Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Дар кишварҳои минтақаи Осиёи Маркази нархи тарифҳо (таърифаҳо)-и нерӯи барқ дар соли 2025 тағйир меёбанд (ё аллакай тағйир ёфтанд). Дар Қазоқистон тарифҳои ҳадди ниҳоӣ аз 1 феврал мавриди амал қарор гирифта, дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон – аз 1 апрел ва Қирғизистон – аз 1 май дар назар аст. Дар бораи арзиши барқ дар Туркманистон маълумот […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар кишварҳои минтақаи Осиёи Маркази нархи тарифҳо (таърифаҳо)-и нерӯи барқ дар соли 2025 тағйир меёбанд (ё аллакай тағйир ёфтанд).

Дар Қазоқистон тарифҳои ҳадди ниҳоӣ аз 1 феврал мавриди амал қарор гирифта, дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон – аз 1 апрел ва Қирғизистон – аз 1 май дар назар аст. Дар бораи арзиши барқ дар Туркманистон маълумот дастрас нест.

Аз 1 апрели соли 2025 нархи  1 кВт/соат нерӯи барқ барои аҳолӣ дар Тоҷикистон аз 30,75 дирам то 35,36 дирам боло меравад.

Дар Қирғизистон аз 1 майи соли 2025 арзиши 1 кВт/соат нерӯи барқ барои аҳолӣ аз 1,11 то 1,37 сом ва барои иншооти саноатӣ – то 3,49 сом зиёд мешавад.

Аз 1 апрел дар Ӯзбекистон таърифаи заминавӣ барои 1 кВт/соат нерӯи барқ 33,3% афзуда, ба 600 сӯм мерасад ва барои истеъмолгарон бо сатҳи баланди истифода нархи он 1000 сӯмро ташкил медиҳад.

Дар Қазоқистон аз 1 феврали соли 2025 аҳолӣ вобста ба категорияи таърифаҳо барои 1 кВт/соат нерӯи барқ аз 9 то 38 танга пардохт мекунад.

Пас аз чанде пеш болоравии тарифҳо арзиши нерӯи барқ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фарқ мекунанд. Фарқиятро дар инфографикаи мо бубинед.

Соли 2025 таърифаҳои миёна (бо ҳисоби сент барои 1 кВт/соат ) тариқи зайл аст:

Истеъмоли солонаи нерӯи барқ ба ҳар сари аҳолӣ (тибқи маълумоти ember-energy.org):

Барои пардохти нерӯи барқ чӣ қадар фоиз аз маоши миёна сарф мешавад?

Музди меҳнати миёна дар кишварҳои Осиёи Марказӣ (мувофиқи маълумоти соли 2024):

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.