаро намедоданд.

Имрӯз рӯзи ҷаҳонии дастхат ё дастнависҳо ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз аҳамияти хат ва арзиши беназири дастнависҳоро бори дигар таъкид мекунад. Ташаббускори ин ҷашн Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони лавозимоти нависандагӣ мебошад.

Имрӯз ҳамчунон ба таври ғайрирасмӣ рӯзи пирог ҷашн гиирфта мешавад, ки дар ИМА пайдо шуда, ба ҳунари пухтупази пирогҳои гуногун бахшида шудааст. Амрико солҳост, ки баргузории Рӯзи миллии пирог ва чемпионатҳои марбут ба онро сарпарастӣ мекунад.

23 январ Рӯзи ҷаҳонии овозаҳо низ таҷлил мегардад, ки тобиши шӯхӣ дорад. Ин рӯз барои фароҳам овардани фазои шӯхиомез, гурез аз зиндагии якранг ва ҳаловат бурдан аз гуфтугузорҳои ғайрирасмӣ байни дӯстону пайвандон таъсис шудааст. Муҳим он аст, ки дар ин рӯз ба ҳар он чизе, ки гуфта мешавад, фавран бовар карда нашавад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8-13º сард, дар водиҳо шабона 1-6º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13-18º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0-5º сард, дар  доманакӯҳҳо рӯзона 1-6º сард, дар водиҳо шабона 7-12º сард, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8-13º сард.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5-10º сард, дар водиҳо шабона 8-13º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 17-19 сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 1-6º сард, дар шарқи вилоят рӯзона 5-10º сард, дар ғарби вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8º сард, дар шарқи вилоят шабона аз 24-29º то 17-22º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 1-3º сард, шабона 10-12º сард.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 1-3º сард, шабона 3-5º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 0-2º сард, шабона 10-12º сард.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 2-4º сард, шабона 13-15º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 23 ба 24-юми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Кор дар Қатар. 6 ширкати қатарӣ корҷӯёни тоҷикро бо шиму кастюм ва гарданбанд ба суҳбат даъват мекунанд

0
405b

Намояндагони 6 ширкати Қатар, ки фаъолияти худро зери ширкати "Jusour" (Qatar Manpower Solutions Co.) муттаҳид мекунанд, бо корҷӯёни тоҷик аз наздик вохӯрда, аз миёни онҳо коргар қабул мекунанд. Дар ин бора аз Оҷонсии бокортаъмикунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнати кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, рӯзҳои 25, 26 ва 27-уми январ намояндаҳои ин ширкатҳо бо корҷӯёни тоҷик мусоҳиба баргузор мекунанд.

Қабули довталабон дар ин рӯзҳо аз соати 9:00 (рӯзи аввал соати 10:00) то 17:00 дар бинои Вазорати меҳнати Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Алишер Навоӣ 5/2-и шаҳри Душанбе сурат хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи манбаъ, ба ширкатҳои қатарӣ корманди сохтмон, ронандаи таксӣ, автобус ва мошини боркаш, пешхидмат, меҳмондор, ошпаз, фаррош, корманди фурудгоҳ, хазинадор, механик, дуредгар, кафшергар, корманди барқ ва роҳу нақлиёт лозим аст. Маош барои ин корҳо аз 500 то 2000 доллар гуфта мешавад.

Талабот барои ширкат дар суҳбат чунин аст:

– ҳозир шудан бо либоси расмӣ (шиму костюм, гарданбанд ва пойафзоли класикӣ);

– синну соли аз 21 то 45 – сола;

– донистани забони англисӣ (вобаста ба вазифа ва сатҳи он);

 – доштани шаҳодатномаи ронандагӣ (дар самти нақлиёт);

– надоштани доғи судӣ;

– пешниҳоди дархост, аз ҷумла, шарҳи ҳоли  то рӯзи 24-уми январ ба Оҷонсии бокортаъминкунӣ дар хориҷа (бинои 80-и кӯчаи Лоҳутии ш. Душанбе).

Аз ин ниҳод гуфтанд, хоҳишмандон метавонанд барои дарёфти маълумоти бештар тариқи ин рақамҳо тамос гиранд: 221-39-67, 221-39-83, +992 55 555 1080,  +992 987 906 666, +992 930 934 994.

Бояд гуфт, ки давоми соли 2025 беш аз 400 шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Қатар рафтаанд. Ҳамчунин, маълумотномаи 1 ҳазору 500 тоҷикистонӣ барои кор дар ин кишвар пешниҳод шудааст.

Мақомот мегӯянд, ки Қатар дар як сол зарфияти қабули 3 ҳазору 500 муҳоҷир аз Тоҷикистонро дорад. Аммо бо сабаби маоши паст ва талаби донистани забони англисӣ шаҳрвандони кишвар ба кор дар ин кишвар кам таваҷҷуҳ доранд.

Ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабир, Қатар, Қувайт ва Кореяи Ҷанубӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Турдиев бояд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешуд”. Як зодаи Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми куштор ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд

0
photo_2026-01-22_16-14-16

Дирӯз, 21-уми январ Додгоҳи вилояти Маскав Имомалӣ Турдиев, ҷавони 19-солаи зодаи Тоҷикистонро бо гумони куштори як ҷавони 18-солаи Русия дар пайи як муноқиша дар шаҳри Электростал ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Ба иттилои саҳифаи расмии Додгоҳи вилояти Маскав, нисбати ин ҷавон бо иттиҳоми куштор (моддаи 105, қисми 1) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Ин модда то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Бо гузашти чор рӯз аз қазия, расонаҳои Русия баъзе ҷузъиёти ҳодисаро нашр карданд. Аз ҷумла, маълум гардид, ки Турдиев баъди ба ҷонибаш бо туфанги шуълагиранда оташ кушодани яке аз ҷавонон, бо корд ҳамлаи ҷавобӣ кардааст. Пайвандонаш ба расонаҳо гуфтаанд, ӯ хеле бачаи ором буд ва танҳо аз занон дифоъ кардааст. 

 

Ҳодиса аз куҷо маншаъ гирифт ва чӣ гуна ҷараён ёфт?

Ҳодиса рӯзи 18-уми январ дар шаҳри Электростал аз дохили автобус оғоз шуда, дар яке аз истгоҳҳои наздиктарин идома ёфт. Муноқиша баъди он сар зад, ки гурӯҳи ҷавонон ба занони мусофири автобус бадахлоқӣ карда, ишораҳои ношоиста нишон медоданд. Имомалӣ Турдиев ба ҳимояи он занон хеста, ба назди ин ҷавонон меояд ва онҳоро огоҳӣ медиҳад. Баъди ин миёни ҷавонон баҳси лафзӣ сар мешавад ва гурӯҳи ҷавонон аз автобус берун шуда, дар истгоҳи наздиктарин – “Универсам”  задухӯрд мекунанд.

Дар навори лаҳзаи муноқиша, ки расонаҳои Русия нашр карданд, дида мешавад, ки баъди дар истгоҳ  пиёда шудани Турдиев ва наврасони Русия, аввал яке аз ҷавонон ҷониби Имомалӣ Турдиев бо туфанги шуълагиранда оташ кушодааст. Ба гуфтаи мақомоти Русия, баъди ин зодаи Тоҷикистон бо корд се маротиба ба бадани “як сокини маҳаллии 18-сола” задааст. Ҷасади ин ҷавонро бо номи Иля дирӯз ба хок супоридаанд.

Дар наворҳо дида мешавад, ки гурӯҳи ҷавонон вориди автобуси баъдӣ мешаванд. Ронанда баъди оне, ки аз захмдор будани яке аз ҷавонон огоҳ мешавад, ӯро ба наздиктарин нуқтаи тиббӣ мебарад, аммо ӯ ба ҳалокат мерасад.

 

“Мехост маблағ ҷамъ карда, издивоҷ кунад”

Ба навиштаи расонаи MSK1.RU, ки бо пайвандони Имомалӣ Турдиев сӯҳбат кардааст, ӯ зодаи Тоҷикистон буда, ҳанӯз дар кӯдакӣ ҳамроҳи оилааш ба вилояти Кемеровои Русия ва чанде пеш ба Маскав кӯчидааст. Ӯ дар он ҷо синфи 9-ро хатм карда, баъдан кӯшиш кардааст, ба коллеҷ дохил шавад, аммо муваффақ нашудааст. Баъдан ҳамчун боркаш дар анбори “Wildberries” дар Маскав кор мекардааст. Ба навиштаи расонаҳо, ӯ шаҳрвандии Русияро ҳам доштааст.

