Даври чоруми бақайдгирии довталабон дар Маркази миллии тестӣ барои онҳое, ки ғоибона таҳсил мекунанд

Дар Тоҷикистон давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои таҳсили ғоибона дар донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон оғоз шудааст. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии Тоҷикистон (ММТ) ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Манбаъ гуфт, давраи чорум дирӯз, 9-уми ноябр, оғоз гардида расо як моҳ, то 9-уми декабри соли равон идома мекунад ва дар он танҳо онҳое ширкат карда метавонанд, […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои таҳсили ғоибона дар донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон оғоз шудааст. Дар ин бора аз Маркази миллии тестии Тоҷикистон (ММТ) ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, давраи чорум дирӯз, 9-уми ноябр, оғоз гардида расо як моҳ, то 9-уми декабри соли равон идома мекунад ва дар он танҳо онҳое ширкат карда метавонанд, ки дар шакли ғоибона таҳсил кардан мехоҳанд.

Барои бақайдгирӣ дар 8 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ – Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил шудааст.

“Агар довталабе, ки дар даври чаҳорум номнависшуда хоҳиши иваз намудани интихобҳои аввалаашро дошта бошад, метавонад дар давоми ҳамин 1 моҳ онро анҷом диҳад. Барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд ба нуқтаи бақайдгирие муроҷиат намояд, ки дар он худро сабти ном намудааст”, – зикр кардаанд аз ММТ.

Аз ин ниҳод гуфтаанд, дар даври чоруми бақайдгирӣ ба довталабон ҷойҳои холимонда дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ аз рӯйи шаклҳои ғоибонаи таҳсил пешниҳод мешаванд.

Ба иттилои ММТ довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб намуда метавонанд. Дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва макони имтиҳонсупорӣ ва ҷойи фиристодани даъватномаро бояд интихоб намуд.

Бояд гуфт, ки чанд соли охир нақшаи қабули донишҷӯён дар кишвар иҷро намешавад. Аз ҷумла, соли ҷорӣ тибқи иттилои ММТ, дар даври якум нақшаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар 53 дарсад иҷро шудааст.

Баъди ин, ММТ моҳи август давраи дуюми қабули довталабон ва дар моҳи сентябр давраи комилан нави қабули довталабонро ба роҳ монд. Дар даври сеюми имтиҳонҳои ММТ беш аз 8,7 ҳазор довталабон номнавис шуданд.

Роҳбарият ММТ мегӯяд, сабаби иҷро нашудани нақшаи қабул кам гардидани теъдоди хатмкунандагони мактаби миёна ва зиёд муқаррар шудани нақшаи қабул аст.

Коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз омилҳои аслии иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён, қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мебошад. Ин қонун магистрантҳо ва докторантҳоро аз ҳуқуқи ба таъхир андохтани хидмати ҳарбӣ маҳрум намуд. Тибқи ин қонун, донишҷӯёне, ки кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳоро хатм мекунанд, низ уҳдадоранд як сол хидмати ҳарбиро адо кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои кишварҳои кӯҳистони минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.