Комроншоҳи Устопириён дубора ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё дар Ҳонконг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва соҳиби медали тилло гардид. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ӯ рӯзи 27-уми май дар қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни зери 90 кило бар Ислом Бозбоев аз Қазоқистон пирӯз шуд. Ин паҳлавони тоҷик баъди ду пирӯзӣ дар даврҳои муқаддамотӣ […]

Радиои Озодӣ

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё дар Ҳонконг ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва соҳиби медали тилло гардид.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ӯ рӯзи 27-уми май дар қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни зери 90 кило бар Ислом Бозбоев аз Қазоқистон пирӯз шуд.

Ин паҳлавони тоҷик баъди ду пирӯзӣ дар даврҳои муқаддамотӣ бар Алдикан Ғанам, ки таҳти парчами Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) ба майдон омад ва Муҳаммадкарим Хуррамов аз Узбакистон, ба дар даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта ва Шоичиро Мукаи аз Ҷопонро мағлуб кард.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг ҳамагӣ 244 варзишгар (140 мард ва 104 зан) аз 28 кишвар ширкат дорад. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳафт гуштигир дохил аст.

Соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки моҳи апрел дар пойтахти Узбакистон баргузор шуда буд, паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило ҳамаи рақибонашро шикаст дод ва соҳиби медали тилло гардид. Зимнан, ӯ нахустин намояндаи Тоҷикистон аст, ки дар таърихи ҷудои тоҷик ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.