Сафарҷон Турдиев, бародари калонии Имомалӣ гуфтааст, дар аввал фикр кардааст, ки бародари ӯро куштаанд ва “ҳатто ба сараш ҳам наомадааст, ки додараш метавонад чунин кор кунад”.

“Худатон мебинед, ки аз ҷониби ӯ ҳеҷ кори баде набуд. Танҳо эрод гирифт. Онҳо худашон баромада ба занозанӣ оғоз карданд”, – гуфтааст бародараш.

Ба қавли ӯ, Имомалӣ дар оила оромтарин фарзанд будааст ва қаблан дар мактаб ҳам қариб ба муноқишаҳо иштирок намекардааст. Танҳо чанде пеш тамринро дар толори варзиш оғоз кардааст.

“Намедонам, ин ҳама аз чӣ сар зад. Шояд ба ин далел, ки онҳо як занро таҳқир мекарданд ва шояд ӯ аз зане дифоъ кардааст. Ман чунин фикр мекунам ва дигар тавзеҳе нест. Ҳар одами солимфикр дар ин ҳолат ҳатман ба дифоъ мехест”, – изҳор кардааст ӯ.

Ба тахмини бародари Имомалӣ, ӯ он бегоҳ аз тамрин бармегашт ва дар китфаш ҷувздони варзишиаш ҳам дида мешавад.

Сафарҷон Турдиев нақл кардааст, ки ӯ бо як дӯсташ ба Маскав рафта буд ва мехост бо роҳи ҳалол маблағ ҷамъ карда, издивоҷ кунад.

Худи Имомалӣ Турдиев дар навори бозпурсии мақомот гуфтааст, “он замон дар ҳолати шокӣ қарор дошт ва намедонист, ки чӣ кор мекунад”.

Мақомоти Русия то ҳол шахсият ва миллати гумонбарро ошкор накардаанд. Дар ҳамин ҳол, баъзе расонаҳо ин ҳодисаро “куштори ҷавони рус аз ҷониби муҳоҷир” унвон додаанд.

Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла сафорати кишвар дар Русия дар ин бора изҳори назар накардаанд. Кӯшишҳои мо ҳам барои гирифтани мавқеи онҳо бенатиҷа анҷом ёфт.

Вале ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён овардааст. Аксаран бар ин назаранд, ки ин ҷавон аз худ дифоъ кардааст ва замоне ба ҳамла гузашт, ки ба тарафаш аз туфанги шуъладор оташ кушоданд.

 

Ҳуқуқшинос: “Турдиев бояд пурра аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешуд”

Аз ҷумла, Наврӯз Одинаев, ҳуқуқшиноси тоҷик дар саҳифаи худ дар “Фейсбук” боз шудани парванда бо иттиҳоми кушторро нисбати ин ҷавон  маҳкум кардааст.

Ба қавли ӯ, Турдиев баъди ишораҳои таҳқиромези гурӯҳи ҷавонон бо онҳо вориди муноқиша шудааст, ки ин далели тарҳрезинашуда будани кордзании ӯ мебошад.

“Дар асл, Турдиев ба вайронкунии дағали тартиботи ҷамъиятӣ вокуниш нишон дода, ҳуқуқ ва манфиатҳои дигаронро дар ҷойи ҷамъиятӣ ҳимоя кардааст. Дар сурате ки чор нафар ба як нафар ҳамла карда, бо туфангчаи шуълагиранда сӯяш оташ кушодаанд, ӯ ҳуқуқ дошт, ки аз худ дифоъ кунад", – гуфтааст ҳуқуқшиноси тоҷик..

Ӯ моддаи 37 (қисми 1)-и Кодекси ҷиноятии Русияро замима кардааст, ки гуфта мешавад, “зарар расонидан ба шахси ҳамлавар дар ҳолати дифои зарурӣ ҷиноят ҳисобида намешавад”. 

Яъне, ба гуфтаи вай, агар шахс барои ҳимояи худ ё дигарон бар зидди ҳамлаи хатарнок амал кунад ва ҳамла бар зидди ӯ бо зӯроварии барои ҳаёт хатарнок ё таҳдиди бевосита ҳамроҳ бошад, амали шахси дифоъкунанда ҷиноят ҳисобида намешавад.

“Дар асоси ин, Турдиев бояд пурра аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешуд”, – мегӯяд Одинаев.

