Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нишасти изтирории сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ озими Арабистони Саудӣ шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад. Дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, муовини вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ […]

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар нишасти изтирории сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ озими Арабистони Саудӣ шуд.

Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад.

Дар ин сафар Президенти Тоҷикистонро ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, муовини вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба иттилои хабаргузориҳои минтақавӣ, нишасти ғайринавбатии раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ ба қазияи Ховари Наздик – даргири миёни Исроил ва Фаластин бахшида мешавад.

Барои иштирок дар ҷаласаи изтирории Созмони ҳамкории исломӣ аз ҷумла, Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва даҳҳо роҳбарони кишварҳои мусулмонӣ ба Арабистони Саудӣ сафар кардаанд.

Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) як созмони байниҳукуматӣ буда, 57 кишвари узвро дар бар гирифта, дар чаҳор қитъа паҳн шудааст. Ин созмон садои дастаҷамъии ҷаҳони ислом ва кафолати ҳимоя ва пуштибонӣ аз манофеи ҷаҳони ислом дар рӯҳияи мусоидат ба сулҳу ваҳдати байналмилалӣ дар миёни мардуми мухталифи ҷаҳон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.