“Дар ҳақиқат мардумро фиреб доданд…”. Нигаронии раиси Кумитаи меъморӣ аз кори бархе ширкатҳои бинокор

0

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гуфт, баъзе ширкатҳои бинокор воқеан шаҳрвандонро фиреб дода ва шартномаҳои басташударо инкор мекунанд. Ӯ дар пайванд ба шикояти сокинон аз кори ширкатҳои бинокор изҳор дошт, ки барои пеш наомадани мушкил ҳангоми хариди хона дар “нотариус” шартнома банданд.

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон имрӯз, 29-уми январ, зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар ҳақиқат дар кори ширкатҳои бинокор камбудиҳо ҷой доранд ва бархе ширкатҳо аз бастани шартномаи хариду фурӯш тариқи расмӣ худдорӣ мекунанд.

“Вақте дар нотариус ба қайд мегиранд, аллакай он ҳукми ҳуқуқӣ мегирад ва дилхоҳ баҳсу мунозираҳое, ки сар мезанад, тавассути додгоҳ ҳаллу фасл мешавад. Дигар ин хонаро ба чанд кас фурӯхта наметавонад. Лекин бисёр ширкатҳои сохтмонӣ аз ин кор худдорӣ карда, дур мегурезанд”, – таъкид кард раиси Кумита.

Ӯ илова кард, ки барои пеш наомадани мушкил дар хариду фурӯши манзили зист ва фиреб нахӯрдани сокинон “бояд маърифати ҳуқуқии онҳо баланд бардошта шавад”.

“Баъзе ширкатҳое буданд, ки дар ҳақиқат мардумро фиреб доданд, як иншоотро ба як кас фурӯхтанд, ширкат муфлис шуд, дигар касро меросхӯр гузоштанд. Меросхӯри нав омада ширкатро қабул мекунад, аммо шартномаҳои басташударо инкор мекунад ва боз мегирад ба як кас мефурӯшад. Ин хел аризаҳо низ ба ман ворид шуда буданд, мо инро дида баромада чунин ширкатҳоро дар рӯйхати сиёҳ ворид кардем ва минбаъд дар озмунҳо роҳ намедиҳем”, – таъкид кард номбурда.

Ба гуфтаи Мирзозода, ҳоло камиссияи корӣ ҷиҳати ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Тоҷикистон ташкил шудааст. Ӯ иддао кард, ки бо қабули тағйиру иловаҳо ба ин кодекс, “минбаъд ширкат ё масъулине, ки манзилҳои истиқоматиро сохтаанд то вақте, ки дар бадан ҷон доранд барои сифати сохтмон, мустаҳкамии бино ҷавобгар ва масъул аст”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Низом Мирзозода

Чанд ширкати бинокор наздики 550 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд

Тибқи иттилои раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон соли 2025 дар кори 1 ҳазору 288 ширкати бинокор 7 ҳазору 331 камбудӣ ошкор шуда, онҳо дар умум 547 ҳазору 350 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи Мирзозода соли гузашта 72 ширкати бинокор бе хулосаи ташхиси давлатӣ, сохтмони иншоотро оғоз кардаанд.

“Ин ширкатҳо аз рӯйи лоиҳа бе гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ корҳои сохмониву васлгариро идома додаанд. Аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 15 то, ноҳияи Рӯдакӣ 8 то, шаҳри Турсунзода 10 то, дар шаҳри Ваҳдат 90 ва дар шаҳри Кӯлоб 9 то мебошанд”,-гуфт Мирзозода.

Бояд гуфт, ки бештари вақт сокинони Тоҷикистон шикоят мекунанд, ки вақти хариди хона аз биноҳои навсохт бо ҳолатҳои қаллобӣ дучор омадаанд ва  ширкати бинокор бидуни асосҳои воқеӣ як хонаро ба чанд нафар фурӯхтааст. Инчунин дар вақти муайяншуда насохтани бино, бо обу барқ таъмин набудани он, насб нагардидани осонбар аз мушкилоти умдаи шаҳрвандон мебошад, ки зуд-зуд расонаӣ мешаванд.

Ҳудуди 4 сол пеш Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Душанбе талабот ба иҷрои корҳои сохтмонро сангинтар кард, то ки ба интихоби ширкати арзанда, ҳимоя аз ҳиссагузорону моликон ва пешгирии муҳлати тӯлонӣ давом додани корҳои сохтмон мусоидат кунад. Аммо тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ин иқдом низ пеши роҳи мушкилиҳо дар ин самтро пурра ҳал карда натавонист.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 январи соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар вазорату идораҳои зерин нишасти матбуотӣ доир мегардад:

дар Маркази миллии қонунгузорӣ, соати 08:00 

Вазорати маориф ва илм, соати 09:00 дар толори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (кӯчаи академик А.Адҳамов,11/2 рӯ ба рӯи Литсейи рақами 4);

дар Агентии содирот, соати 10:00;

дар Муассисаи “Тоҷикфилм”, соати 11:00.

дар Кумитаи забон ва истилоҳот, соати 13:00.

– Имрӯз, соати 14:00 дар Иттифоқи нависандагон рӯнамоии “Осори мунтахаб”-и Насим Раҷаб, нависанда ва рӯзноманигори шинохта баргузор мешавад. Китоби “Осори мунтахаб” бахшида ба 90-солагии Насим Раҷаб ба чоп расидааст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 30 ЯНВАР

Соли 1961 – Заводи равғанбарории Қӯрғонтепа (Бохтари ҳозира) ба кор даромад.

