“Мо барои кӣ филм месозем?”. Гилаи коргардони филми “Дов” аз набуди тамошобин

Муҳиддини Музаффар, коргардони филми ҳунарии "Дов" аз аҳли зиёи кишвар, аз ҷумла, шоиру нависандагон, рӯзноманигорону ҳунарпешагон, профессорону дотсентҳо, омӯзгорону директори мактабҳои миёнаву ректорони донишгоҳҳо ва сардорони коргоҳу корхонаҳо даъват кардааст, ки барои дастгирии соҳаи кинои кишвар бетараф набошанд. Муроҷиати ин коргардон, ки бозгӯи вазъи кунунии соҳаи кино дар кишвар аст, дар зер ба шакли комил […]

Asia-Plus

Муҳиддини Музаффар, коргардони филми ҳунарии "Дов" аз аҳли зиёи кишвар, аз ҷумла, шоиру нависандагон, рӯзноманигорону ҳунарпешагон, профессорону дотсентҳо, омӯзгорону директори мактабҳои миёнаву ректорони донишгоҳҳо ва сардорони коргоҳу корхонаҳо даъват кардааст, ки барои дастгирии соҳаи кинои кишвар бетараф набошанд. Муроҷиати ин коргардон, ки бозгӯи вазъи кунунии соҳаи кино дар кишвар аст, дар зер ба шакли комил интишор мешавад.

Дуруд ба ҳамаи Шумо – устодони азиз! Бале, ҳамаи Шумо устод ҳастед. Ба шарофати Шумо миллат тарбия ёфтаву таълим гирифтааст. Шумо раҳнамои ҷомеа ҳастед. Чуноне ки дар аксари расонаҳои кишвар хабар додем, ба наздикӣ филме бо номи "Дов" тавлид гардид. Аниқтараш, нахустнамоиши ҷаҳонии ин филм дар фестивали байналмилалии "Пусан"-и Кореяи ҷанубӣ 8-уми октябр дар бахши "Оинаи Осиё" намоиш дода шуду Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.

Ҳамчунин, 17-уми октябр рӯнамоии ин филм дар толори бузурги Хонаи кинои шаҳри Маскав бо ҳамкории сафорати Тоҷикистон дар Русия ва Иттифоқи синамогарони Русия бо ҳузури наздик ба ҳазор тамошобин баргузор гардид.

Баъдан, нахустнамоиши бошукӯҳи филми ҳунарии "Дов" бо иштироки созандагони ҳунармандони ин филм 28-уми октябр дар кинотеатри "Ватан"-и шаҳри Душанбе, 1-уми ноябр дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд ва ҳамчунин, 2-юми ноябр дар "Кохи Бодом"-и шаҳри Конибодом баргузор гардид. Дар ин нахустнамоишҳо хеле талош кардем, ки толору фойеҳои кинотеатрҳоро зебо оро бидиҳем ва дар ин шаҳрҳо фазои синамоӣ бисозем. То ки мардуми кишвар аз таваллуд шудани як филми миллӣ бохабар бошанд ва шод шаванд. Ва фаҳманд, ки филмсозӣ заҳмати зиёд талаб мекунад. Ва бо ҳавас баъдан роҳи кинотеатрро пеш гиранд, аммо…

Аз 1-уми ноябр кинотеатрҳо холӣ аст…

Бегоҳии гузашта аз кинотеатри "Ватан" занг зада, хабардорам карданд, ки санаи 1-ум дар якум намоиш 10 нафар, дар намоиши бегоҳӣ бошад 9 нафар ба тамошои филм омадаанд. 2-юми ноябр бошад, соати 14:00 ҳамагӣ 7 нафар ва соати 18:00 ягон нафар тамошобин наомад. 3-юми ноябр, соати 14:00 ду нафар омад, намоиши филм боздошта шуд. Соати 18:00 низ бинобар набудани тамошобин намоиши филм баргузор нагардид. Аз кинотеатри "Ватан" хабардорам карданд, ки агар то ду рӯзи дигар тамошобин наоянд аз репертуари кинотеатр филмро мегиранд.

Инак, се рӯз мешавад, ки банда ба фикр фурӯ рафтаам. Наход ба филми "Дов" ҳам тамошобин наояд. 12 сол аст банда дар фазои фарҳангии кишвар филм месозам. Дувоздаҳ сол талош кардем барои боварии тамошобинро харидан. Барои боварии тамошобинро ба синамои миллӣ баргардонидан. Аммо наход ҳамааш беҳуда бошад…

Чӣ кор бояд кард? Ба кӣ бояд муроҷиат кард? Кадом дарро бояд зад? Акнун бо кадом роҳ аз қарз раҳоӣ меёбам? Чӣ гуна ба чашми бачаҳои вафодари дар барам буда бояд нигарам?

Ҳамин гуна ҳар сония ҳазорон фикр дар сарам чарх мезанад. Ин шаб шаби дарозтарини умрам буд. Шаби 3 юми ноябри соли 2022 – ро фаромӯш намекунам.

Аз тамошобини оддӣ гила надорам, маро маъзур доред, устодони азиз, аммо чаро Шумо ба толор намеод?! Наход Шумо ду соат вақт наёбед барои дидани як филми миллӣ? Барои дидани маҳсули талошҳои шогирдону фарзандони худ. Барои огоҳ шудан аз қадамҳои синамогарони ҷавон, ки филмашонро аз номи миллати тоҷик ба фестивалҳо мебаранд. Барои баҳои воқеӣ додан, ки оё арзанда ҳаст ин филм барои муаррифӣ кардани миллат. Чаро Шумо бетарафед?! Чаро Шумо дар барамон нестед?! Бале, шояд корҳои мо ҳоло хом бошанд ва ақаллан барои пухта кардани хомҳои мо баҳри маслиҳат дар барамон бошед. Агар Шумо имрӯз барои дидану баҳо додану таблиғ кардани филми миллӣ намеоед, пас мо – синамогарон ба кӣ умед бандем?! Мо бо маслиҳатҳои кӣ рушд кунему сохта шавем?! Мо чӣ гуна қувват гирем? Чӣ гуна фазо созем ва бо кӣ созем?! Оё мо барои кӣ филм месозем? Оё кай ва чӣ гуна ба сохтани филмҳои тарихӣ даст мезанем? Бо кадом рӯҳия ва мадор ҷуръат пайдо кунем барои қадамҳои минбаъда? Маро маъзур доред, аммо бетаваҷҷӯҳии Шумо моро мекушад.

Аз даҳҳо маълумот имрӯз ба диққати Шумо, устодони азиз, як маълумоташро мегуяму бас: Танҳо барои арзанда муаррифӣ шудани филми "Дов" дар чор нахустнамоиши он, аз Маскав то Конибодом, 76 700 сомонӣ қарздорем.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..