“Ба кишвари сеюм фиристед ё ҷазо диҳед”. СММ аз Тоҷикистон хостааст, ки афғонистониҳоро ба Толибон насупорад

Комиссариати олии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар умури паноҳандагон бо намояндаи Тоҷикистон дар Женева мулоқот карда, хостааст, ки аз ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ ба кишваре, ки ҷонашон дар хатар аст, ҷилавгирӣ кунад. Дар ин бора Мусаввир Баҳодурӣ, раиси Кумитаи муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон бо нашри як эъломия дар саҳифаи фейсбукаш хабар дод. Мусаввир Баҳодурӣ дар эъломияи худ […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Комиссариати олии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар умури паноҳандагон бо намояндаи Тоҷикистон дар Женева мулоқот карда, хостааст, ки аз ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ ба кишваре, ки ҷонашон дар хатар аст, ҷилавгирӣ кунад. Дар ин бора Мусаввир Баҳодурӣ, раиси Кумитаи муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон бо нашри як эъломия дар саҳифаи фейсбукаш хабар дод.

Мусаввир Баҳодурӣ дар эъломияи худ зикр карда, ки рӯзи 11-уми декабр бо раиси дафтари СММ дар Тоҷикистон Иван Салеев вохӯрӣ анҷом додааст.

Ба гуфтаи ӯ, намояндаи СММ дар Тоҷикистон бо сабаби он ки қонунан ба корҳои дохилии давлати Тоҷикистон дахолат карда наметавонад, аз ихроҷи афғонистониҳо ба дафтарҳои марказияшон дар Женева гузориш фиристодаанд. Онҳо пешниҳод кардаанд, ки масъала дар сатҳи мақомоти баландпоя баррасӣ шавад.

Дар ин вохӯрӣ таъкид шудааст, Тоҷикистон паймонҳои байналмилалиро имзо кардааст ва тибқи он набояд паноҳандагонро ба кишварҳое фиристод, ки ҷони онҳо дар хатар аст ва дар он сарзамин гурӯҳи Толибон* ҳукмфармоянд.

Роҳбари Кумитаи муҳоҷирини Афғонистон дар Тоҷикистон ба ҷойи ихроҷ роҳҳои ҷойгузин, аз қабили интиқол ба кишвари сеюм ё тaтбиқи қонунҳои дигар, монанди ҷарима ё зиндонро пешниҳод кардааст.

Мусаввир Баҳодурӣ гуфтааст, ки муҳоҷирони афғонистонӣ ба қонунҳо, анъанаҳо ва муқаррароти Тоҷикистон эҳтиром мегузоранд ва дар сурати такрори рафтори ғайриқонунӣ, онҳо омода ба ҳамкорӣ бо мақомоти амниятӣ хоҳанд буд.

СММ кӯшиш дорад то бо мақомоти Тоҷикистон музокира кунад ва раванди ихроҷи афғонистониҳоро аз Тоҷикистон боздорад. Намояндагони СММ дар Женева бо намояндаи Тоҷикистон мулоқот карда, масъалаи мазкурро ба баррасӣ кашидааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё ин талошҳои дипломатӣ ба натиҷаи мусбат хоҳанд расид ё на, аммо роҳбари Кумитаи муҳоҷирин умедвор аст, ки роҳҳали муносиб пайдо хоҳад шуд. Аз дафтари СММ дар Тоҷикистон ҳам ба “Азия-Плюс” ваъда доданд, ки аз ҷузъиёти ин мулоқот ба мо иттилоъ медиҳанд.

Кумитаи муҳоҷирин зиёда аз 27 сол дар Тоҷикистон фаъолият дошта ва дорои иҷозатномаи қонунии Вазорати адлия мебошад. Ин ниҳод яке аз вазифаҳои асосии худро ҳамоҳангсозии иртиботи ниҳодҳои ҳукуматӣ бо муҳоҷирини Афғонистон медонад.

Бояд гуфт, ки ихроҷи муҳоҷирони афғонистони аз Тоҷикистон дар аввали моҳи декабр расонаӣ шуд ва Мусаввир Баҳодурӣ ҳамон вақт бархе сабабҳои ихроҷро ба “Азия-Плюс” гуфта буд. Аз ҷумла ӯ гуфта буд, ки муҳоҷирони афғонистонӣ бо сабаби риши бенизом доштан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои сиёсӣ кардан ва маст дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштан аз Тоҷикистон ба Афғонистон ихроҷ шудаанд.

Баъдан Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон хабар дода буд, ки аз 3 то 5-уми декабр мақомоти Тоҷикистон ҳадди ақал 41 шаҳрванди Афғонистон, аз ҷумла 37 паноҳҷӯйро “бе риояи тартиботи зарурӣ” аз кишвар ихроҷ кардаанд ва таъкид дошт, ки “ин аллакай сеюмин ҳодисаи сабтшудаи бозгашти маҷбурӣ ба Афғонистон аз моҳи октябри соли 2024 мебошад”.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои кишварҳои кӯҳистони минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.