Соли 2012 – Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи таъсиси Лигаи миллии футбол қарор қабул кард.

Соли 2018 – Дар Тоҷикистон  нахустин маротиба  ҷашни бостонии Сада дар сатҳи давлатӣ таҷлил  шуд.

Зимнан, имсол ҷашни Сада дар Тоҷикистон рӯзи 31-уми январ таҷлил мешавад.

Соли 2019 – Вазорати нақлиёт ба ҳукумат пешниҳод кард, ки ғайр аз шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, чанд роҳи дигари автомобилгарди кишвар низ пулакӣ карда шаванд.

Соли 2021 – Аввалин гурӯҳи ташкилшудаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик иборат аз 170 нафар пас аз қатъ шудани парвозҳо бинобар пандемияи COVID-19, бо парвози чартерӣ ба Иркутск барои кор рафтанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1913 – Мавлуди София Тӯйбоева, ҳунарпешаи театр ва синамо.

ИЗОБРАЖЕНИЕ София Туйбоева

София Тӯйбоева дар Қазоқистон таваллуд шуда, аз соли 1931 дар театрҳои Тоҷикистон ба фаъолият пардохтааст. Дар театри тоҷик нақшҳои Дилбар дар намоишномаи “Ду коммунист”, Луиза дар “Макр ва муҳаббат”, Дездемона дар “Тӯҳмат”, Гурдофарид дар “Рустам ва Суҳроб”-ро иҷро кардааст.

София Тӯйбоева аввалин ҳунарпешаи кинои тоҷик мебошад, ки дар филми “Муҳоҷир” нақши асосии занонаро иҷро кардааст. Дар филми “Ман бо духтаре вохӯрдам” нақши Меҳриниссо, дар “Қисмати шоир” Малика (1959), дар “Тӯфон дар водӣ” Мастон-бибӣ, инчунин дар филмҳои  "Ҳасани аробакаш”, Вақти зангирии писар расид нақш офаридааст.

Ӯ 26-уми октябри соли 1996 аз олам даргузашт.

Соли 1924 – Зодрӯзи Ҳанифа Мавлонова, сарояндаи опера.

Соли 1947 – Зодрӯзи Раҳима Шалоэр, овозхон, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Раҳима Шалоэр

Раҳима Шалоэр яке аз сарояндагони маъруфи тоҷик буда, аз солҳои 70-ум то солҳои 90-уми қарни гузашта овозхони маъруфи гурӯҳи эстрадии “Гулшан”-и назди Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистон буд.

Ӯ Институти давлатии театрӣ-бадеии ба номи А. Островскийи шаҳри Тошкандро соли 1970 хатм карда, дар Театри мусиқии ҳамин шаҳр ҳунарнамоӣ кардааст. Соли 1972 ба Тоҷикистон омада, муддате дар ансамбли бонувони дуторнавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият намуд. Аз соли 1973 овозхони дастаи эстрадии "Гулшан"-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ буд. 

"Афсӯс", "Диёри ишқ", "Танҳоӣ", "Интизорӣ", "Тоҷикистонам", "Шаҳри азиз", "Ҷавонӣ", "Баҳор", "Ошиқон" барин таронаҳояш дар хазинаи радио ва телевизиони тоҷик маҳфузанд. 

Соли 1945 – Зодрӯзи Усмонҷон Ғаффоров, яке аз муаррихони маъруфи тоҷик

ИЗОБРАЖЕНИЕ Усмонҷон Ғаффоров

Усмонҷон Ғаффоров баъди хатми шуъбаи таърихи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин соли 1967 дар кафедраи таърихи халқи тоҷики донишгоҳ ба фаъолияти меҳнатӣ пардохтааст.

Солҳои 1971-1972 дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров (имрӯза Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) ҳамчун муаллими кафедраи таърих фаъолият бурда, баъдан солҳои 1972-1975, дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин таҳсил ва кардааст.

Солҳои 1975-1977 устоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, аз моҳи октябри соли 1977 фаъолияти меҳнатии ӯ боз дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод идома ёфтааст.

Ҳамзамон, соли 1981, дар Университети давлатии Калинин (Твери имрӯза), соли 1990 дар Университети давлатии Тошканд дар курсҳои такмили ихтисоси муаллимони мактабҳои олӣ бозомӯзӣ кардааст.

Усмонҷон Ғаффоров солҳои 2002-2005 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, солҳои 2000-2005 вакили Маҷлиси вакилони вилояти Суғд интихоб шудааст. Солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагон будааст.

Ӯ дар давраи фаъолияти илмӣ-педагогӣ ва адабӣ-ҷамъиятии худ беш аз 60 китобу рисола, беш аз 160 мақолаи илмии тадқиқотӣ, зиёда аз 700 мақолаи илмии оммавӣ ба табъ расонидааст.

Профессор Усмонҷон Ғаффоров дар 78-солагӣ  дар шаҳри Хуҷанд аз олам чашм пӯшид. 

Соли 1949 – Мавлуди Назруллоҳи Назар, тарҷумон ва дипломати тоҷик.

Соли гузашта “Азия-Плюс” ба муносибати 75-солагии Назруллоҳ Назаров перомуни хотироташ аз Ироқ, роҳбарии Саддом Ҳусайн, марги мармузи Маҳмудҷон Воҳидов, ҷанги имрӯза дар Ховари Миёна ва корномаи сафириаш мусоҳиба кард, ки дар ин пайванд метавонед хонед.

Соли 1960 – Мавлуди Павел Турсунов, оҳангсози тоҷик.

Соли 1986 – Мавлуди Нигина Амонқулова, яке аз овозхонҳои машҳури Тоҷикистон.

МЕДИА (YOUTUBE)

Нигина Амонқулова яке аз ҳунарпешагони маъруфи кишвар буда, соли 2006, вақте 20 сол дошт, тавассути озмуни эҷодиёти халқ – “Андалеб” ба майдони санъати тоҷик ворид шуд. Ӯ ҳоло дар ансамбли “Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Соли 2025 ӯ ба унвони ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон низ сазовор гардид. Махсусан, моҳе пеш баъди ҳунарнамоӣ дар "ЮНЕСКО" бахшида ба бузургдошти Мавлоно дубора вирди забонҳо гардид ва худро бори дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Дар бораи раҳи тайкарда, шӯҳрати бадастоварда, ҳунар ва таъсири он, тарзи либопӯшии овозхонон, як саргузашти ҷолиб ва зиндагии Нигина Амонқулова дар матлаби зерини “Азия‑Плюс” мутолиа кунед.

Соли 1988 – Зодрӯзи Аҳтам Ҳамроқулов, футболбози тоҷик, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон.

Соли 1971 – Зодрӯзи Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили парлумон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҷибахон Ҷавҳарӣ

Ӯ соли 1993 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси рӯзноманигор хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи Чоркӯҳ оғоз намуда, соли 2005 сарвари таълимгоҳи мазкур ва соли 2010 сардори раёсати маорифи шаҳри Исфара таъин гардидааст.

Муҷибахон Ҷавҳарӣ соли 2014 дар шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара ба кор оғоз намуда, соли 2015 ёвари директори кулли ҶСК “Шахта”-и Шӯроб, соли 2016 муовини директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ва соли 2018 директори ҳамин муассисаи олии касбӣ таъин шудааст. Як муддат мудири бахши фарҳанги шаҳри Исфара  буд.

Ӯ муаллифи асарҳои бадеии “Зани даруни чашма” ва “Дарди фироқ” буда, соли 2020  диссертатсияи илмиашро барои дарёфти номзади илмҳои филологӣ дар мавзӯи “Юсуф ва Зулайхо”-и Ховарии Шерозӣ ва муқоисаи он бо достони ҳамноми Абдураҳмони Ҷомӣ ҳимоя намудааст.

Ӯ дар даъвати қаблӣ (2020-2025) низ вакил буд. Имсол дубора вакили парлумон интихоб шуд ва дар Маҷлиси намояндагон раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ аст.

Номбурда яке аз камтарин вакилони парлумон аст, ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ саҳифаи шахсии худро дорад ва вобаста ба масоили мубрами ҷомеа андешаҳояшро изҳор мекунад.

Соли 1980 – Боқӣ Раҳимзода, Шоири халқии Тоҷикистон дар 70-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Боқӣ Раҳимзода

Боқӣ Раҳимзода яке аз шоирони маъруфи тоҷик аст. Ӯ техникуми педагогии шаҳри Самарқанд, Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд ва ниҳоят Институти омӯзгории шаҳри Душанберо хатм намудааст. Раҳимзода иштирокдори ҶБВ буда, аз соли 1948 мушовири ҷавонони эҷодкори ИН Тоҷикистон буд. Аз соли 1948 то охири ҳаёташ мушовирии Иттифоки нависандагони Тоҷикистонро дар уҳда дошт. Аз соли 1940 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Маҷмӯаи аввалини шоир бо номи “Ба фронт” чоп шуда, баъдан китобҳои “Иди Ғалаба”, “Солҳои оташин”, “Барги сабз”, “Ҳаёт ва сухан”, “Чашма”, “Роҳи тайшуда”, “Илҳом”, дуҷилдаи “Осор”-аш ба табъ расидаанд.

Драмаҳои “Қиссаи Таърифхӯҷаев”, “Дар сояи шипанг”, “Гаҳвораи тило”, ва “Сияҳсувор”-аш дар театрҳои ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд. Муаллифи либреттои “Духтаре аз Душанбе” аст.

Соли 1984 – Мастибек Паллаев (Масто) ва Устоқадам Машрабов (Усто), овозхон ва ширинкорони тоҷик дар 44 ва 48-солагӣ дар пайи як садамаи нақлиётӣ даргузаштанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Усто ва Масто

Онҳо дар ҳамкорӣ бо ҳам саҳначаҳои ҳаҷвӣ, этюдҳо, интермедияҳо, сурудҳои ҳаҷвӣ иҷро карда, симои роҳбарони фориғболу бепарво, мунофиқон, оилабезорон, майпарас­тон, олуфта­сатангони корбезор ва амсоли онҳоро ба намоиш мегузоштанд. Саҳнаҳои “Эшон Шаҳристон рафтанд”, “Муфаттиш”, “Мудири анбор”, “Тақсими кор”, “Усто ризо, Масто ризо”, “Мода шуд” аз ҷумлаи машҳуртарин саҳнаҳои "Усто ва Масто” маҳсуб меёбанд.

Онҳо аз соли 1960 то поёни умр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият кардаанд.

