Шаҳри Қазвини Эрон ва Хуҷанд метавонанд бародаршаҳр шаванд

Раиси вилояти Қазвини Ҷумҳурии исломии Эрон доир ба роҳандозии муносибатҳои бародаршаҳрӣ изҳор омодагӣ кардааст. Созишнома аллакай омода шуда, иқдоми муҳим дар рушди табодулҳои фарҳангӣ, сайёҳӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар хоҳад шуд. Дар ин бора хабаргузории эронии ИРНА иттилоъ медиҳад. “Мо мехоҳем, ки бо шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон муносибатҳои бародаршаҳрӣ роҳандозӣ кунем”, – гуфтааст раиси вилояти […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Раиси вилояти Қазвини Ҷумҳурии исломии Эрон доир ба роҳандозии муносибатҳои бародаршаҳрӣ изҳор омодагӣ кардааст.

Созишнома аллакай омода шуда, иқдоми муҳим дар рушди табодулҳои фарҳангӣ, сайёҳӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар хоҳад шуд. Дар ин бора хабаргузории эронии ИРНА иттилоъ медиҳад.

“Мо мехоҳем, ки бо шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон муносибатҳои бародаршаҳрӣ роҳандозӣ кунем”, – гуфтааст раиси вилояти Қазвини Эрон Муҳаммад Нузарӣ рӯзи 10 май зимни вохӯрӣ бо сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ.

Тоҷикистон кишварест ҳамзабон ва решаҳои қадимаи муштараки таърихӣ, ки қисмате аз фарҳанги Эрон ва гузаштаро нигоҳ медорад. Мардуми Тоҷикистон қисмати ҷудонопазири фарҳанги эронии мост”, – таъкид доштааст Нузарӣ.

Ӯ зикр кардааст, ки сафари президенти Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон ва бекор шудани реҷаи раводид байни давлатҳо, барои густариши бештари робитаҳои фарҳангӣ имконоти нав фароҳам овард.

Раиси вилоят изҳор намудааст, ки имконоти сайёҳии Қазвин ҳоло комилан азхуд ва истифода нашудааст:

“Сайёҳони тоҷик асосан ба Шероз меоянд, дар ҳоле ки имконоти сайёҳии Қазвин нодида гирифта мешавад. Дар ҳамин ҳол, сокинони Қазвин мардуми меҳмонннавоз ва хайрхоҳ буда, дар сурати фароҳам шудани зерсохтори марбута омодаанд, ки меҳмонони тоҷикро самимона пазиройӣ кунанд”.

Ӯ хотиррасон намудааст, ки рушди сайёҳӣ яке аз самтҳои калидии сиёсати ҳукумати Эрон аст: “Мо барои рушди сайёҳӣ кӯшиш ба харҷ медиҳем ва тайи рӯзҳои ахир бархе аз сафирон ва меҳмонони хориҷиро пазируфтем. Ин гуна вохӯрӣ ва табодулро густариш бахшидан лозим аст”.

“Қазвин яке аз шаҳрҳои қадимтарини Эрон буда, дорои иқтисоди рушдёфта дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат ва бахши кишоварзӣ мебошад. Мо ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бо шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд омодаем”, – таъкид доштааст ӯ.

Нузарӣ дар бораи ифтитоҳи донишгоҳи ҳунар дар вилоят изҳори назар карда, рушди табодул миёни донишҷӯён бо Тоҷикистонро пешниҳод кардааст. “Моро забон, адабиёт ва арзишҳои умумӣ муттаҳид месозад. Доншҷӯён дар мо таълим гирифта, метавонанд сатҳи илмии худро баланд бардоранд ва сафирони фарҳангӣ дар кишварҳои худ шаванд”.

Ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод ҳам имконпазир аст.

Нузарӣ ифтитоҳи Палатаи савдо ва саноат дар Тоҷикистон, рушди табодули таҷриба дар бахши кишоварзӣ ва саноати хӯроквориро пешниҳод кардааст: “Бахусус дар бахшҳои воситаҳои шустану поккорӣ, истеҳсоли гӯшти паранда, тухм, мева ва сабзавот”.

Ба қавли Нузарӣ, Қазвин ба шумори чор вилояти аз лиҳози саноатӣ рушдёфтаи Эрон дохил буда, барои сармоягузориҳо аз Тоҷикистон боз аст. Вилоят ҳамчунин ба ташкили машваратҳои махсус ва таъсиси гурӯҳҳои муштараки корӣ омода аст.

Раиси вилоят сатҳи баланди нанотехнологияҳоро дар минтақа зикр карда, мутахассисони тоҷикро ба ҳамкорӣ даъват кард: “Ин метавонад бахусус барои олимон ва мутахасисони тоҷик мавриди таваҷҷуҳ бошад”.

Дар фарҷоми вохӯрӣ доир ба густриши ҳамкориҳо байни Қазвин ва Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун созишномаи дуҷониба ба имзо расид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио