Дар Тоҷикистон 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд

Дар Тоҷикистон то имрӯз, 18-уми апрели соли 2025, 17 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд. Дар ин бора дар Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд. Мувофиқи маълумоти Шӯро соли гузашта теъдоди собиқадорон 24 нафар буданд, ки давоми ин муддат 7 нафари онҳо аз дунё гузаштаанд. Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳама […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон то имрӯз, 18-уми апрели соли 2025, 17 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд. Дар ин бора дар Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Мувофиқи маълумоти Шӯро соли гузашта теъдоди собиқадорон 24 нафар буданд, ки давоми ин муддат 7 нафари онҳо аз дунё гузаштаанд.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳама бештар дар вилояти Хатлон 8 – нафар, дар вилояти Суғд 2 – нафар, шаҳри Душанбе 2 -нафар ва ноҳияҳои тобеи марказ 5 – нафар зиндагӣ доранд.

Куҳансолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримов дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад, ки имсол 113-сола мешавад. Ба гуфтаи худи Рашид Каримов, ӯ 9-уми майи соли 1912 таваллуд шудааст.

Сокини Шаҳринав Азиз Қодиров имсол 103-сола шуда, сокини шаҳри Бохтар Сафаралӣ Файзалиев расо рӯзи 9-уми май 102-солагии худро ҷашн мегирад.

Мухтор Заргаров, сокини шаҳри Душанбе 29-уми апрел ва сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Гулмурод Тағоев 1-уми майи имсол 101-солагиашонро истиқбол мегиранд.

Собиқадори дигари Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ), Нозим Носиров сокини деҳаи Навободи ноҳияи Деваштич низ 101-сола мешавад.

Ба маълумоти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ ба ҳолати 14-уми апрел дар кишвар 134 нафар собиқадорони ақибгоҳ, ки дар ҶБВ хидмат кардаанд, дар ҳаёт ҳастанд.

 

Ба муносибати Рӯзи Ғалаба кадом ҷашнҳо баргузор мешавад?

Имсол рӯзҳои 8 – 9 май дар шаҳру минтақаҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ғалаба ҷашну маросимҳои гуногун баргузор мегардад.

Шавкат Мирзоев, раиси Иттифоқи собиқадорони интернатсионалисти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки имсол маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар рӯзи 8-уми май баргузор мешавад.

“Ҳамчунин рӯзи 9-уми май раҳпаймоии “Ҳанги ҷовидонӣ” низ гузаронида мешавад. Хоҳишмандон метавонанд то соати 8:30-и субҳ дар назди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъ шаванд. Соати 9 аз майдони “800 солагии Маскав” ба сӯйи Боғи Ғалаба меравем”,-гуфт Шавкат Мирзоев.

Ӯ иброз дошт, ки дар сатҳи шаҳру ноҳияи кишвар низ ба ин муносибат маросимҳои гуногун баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҳар сол рӯзҳои 9-уми май ва 22-юми июн Тоҷикистон иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро қадрдонӣ мекунад. Имсол ба онҳо чӣ миқдор маблағ ҷудо мешавад, ҳоло маълум нест.

Соли гузашта ба ифтихори Рӯзи Ғалаба ба ҳар як иштирокчии Ҷангу Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистон, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ тақрибан 50 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 40 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Раисони шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон барои собиқадорони ҶБВ, ки дар минтақаашон зиндигӣ мекарданд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ ҷудо карданд.

Ёдрас мешавем, ки аз Тоҷикистон ба ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар шуда, 92 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беному нишон шуданд.

Бояд гуфт, ки соли 2005 теъдоди собиқадорони ҶБВ 9 ҳазору 900 нафар, соли 2020 – 168 нафар, соли 2021 – 98 нафар, соли 2022 – 59 нафар, соли 2023 – 42  нафар ва  соли 2024-ум 24 нафарро ташкил медод.

Дар муддати 20-сол 9 ҳазору 883 собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дунёро тарк кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.