Соли 2018 – Дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар Душанбе Галим Фасхутдинов, рӯзноманигор ҳалок шуд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи 30 январи соли 1953 Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо махав (як навъ беморӣ) аст. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Махав (бемории хансен, хансеноз, хансениаз) як бемории сироятӣ буда, боиси осеби пӯст, системаи асаби периферӣ ва дигар системаҳои бадан мегардад. Шоир, нависанда ва рӯзноманигори фаронсавӣ Раул Фоллеро ҳаёти худро ба муборизаи зидди махав ва табъиз нисбат ба шахсони гирифтори он бахшид.

Рӯзи 30 январи соли 1933 Гитлер ба вазифаи канслери Германия таъин шуд. Баъд аз як сол, пас аз марги П.Гинденбург (Президенти рейхи Олмон дар солҳои 1925-1934) Адолф низ президент ва фармондеҳи олӣ шуд ва ҳамин тариқ ваколатҳои судӣ, иҷроия ва қонунгузорро ба даст овард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Рӯзи 30 январи соли 1924 рӯзи таъсиси киностудияи “Мосфильм” аст. Дар ҳамин рӯз аввалин филми дар студия ба навор гирифташуда – филми “Дар болҳои баланд”-и коргардон Борис Михин ба намоиш гузошта шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Рӯзи 30 январи соли 1790 аввалин киштии баҳрии наҷотбахш дар дарёи Тайн дар шимоли Англия озмуда шуд. Номи он “Оригинал” буда,  дарозиаш 30 фут ва бо даҳ қаиқ муҷаҳҳаз буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефорояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -3+2º, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 3+8º гарм, дар водиҳо шабона -3+2º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -3+2º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, дар водиҳо шабона -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 13-15º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барфборида, дар шарқи вилоят ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 1+6º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 4-9º сард, дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯи мешавад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 1+3º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 1+3º, шабона 1-3º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 0+2º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан ҳолатҳо барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 7-9º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 30 ба 31-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аҳолӣ дар моҳи Рамазон бештар барқ хоҳанд гирифт”. Вазири энерҷӣ реҷаи интиқоли барқро шарҳ дод

0

Далер Ҷумъа, вазири энерҷӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ иддао кард, ки аҳолӣ ҳамарӯза 7 соат бо барқ таъмин ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, аҳолӣ субҳ аз соати 5:00 то 8:00 ва шом аз соати 17:00 то 21:00 барқ мегиранд. Ҳамчунин ӯ ваъда дод, ки дар моҳи шарифи Рамазон аҳолӣ бештар бо барқ таъмин хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки сокинони аксар манотиқи кишвар аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ шикоят мекунанд.

Ба гуфтаи Далер Ҷумъа, дар рӯзҳое, ки ҳаво сардтар аст, соатҳои интиқоли барқ бештар мегардад.

“Агар мушоҳида карда бошед, моҳи октябр, ки ҳаво гармтар буд, барқ камтар дода мешуд. Аммо моҳҳои декабру январ, баъди сард шудани ҳаво таъминот бештар гардид”, – гуфт ӯ.

Вазир бори дигар сабаби маҳдудияти барқро резиши ками об ба дарёи Вахш дар пайи камбориш будани моҳҳои ноябр ва декабр арзёюбӣ кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Далер Ҷумъа

“Бо ин далел, мо бояд интиқоли барқро танзим мекардем, ки то охири зимистон мардумро тавонем бо ҳаҷми муайян бо барқ таъмин кунем”, – гуфт ӯ.

Ӯ ҳамчунин илова кард, ки дар пайи “рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт дар кишвар истифодаи барқ ҳам меафзояд”.

Ҳамчунин, ӯ дар посух ба иддаои сокинон дар бораи он ки дар ҳар манотиқ дар соатҳои гуногун барқ интиқол меёбад, гуфт, “ин низом, яъне ҳаррӯза чор маротиба амалиёт (яъне хомӯш кардану дубора додани барқ) кори ҳам мураккабу ҳам вақтгир аст”.

Ӯ эътироф кард, ки бо ин далел метавонад дар як манотиқ барқ барвақттар интиқол шавад ва дар манотиқи дигар дертар.

Вазири энерҷӣ ҳамчунин таъкид кард, ки бо назардошти боришоти охир ва чораҳои дигар, ки андешида мешаванд, эҳтимоли барвақттар бартараф кардани маҳдудияти барқ вуҷуд дорад. Аммо ӯ нагуфт, ки маҳдудияти барқ дар кишвар имсол кай пурра бардошта мешавад.

 “Ман фикр мекунам, бо чораҳои мо андешидаистода дар ду моҳи дигари зимистони имсола хело беҳбудӣ дар ин самт мушоҳида хоҳад шуд”, – афзуд ӯ.

 

“Аҳолӣ дар моҳи шарифи Рамазон бештар барқ хоҳанд гирифт”

Далер Ҷумъа ҳамчунин ваъда дод, ки дар моҳи шарифи Рамазон реҷаи интиқоли барқ пурра риоя мешавад ва имкон дорад, ки аҳолӣ бештар бо барқ таъмин шаванд.

Аммо ӯ нагуфт, ки интиқоли барқ дар ин марҳила чӣ қадар зиёд хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, ин низ аз резиши об дар дарёҳо вобаста аст.

“Лекин ман мутмаинам, ки таъминоти аҳолӣ бо барқ дар моҳи шарифи Рамазон нисбати соли гузашта беҳтар хоҳад шуд”, – иддао кард ӯ.

Бояд гуфт, дар кишвар дар нимаи дуввуми моҳи сентябр маҳдудияти барқ оғоз мешавад. Солҳои пеш “Барқи тоҷик” вуҷуди “лимит”-и барқро дар рӯзҳои аввал эътироф намекард, аммо баъди оғози фасли зимистон, шикояти сокинон ва интиқоди раисҷумҳур дар чанд соли охир ба сокинон расман хабар медиҳад. Вале имсол ин ниҳод расман аз маҳдудияти барқ хабар надод.

Қаблан масъулини Вазорати энергетикаи кишвар ва “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми охири худ ба парлумон гуфт, ки моҳи сентябри соли 2027 чархаи сеюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба истифода дода мешавад ва баъди ин кишвар ба истиқлоли энергетикӣ мерасад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Маблағгузории шарикони байналмилалӣ ба нерӯгоҳи “Роғун” оғоз шудааст

0

Далер Ҷумъа, вазири энерҷӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки баъзе созишномаҳо дар бораи маблағгузорӣ ба сохтмони Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун”, ки солҳои гузашта бо шарикони рушд ба имзо расида буданд, мавриди амал қарор гирифтаанд.

Ӯ имрӯз, 29-уми январ зимни нишасти матбуотӣ афзуд, ки "барои ҳарчи зудтар мавриди амал қарор гирифтани созишномаҳо дар бораи маблағгузорӣ, ки солҳои 2024 ва 2025 имзо шуданд, иҷрои як қатор шартҳо лозим буд, ки як вақти муайянеро гирифт"

Вазир зикр кард, ки моҳи декабри соли гузашта баъзе қарордодҳо мавриди амал қарор гирифта, акнун маблағгузорӣ ба лоиҳа оғоз мешавад.

“Ин ба мо ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳа дар соли 2026 имкон медиҳад, то ки агрегати сеюм дар муҳлати муқарраргардида ба истифода дода шавад”, – гуфт ӯ.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда, агрегати сеюм бояд моҳи сентябри соли 2025 ба истифода дода мешуд, вале баъдан мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он ба моҳи сентябри соли 2027 гузаронида шуд. Сабаби ба таъхир афтодани он маълум нест.

Вазири энерҷӣ зикр кард, ки айни замон лоиҳа пурра аз ҷониби захираҳои молиявии дохилӣ маблағгузорӣ мешавад.

Қаблан, гуфта мешуд, ки барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” бо шарикони рушд, аз ҷумла грантҳои Бонки ҷаҳонӣ (650 млн долар), қарзи Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (500 млн доллар), Бонки осиёии рушд ва фондҳои кишварҳои араб (450 млн доллар), инчунин гранти Фонди рушди Қатар (50 млн доллар) ба маблағи зиёда аз 2 млрд доллар қарордод ба имзо расонида шудааст.

 

Дар бораи НБО “Роғун”

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо иқтидори 3780 МВт бузургтарини нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ мешавад. Дар назар аст, ки пас аз пурра ба истифода додани нерӯгоҳ, ҳаҷми солонаи истеҳсоли барқ дар он ба беш аз 14,5 млрд кВт/соат мерасад.

Дар толори мошинҳои нерӯгоҳ 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 630 МВт насб карда мешаванд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирин соли 2029 дар назар аст.

Айни замон ду агрегати нерӯгоҳи “Роғун”, ки солҳои 2018 ва 2019 мавриди истифода қарор гирифта буданд, бо иқтидори паст кор мекунанд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика, соли 2024 дар нерӯгоҳи “Роғун” зиёда аз 1,2 млрд кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки 5,5% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар кишвар дар соли пешин (соли 2023)-ро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Маълум шуд, ки дар ҷои “Зелёний бозор” чӣ месозанд

0

Дар ҷои бозори “Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе, маъруф ба “Зелёний бозор”, ки ҳудуди 8 соли пеш тахриб шудаву то ҳол дар замини он ягон иншоот бунёд нагардидааст, Маркази тиҷоратӣ ва савдо бунёд мешавад.

Дар ин бора Самӣ Азизиён, сармеъмори шаҳри Душанбе имрӯз, 29-уми январ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. 

Ӯ гуфт, ки дар ин бора қарори шаҳрдори Душанбе ба тасвиб расида, “ҳоло корҳои лоиҳакашии иншоот идома дорад”.

“Дар он минтақа, ки 30 гектар заминро дарбар мегирад, маҷмаа иборат аз меҳмонхона, маркази савдо ва хизматрасонӣ, бинои маъмурию ҷамъиятию хизматрасонӣ ва ғайра бунёд мешавад”,-гуфт сармеъмори пойтахт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Самӣ Азизиён

Қаблан, гуфта мешуд, ки тамоми қаламрави бозори “Шоҳмансур” 4,3 гектар буда, "ба фонди заминҳои захиравии шаҳри Душанбе дохил гардид, ки бидуни иҷозаи махсус ҳама гуна сохтмон дар ин ҷо манъ карда шуд".

Азизиён номи ширкати сохтмоние, ки маҷмааро месозад, ифшо накард, танҳо гуфт, ки баъди лоиҳакашии иншоот қарори шаҳрдори Душанбе дар бораи сохтмон ба ширкат дода мешавад. 

Корҳои сохтмонӣ кай оғоз мешаванд ва бино аз чанд ошёна иборат хоҳад буд, маълум нест. Тавре мушоҳида кардем, ҳоло печонидани гирду атрофи ин минатқа оғоз шудааст. 

Бояд гуфт, ки ҳашт сол пеш, рӯзи 9-уми октябри соли 2017, бозори маъруф ба “Зелёний бозор” дар пойтахт бо қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе барҳам дода шуд ва савдогарони он ба бозори “Меҳргон” кӯчиданд.