Тибқи арзёбии ӯ, агар Турдиев ҳангоми дифоъ аз ҳадди дифои зарурӣ гузашта ҳам бошад, мувофиқи қисми 1-и моддаи 108, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол нисбаташ бояд татбиқ шавад.

“Зарур аст, ки Турдиев бо ҳимояи босалоҳияти ҳуқуқӣ таъмин карда шуда, ба ӯ вакили дифои соҳибтаҷриба дода шавад, ки қодир бошад мавқеи ӯро дар додгоҳ ҳимоя кунад. Аз рӯи тамоми маълумоти ошкоро ва наворҳои нашршуда равшан аст, ки Турдиев бе нияти ҷиноӣ, бо мақсади хайрхоҳона ва ҳимояи дигарон амал намудааст”, – мегӯяд ҳуқуқшиноси тоҷик.

Ҳамчунин, ба қавли ӯ, ҷавонони рус, аз ҷумла шахси ҳалокшуда метавонад узви гурӯҳи неонатсистӣ (миллатгароёни нав) бошад, ки ин барои арзёбии ҳуқуқии ҳодиса аҳамияти ҷиддӣ дорад.

Бояд гуфт, ҷиноят ва ё ҳатто қоидавайронкуниҳое, ки дар Русия аз ҷониби муҳоҷирон ва ё зодагони Осиёи Марказӣ рух медиҳанд, дар расонаҳои ин кишвар густурда паҳн ва маҳкум мешавад. Аммо аксар ҷиноёте, ки нисбати муҳоҷирон анҷом дода мешавад, паси парда мемонад ва расонаҳову мақомот ҳам аз шарҳи онҳо худдорӣ мекунанд.

Аз ҷумла, куштори Қобилҷон Алиеви 10-сола аз сӯйи як навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия дар мактаб, ки вокуниш ва нигаронии тунди на танҳо ҷомеаи Тоҷикистону Осиёи Марказӣ, балки аксар кишварҳои ҷаҳонро барангехт, дар расонаҳои федеролии Русия қариб, ки пӯшиш дода нашуд ва ё чун як хабари ҷиноии маъмулӣ инъикос шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2025 қариб 3 баробар афзудааст

0
photo_2026-01-22_06-37-16

Дар соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври назаррас афзуда, ҳудуди 33,4 млн долларро ташкил додааст. Дар ин бора Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар дода навиштааст, ки ин нишондиҳанда қариб 3 баробар зиёдтар нисбат ба соли 2024 (ҳудуди 11,6 млн доллар) аст.

Манбаъ гуфтааст, содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дар соли 2025 низ ба таври назаррас афзоиш ёфта, агар дар соли 2024 он ҳамагӣ 475 ҳазор долларро ташкил дода бошад, пас дар соли 2025 ин нишондиҳанда то 9 млн доллар афзуд.

"Аз ҷумла, дар соли 2025 аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ба маблағи 1,92 млн доллар ангури навъҳои гуногун, ба маблағи умумии 607 ҳазор доллар – маснуот аз пахта ва ба маблағи 557 ҳазор доллар – нерӯи барқ содир шуд",-гуфтааст ини ниҳод.

Хадамот гумрук илова кардааст, ки воридоти молу маҳсулот аз Қирғизистон ба Тоҷикистон дар соли 2025 низ ба таври назаррас зиёд шуд. Соли 2024 ҳаҷми воридот 11,1 млн долларро ташкил дода, дар соли 2025 ҳаҷми он то 24,5 млн доллар боло рафтааст.

Ба иттилои ин ниҳод, маҳсулоти асосии воридотӣ дар соли 2025 аз лигнит ба маблағи 9,5 млн доллар, нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 618,48 ҳазор доллар, маснуот аз макарон ба маблағи 5,64 млн доллар, зарф ва шиша (флакон) ба маблағи 1,14 млн доллар иборат аст.

Ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тайи 10 соли ахир ҳам давраҳои болоравӣ ва ҳам поинравиро паси сар кардааст. Солҳои 2018-2019 ҳаҷми начандон зиёд ба қайд гирифта шуда, маблағи савдои дуҷониба 60 млн долларро ташкил дод, ки аз ин миқдор зиёда аз 48 млн доллараш ба воридот аз Қирғизистон ва беш аз 14 млн доллар – ба содирот аз Тоҷикистон рост меояд.

Аммо сар аз соли 2020 поинравии устувор ба мушоҳида расида буд: соли 2021 ҳаҷми савдои дуҷониба 26,2 млн доллар, соли 2022 – то 15 млн доллар ва соли 2023 – ҳамагӣ 11,4 млн доллар.

Дар соли 2024 нишондиҳандаи мазкур дар сатҳи ҳадди ақалл (минималӣ) ба миқдори ҳудуди 11,6 млн доллар боқӣ монд.

Дар соли 2025 дар савдо байни кишварҳо такони мусбат ба мушоҳида расид. Ба ақидаи таҳлилгарон, ба ин раванд ҳаллу фасли таъйину аломатгузории марзи давлатӣ миёни кишварҳо, боз шудани ду гузаргоҳи нави сарҳадӣ, тақвияти муколамаи сиёсӣ ва имзои созишномаҳои байниҳукуматӣ мусоидат кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

КДАМ аз боздошти ду сокини шаҳри Турсунзода бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хабар дод

0
photo_2026-01-22_11-33-14

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) аз боздошти ду “аъзои гурӯҳи нашъаҷаллоб дар шаҳри Турсунзода” хабар дод, ки ба муомилоти 30 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш ва афюн гумонбар мебошанд. Саркардаи ин гурӯҳ бо лақаби “Ҳоҷӣ” дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштааст.

Мақомот дар гузорише, ки Телевизиони “Тоҷикистон”, рӯзи 21-уми январ нашр кард, гуфтаанд, ки Аскар Рӯзиеви 61-сола, ки қаблан 15 сол зиндонӣ шудааст, ҳамроҳи ҷиянаш Маъруфҷон Ҳусайнови 25-сола маводи нашъадорро аз махфигоҳ дастрас кардаанд.

Мақомот нагуфтаанд, ки ин гурӯҳ нияти ба куҷо интиқол додани маводи нашъадорро доштанд, танҳо зикр шудааст, ки ҷиноят моҳи январи соли ҷорӣ ошкор шудааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки гумонбаронро дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода боздошт ва аз онҳо дар ҳаҷми 30 кг маводи нашъадор дарёфту мусодира кардаанд.

Дар гузориши мақомот, ҳарду гумонбар иттиҳомоти алайҳашон эълоншударо қабул кардаанд. Таҳти чӣ шароит сабт шудани ин иқрор маълум нест.

КДАМ гуфтааст, ки барои муайяну боздошт кардани саркадаи ин гурӯҳ, ки бо лақаби “Ҳоҷӣ” чорабиниҳои тафтишотӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Мақомот мегӯянд, нисбати боздошшудаҳо бо иттиҳоми “тайёрӣ ба ҷиноят” ва “муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ…” (моддаи 32, қисми 3 ва моддаи 200, қисми “б”-и,  КҶ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Дар асоси ин ду банди қонунгузорӣ ба гумонбарон  аз 8 то 12 сол зиндон ҷазо таҳдид мекунад. Назари боздоштшудаҳо ва пайвандонашон дар робита ба ин қазия маълум нест.

Бояд гуфт, ки дар як ҳафтаи охир ин дуюмин изҳороти мақомот дар хусуси боздошти аъзоёни гуруҳи нашъаҷаллоб дар кишвар мебошад. Чанд рӯз қабл мақомот аз боздошту ҳукми зиндони ду нафар сокини шаҳри Панҷакент хабар доданд, ки мехостанд 44 кг маводи нашъадорро ба Ӯзбекистон интиқол диҳанд. Бо қарори додгоҳи ин шаҳр онҳо ба муҳлати 19 ва 16 сол равонаи зиндон шуданд.

Тибқи иттилои расмӣ дар даҳ моҳи соли 2025 дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 1 тонна воситаҳои гуногуни нашъадор аз муомилот гирифта шуда, чандин гурӯҳи нашъаҷаллоб дастгир шудаанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Муҳлати шиносоии чеҳраи нафақагирон ба охир расид. Вале то ҳол бақайдгирии онҳо идома дорад

0

Бо гузашти беш аз 20 рӯз аз поёни муҳлати бақайдгирии рақамии нафақагирон (Face ID) дар Тоҷикистон ҳанӯз чеҳрашиносии электронии онҳо идома дорад. Дар Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ин бора расман шарҳ намедиҳанд, вале боздиди мо аз ҳаддиақал ду шуъбаи нафақа дар пойтахт маълум кард, ки бақайдгирии рақамии ин қишри ҷомеа то ҳол идома дорад.

Бақайдгирии маълумот ва чеҳраи нафақахӯрон (Face ID) нимаи дуюми моҳи ноябр оғоз шуд ва қарор буд то 30-уми декабри соли гузашта дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар ба анҷом расад. 

Вале мушоҳидаи хабарнигори “Азия-Плюс”, рӯзи 20-уми январ дар ду шуъбаи нафақаи пойтахт нишон дод, ки то ҳол нафақагирон барои бақайдгирӣ ба шуъбаҳо меоянд. Баъзеи онҳое, ки аллакай аз қайди рақамӣ гузашта буданд, бори дуввум ба шуъбаҳо даъват шудаанд.

Як масъули шуъбаи нафақаи ноҳияи Шоҳмансур, ки нахост аз ӯ ном барем, сабаби дубора даъват шудани бархе аз нафақагиронро “бо сабабҳои техникӣ нагузаштани маълумот ва чеҳраи онҳо ба барнома” унвон кард.

Дар Раёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Душанбе ба мо гуфтанд, омори дақиқи нафақагирони бақайдгирифташуда дар пойтахт ҳоло маълум нест. Дар хусуси муҳлати анҷоми бақайдгирӣ низ мушаххас чизе нагуфтанд ва ишора карданд, ки “ин раванд аз ин пас доимӣ мешавад ва сокинон ҳангоми таъйини нафақа ҳатман аз аёнияткунонӣ мегузаранд”.

Дар Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон, ки ниҳоди масъули бақайдгирии нафақагирон аст, ба муроҷиатҳои пайвастаи “Азия-Плюс” дар хусуси омори нафақагирони бақайдгирифташуда посух надоданд. Танҳо дар суҳбати будини сабт рӯзи 15-уми январ тасдиқ карданд, ки “бақайдгирӣ ё шинохти чеҳраи нафақагирон аз ин пас доимӣ мешавад ва муҳлати бақайдгирии таъиншуда рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад”.

Қаблан аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки то 11-уми декабри соли 2025 ҳудуди 40% нафақахӯрон аз бақайдгирии рақамӣ ё аёнияткунонии чеҳра гузаштаанд.

Бояд гуфт, тасмими бақайдгирӣ ё аёнияткунонии чеҳраи нафақагирон дар асоси супориши ҳукумати Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2025 гирифта шуд. Дар асоси он, фармоиши роҳбари Оҷонсӣ аз 14-уми ноябри соли 2025 дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ имзо шудааст.

Бақайдгирии маълумот ва чеҳраи нафақахӯрон тариқи телефон сурат мегирад ва аксу иттилои онҳо дар барномаи алоҳида ҷой дода мешавад. Барои ин нафақахӯронро зарур аст, ки бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи худ ба шуъбаҳои Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа муроҷиат кунанд.

Қаблан, аз ин ниҳод гуфта буданд, ки нафақагирон дар дилхоҳ шуъбаи ин ниҳод метавонанд худро ба қайд гиранд ва барои ин кор шарт нест, ки ҳатман ба маҳалли қайди доимӣ рафт. Ҳамчунин, нафақагироне, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, пас аз бозгашт метавонанд, аз қайд гузаранд. Нафақахӯрони пиронсол ва онҳое, ки маъюбият доранду ба шуъбаҳои нафақа омада наметавонанд, кормандони шуъбаҳо ба назди онҳо рафта, ба қайд мегиранд.

Оҷонсӣ ҳадафи барномаро “шаффофият ва самаранокии идоракунӣ" унвон карда афзуда буд, ки он дар тамоми 68 шаҳру ноҳияи кишвар анҷом дода мешавад.

Тибқи иттилои расмӣ, ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 теъдоди нафақагирон дар кишвар 877 ҳазору 206 нафар аст. Ҳоло дар кишвар ҳаҷми нафақаи миёна, аз ҷумла, нафақаи суғуртавӣ ба 509 сомонӣ, нафақаи меҳнатӣ ба 641 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ ба 362 сомонӣ баробар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

 

Як шаҳрванди Ӯзбекистон бо иттиҳоми куштори генерали рус ба ҳабси абад маҳкум шуд

0
photo_2026-01-22_10-09-02

Додгоҳе дар Маскав Аҳмадҷон Қурбонов, шаҳрванди Ӯзбекистонро бо иттиҳоми куштори генерал-лейтенант Игор Кириллов, сардори Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия, ба ҳабси абад ва пардохти 1 млн рубл маҳкум кардааст.

Расонаҳои русӣ рӯзи 21-уми январ хабар додаанд, ки се гумонбари дигар дар ин қазия – Роберт Сафарян, зодаи Озарбойҷон (гумонбар дар расонидани маводи тарканда ба омили ҳамла), Батухан Точиев ва Рамазон Падиев, зодагони Ингушистон (гумонбар ба додани манзили иҷора ба ҳамлагар) ба муҳлати 25, 22 ва 18 сол равонаи зиндон шудаанд. Точиев ва Падиев, ҳамчунин, ба миқдори 200 ҳазор рублӣ ҷарима шудаад.

Ба иддаъои мақомоти Русия, Аҳмадҷон Қурбонов “ба гуноҳи худ” эътироф кардааст, аммо дигар маҳкумшудагон даст доштанашонро дар ин ҳамла рад кардаанд.

Игор Кириллов, ин генерали Русия ҳамроҳ бо ёвараш 17-уми декабри соли 2024 дар пайи таркиш дар наздикии хонааш дар Маскав кушта шуд. Муфаттишон гуфта буданд, ки маводи тарканда дар як “скутер”-и барқӣ гузошта шудааст.

Се рӯз пас аз ин ҳодиса, Кумитаи тафтишотии Русия аз боздошти як шаҳрванди 31-солаи Ӯзбекистон дар деҳаи Черное, ноҳияи Балашиха, вилояти Москва дар пайванд ба ин ҳодиса хабар дода буд.

Дар наворе, ки аз лаҳзаи иқрори ӯ дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд, гумонбар  мегӯяд, ки аз ҷониби хадамоти махсуси Украина ҷалб шудааст ва барои содир кардани ин ҷиноят ба ӯ 100 ҳазор доллар ва муҳоҷират ба яке аз кишварҳои Аврупо ваъда дода буданд. Ин навор таҳти чӣ шароит сабт шуда буд, маълум нест.

Он замон  BBC бо такя ба манбаъҳои худ дар Хадамоти амнияти Уркаина навишта буд, ки “таркише, ки дар он Игор Кирилов ҷон дод, натиҷаи амалиёти махсуси Хадамоти амнияти Украина  аст".

Як рӯз пеш аз ҳодиса, Хадамоти амнияти Украина Кириловро дар истифодаи оммавии силоҳи кимиёвии манъшуда бар зидди Неруҳои мусаллаҳи Украина дар шарқ ва ҷануби кишвар гумонбар дониста гуфта буд, ки таҳти фармондеҳии генерал лейтенант Кирилов қариб 5 ҳазор дафъа аз силоҳи кимиёӣ истифода бурдааст. Хадамоти амнияти Украина Кириловро шахсан масъули ин амал номида, зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.

Кириллов аз моҳи апрели соли 2017 сардори неруҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия буд. Ӯ яке аз фармондеҳони баландпояи Вазорати дифои Русия ба шумор мерафт пас аз оғози ҷанги Русия алайҳи Украина бо баргузории брифингҳои мунтазам барои рӯзноманигорон маъруф гардид. Ӯ борҳо иддао карда буд, ки Киев ба таҳияи силоҳи кимиёвӣ ва биологӣ даст дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Боздошти як зан бо гумони фурӯхтани кӯдаки 8-моҳааш бар ивази 100 ҳазор сомонӣ

0

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) аз боздошти як зани 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод, ки қасди фурӯши писари 8-моҳааш бар ивази 100 ҳазор сомониро доштааст.

Ин ниҳод рӯзи 21-уми январ дар гузориши видеоӣ, аз боздоштшуда Зуҳрохон Розиқова ном бурда, гуфтааст, ки ӯ сокини деҳаи Турдиеви ҳамин ноҳия аст.

Ба қавли ВКД, ин зан рӯзи 18-уми январ ҳангоми дарёфти маблағ аз сӯи пулис боздошт шудааст. Ҳоло мақомот алайҳи Зуҳрохон Розиқова бо иттиҳоми “савдои кӯдакон” (моддаи 167 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ин иттиҳом дар сурати собит шуданаш ҳадди ақал 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари гумонбар ва ангезаи ба ин кор даст заданаш маълум нест.

Мақомот мушаххас нагуфтаанд, ки тақдири минбаъдаи кӯдаки ӯ чӣ хоҳад шуд. Танҳо дар гузориши ВКД зикр мешавад, ки “тифли 8-моҳа… ба ояндаи нек таъмин гашт”.

Хариду фурӯши ноболиғ дар кишвар бори аввал нест. Аз ҷумла, тобистони соли гузашта пулиси вилояти Суғд як занро бо иттиҳоми қасди фурӯши духтари хурдсолаш бар ивази 14 ҳазору 800 сомонӣ ва як манзили истиқоматӣ аз шаҳри Хуҷанд  боздошт кардаа буд.

Аз ин пештар соли 2024  милитсияи Суғд сокини 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҷурми кудакфурушӣ боздошт карда буд. Маълум нест, ки тафтиши парвандаи онҳо ба куҷо расид ва онҳо чӣ ҷазо грифтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 10

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми даҳуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар пайи фаромадани тарма роҳи Душанбе-Чаноқ то ҳол баста аст

0

Бо гузашти беш аз 12 соат роҳи Душанбе-Чаноқ ҳамоно баста боқӣ мемонад. Ҳаракати мошинҳо тариқи ин масир шоми 21-уми январ дар пайи фаромадани 23 тарма маҳдуд шуда буд.

Ширкати “IRS”, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ хабар додааст, ки илова ба 23 тармаи шаби гузашта, субҳи 22-юми январ дар минтақаи Варзоб 6 тармаи дигар фаромадааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи манбаъ, ронанда ва мусофирони як мошини тамғаи "Опел", ки шоми 21-уми январ дар километри 66-уми роҳи мазкур (ҳудуди ноҳияи Варзоб) зери тарма монда буданд, наҷот дода шудаанд. Мошини онҳоро ҳам аз зери тарма берун баровардаанд.

“Хушбахтона,  дар натиҷаи ин ҳодиса касе осеб надидааст”, – навиштааст ширкати “IRS”.

Манбаъ илова кардааст, ки дар натиҷаи “пуршиддату давомдор боридани барф баландии он дар баъзе қитъаҳо ба 35 сантиметр расидааст”. Ин ширкат изҳор доштааст, ки техникаҳояшро ба макони тармафароӣ сафарбар кардааст ва роҳ поккорӣ мешавад.

Ширкат гуфтааст, ки бартарафсозии тармаҳо идома дорад ва аз ронандагону мусофирон хостааст, ки то иттилоъ дар мавриди боз шудани роҳ аз сафар тавассути ин масир худдорӣ кунанд.

Ширкати “IRS” масъули нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона масирест, ки маркази кишварро ба шимоли он мепайвандад ва барои ин кораш аз ронандаҳо пул мегирад.

 

Ҳушдори Оҷонсии ҳавошиносӣ аз боршоти шадиди барф ва яхбандӣ

Қаблан, Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинонро огоҳ карда буд, ки рӯзи 22-юми январ дар кишвар барфи шадид меборад. Дар пайи ин, ба гуфтаи ин ниҳод, дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ (километрҳои 48-74, 80-81), минтақаҳои тармафарои Майхура ва Зидеҳи ноҳияи Варзоб, шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ тарма мефарояд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин рӯз дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтимоли боришоти зиёди барф, фаромадани тормеғ, яхбандӣ, ҷамъшавии барф ва коҳиши сатҳи биниш мавҷуд аст, ки метавонад ҳаракати мошинҳоро душвор кунад.

Ин ниҳод гуфта буд, ки ҳамчунин, рӯзҳои 23-24-уми январ баъди қатъ гардидани боришот ҳарорати ҳаво дар қисми зиёди минтақаҳои водию-доманакӯҳӣ шабона то 8-13º хунук, рӯзона то -3+2º дар назар буда, зуҳуроти яхбандӣ боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, мақомот ба шаҳрвандону ронандаҳое, ки нияти сафар тариқи роҳҳои кӯҳиро доранд, тавсия дода буданд, ки пеш аз сафар ҳолати роҳҳо ва пешгӯии вазъи ҳаворо мушаххас ва қоидаҳои бехатарии ҳаракатро қатъан риоя кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.