“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад

Мо воситаи инноватсиониеро пешниҳод мекунем, ки пешбурди тиҷорати шуморо дар платформаҳои “Азия-Плюс” ҳарчи осонтар ва самарабахш мекунад. Telegram-боти нави “Реклама дар asia+” ба фармоишгарони реклама дастрасӣ ба ҳамаи имконоти моро боз мекунад: аз ҷойгир кардани иттилоия ва баннерҳо дар сомона то нигоштаҳо ва рилсу сторисҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, рекламаи савтӣ дар радио, нашри мавод дар газета […]

Наим Халимов

Мо воситаи инноватсиониеро пешниҳод мекунем, ки пешбурди тиҷорати шуморо дар платформаҳои “Азия-Плюс” ҳарчи осонтар ва самарабахш мекунад.

Telegram-боти нави “Реклама дар asia+” ба фармоишгарони реклама дастрасӣ ба ҳамаи имконоти моро боз мекунад: аз ҷойгир кардани иттилоия ва баннерҳо дар сомона то нигоштаҳо ва рилсу сторисҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, рекламаи савтӣ дар радио, нашри мавод дар газета ва ҳатто таҳияи комили маводи видеоӣ. Ба корбарон ҳамчунин нархнома, маълумоти муфассал дар бораи ширкат ва тамоси фаврӣ бо менеҷер дастрасанд.

“Мо мефаҳмем, ки то чӣ андоза ҳарчи тезтар қабул кардани қарор барои тиҷорат муҳим аст. Telegram-боти нав ба таври назаррас вақтро сарфа ва ҷиҳати интихоби огоҳона бе машваратҳои тӯлонӣ ва интизории посухҳо кумак мекунад. Ин як иқдомест дар посух ба талаботи муштариёни мо”, – мегӯяд мудири кулли гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” Умед Бобохонов.

Яке аз навгониҳои калидӣ истифодаи ҳуши маснӯӣ мебошад: тавсифу шарҳи маҳсулот, ҳадафи ширкат ва маблағи он кофӣ буда, бот мувофиқ ба таъинот ва аудиторияи ҳадафнок дар чанд сония шаклҳои беҳтарин ва шабакаҳои ҷойгир карданро пешниҳод месозад.

“Ин на танҳо қулай ва осон, балки усулан як сатҳи нави хидматгузорӣ ба мизоҷон аст. Мо кӯшиш дорем, ки бо тамоюлҳои рақамӣ ҳамқадам бошем ва ба мизоҷон воситаи муосиреро пешниҳод намоем, ки ҷиҳати ба таври қобили мулоҳиза зудтар тасмим гирифтан ва беҳбуди самаранокии маъракҳои рекламавӣ қодир аст”, – илова намуд Умед Бобохонов.   

Роҳандозии Telegram-боти мазкур яке аз стратегияи бузургмиқёси “Азия-Плюс” оид ба ҷорисозии ҳуши маснӯӣ дар соли 2025 мебошад. Мо ҳуши маснӯиро барои пайгирии хабарҳо, мутобиқат ва коркарди дубораи муҳтаво, таҳияи маводи чандрасонаӣ фаъолона истифода мебарем.

Бот чӣ хел кор мекунад?

Баъди ба кор даровардани @asiaplus_ads_bot барои корбар номгӯи фаҳмо бо панҷ бахшҳои асосӣ боз мешавад. Шумо метавонед пайдарҳам ҳар кадоме аз онҳоро аз назар гузаронида дар бораи шаклу имконот, афзалият ва арзиши ҷойгир намудани реклама дар платформаҳои гуногун маълумоти муфассал дарёфт кунед.

Бахши “Имконоти фармоиши реклама” маълумоти мураттаб дар бораи ҳамаи майдонҳои рекламаи моро пешниҳод мекунад. Дар ин ҷо метавон сомона, шабакаҳои иҷтимоӣ, радио, газета ё хидматрасонии видеоиро интихоб кард ва шаклҳои дастрас – аз баннеру матолиб то сторису рилс ва маводҳои видеоиро – мавриди омӯзиш қарор дод.

Бахши “Нархнома ва медиакит" дастрасии тез ба таърифаҳои рӯзмарра ва маълумоти оморӣ дар бораи аудитория аст. Дар ин ҷо шумо метавонед ҳамаи рақамҳои калидии зарурӣ барои банақшагирии маблағ ва баҳодиҳӣ ба самаракнокии ҷойгиркуниро дарёфт намоед.

Бахши “Интихоби майдон ва шакл” – ёвари зеҳнист, ки бар асоси ҷавобҳои шумо роҳи ҳалли мувофиқ пешниҳод мекунад. Кофист, ки шумо дар бораи чиро реклама карданатон, ҳадаф ва маблағи он маълумот диҳед ва баъди чанд сония тавсияҳои мушаххас мегиред.

Бахши “Чаро Asia-Plus” афзалияти ҳар кадоме аз платформаҳои моро муфассал шарҳу тавзеҳ медиҳад. Мо доир ба фарогирӣ, симои аудитория ва мисолҳои муваффақона маълумот медиҳем, то ки ба шумо дар қабули қарори оқилона кумак расонем.

Бахши “Тамос” шабакаи мустақими робита бо мост. Шумо метавонед дархост гузоред, ба менеҷер нависед ё аз маълумоти тамос бо мо истифода баред: аз телефон, почтаи электронӣ ва суроғаи дафтари корӣ.

Боти “Реклама дар asia+” на танҳо маълумот пешниҳод мекунад, балки ба шумо ҷиҳати интихоби самти зарурӣ, муқоисаву қабули қарор ва хеле зуд тамос гирифтан ёрӣ мерасонад. Ва ҳамаи ин дар фосилаи чанд дақиқа, як равзана ва бидуни расмиётчигии зиёдатӣ.

Худи ҳозир мустақиман @asiaplus_ads_bot-ро бисанҷед ва худатон ба имконоти он бовар ҳосил кунед!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио