Роҳи мошингард аз Восеъ то Муъминобод бо харҷи $800 ҳазор таъмир мешавад

Вакилони парлумони Тоҷикистон созишномаи грантӣ оид ба таъмири роҳи автомобилгарди Тугарак-Саричашма-Шамсиддин Шоҳин ва Чашмасор-Лангарро тасдиқ карданд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд. Гуфта мешавад, ки харҷи таъмир 800 ҳазор доллари америкоӣ (250 ҳазор динори кувайтӣ)-ро ташкил дода, ҳамчун қарзи бебозгашт бо маблағгузории Фонди Кувайтии рушди иқтисоди Араб амалӣ мешавад. Азим Иброҳим, вазири […]

Вакилони парлумони Тоҷикистон созишномаи грантӣ оид ба таъмири роҳи автомобилгарди Тугарак-Саричашма-Шамсиддин Шоҳин ва Чашмасор-Лангарро тасдиқ карданд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки харҷи таъмир 800 ҳазор доллари америкоӣ (250 ҳазор динори кувайтӣ)-ро ташкил дода, ҳамчун қарзи бебозгашт бо маблағгузории Фонди Кувайтии рушди иқтисоди Араб амалӣ мешавад.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар назди вакилон гуфт, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ба беҳтар гардидани роҳҳои автомобилгарди байнидеҳавӣ, осон гардидани рафтуомади сокинон, афзоиши ҳамлу нақли бор, рушди иқтисодиву иҷтимоии сокинони деҳаҳои пайвастшаванда ба роҳи байналмилалии Душанбе – Кулоб – Хоруғ – Кулма, беҳтар гардидани инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси ошхонаҳои назди роҳӣ, меҳмонхонаҳо, истгоҳҳои таъмири техникӣ, мағозаҳои фуруши маҳсулоти кишоварзӣ ва бо ин тартиб таъсис додани ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Ӯ афзуд, фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Тоҷикистон  буда, ширкати татбиқкунандаи лоиҳа Маркази татбиқи лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Дашанбе-Чанок” мебошад.

“Роҳи автомобилгарди Тугарак-Саричашма-Шамсиддин Шоҳин (дарозиаш 48км) аз ҳудуди ноҳияи Восеъ ва Ш. Шоҳин мегузарад. Он имконияти ҳаракати таворавии воситаҳои нақлиётро низ барои ин минтақа таъмин месозад. Оғози роҳ дар километри 168-и шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма ҷойгир мебошад”, – гуфт вазири нақлиёт.

Гуфта мешавад, ки татбиқи лоиҳаи мазкур Роҳи автомобилгарди Чашмасор-Лангар бо дарозии 8,5 км дар ноҳияи Муъминобод ҷойгир мебошад. Оғози сохтмони роҳ аз километри 23,5-уми роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод оғоз мегардад.

Ба гуфтаи Азим Иброҳим сохтмони ин қитъаи роҳ аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ дошта ба афзоиш ёфтани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, васеъ гардидани имкониятҳои интиқоли молу маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои минтақа ва беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии сокинон мусоидат мекунад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.