Таҷлили Наврӯз дар Душанбе ба таъхир афтод

Бино ба сабаби номусоидии ҳаво таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои як рӯз ба таъхир гузошта шуд. Ҳамакнун Наврӯз дар сатҳи кишвар рӯзи 23-юми март таҷлил мегардад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад. Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки ҷашни Наврӯз дар сатҳи кишвар рӯзи 21-уми март бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор мегардид. […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Бино ба сабаби номусоидии ҳаво таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои як рӯз ба таъхир гузошта шуд. Ҳамакнун Наврӯз дар сатҳи кишвар рӯзи 23-юми март таҷлил мегардад. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Қаблан иттилоъ дода мешуд, ки ҷашни Наврӯз дар сатҳи кишвар рӯзи 21-уми март бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон баргузор мегардид.

Имрӯз шаҳдории пойтахт бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар навист, ки рӯзҳои 21 ва 22-юми март дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид мешавад ва борони шадид меборад.

Ҳамин тариқ, рӯзи 23-юми март дар боғҳои фарҳангию фароғатии навоҳии пойтахт барномаҳои фарҳангии наврӯзӣ ва нимаи дуюми рӯзи 24-юми март дар майдони “Истиқлолият”-и шаҳри Душанбе “Корвони наврӯзӣ” баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар Душанбе таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз имсол ба моҳи шарифи Рамазон рост меояд.

Тавре қаблан шаҳрдорӣ хабар дода буд, дар робита ба ин, тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ асосан бегоҳ баргузор мешаванд ва шоми 19-20-уми март дар тамоми боғҳои шаҳр дар маҳалҳо чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.

“Ин тасмим ба хотири он гирифта шудааст, ки идро шахсоне, ки дар моҳи шарифи Рамазон рӯза мегиранд, таҷлил кунанд. Ошпазҳои маҳаллӣ шуморо бо таомҳои миллӣ шод мегардонанд, занон дар дегҳои калон суманак мепазанд”, – гуфта буд манбаъ.

Ин ҷашн дар боғи Куруши Кабири ноҳияи Шоҳмансур, дар боғи С. ноҳияи Айнии И.Сомонӣ, дар боғи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ ва дар боғи Умари Хайёми ноҳияи Сино баргузор хоҳад гашт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио