Донишгоҳи тиббӣ пешсафу Донишкадаи инноватсионӣ қафомонда. Имсол қариб 100 ҳазор довталаб дар ММТ сабтином шуданд

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Имсол қариб 100 ҳазор довталаб аз қайди Маркази миллии тестӣ (ММТ) гузаштаанд. Нақшаи қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи тиббӣ 100 фисад ва Донишкадаи фарҳанг ва санъат 20 фисаду Донишкадаи инноватсионӣ 16 фисад пурра шудааст. Дар ин бора масъулини ММТ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ доданд.

Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази миллии тестӣ гуфт, ки имсол аз 99 ҳазору 722 довталаб 86 ҳазору 838 нафар дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) иштирок кардаанд, ки 65 ҳазору 266 нафари онҳо ба муассисаҳои олии кишвар дохил шудаанд.

“Тақрибан 60 фисади довталабон аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон ба донишгоҳу донишкадаҳо роҳ ёфтанд”, – гуфт Ҷаъфарзода.

 

Наздики 33 ҳазор писару 32 ҳазор духтар

Абдулбосит Шодиниё, муовини аввали директори ММТ ба “Азия-Плюс” гуфт, теъдоди духтароне, ки унвони донишҷӯиро соҳиб гардиданд, 32 ҳазору 411 нафар мебошанд, ки нисбат ба соли гузашта ҳудуди 3 ҳазор нафар бештар аст.

Ӯ илова намуд, теъдоди писароне, ки ба муассисаҳои олии кишвар роҳ ёфтанд, 32 ҳазору 855 нафар ҳастанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 3 ҳазор нафарро ташкил мекунад.

“Дар умум 21 ҳазору 92 нафар комёб нашуданд. Айни замон тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии давраҳои 1 ‑ уми ва 2 ‑ юм дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ 22 ҳазору 493 ҷой холӣ мондааст ва ба донишҷӯ ниёз дорад. Аз 5 ҳазору 21 комбинатсияи ихтисосе, ки мавҷуданд, 146 ихтисосро аз 34 муассисаҳои таълимӣ ягон нафаре интихоб накардааст”, ‑ гуфт Шодиниё.

Абдулбосит Шодиниё гуфт, ихтисосҳое, ки довталабон таваҷҷӯҳ накардаанд, дар даврҳои 3‑юм ва 4‑уми бақайдгирӣ ба довталабон пешниҳод мегарданд.

Ӯ афзуд, дар ҳолати ин ихтисосҳоро интихоб накардани довталабон, дар  ҳисоботи ҷамъбастӣ, ихтисос ба ихтисос натиҷаҳояшонро бароварда ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Вазорати маориф ва илм пешниҳод мекунанд ва хулосаи охирро онҳо мебароранд.

 

Донишгоҳҳои пешсаф ва қафомонда

Мувоффиқи омори ММТ, дар байни муасисаҳои олии кишвар аз ҳама пешсаф Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мебошанд, ки нақшаи қабули донишҷӯён дар озмуни тақсимоти асосӣ дар даврҳои 1‑ум ва 2‑юми ИМД 100 фисад иҷро шудааст.

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар озмуни тақсимоти асосӣ нақшаи қабул 21,09 фисад, Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ 18,89 фисад ва Донишкадаи инноватсионии Душанбе 16,67 фисад иҷро шудааст.

Бояд гуфт, ки чанд соли охир нақшаи қабули донишҷӯён дар кишвар иҷро намегардид. Аз ҷумла, соли гузашта тибқи иттилои ММТ, дар даври якум нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар 53 дарсад иҷро шудааст.

Баъди ин, ММТ моҳи август давраи дуюми қабули довталабон ва дар моҳи сентябри соли гузашта давраи комилан нави қабули довталабонро ба роҳ монд. Дар даври сеюми имтиҳонҳои ММТ беш аз 8,7 ҳазор довталабон номнавис шуданд. Моҳи ноябри соли гузашта бошад, ММТ давраи чоруми қабулро барои таҳсили ғоибона роҳандозӣ кард.

Роҳбарият ММТ мегӯяд, сабаби иҷро нашудани нақшаи қабул кам гардидани теъдоди хатмкунандагони мактаби миёна ва зиёд муқаррар шудани нақшаи қабул аст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз омилҳои аслии иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён, қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мебошад. Ин қонун магистрантҳо ва докторантҳоро аз ҳуқуқи ба таъхир андохтани хидмати ҳарбӣ маҳрум намуд. Тибқи ин қонун, донишҷӯёне, ки кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳоро хатм мекунанд, низ уҳдадоранд як сол хидмати ҳарбиро адо кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...