Ҳамон сол аз шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар ҷойи бозор “маркази муосири бисёрсоҳавӣ бо нуқтаҳои фурӯши ҷавобгӯ ба талаботи ҳозира сохта мешавад”. Аммо бо гузашти ин муддат дар ҷойи бозор ягон иншооте сохта нашуд ва замини он холӣ боқӣ монд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Пас аз танқиди Эмомалӣ Раҳмон беш аз 10 пойгоҳи обкашӣ таъмиру навсозӣ шудааст

0

Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва супориши ӯ барои таъмири 56 пойгоҳи аз фаъолият бозмондаи обкашӣ, то ҳол беш аз 10 пойгоҳ навсозӣ шудааст ва боқимонда то моҳи сентябр пурра таъмир мегардад. Дар сурати навсозии комили ин пойгоҳҳо беш аз 12 ҳазор гектар замини аз беобӣ хушкида обёрӣ мешавад.

Дар ин бора Зафарбек Давлатзода, роҳбари Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

“Бо супориши ҳукумати ҷумҳурӣ, то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ 56 пойгоҳи обкашониро бояд таъмиру бозсозӣ кунем… Ҳаррӯза корбарӣ мекунем. Аз маблағ вобаста аст. Он пойгоҳҳое, ки бо мабалғҳои кам бозсозӣ мешаванд, мо онро иҷро мекунем. Аммо дар баъзе ҷойҳо маблағҳои бисёр даркор аст. Барои ин мо лоиҳа омода карда истодаем. Аз ҳар манбаъи сармоягузор истофода бурда, мо ҳаракат мекунем, ки супоришро иҷро кунем”, – гуфт Давлатзода.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Зафарбек Давлатзода

Ӯ мушаххас дар бораи лоиҳаҳо дар ин самт сухан нагуфт, вале дар “Барномаи давлатии барқарорсозӣ ва рушди низоми обёри Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” барои рушди соҳа, махсусан тамиру навсозии пойгоҳҳо, 563,1 млн сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Тибқи сохтори тасдиқшуда, 89,6%-и ин маблағҳо сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои хориҷӣ ва иштироки бахши хусусӣ 10% аз буҷети давлатӣ ҷудо шуда, 0,4% аз ҳисоби манбаъҳои дохилӣ – фондҳои минтақавӣ ва саҳми мустақими худи кишоварзон таъмин мешавад.

Барнома, аз ҷумла сохтмон ва таъмиру навсозии пойгоҳҳои обкашӣ, таҷдиди низоми қубур ва заҳбурҳо, ҷорисозии обёрии дохилихокӣ ва худкор (автоматӣ), таъмини иншоот бо барқ, ивази таҷҳизоти кӯҳна ва инчунин гузаронидани корҳои беҳдошти замин барои мубориза бо шӯршавӣ, ботлоқшавӣ ва эрозияи хокро дар бар мегирад.

Коршиносон ҳам таъкид месозанд, ки бидуни маблағгузории назаррас ва устувор, бунёди зерсохтори хоҷагии оби самаранок, аз лиҳози иқтисодӣ ва захираҳо сарфакор ва мутобиқ ба тағйирёбии иқлим ғайриимкон аст.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳамоиш, ки 17-уми майи соли 2025 дар ноҳияи Данғара баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон ба вазъи ташвишовар дар соҳаи обёрӣ ва истифодаи замин таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, зарурати чораҷӯии таъҷилиро таъкид дошт.

Ба гуфтаи сарвари давлат, ҳоло дар кишвар 56 пойгоҳи обкашӣ аз кор бозмондаанд:

16-то дар вилояти Суғд;

18-то дар вилояти Хатлон;

22-то дар шаҳру навоҳии тобеи марказ.

Тоҷикистон обёрӣ ё муҳоҷиратро интихоб мекунад, дар ин мақолаи “Азия-Плюс” маълумот гиред. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ҳудуди 40% афзудааст

0

Соли 2025 аз ҳисоби содироти маҳсулоти кишоварзӣ Тоҷикистон ҳудуди 80 млн доллар даромад ба даст овард, ки ба андозаи 40% зиёдтар дар муқоиса бо соли 2024 аст. Ин маълумот зимни нишасти матбуоотии Вазорати кишорварзь имрӯз, 29 январ садо дод.

Давоми соли гузашта аз ҷумҳурӣ ба маблағи 79,2 млн доллар ҳудуди 191 ҳазор тонна маҳсулот содир шудааст, ки 13,5% аз рӯи ҳаҷм (22 683 тонна) ва 39,7% зиёдтар аз рӯи арзиш (22,5 млн доллар) мебошад.

Арзиши аз ҳама зиёдтар ба хушкмева, ангури тару тоза ва зардолу, лимӯ, писта ва пиёз рост меояд.

Қурбон Ҳакимзода, вазири кишовазӣ хабар дод, ки "айни замон Тоҷикистон на ба афзоиши майдони кишт, балки баланд бардоштани ҳосилнокиии зироатҳои кишоварзӣ бо ёрии технологияҳои инноватсионӣ ва таъмини устувории онҳо аз лиҳози экологӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунад".

Зикр шуд, ки маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба 26 кишвар хориҷи дур ва наздик содир гардида, 89% аз ҳаҷми умумии он ба кишварҳои ИДМ ва 11% – ба кишварҳои хориҷи дур интиқол ёфтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон гуфт, нархи 1 метри мураббаъ хона дар Душанбе $877 аст

0

Дар шаҳри Душанбе нархи миёнаи 1 метри мураббаи хона ба 8 ҳазору 207 сомонӣ ё 877 доллар расидааст, ки ин нисбат ба аввали соли гузашта ҳудуди 3% зиёд аст.

Дар ин бора имрӯз, 29-уми январ Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

“Ҳоло нархи миёнаи 1 метри мураббаи хона ба 8 ҳазору 207 сомониро ташкил медиҳад. Инро дуруст фаҳмед, мо аз ин ҳам баландтар хона дорем, 2 ҳазор дорем (манзур 2 ҳазор доллар аст- аз идора), боз дар қисматҳои ошёнаҳои боло аз ин арзон – 600-700 доллар хона дорем”,-иброз дошт Мирзозода.

Ин дар ҳолест, ки ӯ моҳи феврали соли 2025 гуфта буд, дар Душанбе арзиши миёнаи як метри мураббаъ хона 780 доллар (тақрибан 8 ҳазору 643 сомонӣ, ба қурби онвақтаи доллар) мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Низом Мирзозода

Низом Мирзозода иддао кард, ки дар миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ нархи миёнаи хона дар Тоҷикистон арзонтарин аст. Ба қавли ӯ, нархи миёнаи хона дар Тоҷикистон аз 5 ҳазор сомонӣ боло аст.

Ӯ гуфт, ки нархи миёнаи 1 метри мураббаи хона дар шаҳри Хуҷанд 5350 сомонӣ, шаҳри Ҳисор 4650 сомонӣ, шаҳри Кӯлоб 4 ҳазор сомонӣ, шаҳри Ваҳдат 5 ҳазор сомонӣ, шаҳри Турсунзода 4500 сомонӣ ва дар шаҳри Бохтар 4 ҳазор сомонӣ мебошад.

Раиси Кумитаи сохтмон афзуд, соли гузашта нархи манзил дар шаҳри Душанбе ба ҳисоби миёна 2,8% боло рафтааст ва баръакс дар шаҳри Хуҷанд 2,9 %, Кӯлоб 8,5% ва Бохтар 12% паст шудааст.

Ин ниҳод се сол қабл нархи як метри мураббаъ хонаро дар пойтахт 4 ҳазору 170 сомонӣ гуфта буд. Яъне давоми се соли охир арзиши хона дар Душанбе бештар аз ду баробар зиёд шудааст.

Ӯ изҳор дошт, ки корхонаи “Маркази нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон” дар се моҳ як маротиба мониторинг гузаронида, нархи хонаҳоро муайян карда пешниҳод мекунад”.

Мирзозода моҳи феврали соли гузашта дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки соҳибкорон дар гузоштани нарх озоданд, “вале инсоф ҳам даркор аст”.

Тибқи омори Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, дар соли 2025-ум ҳаҷми сармоягузорӣ ба рушди асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 28 миллиарду 736 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 123 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар ин муддат дар масоҳати 2 млн 127 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 122,3%-ро ташкил медиҳад. Инчунин дар ин давра 28 ҳазору 11 иншоот ба истифода дода шуда, сохтмони 2 ҳазору 499 иншоот идома доштааст.

Бояд гуфт, ки аксари сокинон аз гаронии нархи хонаҳо дар кишвар, махсусан дар шаҳри Душанбе нигаронӣ мекунанд ва таъкид менамоянд, ки ҳарчанд шумораи сохтмони хонаҳо дар кишвар зиёд мешавад, вале сол аз сол нархи онҳо гарон мешавад. Инчунин сокинон ҳамасола аз сифати сохтмони хонаҳо, дер супурдани бино, як хонаро ба чанд кас фурӯхтан, таъмину обу барқ дар бино низ шикоят мекунанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Метрои Душанбе, нархи кирокашҳо ва идомаи кор дар роҳе, ки аз хоки Афғонистон ҳамла шуд

0

Сохтмони метро дар Душанбе, азсаргирии бунёди роҳ дар қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ, ки дар пайи ҳамла ба сохтмончиёни чинӣ аз хоки Афғонистон матаваққиф шуда буд, арзиши хидматрасонии кирокашҳои Душанбе аз муҳимтарин масоиле буданд, ки дар нишасти хабарии Вазрати нақлиёт баррасӣ ва баҳс шуданд.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёт дар нишасти хабарӣ, ки дирӯз, 28-уми январ баргузор шуд, гуфт, сохтмони роҳ дар қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ, ки дар пайи ҳамла ба сохтмончиён аз хоки Афғонистон барои муддате қатъ шуда буд, дигарбора барқарор шуда, ҳоло идома дорад.

Ин роҳ қитъае аз роҳи байналмилалии Душанбе-Қулма аст, ки бо ҳузури мутахассисон аз Чин сохта мешавад. Он моҳи декабри соли 2025, дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ва захмиву кушта шудани 4 корманди ширкати чинии "China Road and Bridge Corporation", қатъ шуда буд.

“Сохтмони роҳ ҳоло идома дорад. Корҳои асосӣ анҷом ёфтаанд. Фақат корҳое ба мисли бетон гирифтану пайваст кардани барқ боқӣ мондааст, ки барои ин аз ҷониби чиниҳо танҳо мутахассисоне лозиманд, ки машварат медиҳанд. Корҳои ҷисмониро худи кормандони маҳаллӣ пурра аз уҳдааш мебароянд. Кӯшиш мекунем, ки дар доираи муҳлати дар қарордод муқарраршуда, корҳоро ба анҷом расонем”, – гуфт Азим Иброҳим.

Ӯ илова кард, ки ҳоло наздики 100 нафар аҳолии маҳаллӣ барои кор дар роҳи мазкур ҷалб шудаанд, вале мушаххас нагуфт, ки мутахассисони чинӣ кай барои идомаи кор бармегарданд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Азим Иброҳим

Метро дар Душанбе

Ҳамчунин, вазири нақлиёт вазъи кунунии тарҳи бунёди метро дар Душанберо низ шарҳ дод.

Ӯ гуфт, лоиҳа аз ҷониби Кореяи Ҷанубӣ маблағгузорӣ мешавад ва чор ширкат болои лоиҳаи метро кор мебаранд. Ҳоло қисмати пеш аз асосноккунии техникию иқтисодии метро идома дорад.

Вазир таъкид кард, ки сохтмони метро “кори осон ҳам нест” ва “вақтро талаб мекунад”.

“Ҳоло корҳо рафта истодааст, ягон монеа нест ва суръати корҳо низ чандон бад нест. Умед дорем, ки амалӣ мешавад”, – шарҳ дод Азим Иброҳим.

Ин метро чӣ гуна хоҳад буд ва чӣ гуна бунёд мешавад, дар ин пайванд мутолиа кунед.

 

Чаро ҳақи кирокашҳо кам намешавад?

Дар бораи ҳақи кирокашҳои Душанбе, ки аксаран барқӣ ҳастанд муовини вазир посух гуфт.

Шоиста Саидмуродзода, муовини вазири нақлиёт зикр кард, ки “мо наметавонем нархи роҳкирои таксиро арзонтар кунем”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шоиста Саидмуродзода

“Ин якум аз он вобастагӣ дорад, ки худи нақлиёти барқӣ гарон аст ва он бо батарея кор мекунад ва батареяҳояшон ҳам муҳлаташон то 10 сол аст. Баъди он бояд батареяро нав кунанд. Аз ҳамин ҳисоб, мо наметавонем, ки нархи роҳкирои таксиро арзонтар кунем. Чунки таксӣ нархи худашро рӯйпӯш карда наметавонад”, – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, сокинон аз он шикоят доранд, ки бозори кирокашҳои пойтахт инҳисор шудаву ба таври шоиста назорат танзим намешавад. Ва ин сабаб шудааст, ки сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сифати пасти хадамоти кирокашӣ дар Душанбе зиёд шикоят кунанд. Яке аз нигарониҳои сокинон ин аст, ки бо вуҷудӣ бо нақлиёти барқӣ иваз шудани ҳама кирокашҳои пойтахт, нархи он ҳамоно боло боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Ба фурӯши замин гунаҳкор буд”. Раиси пешини Идораи замини Шаҳристон бо пардохти 70 ҳазор сомонӣ аз ҷавобгарӣ озод шудааст

0

Шокирҷон Қаробоев, сардори ҳамакнун пешини Идораи замин дар ноҳияи Шаҳристон бо иттиҳоми “ғайриқонуни додани қитъаи замин” гунаҳкор ва бо ҳукми додгоҳ бо пардохти 70 ҳазор сомонӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудааст.

Хабари боздошт ва оғоз шудани парванда нисбати ӯ тобистони соли гузашта расонаӣ шуд. Вале худаш дар як сӯҳбати кутоҳи телефонӣ ба “Азия-Плюс” боз гардидани парванда нисбаташро рад карда, онро “хато ва туҳмат” гуфта буд.

Рабим Ғафурзода, раиси ноҳияи Шаҳристон рӯзи 27-уми январ зимни  нишасти матбоутӣ гуфт, Шокирҷон Қаробоев тобистони соли 2025 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуд ва нисбаташ барои ғайриқонуни додани қитъаи замин (моддаи 338 (1) Кодекси ҷиноии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рабим Ғафурзода

Ба иттилои Ғафурзода, сардори пешини Идораи замини Шаҳристонро зинаи поёнии додгоҳ 5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вале Шокирзода ба зинаҳои болоӣ шикоят бурд ва тибқи ҳукми зинаи болоии додгоҳ, ӯ бо пардохти ҷарима ба озодӣ баромад.

“Мо шунидем ки суд 70 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин кардааст, вале нусхаи ҳукм дастраси мо нашуд ва дақиқан намедонем, ки Шокирзода чӣ миқдор ҷарима пардохтааст. Ҳоло дар озодӣ ва бо соҳибкорӣ машғул аст”- зикр кард Рабим Ғафурзода.

Қаблан, Тоҳирҷон Толибзода, сардори идораи замин дар вилояти Суғд гуфта буд, ки сардори идораи замин дар ноҳияи Шаҳристон ва як масъули идораи замин дар ноҳияи Деваштич даст ба ҷиноят задаанд. Аммо ӯ мушаххас нагуфт абуд, ки ин ду корманд чӣ ҷиноят содир кардаанд.

Вале он замон худи Шокирҷон Қаробоев, зимни як тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфта буд, ки “хато ва туҳмат карданд”. Аммо нагуфт, ки чӣ хато шудааст ва кӣ тӯҳмат кардааст.

Сафар Салимзода, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, дар нишасти нимсолаи соли 2025 гуфта буд, ки  дар шаш моҳи соли ҷорӣ, 11 корманди идораҳои замин дар шаҳру навоҳии вилоят 10 ҷиноят содир шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.